Шоирони ориф ва орифони шоир

Фарҳанг ва адаб 14.07.2008 19:47

(анҷом)

...Аллома Иқбол ба тасаввуфи исломӣ таконе дод ва ҳамон Худоеро, ки орифони бузург мешинохтанд Иқбол ҳам мешинохт. Худоро орифона мешинохту дӯст медошт ва даъвии нимпайғамбарӣ ҳам мекард. Иқбол одами одӣ набуд, яъне як мақоми баланди тасаввуфӣ дошт.


-Яъне як ислоҳгар буд?

Ислоҳгар буд ва ҳамон мақомеро, ки Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар маърифат дорад ҳамонро Иқбол ҳам дорад. Гароиши Иқбол ба Мавлоно тасодуфӣ набуд. Дар ахлоқаш ва ҳам дар фалсафааш, ки оддӣ набуд ҳамон мактаби Мавлоноро пазируфта буд.
Аллома Иқбол фалсафаи худӣ ва "Рамузи бехудӣ"-ро рӯйи кор овард. Ӯ ҳамаи ин фалсафаро оварду аҷибаш инаст, ки боз ишорат ба Хуросон мекунад, ба Ирон не ба Хуросону Афғонистон ишорат мекунад. Мухотабаш Аҷам аст. Аз футуввату ҷавонмардӣ дар тӯли таърих огоҳӣ дошт. Аз талошҳову муборизаҳои онҳо.
Аз Зардушт ҳам огаҳӣ дошт. Медонист, ки аз Балх аст. Фирдавсиро, Рустамро медонист, ки аз ҳамин қаламрав аст.
Иқбол ҳамин нуқтаи ҷуғрофиро, яъне Хуросонро гирифт. Нуқтаи ҷуғрофии зуҳури чеҳраҳои пайғамбарсимо, ки даъвии пайғамбарӣ надоранд. Зардушт ҳам даъвии паймғабарӣ надошт.

-Яъне пайғамбар набуд вале мисли як пайғамбар кору зиндагӣ кард?

Бале, Зардуштро ҳамчун як пайғамбар шинохтанд, вале ӯ худро пайғамбар ҳисоб намекард. Мардум ӯро ҳамчун пайғамбар шинохтанд. Аз паёми ӯ мегуфтанд, ки ту пайғамбар астӣ. Вай худаш намегуфт ва даъвӣ ҳам надошт.
Одатан шахсиятҳои пайғамбарсимо аз як нуқта мебароянд, ҳама аз як ҷо. Иқбол ин нуктаро бо таамуқу таамул омӯхт ва дарёфт, ки ҳамин Хуросон аст он нуқта ва ҳамон нуктаро интихоб намуд.
Ҳама розу ҳар чизе, ки дошт бо аҳли Хуросон гуфт. На ба араб, на ба турк на ба амрикоӣ, на ба ҳабаш, ба ҳич кас розҳои худро нагуфтааст.
Ҳамон авлоди Зардушту Мавлоно Ҷалолуддини Румиро интихоб намуд, то розҳои худро бигуяд. Ҳамаи нуқоти Иқболро гиред аз назари баррасиаш аз назари ҷуғрофӣ, аз назари ибтидои фарҳанг ва маърифат, маркази маърифати ҷаҳон аст.

-Маркази маърифати ҷаҳон аз куҷо сар мешавад?
Аз Осиё. Иқбол медонист, ки Осиё нофи ҷаҳон аст. Мухотаб боз ҳамон ҷоро интихоб кард.Ҷои дигарро нагирифт. Барои чӣ Лоҳурро нагирифт? Ҳамаи нуктаҳои шахсиятхезро ёфту ҷамъ карду боз мухотаб ҳамон нуктаҳои ҷуғрофиёиро интихоб намуд.

-Устод аз назари Шумо аз ҳамин мероси бузург, ки бо тасавуффу ирфон омехта аст мо дар худсозии миллии худ чӣ истифода бурдем? Оё мо истифодаи хуб бурдем ё баракс?
Агар мо аз гузаштаи худамон, аз шахсиятҳои худамон гила мекарда бошем, чандон саҳеҳ нест. Агар мо гила кунем, ки моро ба роҳи иштибоҳ овардан, ин чандон саҳеҳ нест. Чун пайдост, ки нахустин империяи бузурги ҷаҳонӣ ин империяи Ҳахоманишиён буд, агар Пешдодиёну Каёниёнро ба назар нагирем, ки се ҳазор сол пеш муқаддамтар буданд.
Ин империяи Ҳахоманишиён буд, ки ними ҷаҳон дар тасарруфи он буд. Империяе буд, ки давлатдории мустақил буд ва ҳуқуқи башарро сахт муроот мекард. Эъломияи ҳуқуқи башарро ҳам Куруши Кабир эҷод кард. Эҳтиром гузоштан ба фарҳангу дину адёни ҳама мардуми ҷаҳон. Давлатдории солим, ки такя ба некӣ, маншаи некӣ, накукорӣ, ҷавонмардӣ мекард ва усули давлаторӣ бошад агар ҷавонмардиву футувват ҳам дар он аст, ҳаст.
Риояти қонун. Қонунмандӣ яъне, ки ҳам ҷанбаи илоҳияш қавӣ ҳаст ҳам ҷанбаи қонунмандияш қавӣ ҳаст, ҳам усули низомияш, додгустариву додситонияш, ҳама рукнҳои давлат ва маънавиёташ он қадар қавӣ буд, ки дар баробари он дар ҷаҳон ва баъд аз он дигар чунин империя пайдо нашуд. Дигар ҳар қадар, ки кӯшиш карданд дигар касе дар он поя чунин империя эҷод карда натавонист.
Миллати мо рисолати таърихие, ки дошт онро адо кард. Дар давраи Сосониён аллакай охирин марҳилааш буд. Дар даври Сомониён боз кӯшиш карданд ҳамон бузургиву азаматро боз як бори дигар дар чеҳраи исломӣ эҳё кунанд.
Эҳё карданд, лекин ҷаҳон ҳама бедор шуда буд. Мардум ҳама бедор буданд ва мехостанд мусулмон шаванду маърифату илм омузанд. Сомониён натавонистанд то охир рисолаташонро адо кунанд чун дар биёбон дар нишемани бадавиён мехостанд тамаддуни осмонӣ ва империяи худро барпо кунанд.
Бодиянишинон бо ёд гирифтани хондан, даъвӣ мекарданд, ки ҳукуматро мегирем. Он маъноҳои баланди кайҳонӣ ва он сирри ҷаҳонро фаҳмидан як тараф истад ҳамин, як ҷумла навиштанро, ки ёд гирифтанд гуфтанд, ҳукуматро мегирем. Таммом вассалом.
Бисёриҳо ҳушдор дода буданд, ки Сомониён вақте, ки Исломро дар байни туркони бодиянишин густариш доданд гури худро ба дасти худашон канданд. Исломро бурданд, вале рисолаи таърихӣ ва давлатдориашон қариб, ки тамом шуда буд.

-Ба назари Шумо чаро Сомониён ин корро карданд? Яъне чаро Исломро дар байни туркони бодиянишин нашр карданд? Ва чаро мепиндоред, ки ин корашон иштибоҳ буд?

Ин корашон дар аввал иштибоҳ набуд, чун Сомониён гумоштагони халифаи Бағдод буданд. Намояндаҳои дигари Хуросонӣ, ки ба онҳо тобеъ набуданд, онҳоро аз байн бурданд вале Сомониён, ки гапи онҳоро гӯш мекарданд онҳоро гумошта карданд, Мутобиқи аҳдномае, ки доштанд бо давлати Бағдод гуфта буданд, ки пеш аз ҳама густариши Ислом аст. Аз руйи ваъдаи додагияшон Исломро густариш медоданд. Сомониён дастнишондаи Халифаи Бағдод буданд.

-Устод оё фикр намекунед, ки Сомониён зоҳиран тобеъи халифаи Бағдод буданд, вале дар асл мустақил буданд?

Мустақил буданд, лекин ба аҳдашон вафо мекарданд.Ё ботинан буд ё зоҳиран буд, вале дар масъалаи густариш додани Ислом ба аҳдашон вафо мекарданд.

-Намешавад бигӯем, ки онҳо густариш додани Исломро як вазифаи имонӣ шуморида онро анҷом медоданд?

Вале гумошта ҳам буданд. Лайси Саффорӣ қабул накард. Инҳо фиреб дода дар қафас андохта вайро тақдим карданд-ку. Инаш ҳам ҳаст.
Инҳо як навъ вазъи равонӣ, ҷаҳонбинии варорудӣ доштанд. Ҷаҳонбиние, ки пур аз таззодҳост ҳатто дар ахлоқи мо. Камтар мунофиқӣ ва дурӯягӣ дар ин минтақа хеле зиёд аст. Дар он тарафи Ҷайҳун камтар аст.
Шояд ба сабаби он бошад, ки қавмҳои гуногун дар ин ҷо зиндагонӣ мекунанд, дар зери парчами Ислом. Гумон мекунанд, ки бародар ҳастанд, вале дараҷаи дониш, манфиатҳояшон, тафаккурашон, ҷаҳонбинашон гуногун аст. Шуури миллӣ ва қавмӣ гуногун аст.
Сомониён зоҳиран Исломро густариш доданд, вале ботинан ҳувияти миллӣ, суннатҳои қавмӣ ва забонро ҳифз карданд. Ҳам тобеъ буданд, ҳам муқовимат мекарданд. Забони арабӣ забони дин аст, вале забони форсиро дар баробари он низ зинда мекарданд. Ҳатто нияти намозу фотиҳаро ба забони форсӣ иҷозат доданд, вале инҳо зиёдтар дипломатияро ба кор мебурданд. Як навъ айёрӣ ҳам доштанд. Кори шуморо мекунем ва кори худамонро ҳам пеш мебарем.
Як сайри кӯтоҳ кунем, як натиҷагирӣ кунем , тасаввуф аз ибтидое, ки падид омад, дар як марҳилаи аввалаш барои нигоҳ доштани нируҳо, ақлҳо ва хирадҳо бисёр хуб буд.
Вале истилоҳо, империяҳо чанд сад сол давом мекард.
Баъд то кай дар хароботи муғон мешиниву зоҳидӣ мекунӣ? Вақт мегузашт. Андешае, ки дар аввал бисёр мусбӣ ва судманд буд, вале ба сабаби идома ёфтани империя ҳамон андешаҳо функсия ва моҳияти аввалии худро аз даст медоданд.
Заҳр мешавад, гандида мешавад ва мепусад. Дар муҳити мурдоб, ки ҷунбиш нест, такон нест аз берун таъсире нест, аз дохил ҳеҷ чиз нест ва аз ҳеҷ ҷо сарчашма намеояд. Пас он куҷоро шодоб мекунад, маълум нест.
Сӯфиён худашонро таскин медоданд худашонро шодоб мекарданд дигар ҳеҷ касро не. Аз ҷаҳон канда буданд. Сиёсатҳо тулонӣ мешуд, ақида ва ҷаҳонбинии сӯфиёна, кӯҳна мешуд ва дар натиҷа аз як чизи судманд ба акси ҳол табдил меёфт. Тасаввуф то ҷое андешаи миллии моро кайҳонӣ кард. Худо аз як мафҳуме, ки дар китобҳо омадаасту, ҷисм нест, таваллуд нашудаасту таваллуд намекунад, башар нест, гуноҳ намекунад, аз як чизи мубҳами кайҳонӣ ӯро орифон инсон сохтанд.

-Яъне устод ба таъбире бигӯем, Худоро наздик карданд?

Бале. Худо дар мафҳуми суфиҳо як шабаҳи монанд ба худашон буд. Сӯфиҳо аз оятҳои Қуръонӣ ҳам мегуфтанд: "Лам ялид ва лам юлад ва лам якун лаҳу куфувван аҳад" аз руйи ҳамин оя Худоро мисли як сағера тасвир мекарданд, сағерае, ки ҷандапӯш, асту шабушк дорад. Кайк дораду ифлосу гушна ҳаст.
Баъд мегуфтанд биё ман туро оббозӣ бидораму чоруқакатро медӯзаму, шабушакҳоятро мекушаму … яъне ба Худо аз руйи ахлоқи худашон чеҳраи инсонӣ медоданд. Гадоҳои зиёде дар паҳлӯяшон дар кӯча буд аз ҳамонҳо мегирифтанд.
Ин дар тамаддуни Урупоӣ аз чеҳраҳои одамӣ мегирифтанд худо месохтанд. Аз як духтари осиёббон Исии муқаддас сохтанд. Яъне як ҳаракати мутақобила сар шуд. Эҳёи мо як ҳазорсола пеш буд.
Сӯфиҳо бо ин тафсирҳо худоро наздик ба инсон кардан дар паҳлуи одамон қарор додан ва одамонро ба суйи Худо бурданд ва дар паҳлӯи Худо қарор доданд, дар натиҷа як чизи бисёр зебо шуд. Ин гуна мафҳумҳо ба Исломи шариъатӣ маъқул набуданд ба зоҳидони хушк маъқул набуданд. Барои ҳамин онҳоро мекуштанд. Мансури Ҳаллоҷу Харақонӣ, Ҷунайду дигару дигарро мекуштанд. Куштани онҳо низ барои ҳамин ахлоқашон буд.
Барои ҳамин наметавонем бигуем, ки орифон моро ба роҳи ғалат бурданд, мардуми моро дар ғафлату нодонӣ нигаҳ доштанд. Орифон кори бад накарданд, вале фосилаҳо дароз шуд. Дар оғоз ташкили ҳалқаҳои орифона барои нигаҳ доштан ва ҳифзи мағзҳо кори хубе буд, вале бо тулонӣ шудани умри империяҳо ин ахлоқ кӯҳна мешуду мепӯсид. Сохти ҷомеъа, маърифати ҷомеъа ба маърифати онҳо баробар набуд. Аз сад миллион мумкин як кас мебаромад. Як касе, ки дар ин поя ахлоқу маърифати баланд буд. Одамони пайғамбарсимо. Инҳо як кас буданд масалан дар пояи баланд, вале ҷомеъа бисёр паст буд. Шуури омиёнаи паст вуҷуд дошт. Инҳоро гунаҳкор карда намешавад. Инҳо афроди баргузидаи Худо, дӯстони Худо, азизони Худо буданд.
Онҳо наметавонистанд ҷомеъаро дигаргун кунанд. Ҷомеъа онҳоро дарк намекард. Сатҳи маърифти илмӣ вуҷуд надошт. Он чӣ буд маърифати эҳсосотӣ ва ботинӣ буд.
Вуҷуди орифон баракс ба фоидаи ҷомеъа буд бар хилофи консепсияи Фирдавсӣ масалан.
Агар орифон пайдо намешуданд ва мо аз руйи консепсияи Фирдавсӣ пеш мерафтем. Мо бояд як умр бо душманони Рустам ҷанг мекардем. Ирону Турон.
Дигар Рустам нест, Ҷамшед нест, Фаридун нест, Суҳроб ҳам нест. Кӣ бо кӣ ҷанг мекунад?
Туркҳо сад баробар аз мо шуморашон зиёдтар аст. Ин муҳит ҳамааш туркӣ шуд мо кам мондем.
Пас бо ҷанг намешуд бояд хирад ҷанг мекард. Хирад бояд ҷанг мекард. Ана барои чӣ хирадгароӣ эҷод шуд? Миллати мо дигар наметавонист Рустамгароӣ кунад. Қуввати онро дигар надошт. Неруи бозуяш заиф шуда буд. Қатли ом мекарданд мекуштанд ҳамаро ва дигар ҳеҷ кас намемонд.
Вале роҳи орифон наҷот дод. Ақлу донишу худошиносиро, ки пеш гирифтем ин наҷотамон дод. Худошиносӣ худшиносиро эҷод кард. Аз рӯи консепсияи эҳёгарӣ, ки Худо сағера ҳаст, дар пушти дари ту. Ҳамин хел қаландарон мегуфтанд.
Ин гароиш миллати моро аз назари ахлоқӣ, онқадар бузурге кард, ки масалан дар Туркия, ки Туркони Усмонӣ, Туркони Салҷуқӣ аввал бо парчами Ислом бо Румиҳо ҷанг мекарданд, бо Юнониҳо бо мардуми Балкан, ки мазҳабашон дигар буд, муҳоҷирони хуросониву эронии мо, ки ҳамроҳи туркҳо рафта буданд, ки асосан ҳама олимон буданд. Падари Мавлоно ва худи Мавлоно, Шамси Табрезӣ ва бузургони дигар ҳам буданд, инҳо рафтанд.
Инҳо шоирону орифони он замон буданд, Маснавии Маънавиро навиштанд, девони Шамсро навиштанд, ахлоқи навро ба вуҷуд оварданду ҷангиёнро оштӣ доданд. Мусулмону кофару ҷуҳуду юнониву русу балканро бо ҳам оварданд. Муколамаи адёну ахлоқу фарҳангро пайдо карданд.
Дар ҷаҳони имрӯз ҳам мегӯянд, агар ҳамон ахлоқи Мавлоно Ҷалолуддини Румиро руйи кор биёрем шояд ҳамон сулҳи кулл ба вуҷуд биёяд. Дар конференсияҳои байналмилалие, ки мо меравем ҳамин хел як андеша матраҳ аст. Олимон мегӯянд, ки Мавлоно тавонист дар ҳамон нуқтаи доғе, ки ҷанг мумкин буд як умр давом кунад ва ҳеҷ кас ҳам мумкин буд зинда намонад тавонист сулҳро эҷод кунад. Дар Ҳиндустон ҳам ахлоқеро, ки Бедил ва Иқбол эҷод карданд ба ҷанги ҳиндуву мусулмон хотима гузошт дар ҳоле, ки мумкин буд, ки баъди он, ки ҳиндуҳо истиқлолият ба даст оварданд мумкин буд ҳамаи мусулмононро аз байн баранд. Ҳамон ахлоқ нигоҳ дошт. Дар зеҳни мардум ҳамон ахлоқ нишаста буд. Мо дар натиҷаи ин ахлоқ буд, ки худро нигоҳ доштем ва ба ягон кори бад олуда нашудем. Ҳамон ахлоқи Зардуштиро тасаввуф нигоҳ дошт, некиву покиву тамизиашро.
Барои ин, агар бигӯем, ки таҳаммулпазирии дуру дарози мо муҷиби шикасти мо шуд саҳеҳ нест, балки муҷиби пирӯзии мо шуд. Муҷиби пирӯзии мо ва Миллати Ислом. Пирӯзии Ислом дар ҷаҳон баъди истилои араб сад дар сад ҳамин ҳикмати форсӣ аст. Аз Салмони Форсӣ сар карда то Муҳаммад Иқбол пирӯзии Ислом бар души эрониён аст. Бар дӯши Аҳмадшоҳи Масъуд буд ҳозир ҳам ба дӯши эрониён аст.

-Барои суҳбати пурмуҳтаво як ҷаҳон сипос аз Шумо устод.



Мусоҳиб Саъдии ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97