Силсилаи мақолаҳоро шурӯъ аз мақолаи "Бозор Собир дар мо намеғунҷад" то мавзӯъи соядастҳои устод Бозор Собир ва атрофи фаъолияти адабӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёташ мутолиа кардам. Ростӣ чунин ба назар мерасад, ки гӯё бузургони адабу фарҳанг ва ашхоси болаёқатро ҳамеша тақдир дар озмоишҳо қарор дода ва ба кӯи оворагиҳо тела медиҳад. Бо вуҷуди ин ҳама маҳрумиятҳо ва оворагиҳои иҷборӣ боз ҳамин бузургон эҷод мекунанду аз самараи фаъолиятҳои онҳо наслҳои минбаъда комёб ва баҳравар мегарданд. Банда, ин ҷо аз оворагиҳои иҷборӣ ва маҳрумиятҳои бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Камол, Н.Хисрав, Сино, Ҳилолӣ, Айнӣ ва дигару дигарҳо хотиррасон карданӣ нестам. Фақат ҳаминро холисона гуфтаниам, ки "Эй салоҳиятдорон, биёед, ворисонро овора, саргашта насозем. Охир на ҳар кас имкон ёфта метавонад, ки барои зиёрати турбати бузургони илму адаб, онҳое, ки дар саҳифаҳои иҷборан ториккардашудаи гузаштаҳои дуру наздик ва зиндагии ҳозираи мо аз ҳар ҷиҳат равшанӣ меандозанд ва барҳақ, боиси ифтихор ва сарфарозии миллат мебошанд, равад. Масалан, барои зиёрати устод Лоҳутӣ ба Маскав, барои Ибни Сино - ба Ҳамадон, барои Камол - ба Табрез, барои Мавлавӣ - Ба қуния, барои Ҷомӣ - ба Афғонистон, барои Бедил - ба Ҳиндустон ва ғайра ва ҳоказо чӣ хел метавон рафт?
Аз ин рӯ аз Худованди бузург ва ҳар фарди ба номуси Ватан хоҳонам, ки барои бо дили пур ва хотири ҷамъ зиндагӣ кардан дар Ватан, дар Тоҷикистони азиз ҳама ба якдигар мусоидат кунем. Ин ҷо якчанд пора суханро дар қолаби назм ё шеър (агар ин пораҳоро назм ё шеър гуфтан мумкин бошад-муаллиф) бо мақсади он, ки дар раванди ба Ватан бозгаштани (ё ба Ватан бозгардонидани) устод Бозор Собир ва дигар шахсони бузургу болаёқат андаке шояд саҳмгузор бошам, меоварам:
Бисёр мехостам, ки ҳамватанони мо дар Ватан бошанд ва агар боре ҳам, аз Ватан берун мераванд, бо сафарҳои корӣ ва расмӣ раванд, на иҷборан ва на бо роҳи маҳрум карданҳо. Охир бузурге гуфтааст: "Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест".
Идораи нашрияи «Миллат» тасмим гирифтааст, то соядастҳои устод Бозор Собирро гирдоварӣ карда ва беҳтаринҳояшро дар рӯзи ҷашни шоир ҳамчун армуғон барояшон тақдим бидорем. Аз ҳамаи онҳое, ки соҳиби ҳамчунин «соядасти» устоданд, хоҳиш дорем, то он соядастро ба идораи нашрияи "Миллат" ирсол бидоранд. Соҳиби беҳтарин "соядасти" устод аз сӯйи идораи нашрия дар рӯзи таҷлил аз зодрӯзи Бозор Собир қадршиносӣ хоҳад шуд.