Ишқи мамнуъ

Фарҳанг ва адаб 31.08.2019 12:19

Ё қиссаи талхи Робиъаи Балхӣ ҳанӯз поён наёфтааст

    Робиаи Балхӣ тибқи маълумоти тазкираҳо ва дигар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ духтари ҳокими Балх – Каъби Қаздорӣ буда, дар Балх таваллуд шудааст. Соли таваллуд ва вафоти Робиъаи Балхӣ ё ки Қаздорӣ аниқ маълум нест, аммо дар айёми ҷавонӣ ба таври фоҷиавӣ кушта шудани Робиъа дақиқ аст. Вай дар хонадони падар таҳсили илм карда, соҳиби дониши баланд ва истеъдоди комил будааст, ки аз ашъораш ҳувайдост.

Муҳаммад Авфӣ дар тазкираи худ Робиъаи Балхиро шоираи аҳди Ғазнавиён мешуморад, аммо ин маълумоти вайро маъхазҳои дигари адабиву таърихӣ тасдиқу таъйид намекунанд. Аз рӯйи нақле, ки Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» аз достони «Илоҳинома»-и Шайх Фаридуддини Аттори Нишопурӣ овардаанд, ҳокими Балх – Каъб пеш аз вафоташ ба писари худ – Ҳорис васият мекунад, ки ба хоҳари ягонааш, ки номи фахриаш Зайнулараб будааст, ғамхорӣ кунад. Ҳорис, Бактош ном ғуломи турк дошт ва ба ӯ вазифаи хазинадориро супорида буд. Боре баҳорон дар айвони шоҳӣ базм ороста буданд. Робиъа ба боми қаср баромада, аҳли базмро тамошо мекунад ва ҷавони зебо - Бактошро дида, ба вай ошиқ мешавад. Вай сирри худро пинҳон медорад, вале аз ғами ишқ бемор мешавад. Табибро даъват мекунанд, вале сабаби бемории ӯро ёфта наметавонанд. Робиъа сирри худро пинҳон карда натавониста, ба дояи худ мегӯяд ва ба воситаи ӯ ба Бактош нома навишта, сураташро ҳамроҳ мефиристад. Бактош бо як дидани сурат ошиқи беқарор мешавад ва ба воситаи доя ҷавоби шифоҳӣ мефиристад. Робиъаи ошиқ ҳиссиёти самимӣ ва ошиқонаи худро дар ашъораш ифода намуда, ба дӯстдоштаи худ мефиристад.

Боре ошиқон дар даҳлези қаср вомехӯранд ва Бактош лаби домани Робиъаро медорад, вале ӯ азбаски ошиқи пок буд, аз ин густохӣ ва ҷуръати ғулом ба қаҳр омада, доманашро сахт кашида меравад. Бо вуҷуди ин муъомилаи хашин Бактош беш аз пеш ошиқи шайдои ӯ мегардад. Худи Робиъа ҳам дар оташи ишқ месӯхт ва ашъори дилсӯз менавишт ва ба ӯ мефиристад. Ҳамин тавр қиссаи ошиқии ду дилдода идома пайдо мекунад…

Боре ба қаламрави Балх душманони аҷнабӣ ҳуҷум мекунанд. Амир Ҳорис Бактошро ҳамроҳи худ ба ҷанг мебарад. Робиъа аз вазъи дилдодааш ба ташвиш омада, либоси мардонаи ҷангӣ пӯшида, савора ба майдони корзор меравад. Дар вақти ҷанг Бактош ҷароҳат мебардорад ва хавфи асир афтодан ба ӯ таҳдид мекунад, дар ин лаҳза Робиъа пайдо шуда, даҳ нафарро кушта, лашкарро ба поймардӣ ва шуҷоат таҳрик намуда, дӯстдоштаи худро аз иҳотаи душманон наҷот медиҳад. Дар ин вақт ба ёрии онҳо аскарони амири Бухоро меоянд ва душманони аҷнабӣ мағлуб мешаванд ва амир Ҳорис пирӯзӣ ба даст меорад. Бактош кӯшиш мекунад бифаҳмад, ки паҳлавони ӯро наҷотдода кӣ бошад. Аскарони Ҳорис ӯро диданд, аммо нашинохтанд. Пас аз чанд муддат Робиъа дар яке аз номаҳояш ин рози ниҳонро ба Бактош ошкор месозад, ки чӣ гуна вайро аз дасти душманон раҳонид.

Тибқи ривояти Шайх Аттори Нишопурӣ боре Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ ба Балх сафар мекунад ва Робиъаи Балхӣ аз ташрифи устоди бузурги шеъри форсӣ - Одамушшуъаро огоҳ шуда, ашъори худро ба вай чун армуғон мефиристад. Рӯдакӣ ашъори Робиъаро хонда, бовар ҳосил мекунад, ки вай шоираи болаёқат ва соҳибистеъдод аст. Ӯ аз қиссаҳои ошиқии Робиъа огоҳ мешавад ва пас аз чанд муддат ба Бухоро бармегардад.

Дар ҳамин вақт ҳокими Балх – Ҳорис низ барои миннатдорӣ ба дарбори Сомониён меояд, зеро дар пирӯзӣ ба душманони аҷнабӣ лашкари амири Бухоро кумакаш карда буд. Рӯдакӣ дар ин базми шоҳона шеърҳои Робиъаро қироъат мекунад, ки ба ҳамагон писанд меафтад ва сазовори таҳсину офарин мегардад. Аҳли базм мепурсанд, ки муаллифи шеър кист? Рӯдакӣ арз менамояд, ки дар шаҳри Балх шоираи боистеъдоде аст ва ин ғазал чакидаи хомаи ӯст ва бехабар аз ҳозир будани Ҳорис – бародари Робиъа, ҳарчӣ дар бораи Робиъа ва қиссаи ошиқии ӯ бо Бактош шунида буд, нақл мекунад. Амир Ҳорис худро маст вонамуд намуда, қарор медиҳад, ки агар нақли Рӯдакӣ рост бошад, хоҳараш ва Бактошро ҷазои сахт медиҳад.

Амир Ҳорис ба ватанаш – Балх бармегардад ва дар ин бора пурсуҷӯ мекунад. Ба ногоҳ як ғуломи дигараш сандуқчаи Бактошро медуздад, ки дар даруни он номаҳои ошиқонаи Робиъа нигоҳ дошта мешуданд. Он мактубҳоро ба Ҳорис медиҳад ва ӯ онҳоро хонда ба гуфтаи Рӯдакӣ бовар ҳосил мекунад. Ҳорис фармон медиҳад, ки Бактошро ба зиндон ва Робиъаро ба гармобаи гарму сӯзон афкананд ва рагҳои дасташро бибуранд. Ҳамин тавр ҳам мекунанд. Робиъа дар гармоба тоқат накарда, аз ғаму азоб бо хуни худ дар девор шеърҳо навишта, ҷон ба ҷонофарин таслим месозад. Бактош бошад, аз зиндон гурехта, Ҳорисро дар шаби хобаш қатл мекунад вадар сари турбати дилдодааш бо ханҷар худро ҳалок месозад.

Шахси таърихӣ будани Робиъа ва боқӣ намондани маълумоти дигар водор мекунад, ки ин нақлро ҳамчун воқеияти таърихӣ қабул кунем. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достони шӯрангезро барои ифодаи ақидаи тасаввуфии хеш истифода бурда,қиссаи ишқу муҳаббати Робиъаро чун ишқи илоҳӣ ва ирфонӣ маънидод кардааст. 

Бояд гуфт, ки мероси адабии Робиъаи Балхӣ ба миқдори хеле кам боқӣ мондааст. Ин ашъори боқимонда низ аз истеъдоди комилу завқи саршораш гувоҳӣ медиҳад. Ӯ дар чакидаҳои хомаи хеш ҳиссиёти гарму ҷӯшони ошиқонаро ифода намуда, самимона дарди дил гуфтааст. Шеъраш аз нигоҳи сабку услуб ва истифодаи ташбеҳу истиора ва дигар санъатҳои шеърӣ ба сабки хуросонӣ мансуб аст. Салосат ва балоғати ашъорашроноқидон ва муаллифони сарчашмаҳои адабӣ эътироф намудаанд. Дар ҳақиқат, Робиъаи Балхӣ аз саромадони адабиёти форсӣ дар аҳди Сомониён ба ҳисоб меравад ва дар таърихи адабиёт мақоми хосеро ишғол кардааст.

         Қиссаи ишқи нокоми ӯ бо Бактошро ду порчаи шеърҳояш низ тасдиқ мекунанд: яке байти зерин, ки мулоқоти ӯро бо турки зебочеҳрае ба тасвир кашидааст:

           Турк аз дарам даромад, хандонак,

Он хубрӯйи чобук меҳмонак.

 Ин байт сужаи дар «Илоҳинома» овардаи Шайх Аттори Нишопуриро комил месозад, яъне Робиъаи Балхӣ ӯро на танҳо як бор дар айвони базм ва бори дигар дар даҳлези қаср ва дафъаи дигар дар майдони ҷанг дидааст, балки дар хонааш низ ба сифати меҳмони «хубрӯю чобуку хандонак» пазируфтааст. Аммо мавқеи онҳо, чӣ тавре ки Шайх Аттор тасвир кардааст, хатарнок буд. Ҳуқуқи ҳар ду ҳам маҳдуд буд. Бактоши ғулом ҳақ надошт, ки ба хоҳари хоҷаи худ дил бандад, Робиъаи Балхӣ низ ҳамчун ашрофдухтар намебоист бо намояндаи табақаи поёнии ҷамъият, махсусан ғуломон, ошиқу дилдода мешуд. Бинобар ин, онҳо бисёр эҳтиёт мекарданд, алалхусус Бактош худро дур мекашид ва ба назди вай кам меомад, ки аз ин ҳоли ҳиҷрон Робиъа дар азоби рӯҳӣ буд ва Бактошро «дуъои бад» ҳам мекард, ки Худо ӯро мисли ӯ ошиқи беқарор кунад ва дар оташи ҳиҷрон бисӯзонад, то ба қадри ишқу ошиқии ҳақиқӣ бирасад:

 Даъвати ман бар ту он шуд, к-Эзидат ошиқ кунад:

Бар яке сангиндиле,номеҳрубон чун хештан,

То бидонӣ дарди ишқу доғи меҳру ғамхӯрӣ,

То ба ҳаҷр андар бипечиву бидонӣ қадри ман.

 

Дар сурудаҳои дигари Робиъаи Балхӣ, ки бо вуҷуди бетахаллусӣ дар шакли ғазал аст, ба ишқи ӯ нобоварии ошиқ ва изҳори садоқат кардани вай акс ёфтааст. Аз эҳтимол дур нест, ки Бактош дар аввалҳо ба ишқи хоҳари амир Ҳорис бовар надошта, аммо баъдтар дар ин ғазал изҳори самимият, садоқат, вафодорӣ ва якраҳагӣ кардааст, зеро вай худро исёнкор намешуморад, вале омода аст аст, ки аз нангу ном наандешад ва ливои саркашӣ барафрозад:

 Маро ба ишқ ҳаме муҳтамил кунӣ ба ҳиял,

Чӣ ҳуҷҷат орӣ пеши Худои азза ва ҷал.

 

Ба рӯйи некӯ такя макун, ки то якчанд,

Ба сунбул андар пинҳон кунанд наҷми Зуҳал…

 Дар шеъри дигари зарифона ва пурлатофате, ки аз он оҳанги ғаму андӯҳи софдилонаи занона меояд, Робиъаи Балхӣ ба мурғи нолони шохи дарахт муроҷиъат карда, ба тариқи муқоиса ё ки муқобилгузорӣ аз ҷудоии ёр нолидан ва хун гиря кардани ошиқи марҳум аз ёрро хеле ба таври бадеъӣ ва пуртаъсир баён намудааст, ки ҳасби ҳоли ӯст:

 Ман ҷудоям зи ёр аз он менолам,

Ту чӣ нолӣ, ки бо мусоъид ёрӣ?

 

Ман нагӯям чу хуни дида бибарам,

Ту чӣ гӯйӣ чу хуни дида набарӣ?

 

Аз сӯзу гудозе, ки Робиъаи Балхӣ дар роҳи ишқ дорад ва аз он вазъияте, ки ошиқу маъшуқ доштанд, фоҷиъаи бебозгашти ишқи софу поки инсонӣ, ки ба дилҳои ин ду ҷавон маъво гирифтааст, намудор мебошад. Ин маъниро қитъаи зерин тасдиқ месозад:

 

Кош-к танам боз ёфтӣ хабари дил,

Кош-к дилам боз ёфтӣ хабари тан.

 

Кош-к ман аз ту бирастаме ба саломат,

Ой фусусо, куҷо тавонам растан?!

 

Робиъаи Балхӣ нахустин шоираи адабиёти форсӣ пас аз густариши дини ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр ба шумор меравад. Шароити адабӣ ва фарҳангии давраи Сомониён ин булбули сарояндаи ишқу зебоиро ба гулистони адаб эҳдо намудааст.

 Таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ

 P.S.: Аз замони зиндагии Робиъаи Балхӣ беш аз ҳазор сол сипарӣ шудааст. Ин ҳодисаи ҳузнангез барои мо як андоза тааҷҷубовар ва ғайриқобили бовар мебошад, аммо дар ватани Робиъа то ҳанӯз ин гуна расми нораво ривоҷ дорад, ки қатли номусӣ номида мешавад. Ва солона садҳо духтар дар он ҷо бо ҳамин далел кушта мешаванд.

Бознашр аз маҷаллаи "Ҳавво"

№1-2019

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97