Решаву бунёди ӯ одамгарист…

Фарҳанг ва адаб 20.06.2019 16:32

         Донишманди варзида ва ҳунарвари мумтози тоҷик Ҷӯрабек Назрӣ зодаи Хатлон буда, соли 1963, баъди хатми мактаб, донишҷӯйи факултаи  таъриху филологияи Донишгоҳи  давлатии  Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шудааст.

 Дар ин донишгоҳи муътабар аз донишмандони бузурге чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, Сайид Ҳалимов, Тӯрақул Неъматзода, Саъдоншо Имронов, Ҳасани Наққош, Домулло Эркаев, Муҳаммад Болтаев ва амсоли онҳо, ки оламафрӯзи муҳит буданд, дарси адабу адабиёт ва таъриху мантиқ омӯхтааст.

      Баъди хатми донишгоҳ бо пешниҳоди раёсати донишкада ва маслиҳати устодон ба аспирантураи  назди Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ҳуҷҷат пешниҳод карда, дар  имтиҳонот комёб гардидааст.

         Соли 1974 дар мавзӯъи «Мактабӣ ва матни илмӣ-интиқодии маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ»  рисолаи дифоъ номзадӣ, соли 1996 дар мавзӯъи «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форс-тоҷик» рисолаи докторӣ карда, дар сафи пеши  адабиётшиносонӣ кишварамон қарор гирифт.

         Асарҳои дигаре чун «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ», «Матни илмӣ-интиқодии «Лайлӣ ва Маҷ-нун»-и Мактабӣ», «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ» (тадқиқ ва таҳияи матни илмӣ-интиқодӣ ба ҳуруфи форсӣ, Душанбе, 1986), «Қиссаи Сулаймон ва Маликаи Сабо дар назми форс-тоҷик» (Душанбе, «Пайванд», 1996), «Библийского – Кораническая история Царя Соломона и её преломление в персидско-таджикской литературы»  2007), «Саййидо – суханвари нодирагуфтор» (Душанбе, 2018), «Девони Шамсиддини Шоҳин» (Душанбе, 2018) ва даҳҳо мақолаҳои илми ӯ дар мавзӯъҳои гуногун дар дохилу хориҷи кишвар  ба табъ расидаанд.

        Дар таҳияву таҳрири феҳристи нусхаҳои хаттии хазинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттӣ мусоядат намуда, дар ҳаммуаллифӣ бо  Алии Муҳаммадӣ рисолаи «Нома ва номанигорӣ» дар «Шоҳнома»-ро ба ҳуруфи форсӣ (Теҳрон, 1999) интишор додааст, ки нахустин ва мукаммалтарин асар доир ба номаҳои шоҳасар шинохта шудааст.

         Гузашта аз ин, Ҷӯрабек Назрӣ дар таҳияи тазкираи панҷҷилдаи «Гулшани адаб», ҳаштҷилдаи «Осор»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ саҳми амалӣ гузошта, дар мавриди таҳиява таҳрири теъдоди зиёди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва матншиносиву матнсозии кормандони Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ мадади худро дареѓ надоштааст.

         Ҷӯрабек Назрӣ аз ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта аввал дар Институти дастхатҳо, сипас, баъди аз нав таъсис ёфтани Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, то моҳи июни соли 2007 сарвари ин муассисаи бонуфузи илмӣ буд. Новобаста аз нооромиву норасоиҳои солҳои мазкур  мутахассисони арзандаро  ба Институти осори хаттӣ, ки  боз бо ташаббуси бевоситаи ӯ, дастгирии Раёсати ҳамонвақтаи АИ ҶТ ва Президенти вақти фарҳангистон академик С. Ҳ. Неъматуллоев,  Инсти-тути шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ном гирифту ҳоло таҳти унвони Маркази мероси хаттии АИ ҶТ бомуваффақият фаъолият дорад, ҷалб созад ва барояшон баҳри идомаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ то шароит фароҳам созад.

          Дар он солҳои ногувор ҳам таҳти сарварии ӯ як идда асарҳои муҳимми тадқиқотӣ ва матнҳои мукаммали осори  гузаштагон чоп шуда, дар Институт конференсияву ҳамоишҳои байналмилалӣ баргузор мегардиданд, ходимони илмии муассиса дар кунгураву ҳамоишҳои байнал-милалӣ фаъъолона ширкат меварзиданд.

         Аз масойили ҳассос ва зарурӣ, ки ҳамеша дар назди роҳбарияти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ қарор дошт, ҷамъ овардани дастнависҳо ва китобҳои чопи сангӣ ва аз ин ҳисоб ѓанӣ гардонидани ганҷинаи осори хаттии марказ дониста мешуд, ки амалӣ шудани он бисёр душвор буд, хоса дар солҳои 1991-1992 - замоне, ки гирдбоди ѓоратгариву рабуданҳо ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Аммо  Ҷӯрабек Назрӣ чун роҳбари донову тавоно, холӣ аз ҳама бозиҳои сиёсӣ пайваста дар пайи ободии институт, ҳимояву ҳифозат ва ѓанигардонии ганҷинаи дастхатҳо буду дар ин росто тавонист корҳои бузургеро ба сомон расонад, ки шоистаи ҳама гуна таҳсину офаринҳост.

            Ин марди шарифи ватандӯсту заҳматқарин ва донишманду ҳунарпарвар аз рӯзи хатми донишгоҳ то кунун  дар Академияи илмҳо кор мекунад. Аз аспирантию ходими хурди илмӣ то мақоми Раиси Иттиҳодияи музейҳои адабӣ, директори Институти овозадори шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сабзидааст, ки ҳаргиз осон кору роҳе набудааст.

           Беҳуда мавсуфро қадршиносон сазовори  унвонҳе чун доктори илм, узви вобастаи Академияи илмҳо, узви Иттифоқи нависандагон, Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон нагардонидаанд.

Дар ҳақиқат,

             Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

             Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад!

 

                     Ба Ҷӯрабек Назрӣ

                     Эй акаи калони мо,

                     Меҳтару меҳрубони мо.

                     Бо қаду қомати базеб

                     Зебдеҳи замони мо,

                     Илму ҳунар вуҷуди туст,

                     Васфи ту дар забони мо.

                     Аз баду нек ғам махӯр,

                     Дарди сарат ба ҷони мо!

                                            Аскар Ҳаким

 

Ояти пайғоми ӯ одамгарист…

Барои устод Ҷӯрабек Назрӣ

Соъати айёми ӯ одамгарист,

Соҳати ақдоми ӯ одамгарист!

 

Мағз-мағзи устухони ӯ сахо,

Ҷуръа-ҷуръа ҷоми ӯ одамгарист!

 

Меситояд ҳусни зоти одамӣ,

Мазҳари илҳоми ӯ одамгарист!

 

Аз ҷавонмардӣ сухан мегӯяд ӯ,

Масдари аҳкоми ӯ одамгарист!

 

Каъбаи ӯ ҳазрати Одам бувад,

Ояти пайғоми ӯ одамгарист!

 

Нӯшаи фаз ласту одобу хирад,

Ҷавҳари аъломи ӯ одамгарист!

 

Одамийяи тору пуди ҷони ӯ,

Сирату андоми ӯ одамгарист!

 

Аз ҳама мадҳу сано болотар аст,

Аввалу анҷоми ӯ одамгарист!

 

Решаву бунлоди ӯ меҳру вафо,

Кешу бобу моми ӯ одамгарист!

 

Кохи умраш ҷовидон обод бод,

Посутуну боми ӯ Одамгарист!

                               Асрори Сомонӣ

 

              Устоди муҳтарам Ҷурабек Назрӣ!

       Мо-кормандони Маркази мероси хатии АИ ҶТ сарфароз аз онем, ки бо марди хирадманду ҳунарваре монанди Шумо ҳамкорӣ дорем ва чошнӣ аз хирмани фазилату маърифат ва маслиҳату мавъизаатон бармедорем.

        Мо хуб медонем ва шоҳиди гӯёи онем, ки Шумо- як зодаву парвардаи кӯҳистону хонадони марди деҳқонзода, зинаҳои шоҳроҳи зиндагиро зина ба зина ва ҳадафмандона паймуда, аз дараҷаи студентӣ то докторӣ расидед ва дар ин ҷода шиоратон ҳамеша байти зерин будааст:

                                   Пеш рафтӣ кор осон мешавад,

                                    Қуллаҳои нав намоён мешавад!

           Чунон ки худатон пайваста ва ифтихормандона ба таъкид меоваред, дар мактаби илмиву адабӣ ва фикриву маънавии устодони бузурге чун Муҳаммад Осимӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Ҳилол Каримов, Соҳиб Табаров, Аълохон Афсаҳзод, Абдуқодир Маниёзов, Зоҳир Аҳрорӣ, Амрияздон Алимардонов ва дигарон ба воя расида, ҳамон сабку равиши олимиву раҳбарии беназирашонро давому ривоҷ мебахшед, ки шойистаи таҳсин аст:

                                Ба шогирдӣ ҳар он к-ӯ шод гардад,

                                Шавад рӯзе, ки худ устод гардад!

          Шоҳидони зиндаи воқиъаҳои нангини ба сари халқамон омада сидқан гувоҳӣ медиҳанд, ки Шумо (шуҳрату мақому шарофату эҳтироматон) намебудед, дастҳои ғосиби беномусу бешараф кайҳо хазинаи бебаҳои мероси хаттӣ-сарвати беназири миллатамонро мерабуданду арзон мефурӯхтанду мехӯрданд!

         Шумо ҳастед, ки кори заҳматталаби олимиро бо фаъолияти меҳнатписанди ҳофизӣ тавъамон пеш бурда, дар ҳар ду ҷабҳа муваффақ шудаеду хидамтгузории халқу шогирдпарварӣ мекунед.

         Ниҳоят, Шуморо ба муносибати фарорасии зодрӯзи навбатиатон самимона таҳнияту муборакбод гуфта, бароятон фаъолияти босамари эҷодӣ, бахту саодати инсонӣ ва хонадонӣ таманно мекунем.

              Раёсат ва кормандони Маркази  мероси  хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

                              

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97