Пӯзиш

Фарҳанг ва адаб 13.06.2019 10:55

Ëде аз Одина Ҳошим

Алимуҳаммад Муродӣ

Дасти бозихунуки шаб, ки расид,

Даффи тиллоии хуршед кафид.

Турнаҳо

Ҳамчунон тори рубоби ту садое доданд.

Ва зи ҳам бигсастанд.

Осмон косаи безиҳи рубоб аст, онро

Ҳамчунон бар сари бесоҳиби ту,

Бар сари мазори ту зада бишкастанд.

Ва садафҳош парешон гаштанд.

Пеши беғам ғами дилро натавонӣ гуфтан,

Омадам бар сари гӯри ту, ки бо ту гӯям.

Аз ду чашми чашма

Лавҳаи гӯри туро мешӯям.

Ту вале хомӯшӣ,

Ту малолӣ аз ман...

Дар гусели ту набудам он рӯз,

Ки чу тобути шаҳид

Ҷисми зардови ғаматро монданд,

Пои як минбари чун минбари иблис баланд.

Ва чу дар зиндагият

Ту ба пои минбар.

Душману дӯст ҳама дар сари минбар буданд,

Сифатат мекарданд.

Дар забоншон афсӯс,

Гиряҳошон пурфанд,

Дили ториктар аз гӯри сияҳшон хурсанд,

Ки бишуд боз чароғе хомӯш,

Як дили рӯшану бедор бимондаст аз ҷӯш.

Эй дилат оина.                            

Акаи Одина,

Эй дарунсӯхтаи берунсабз,

Дар гусели ту набудам з-он рӯ,

Ки на бинад ва на сӯзад дигар,

Ин дили хокистар,

Ман ба марги ту надорам бовар.

https://www.youtube.com/watch?v=Uzc2rA83FXE

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97