Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Ҳабиби мо

Фарҳанг ва адаб 15.03.2019 08:10

Ё дӯстиро завол нест

Дар таърихи адабиёт, чун шохаи ҳастии миллат, тамаддуни давр ҳодисаҳое сурат гирифтаанд, ки дӯстии ду адиб на танҳо боиси пешравии эҷодиёт дар замон, баъзан таконе бар сиёсат оварда, гоҳе созанда, гоҳе сӯзанда. Ҳарифони камҳунар, ҳасудон, ки дӯстии мустаҳками онҳоро нодида мегиранд, миёни онҳо аввал муноқиша, баъд ҷудоӣ андохтан мехоҳанд. Ҳасудон гоҳе муваффақ мешуданд, бисёр вақт саркӯб.

 Дар бораи дӯстии устод Рӯдакӣ ва Балъамӣ, Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ шунида ё шояд хонда бошед. Сарнавишти Ҳоҷи Ҳусайни Хуросонӣ ҳам барои Шумо маълум аст. Дар донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (солҳои 1963-1967) низ ҳамин суханҳоро шунидему хондем.

Дертар дар бораи муносибати бад доштани шоирони номиамон Шамсиддини Шоҳин ва Нақибхони Туғрал баъзе гуфтаҳо шунидам. Рафтам ба назди муаллими мактаби миёнаам Абдусалом Кароматов, дар ин бора ба ӯ савол додам. Чунки ӯ ҳини дарсҳо аз адабиёт ба мо ин суханҳои бадро нагуфта буд. Баъди андешаи зиёд ҷавоб дод:

-Ин кори бахилон, ҳасудон ва рақибони онҳо буд, ки он замон байни эшон нифоқҳо меандохтанд. Шояд ин бадгӯиҳо дар ёди касе мондааст, ба якдигар нақл кардаанд ва имрӯз рӯ мезананд. Вале асли гап ин хел нест. Онҳо дӯст буданд, Туғрал Шоҳинро устод хонд. Ҳеҷ гоҳ ду бузург ба ҳамдигар бахилӣ намекунанд, беҳунарон ба ин кор даст мезананд. Асли гап баъдтар мебарояд. Ман ин суханҳоро аз онҳое шунидаам, ки дар мадраса якҷо бо Туғрал дар пеши Шоҳин дарс хондаанд.  

Ҳамин ҷо бояд бигӯям, ки ба назди Абдусалом Кароматов барои он рафтам, ки ӯ аз бозмондагони Домулло Байзо(Қозӣ Садриддин) аст. Ӯ бисёр воқеъаҳоро аз дасти якум ва дуюм шунидааст, бо падарам ҳам дар ин бора суҳбатҳои зиёд доштанд.

Дар донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дар солҳои мазкур устоди адабиёти мо Шукрӣ Иброҳими Истаравшанӣ низ дар ин мавзӯъ суханҳои нек мегуфт.

Ҳоло, хушбахтона, муҳаққиқони асил дӯстиву рафоқати бародаронаи онҳоро исбот кардаанд. Шоҳинро натанҳо Нақибхони ҷавон, балки падари ӯ хеле хуб мешинохтааст.

     Ин гуфтаҳои ман пешсухане буданд, зеро дар бораи рафтори Ҳабибулло дар ҷодаи дӯстӣ ба муносибати зодрӯзаш чанд ҷумла навиштан мехоҳам. Ҳарчанд дар баъзе хотираҳоям дар ин бора дарҷ кардаам, вале боз ҷойи гап омад.

                                          Ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагон

Ҷои гап барои он омад, ки пеш аз навиштани матлаб китоберо боз варақ задам (Адибони Тоҷикистон, Душанбе, нашриёти «Адиб», соли 2014.) ва андешаҳоям таку рӯ шуданд. Зеро Ҳабибулло дар ҷодаи дӯстӣ аз дигарон фарқ мекард. Бо вуҷуди он ки дар назар виқорбаланду боғурур менамуд, дар асл аз он касоне буд, ки нисбат ба дӯстони худ ҳамеша гузашт мекард. Гоҳе медидам, ки кори муҳими худашро як тараф монда, думболи ҳалли мушкили дӯсташ мегардад. Аз номуваффақии худ дида, аз бебарории дӯст ранҷ мебурд.

Аз он сар кунем, ки дар китоби мазкур узвияти Ҳабибулло ба Иттифоқи нависандагони СССР боз ҳам соли 1976 ба қалам дода шудааст. Ин беэҳтиромӣ танҳо барои рӯҳи Ҳабибулло нест, балки равони устодон Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакарро ношод месозад. Зеро онҳо соли 1966, вақте ки Ҳабибулло дар маҳфили наврӯзӣ шеърашро дар ин бора хонд, тасмим гирифтанд, ки ӯ ба узвияти Иттифоқ пазируфта шавад. Ҳабибулло ҳамагӣ 21 сол дош ва ба зудӣ як китобчаашро бо номи «Қатраи борон» чоп карданд, то ки ба узвияти Иттифоқи нависандагонқабул шавад.

            Ҳамин нозукӣ, яъне ҷавонтарин узви Иттифоқ будани ӯ, тарҷумаи ҳолашро рангин мекард ва барои ташкилоти нависандагон мояи ифтихор буд. Дар тамоми Иттифоқи Советӣ, ӯ ҷавонтарин адибе буд, ки ба ин Созмони бонуфуз пазируфта шудааст. Дар ин бора дар маърӯза ва ҳисоботҳои Иттифоқи нависандагони СССР навишта мешуд. Ҳамин сана барои он хотирмон аст, ки соли 1966 соли муваффақиятҳои Ҳабибулло Файзулло буд; институти педагогиро тамом кард, фарзанддор шуд(Беҳрӯзаш ба дунё омад), китобаш нашр гардид («Қатраи борон»), аъзои Иттифоқи нависандагони СССР шуд!!!

Барои чи ин воқеа дар хаёли ман нақш бастааст, зеро вақте ки Ҳабибулло корти узвияти ИНТ-ро, гирифт, албатта шод буд, вале дар андеша рафт. Ӯ аз Лоиқ Шералӣ ҷавонтар, вале пеш аз ӯ ба Иттифоқ пазируфта шуд. Барои дохил шудан китоб доштан лозим буд, вале Лоиқ ҳоло надошт ва дар фикраш ҳам набуд.

 Дӯстии безаволи Ҳабибулло ва Лоиқ

Ҳабибулло ба тартиб додани китоби Лоиқ Шералӣ пардохт. Чанд шеърашро агар тавассути мактубҳо гирифта бошад (Лоиқ дар аскарӣ хидмат мекард), боқимондаро худаш аз маҷаллаву рӯзномаҳо ҷамъоварӣ ва китобро таҳия сохт. Номи китоб аввал дигар буд, ин номро устод Улуғзода пешниҳод кард.

 Онро ба чанд нафар дӯстонаш барои хондан дод, аз ҷумла Мастон Шералӣ, ки Ҳабибулло на танҳо ӯро эҳтиром мекард, балки дӯст медошт. Бо вуҷуди ин, дар сафаре ба шаҳри Кӯлоб аз акаи Ашур Сафар илтимос кард, то бихонад, мабодо саҳве рафта бошад. Устод Ашур Сафар то пагоҳ вақт хост, ки худам шоҳид будам. Баъди таҳияи китоб аз устод Улуғзода бисёр хоҳиш кард, ки барои китоби Лоиқ сарсухан нависад. Устод Улуғзода ин хоҳишро ба ҷо овард.

Дар бораи дӯстии Ҳабибулло ва Лоиқ кам навишта мешавад. Манзумаи Низом Қосим«Ҳикояти шеър» ба ёди Ҳабибулло Файзулло бахшида шудааст, шояд кушише барои инъикоси лаҳзаҳое аз ҳаёти ин ду нафар бошад. Ҳарчанд характерҳо номукаммаланд, чун аз номи донишҷӯйи вақт гуфта шудаанд, лаҳзаҳо ибратомӯз буда метавонанд.

Қиссаҳои ҷолиберо аз Аҳмадҷони Раҳматзод шунида будам, ки хеле наздиктар ба асл ва воқеиятанд. Ӯ чанд рӯз паи ҳам бо онҳо қаробат дошт, шоҳиди суҳбати онҳо дар биллярд- хона будааст. Аз рӯи мушоҳидаҳои Аҳмадҷон дар назари тамошочиёнгӯё онҳо ҳамеша машғули бозӣ бошанд, дар асл майнаҳоро дам медоданд. Дар гармии бозӣ ба шеъргӯӣ мепардохтанд, ба муколамаи бадеӣ мегузаштанд. Дар ҳамин нақлҳои шоир Раҳматзод дарёфтам, ки онҳо нисбат ба адибони ҷавону навқалам, хайрхоҳ буданд, онҳоро дар суҳбатҳои хосаи худ шарик намуда, «сабақҳои рӯзгор» меомӯзонданд. Таблиғи шеъри Лоиқ шояд ниёз надошт, вале даҳҳо маҳфилҳое, ки дар ноҳияи Данғара (бо ташаббусу дастгирии Раиси вақти ноҳия Хисрав Алиев (Алии Корча), ноҳияи Восеъ, котиби якуми ҳизб Мирзо Бобоев, Кӯлоб ва атрофи он Ҳаким Бобоев - раиси колхози «Ленинград», дар ноҳияи «Ленинград» (ҳозира ноҳияи Мӯъминобод), котиби якум Саймуъдин Шамсов ва дигарон ороста мешуданд, на танҳо шеъри Лоиқ, балки худи ӯро муаррифӣ мекарданд.

Ташкилотчии вохӯриҳо Ҳабибулло буд, вале бологузар Лоиқ мешуд, чунки инро худи Ҳабибулло мехост. Мешунидам, ки дар сафарҳои Панҷакент баракс, мизбон Лоиқ мешуду меҳмон Ҳабибулло.

Баъди вафоти Ҳабибулло аз ҳама дӯстони ӯ шояд камтар Лоиқ Шералиро медидам, вале аз ҳама бештар «уф»-и ӯро дар ҳақаш шунидаам.

 Мадҳияи дӯсти Ҳабибулло барои Лоиқ

Агар мушкил набошад, шеъри ҳамдарси Ҳабибулло-Одили Исломиро бихонед, ки ҳанӯз соли 1961 дар васфи Лоиқ навишта (Одили Исломӣ, «Асрори Ҳофиз», шаҳри Душанбе, нашриёти «Матбуот», соли 2014), ба Ҳабибулло додааст, ки ба мухотаб бирасонад. Ҳабибулло баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ, тобистони соли 1961 барои чанд рӯз ба Ховалинг омад, таассуроташро аз дӯстони наваш нақл кард. Одили ҳамдарси Ҳабибулло аз шиносоии наздик пайдо кардани онҳо хабар ёфта, ин сатрҳоро бо дасти вай ба Лоиқ равон кардааст. Ин аввалин қасидаи мадҳия мебошад, дар бораи Лоиқ Шералӣ ва беҳтарин гӯем ҳам мешавад.

Дидори хотирмони мо бо Устод Лоиқ дар сари гӯри Ҳабибулло буд, ки фотиҳаро худи он кас бо шеъри Ҳабибулло дар сангнавишт гирифт:

Баъди мо мерос дар рӯи ҷаҳон,

Одамиву қадрдониҳои мост.

 

Ҳабибулло ва Бозор

Як бегоҳӣ дар болои пули Путовский акаи Бозорро дидам, ки ҳамроҳи янгаи Гулчеҳра қадам зада, тарафи маркази шаҳр мерафтанд. Муаддабонаву бо эҳтиром салом додам. Он кас сар ҷунбонда алейк гирифту роҳашро идома дод. Баъди чанд қадам гузоштан ба гӯшам садое расид:

-Муаллим!

Чун камшунав шудаам,эътибор надода рафтан гирифтам. Боз барои он, ки маро дар шаҳри Душанбе кам одамон муаллим гуфта, муроҷиат мекунанд. Садоро боз баландтар шунидам. Баргашта ба қафо нигаристам, ки он кас ба сӯи ман нигоҳ карда, даст меафшонанд. Зуд-зуд роҳ рафта ба наздашон расидам, зеро ӯ тарафи ман қадам мемонд.

- Чи тур, муаллим, аз дарс омада истодаӣ?

-  Мебахшед, ман муаллим нестам, нафақахӯр…

-Ба як муаллими донишгоҳи педагогӣ монанд кардам. Исто, ки ба ҳар хол чеҳраат бисёр шинос менамояд, дар куҷое дидаамат…

- Бо шумо борҳо нишастаам, чойрезакатон будам…

- Ба чойрезакҳо ҳоло мо чой мерезем…Хайр бигӯ, кистӣ?

Барои он ки зудтар ба ёдаш биёяд, гуфтам: Ман хорзои Ҳабибулло Файзуллоям.

-Ҳо, ҳо, комсомол, дар Кӯлоб мезистӣ…

- Ман гап намеёфтам, барои он ки дар ин фурсат сухане ба ёдам биёяд, портфеламро кушода як дона китобамро, ки бо худ доштам, ба тарафи он кас дароз кардам.

Китоби шеър будагист.

Не, шеър наменависам, Ҳабибулло иҷозат намедод!

Шояд аз бахилӣ?!

Намедонам, вале ниҳоят дуруст карда будааст, шоир намешудаам.

Саволҳои Акаи Бозор маъмулӣ буданд, вале аз ҷавобҳои ман ғайричашмдошт тоби рад меомад.

­- Ҳо, дар бораи Ҳабибулло. Мехостам бо фарзандонаш нишаста, ӯро ба ёд биёрем, хеле боз надидамашон. Чанд бор ҷашн гирифтанд, иштирок карда натавонистам.

Майлаш, маслиҳат мекунам, шуморо ёфта натиҷаашро мегӯям.

Маро аз куҷо пайдо мекунӣ?

Адолати Мирзо, хорзои (хоҳарзодаи) дигари Ҳабибулло, бо янгаи Гулчеҳра робитаи наздик доранд, тавассути ӯ мерасонам.

Адолати Мирзо, мешиносам, шавҳарашРаҳматкарим, газета доранд. Майлаш, дар ҳавои кушод,Ҳабибулловор!

Ба Адолати Мирзо қазияро нақл кардам. Баъди ду-се рӯз Адолат гуфт, ки Устод ҳамин гуна хоҳиш доранд, вале дар ин се-чор рӯза Амрико мераванд.

Хулоса, баъди якуним сол ҳамин гуна мулоқот дар ҳавлии писари Ҳабибулло Беҳзод доир гашт. Беҳзод гуфтааст, ки ҳамин 40-50 метри мураббаъ замини ҳавлии ман гуфти модарам, ҳамон тавре сохта шудааст, ки падарам орзу мекард. Дар ҳамин ҷо мешинем.

Рӯзи таъиншуда ҷамъ шудем. Дар ҳақиқат гуфтаи Беҳзод буд. Ҳабибулло дар маърака дар як ҷо нишаста наметавонист. Болои курпача менишаст, дар такякурсӣ, стул ва ғайра. Ин ҷо ҳамин гуна ороишу ҷо ба ҷогузорӣ шуда аст. Қариб панҷ соат нишастем. Суҳбате шуд хотирмон. Тафсили онро шояд Адолатбону навишта бошад, худаш як китоб мешавад. Нақлҳои ӯ кӯтоҳ буданд; аз вохӯриҳояшон, вале тафсилашон як достон мешуд. Ба ҳар ҳол барои ман Бозор Собир на он одаме буд, ки баъзе муқаламону мусоҳибон аз ӯ месохтанд. Ӯ заминӣ буд, ҳамон тавре ки 50-сол пеш дида ва шунида будамаш.

                                  Шамъро хомӯш насозед!

Оре, дӯстии адибон дӯстии миллат аст, зиндагии онҳо намунаи ибрат. Зиндагиномаи онҳоро бе олоиш, бе ҳангома беғаразона бинависем, рангину гувороянд. Зиндагии ҳаррӯзаи шоир чаҳор фасли сол аст, вале худи ӯ онро мехоҳад чун баҳор бубинад, барои худаш не, барои мардум.

Барои ҳамин дар вақти навиштани ҳаёти адибон, дӯстии онҳо миёни якдигар ва паҳлуҳои зиндагиашон, мо бояд эҳтиёт кунем, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем. Дурустнигории мо ба адибони ҷавон талқин мешавад, ки то кадом андоза рафоқатро азиз бидоранд. Гаронтарин арзиши маънавӣ пос доштани ҳозиру хотири дӯст аст. Ҳабибулло дар ин бобат намуна буд, аз ягон дӯсташ дар замони зиндагиаш ҷудо набуд. Шамъе буд, ки барои равшании хонаи дӯст месӯхт.

Саидҷалол Саидов

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97