Сайфуллохон - омӯзгори навовару навпардоз

Фарҳанг ва адаб 16.10.2018 11:05

Сайфуллохон Давлатшоев зодаи деҳаи Синдеви ноҳияи Роштқалъа, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ як тан собиқадори маориф аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, риёзидони маъруф, муҳимтар аз ҳама устоди даҳҳо шогирд аст. Мавсуф солҳои тӯлонӣ ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи вилоят фаъолият карда, дар таҳияи «Барномаи ислоҳоти маориф» ва давра ба давра амалӣ намудани он саҳми назаррас дорад.

Ба эътиқоди донишмандон, устод Давлатшоев саромади даврони эҳёгарӣ дар соҳаи мудирият дар Бадахшон аст. Агарчӣ донишмандони зиёде ба унвони олим дар ибтидои низоми шуравӣ талоши фаровон ва қаҳрамононае дар рушди илму маъориф кардаанд, аммо насли баъдӣ, ки дар пешопеши он Давлатшоев қарор дошт, гунае пайванд миёни давраи куҳан ва нав, суннатҳои миллӣ ва арзишҳои ҷомеаи навин буд. 

Бо шиносоӣ аз китоби кору рӯзгори устод Давлатшоев бароям маълум шуд, ки аёми наврасии ӯ мисли ҳама бачаҳои деҳот дар кӯҳу пушта, бо чарондани чорвову киштукор гузаштааст. Вақте аз ӯ суол кардам, ки равшантарин ёдвораи замони наврасиаш кадом аст, нигоҳи амиқе ба як навраси паси панҷара карду гуфт:

 

Ман аз овони наврасиам хотироти ҷолибе ғайр аз талош барои раҳоӣ аз деҳот, дарёфти пайроҳае ба сӯйи зиндагии дигар чизе надорам. Кору рӯзгори деҳот мушкил буд, аз субҳ то шом кор мекардем, аммо новобаста ба ин ман барои донишомӯзӣ вақт ёфта мактаби миёнаро бо медали нуқра хатм кардам.

Як навраси деҳотӣ дар миёни кӯҳҳои сарбафалаккашида ягона роҳи зиндагии беҳтарро танҳо дар дониш медид ва барои ба ҳадаф расидан талоши зиёд мекард.

СайфуллохонҲангоми таҳсил дар мактаб, ба омӯзиши риёзиёт ва таърих шавқу рағбати зиёд пайдо карда, мунтазам аз ин фанҳо баҳои баланд мегирифт. Паc аз хатми мактаб директор барояш иттилоъ медиҳад, ки дар пойтахт барои нахустин бор факултети механика ва математика таъсис шудааст ва ба ӯ тавсия додааст, ки чун шогирди фаъоли мактаб ба он факулта дохил шавад.

Сайфуллохон Давлатшоев барои такмили малака ва дониш роҳ сӯйи пойтахт, шаҳри Душанбе мегирад. Соли 1965-ум ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ба факултаи механика ва математика дохил мешавад ва соли 1970-ум онро бо ихтисоси омӯзгор хатм мекунад. Пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва тӯли панҷ сол дар мактабҳои деҳаҳои гуногун ба ҳайси омӯзгори фанни математика фаъолият мекунад. Давлатшоев ҷавони бомаҳорат буд ва барои эҷоди навигариҳо хеле талош мекард. Дар баробар ин ӯ ҳамеша барои рушду нумӯи донишу маҳораташ талош мекард. Навгониҳои олами муосирро дарк мекард ва аз онҳо ба хубӣ истиқбол мегирифт. Ин буд, ки соли 1973-юм роҳ сӯйи маркази вилоят шаҳри Хоруғ мегирад ва роҳбарии филмотекаи таълимии вилоятии назди Идораи маорифи ВМКБ-ро бар уҳда мегирад. Дар тӯли сафарoҳову мушоҳидаҳояш аз макотиби гуногуни вилоят ба хулосае меояд, ки донишомӯзон имкон доранд дар баробари таҳсил дар мактаб, ҳамчунин ҳунарҳои дастӣ ва мардумӣ ба монанди дӯзандагӣ, дуредгарӣ, бофандагӣ ва чанде дигарро аз худ кунанд. Давлатшоев бо талошу зиёд роҳбарияти маъорифи вилоятро барои таъсиси комбинати таълимӣ-истеҳсолии байни мактабҳои шаҳри Хоруғ водор мекунад ва аз соли 1985-ум то соли 1987-ум ба унвони директори он кор карда, фаъолияти онро пурра ба роҳ мемонад. Ба гуфтаи сиёсатшиносон, дар замони Шӯравӣ ба муқобили панҷараҳои низоми шӯравӣ ӯ таҳсилоти иловагиро на бо забони русӣ, ки он замон забони давлатдорӣ дониста мешуд, балки бо забони тоҷикӣ ба роҳ монд. Ин дар ҳоле буд, ки Давлатшоевро ҳамон сол ба узвияти Ҳизби коммунист, ки ҳизби ҳукмрон буд, қабул карданд.

Ба истилоҳи имрӯза Давлатшоев аз ҷумлаи мутахассисони стаат-апер, яъне шахсест, ки бунёдкориву навовариро дӯст медорад. Дар ҳар ҷое ҳар вазифаеро иҷро кардааст, ҳамеша аз услуби ба худ хос истифода бурдааст. Ҳамеша талош мекардааст то навгоние дар сохтор баҳри осудагиву пешрафти соҳа ва ҳамватанонаш ворид бикунад.

Тӯли солҳои тӯлонӣ дар вазифа ва сохторҳои гуногун фаъолият карда, ҳамеша муваффақу пешсаф будааст. Ин заҳматҳои устодро роҳбарияти шаҳри Хоруғ ва ВМКБ ба назар гирифта, чандин маротиба ӯро сазовори ифтихорномаҳо гардондаанд.

Дар солҳое, ки соҳаи маориф ба мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ шуд ва авзои сиёсии кишвар чандон хуб набуд, муддати зиёд ҳамчун сардори идораи маорифи вилояти Бадахшон фаъолият дошт.

Аз ӯ пурсидам, ки дар чунин ҳолати душвор фардои дурахшони илму маориф аз куҷо дар қалбаш нерӯ мегирифт? Лабханди пурмеҳре карду гуфт:

Маориф барои ман на танҳо як пеша аст, балки як ҷузъи зиндагиам аст. Дар он солҳо, ки ҳама бахшҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт рӯ ба нестӣ оварданд, соҳаи маориф ва мусиқӣ ягона омили зиндагӣ ва наҷоти одамон аз бекорӣ шуд. Дар миёни кӯҳҳо, на ягон воситаи иртибот, на машғулият буд. Ман ҳамеша ба зиндагӣ хушбин будам ва бовар доштам, ки ин ҳолат муввақатист ва рӯзе Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ меораду илму дониш боз ба кор меояд. Бинобарин ман ба ҳайси сардори раёсати маорифи вилоят тамоми кӯшишу ғайратамро барои пешрафти илму маъориф равона мекардам.

Дар ҳоле ки дар саросари Тоҷикистон мардум барои дарёфти як бурда нон дар сафҳои дароз навбат меистоданд, Давлатшоев аз соли 1993 то 2000-ум барномаи ислоҳоти соҳаи маорифро ба роҳ андохт, ки донишомӯзони макотиби гуногуни вилоятро ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мебурд, ки аксар бо медали тилло бармегаштанд. Яке аз шогирдонаш Давлатхон Байрамбеков, ки он солҳо муаллими математика ва информатикаи ноҳияи Ишкошим буд, он рӯзҳои мушкилро ба хотир оварда меӯяд:

Солҳои мудҳиш чун роҳҳо баста буданд, мо ҳамроҳи устод ба пойтахт тариқи Қирғизистону, вилояти Суғди ҷумҳуриамон дар тӯли 5 рӯз мерасидем. Ӯ шахсан, ноҳия ба ноҳия рафта, мактабҳоро назорат мекард, то низоми омӯзиш коста нагардад. Муаллимон то 5-6 моҳ маош намегирифтанд, вале хушбахтона бо маслиҳату машварати Давлатшоев онҳо корашонро содиқона анҷом медоданд.

Ҳолатҳое буд, ки мавриди зӯргуиву таҳдиду асорат қарор мегирифт, вале аз усулҳояш даст намекашид ва корашро барои рушду пешрафти кишвар идома медод.

Ӯ дар тӯли чандин сол дар идораву муассисаҳои гуногун дар вазифаҳои мухталиф кору фаъолият кардааст. Солҳои 1987 то 1989-ум дар шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ба ҳайси мудир, солҳои 1989 то 1990-ум инструктори Комитети вилоятии Ҳизби комунист, солҳои 1990 то 1992-ум директори хонаи маорифи сиёсӣ, солҳои 1992 то 1993-ум директори генералии «Тоҷиквидеообъеденение», солҳои 1993 то 1995-ум раиси иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, солҳои 1995 то 2002-ум сардори идораи маорифи ВМКБ, солҳои 2002 то 2003-юм мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ, солҳои 2003-2005-ум роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ, солҳои 2005-2007-ум менеҷери Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар Бадахшон ва аз соли 2007 то 2014-ум мудири шуъбаи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят кору фаъолият кардааст. Ҳангоми фаъолияташ ба ҳайси директори хазинаи маблағгузории иҷтимоии Тоҷикистон дар Бадахшон аввалин буҷаро барои сохтмони мактаб равона кардааст. Дар тӯли фаъолияти сесолааш дар ҳудуди вилоят 23 лоиҳа амалӣ кардааст, ки аз онҳо 17 мактаб сохта ба истифода дода шудааст.

На ҳар шахс ҳамзамон ҳам дар касби худ мумтоз ва ҳам дар ҳаёти хусусӣ комгор аст. Барои ҳар марде дар баробари инсони комёбу самимӣ будан, ҳамчунин падару ҳамсари муваффақ будан низ аз рукнҳои асосии зиндагӣ ба шумор меравад, ки Сайфулохон Давлатшоев дар баробари ин раванди мушкили зиндагӣ пирӯз шуд.

Ҳамсари устод Муминамо Лаълбекова беш аз 40 сол аст ҳамқадамаш буда 4 фарзандро ба воя расондаанд. Вақте аз устод Давлатшоев пурсидам, ки далели рифоҳи зиндагиатон дар чист? Бо таъкид гуфт: «Ҳамдигарфаҳмӣ! Ҳамсарам бисёр зани ботамкину таҳаммулпазир мебошад. Аз рӯйи меъёри дониш, ӯ аз ман дида ҳушмандтар аст, чунки мактабу донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардааст. Масъалаи таълиму тарбияи ҳар чаҳор фарзандамон бар дӯши ӯ буду назорату идораи онҳо бар дӯши ман. Бонуи ман на танҳо чаҳор фарзанди моро соҳиби илму дониш намудааст, балки беш аз 40 сол дар донишгоҳу макотиби вилоят ба ҳайси омӯзгори фанни риёзиёт дарс гуфта, шогирдони зиёдеро ба воя расондааст. Бо боварии комил мегӯям, ки яке аз омилҳои пешрафту комёбии ман маҳз ҳамсарам мебошад».

Наполеон бо ҳама шаҳомату тавоноияш чанд аср пеш ба бузургии зан иқрор шуда гуфта буд, ки дар паси комёбиҳои ҳар марди бузург сояи зани донишманду хирадманде ниҳон аст ва ман ин бузургиро дар симои ҳамсари устод, ин бонуи ҳалим дидам. Онҳо дорои чаҳор фарзанд: се писиру як духтар ҳастанд. Ҳар чаҳор фарзандашон соҳиби 2 дипломӣ ҳастанд. Як соҳаро бо тақозои замон, ҳар чӣ мувофиқ омад, хонданд ва пас аз он чизе, ки дилашон хост, дубора таҳсил карданд. Ҳар чорашон ҳамаи донишгоҳҳоро бо дипломи сурх хатм кардаанд. Духтарашон Амина Давлатшоева як замоне рӯ ба маориф оварду аз пайи таълиму тарбияи донишомӯзон буд. Ӯ дар Масачусетси ИМА дар бахши «Маориф ва тандурустӣ» рисолаи илмӣ ҳимоя карда, соҳиби унвони докторӣ шуд. Фарзанди дуюмаш Озодхон хатмкардаи донишгоҳи Эдинбурги Шотландия, фарзанди севвум Фарид Донишгоҳи Амрикоии Кирғизистон ва фарзанди чаҳорумашон Акмалҷон донишгоҳи Казоқистонро бо ихтисоси муҳандиси телекоммуникатсия хатм карда, дар сохторҳои мухталиф ва муҳимми ширкатҳои бонуфуз кору фаъолият дорад. Ӯ ҳамин сол Академияи дипломатии Федератсияи Русияро бо унвони магистр бо ихтисоси “Идораи давлатӣ ва амнияти миллӣ” бо дипломи сурх хатм кард.

Дар ниҳояти суҳбатамон ду суоли дигар кардам аз устод, ки тамоми муҳтавои зиндагиву маънии онро бо посухи кутоҳаш пур кард. Барои таърифу таснифи он сухани дигаре ниёз надорад.

Бо гузашти ҳафт даҳсола аз зиндагии шоистаатон, онро чӣ тавр хулоса мекунед?  

Зиндагӣ ин заҳмат асту кӯшишу ғайрат! Инсон бояд усули хоси худашро дошта бошаду барои анҷоми ҳар коре нақшаву тасмими ниҳоӣ гирифта тавонад. Ҳар кореро, ки оғоз кардед, бояд то охир бирасонед. Зиндагӣ яъне масъулиятшиносиву мардонагист! Ва тарафи дигари зиндагӣ ин хизмат ба халқ аст, дастёр ва кумакрасони мардум бошем, ҳар кореро бояд барои пешрафт ва фоидаи мардум анҷом дод.

Дар оғози хотираҳои худ бо ҳарфу ҳиҷои Ватан ва миллат қалам мебардоред. Ин эҳсоси баландро чӣ гуна бояд нигоҳ дошт?

Ҳамин ғурури Ватандорист, ки инсонро барои зиндагии пурифтихору шоиста раҳнамоӣ мекунад. Таъриху фарҳанги миллист, ки инсонро барои пешрафту равнақ водор месозад. Тоҷик будан на танҳо доштани шиносномаву зиндагӣ кардан дар ҳудуди он мебошад. Мо бояд тамоми ҳастиву вуҷудамон тоҷикона бошад, рӯҳу равону тафаккурамон тоҷикона бошад. Фарзандонам тӯли чанд сол аст дар хориҷа кору фаъолият доранд, аммо қалбашон барои Тоҷикистон метапад. Барои ҳар тоҷике дар хориҷ омодаи хидмат ҳастанду кумаки хешро аз ҳамватанонашон дареғ намедоранд. Рӯзе бароям суханронии духтарамро дар як маросиме дар Дубай нишон доданд. Ӯ суханашро аз шеъри Мавлои Балхӣ оғоз карда, сипас суҳбаташро бо каломи зебои тоҷикӣ идома дод ва нафарони дигар суханонашро тарҷума мекарданд, ҳарчанд ӯ инглисиро баробари забони модариаш хуб медонад. Ду фарзанди дигарам дар хориҷ дониш андӯхтанду феълан барои ватанашон хидмат доранд. Хидмати халқ волотарин вазифаи инсон аст. Ҳамчунин намунаи олии ватандӯстиро, дар осори Бозор Собир ва садҳо тоҷики дигаре, ки аз хориҷ истода барои пешрафти меҳану ҳаммеҳанонашон хидмат мекунанд, болотар аз ҳар тоҷики беғайрату танбал медонам.

Имсол Сайфуллохон Давлатшоев ба синни 70 қадам ниҳод ва бештарини умри худро сарфи илму маърифат кардааст. 70 соли пурбору пурмаънӣ муборак бод!

Шаҳноз Комилзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97