Арӯс аз Қафқоз

Фарҳанг ва адаб 05.09.2018 14:37

Солиёни зиёде мегузарад, аммо Азза, ҳаргиз аз ёд набурда, ки замоне аввалин бор ба ноҳияи Дарвози Тоҷикистон омад, таваҷҷуҳашро саҳнае ҷалб сохт, ки як бонуи дарвозӣ, дар деҳаи Кевруни ноҳияи Дарвоз бовиқору хиромон аз дастони ду бачаи худ дошта роҳ мерафту шавҳари зан аз пушти ӯ дастархони пурбори тӯёнаи ӯро гирифта,ба думбол роҳ уфтода буд…

Арӯси қафқозӣ дар Дарвоз

Азза замоне бештар ба қиёси фарҳанги Қафқозу Тоҷикистон таваҷҷуҳ кард, ки ҳамчун арӯс ба деҳаи Кевруни ноҳияи Дарвоз омад. Агар заррабини чашми дарвозиён, ба хусус бонувон ба Азза дӯхта шуда буд, аммо Азза ба заррабини чашми худ дарвозиёнро меомӯхт. Ва фарҳанги кӯҳистониёни Дарвозро бо Қафқоз қиёс мекард. Ғурур, дилсафедӣ, чеҳраҳои зебо… чашмаҳои софи зулол, ҳавои поки субҳгоҳӣ, шаршараи оби рӯдхона ҳар дам хаёли ӯро ба куҳистони Қафқоз мебурд.

Аззаро сарнавишт ба инсони фавқулодда ва як ганҷи фарҳанг дучор кард, ки ба як ишора ӯро дарк мекард ва умри худро бо ӯ пайванд дод. Аксарияти русзабонҳо дар солҳои душвори Тоҷикистон ба дудмони бобоии хеш баргаштанд. Барои Азза ҳам хонаи падарӣ ба мерос монд, ки шояд бару даври он ба андозаи тамоми заминҳои Кеврун, зодгоҳи шавҳари фозилаш буд. Аммо чун ёри дилбанд порае аз сангистонашро авлотар аз зиндагии муфарраҳи дур аз зодгоҳ донист, Азза низ ногузир чашм аз моли дунё баст ва думболаи ёри маҳбубро гирифт, ки аз ганҷи дунё, танҳо китобро дошт.

Оғуши бози деҳ ва Аззаи ҳамеша меҳмон

Азза ба ёре дил баст, ки ҳама нози занонаи ӯро мебардошт. Ва на танҳо ҳамсари ӯ, балки занҳои суннатгарои деҳ ба ин интихоби фарзанди фарзонаи диёр маҳз бо чашмони ӯ нигоҳ мекарданд. Одатҳои ғайримаъмулӣ ва мухолиф бар анъанаҳои арӯси қафқозӣ, ки дар шаҳр бузург шуда буд, низ наметавонист пиразанҳои деҳро озурда ва муҳаббаташонро ба ин интихоби фарзанди деҳ кам кунад. Ҳамзамон, ки Азза аз роҳ мерасид, онҳо гӯшаи остини худро аз мағзу мавизи бо заҳмат ҷамъовардаашон пур карда, пешвози меҳмон мешитофтанд. Аззаи тоза аз роҳ расида, хаставу беҳол пиразанҳоро ҳолпурсӣ мекарду онҳоро рӯи дӯкони модарарӯс бо савғоҳояшон гузошта, узр пеш меовард, ки хаста асту бояд бихобад. Пиразанҳои софдил низ савғоҳоро рӯи дӯкон гузошта, хона ба хона мешуданд. Аммо касе аз ин рафтори ғайримаъмулӣ барои деҳоти куҳистон озурда намешуд ва боз вақти худоҳофизӣ фаро мерасиду аввалин шуда боз ҳам ҳамин пиразанҳо мағзу мавиз дар остин гирифта, ба гусели ӯ меомаданд. Ҳоло аз ин занони деҳ кам касоне дар ҳаётанд, вале ҳамоно Азза барои сокинони Кеврун меҳмони ҳамешагӣ ва бас азиз аст. Зеро онҳо муҳаббат ба ин меҳмонро аз модарони худ ба мерос гирифтаанд.

Аззаи гулкор

Аз он рӯз, ки барои аввалин бор ба Кеврун қадам гузошт, замони мадиде мегузарад. Хотироти Аззаи ҷавону ошиқи фарҳанги кӯҳистон акнун дар хонаи гулпӯши душанбегии онҳо дар чеҳраи арӯсакҳои гуногун аз нав зинда мешаванд. Ӯ хотироташро дар чеҳраи арӯсак ё лухтакҳои сохтаи хеш зинда мекунад.

 

….Кадбонуи дарвозӣ тараддуди рафтан ба арӯсиро дорад, ин тимсол ҳанӯз нотамом аст, охирин коре, ки Азза сари ин арӯсак анҷом додааст, бастани қулфи гиребон дар зиребони ӯст. Азза дар хаёлаш нақша мекашад, ки дастони ин лухтакро бо савғое пур кунад, зеро бо дасти холӣ ба арӯсӣ рафтан дар кӯҳистон расм нест. Ӯ ба ин фикр аст, ки табақи пур аз кулчаи ширмол бардошта ба рӯйи сари лухтаки хеш бигузорад ё на. Гуманизм ба Азза иҷоза намедиҳад, ки ин корро бо арӯсаки хеш бикунад. Зеро сангинии ин табақи азими пуркулчаро бар рӯйи сари хеш эҳсос мекунад. Чӣ бояд кард? Чӣ гуна метавон кумак кард то кадбонуи пурзиннати дарвозиро ороставу пероста равонаи арӯсӣ сохт? Ин кори ниматамоми Азза аст. Арӯсе, ки умри хешро бо ёри бовафои дарвозӣ сипарӣ кардааст.

Ёри боғурур дар иҳотаи арӯсакҳо

Муаллим Муҳаббат Қаноатро бо чеҳраи пуртабассум дар ҳалқаи арӯсакҳои Азза дарёфтем. То ин ки ба ин дарк бирасӣ, ки чи гуна як инсоне ҷиддӣ ва аз ангуштшумор рӯшанфикрони андешманди тоҷик меҳмонсаройи хешро ба ин арӯсакҳо додаву худ дар даст китоб гӯшае нишастааст, бояд вориди дунёи пурмуъҷизаи ин ду ҷуфти муносиб бишавӣ. Азза хеле пуртараддуд, хушгап ва дар ин баробар парвонае даври меҳмон аст.

 

Ёри азизи ӯ, хеле ботамкин, фурӯтан ва ғарқаи андеша. Дар як нигоҳ шояд касе, ки онҳоро нашносад, ба ин биандешад, ки аслан ду шахси аз ҳам мутафовит ва бо ҳамдигар носозгор бояд бошанд, ин ҷуфт. Аммо на. Онҳо бо ду гунаи хислат ҳамдигарро пурра месозанд. Азза бо ҷушу хурӯш ва бо ғайрати қафқозӣ, устод бо фурӯтании тоҷикона.

Азза мегӯяд, ки «Муаллим, зиндагии хоксоронаро ба боғу роғу даҳҳо гектар замини меросмондаи падарии ман дар Осетия ва маоши нафақаи даҳчандӣ дар кишвари ман тарҷеҳ дод… Ман ҳам ногузир шароити зистан бо ӯро қабул кардам». Шикояти Азза устодро озурдахотир намесозад, зеро медонад, ки Азза муҳаббати ӯро бо ҷон пазируфта ва инро ҳамин гуна бо забон мегӯяд ва ин гилояаш ҳам ба хотири таъриф аз ҳамсари бузургаш аст, ки «бубинед, Ватан барои ҳамсари боғурури ман чӣ қадар арзиш дорад…»

Муҳаббати бепоёни Азза ба устод ва фарҳанги тоҷикӣ дар дунёи арӯсакҳои ӯ низ таҷассум ёфтаанд. Азза бо дунёи маҷозии сохтааш ҳам ба ёри бовафо изҳори муҳаббат мекунад. Шумори арӯсакҳои тоҷикии Азза аз шумори арӯсакҳои қафқозиаш бештар аст.

Намое аз аждодон

Азза рақси қуи Малика Собироваро бо чирадастӣ сохтааст, ки гӯйи ҳамин ҳоло парвоз хоҳад кард. Вижагии арӯсакҳои сохтаи Азза дар он аст, ки Азза барои арӯсакҳояш аз матоъҳои махсус, ба қавле аз шахсони табаррук, либосу абзор таҳия мекунад. Дар яке аз тикаи ҷомаи Акашариф Ҷӯраев либос дӯхтаву барои дигаре аз сандуқи Барно Исҳоқова пероҳан интихоб кардааст. Азза мегӯяд, бо ин кор мехоҳад, хотираи бузургон ва чеҳраҳои мондагорро аз нав зинда кунад. Ӯ хотираи гузаштагонро дар арӯсакҳояш таҷассум месозад. Арӯсакҳои сохтаи Азза дар чандин намоишгоҳ ба тамошо гузошта шудаанд. Меҳмонони зиёде аз хориҷаи дурру наздик аз намоишгоҳи арӯсакҳои Азза дидан кардаанд. Бархе аз ин меҳмонон ҳатто барои арӯсакҳои сохтаи ин бонуи чирадаст ҷиҳоз низ ҳадя кардаанд, ба гунаи дутору думбура, ки дасти мӯйсафеди думбуранавози сохтаи Аззаро пур сохтааст.

Ҳамин гуна Азза барои худ як дунёи бекарони рангинро сохтааст, ки ҳатто аз ин ҳунараш ҳамсари донишмандашро, ки дар бойгонии худ чаҳор ҳазор китоб, аз ҷумлаи китобҳои нодирро гирд овардаву китобхонаи бузурге бунёд карда, мутааҷҷиб сохтааст. Муҳаббат Қаноат, ки қариб ҳамаи ин китобҳоро мутолиа кардааст ва шояд аз ҷумлаи пурмутолиатарин зиёии шаҳри мо маҳсуб бишавад, бо шавқ сар аз китоб мебардораду ба офаридаҳои зани ҳунармандаш дида дӯхта ва ба он арҷ мегузорад. Марде, ки ин ҳама донишро бо худ дорад, ба офаридаҳои ҳамсараш ба таври худ баҳогузорӣ мекунад, албатта машваратҳои ба маврид медиҳад ва Азза ҳам ба ӯ гӯш фаро медиҳаду дар образи қаҳрамононаш тағйир медароварад. Арӯсакҳои ӯ пас аз ин ба тимсоли як қаҳрамони воқеъӣ нумуъ мекунанд ва моли ҳунар мешаванд. Маҳз бо даъвати Муҳаббат Қаноат мо дунёи пурганҷи Аззабонуро барои худ кашф кардем.

 

Дастони гулкор

Аммо арӯсаксозӣ танҳо ҳунаре нест, ки Азза онро ёд дорад, ӯ бо дарки зебоипарастии худ нақши ангуштонашро рӯи зинапояи хона ҳам гузоштаву рӯи дарвозаи ҳавлӣ низ. Дасти гулпарвари ӯ ҳавлии хоксоронаи онҳоро ба як гулбоғи биҳишт табдил дода, садбарги арғӯвонӣ, гулобиву обӣ, гулҳои нодири боғ дар фасли шукуфоӣ табъи меҳмононро болида месозанд. Азза ба ҳар ниҳоли ин боғ бо муҳаббат, ҳамчуноне бо арӯсакҳои сохтааш, муносибат мекунад. Ин аст, ки ҳосили дасти гулкори ӯ самар оварда ва хонаҳаки начандон бузурги онҳоро дар дили шаҳр ба як наврӯзгоҳи воқеӣ табдил додааст.

Адолати Мирзо

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97