Охирин Шоҳномасарои тоҷик дар ҳоли аз даст додани хотирааш

Фарҳанг ва адаб 24.09.2016 16:49

Дар бораи ин ҳунарманд бори аввал як ҳафта пеш огоҳ шудам. Дӯстам Раҳматкарими Давлат аз овозхоне суҳбат мекард, ки рӯзгоре дар маҳофил ва иҷтимои мардумӣ ва дар доираҳои хос низ дар радифи наъту муноҷот достонҳои «Шоҳнома»-ро низ тараннуму таблиғ мекардааст. Аз ин хабар ҳайратзада шудам. Гуфтам дар ин бора бори аввал мешунавам. Раҳматкарим фармуданд, ки ҳунарманди мавриди назар ҳанӯз зиндаву саломат аст, аммо камтар касе аз ӯ ёд мекунад ва дар борааш гап мезанад. Ва афзуданд, ки чанде пештар устод Ҷӯрабек Назрӣ, донишманд ва овозхони соҳибмактаби тоҷик ба аёдати ин ҳунарманди шоҳномасарои нотакрор рафта ва ӯро дар кӯи пирӣ дарёфта буд. Ин хабар шавқи дидори ҳунармандро дар вуҷуди мо низ аланга зад. Баъди машварат се нафар; Раҳматкарими Давлат, Ҳайдаршоҳи Акбар ва ман рӯзи шанбе 17-уми сентябр озими шаҳри Ваҳдат шудем. Баъди пурсуҷӯи кутоҳе аз раҳгузарон хонаи овозхони шоҳномасароро пайдо кардем.

 «Шоҳнома» дар тани бемор мадор овард

Дар дами кӯча ду се кӯдак, ки зоҳиран аз наберагони қаҳрамони мо буданд, моро то ҳавлии худашон раҳнамоӣ карданд. Сафари мо ғайри интизор буд ва касе моро намешинохт. Се меҳмони нохонда вориди утоқе шудем, ки яке аз кӯдакон моро роҳнамоӣ кард. Дар кунҷи утоқ пирамарде ду даст зери сар, пойҳояшро ғунча карда ба сақфи хона нигоҳ мекард. Аз вуруди мо пирамард чизе пайхас накард. Мо мустақим дар болои сари ӯқарор гирифтем ва бо пирамарди ҳайратзада дастакӣ салом додем. Ӯ ҳайрон-ҳайрон гоҳ ба мо ва бештар ба сақфи хонааш нигоҳашро мутамаркиз карда буд. Ангор ҳузури ногаҳонии мо барои пирамарди заъифу беморгуна чандон хушоянд набуд. Ҳайдаршоҳи Акбар бо истифода аз таҷрибаи рӯзгори худ чун раису вазиру вакили пешин, чанд бор талош кард то бо пирамард вориди гуфтугӯ шавад, аммо пирамард ҳамчунон бетафовут гоҳ ба мо ва гоҳ ба сақфи хона нигоҳ мекард. Дар ҳамин ҳангом писари бузурги пирамард вориди утоқ шуд ва баъд аз аҳволпурсӣ гуфт, ки мӯйсафед муддатест, ки хотираашро аз даст дода ва ба ҷуз афроди бисёр наздикаш ва маъдуд дигар касеро намешиносад. Ин хабар моро мутаассиф кард, зеро ҳар се қасд доштем, ки аз суҳбатҳои пирамард баҳра бурда, қиссаҳои «Шоҳнома»-ро аз ҳанҷараи ӯ бишнавем, аммо ба назар мерасид, ки мо хеле дер карда будем. Пирамарди хомӯш ҳамчунон ба гуфтугӯи мо ва фарзандаш, ки дар бораи худаш раду бадал мешуд, бетафовут ва ҳайратзада, гоҳу ногоҳ нигоҳ мекард ва чизе намегуфт. Ҳарчи дар бораи худашу саломаташ мепурсидем, посух намедод. Ва ниҳоят суҳбати мо миёни худамон аз Шоҳнома шурӯъ шуд ва аз он ки чи гуна ин ҳунарманд ба шоҳномахонӣ ворид шуданд. Баъд аз ҳудуди соате аз ҳузури мо дар паҳлӯи бемор, пирамард бо шунидани номе аз «Шоҳнома» ногаҳон шуруъ ба сухан гуфтан кард. Ӯ суҳбатро бо қироати порае аз достони «Рустаму Суҳроб» оғоз кард. Пирамард бо садои хушоянди худ мегуфт:

Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад паҳлавонӣ кунад.

Ва чанд бор ин байтро такрор намуд.

Мо аз шиддати хушҳолӣ билофосила дастгоҳҳои сабти садоро рӯшан кардем то ҳарфҳои пирамардро сабту забт намоем. Пирамард бидуни таваҷҷуҳ ба суолоти мо, чанд ҷумлаи кутоҳ ва порае аз достони «Рустаму Суҳроб»-ро мураттаб такрор мекард. Ин ҳам барои мо ғанимат буд. Чашмони мо аз шиддати шодӣ шуълавар шуда буд ва се нафар шабеҳи омодабоши паланг барои шикори сайд бо дастгоҳи сабту навор ба самти пирамард хам шуда будем, то ҳар чи аз ҳанҷараи ӯ берун шавад билофосила сабти таърих кунем.

 Ишқӣ кист?

Пирамарди шоҳномахон Ёрмуҳаммад Додов, мутахаллис ба Ишқӣ яке аз муноҷотсароён ва шоҳномасарои маъруфи солҳои 50-ум то 70-уми асри бист буд. Дар даҳҳаи 50-то 70 Ёрмуҳаммади Ишқӣ гули сари сабади маҳофил ва ҷашну сурури мардумӣ будааст.

Устод Ҷӯрабек Назрӣ, ҳунарманди маъруф ва раиси Ганҷинаи осори хаттиии Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ки сабаби ёдоварии мо аз ин ҳунарманд низ шуда, иттилооти тозае дар бораи ҳунар ва шахсияти Ишқӣ дар ихтиёри мо мегузорад. Ба гуфтаи устод Ҷӯрабек Назрӣ Ёрмуҳаммади Ишқӣ дар он даврон дар ҳунари наът, муноҷот ва шоҳномасароӣ беназир буд. Ҳатто устод Одина Ҳошим аз ӯ таъсир пазируфта баъзе муноҷот ва қиссаҳои ишқиву ирфониро аз забони ӯ ёддошт карда баъдан сароидааст.

Ёрмуҳаммади Ишқӣ дар миёни мардуми Дарвоз, водии Қаротегин ва Ҳисору Қурғонтеппа аз маҳбубияти болое бархурдор буд ва мураттаб маҳофили мардумиро бо садои ширину марғуладори хеш гарм мекард, ба ёд меорад устод Ҷӯрабек Назрӣ. Ӯ мегӯяд: «Он солҳо мардум умдатан қиссаву наът ва муноҷот гӯш медоданд ва Ёрмуҳаммад дар сурудани ин навъи мусиқӣ беназир буд. Аммо баъд аз солҳои 1975 ва рушди мусиқии мудерн дар кишвар, ҳунари наътсароӣ ва достонсароӣ аз равнақ афтод ва ҳунари достонсароӣ ба боди фаромушӣ супурда шуд. Аммо тафовут ва бартарии Ёрмуҳаммади Ишқӣ аз дигар наътсароёни гузашта ин буд, ки вай пораҳо аз достонҳои паҳлавонии «Шоҳнома»-ро низ дар маҳофили худ мураттаб месуруд ва тарғиб мекард. Вай достонҳои «Шоҳнома»-ро бо асбоби ғижжак тараннум мекард.»

Худи Ёрмуҳаммади Ишқӣ дар миёни он чанд ҷумлае, ки мураттаб бо мо мегуфт, ин ҷумларо тазаккур медод, ки дар ибтидо мардум ба достонҳои «Шоҳнома» чандон шавқу рағбат нишон намедоданд, аммо бо мурури замон аз вақте, ки ӯ шуруъ ба сурудани достонҳои паҳлавонӣ кард, шавқу рағбати мардум ба достонҳои «Шоҳнома» боло гирифт ва баъдан ҳама ба шунидани қиссаҳои «Шоҳнома» иштиёқ пайдо карданд. Ёрмуҳаммади Ишқӣ иллати сурудани достонҳои «Шоҳнома»-ро тамоюли шахсии худаш ба ин шоҳасар ва достонҳои паҳлавонии куҳан хонду афзуд: Бо талоши хусусӣқиссаҳои «Шоҳнома»-ро пайдо карда бо шавқ дар миёни мардуми Дарвоз месурудам.

Ӯ аз Акашариф Ҷураев, Чоли Сулама ва Мирмуҳаммад низ ёд мекард, ки он замон аз овозхонони маъруфи водии Дарвоз буданд. Ёрмуҳаммади Ишқӣ ҳамчунин мураттаб мегуфт, ки ӯро ҳудуди даҳ бор барои сурудани достонҳои «Шоҳнома» ба Афғонистон ба хусус шаҳри Кобул даъват кардаанд, аммо чи гуна ва кай ин сафарҳо сурат гирифтааст, барои мо номаълум монд. Зеро Ёрмуҳаммади Ишқӣ бидуни таваҷҷуҳ ба суолоти гуногуни мо чизеро мегуфт, ки дар хотирааш боқӣ монда буданд. Аз ҷумла мегуфт, ки дар самулути (ҳавопаймо) чорнафара маро ба Кобул мебурданд барои шоҳномахонӣ ва бо шунидани қиссаҳо сокинони Кобул ҳайрон мешуданд, ки аз куҷо ва чи гуна мо ин ҳунарро касб кардаем. Шояд ӯ мехост бештар аз достонҳои паҳлавонии куҳан, ки солҳо аз хотираи мардум фаромӯш шудааст, аммо дар хотираи фаромӯшшудаи эшон нақш баста, тавассути мо дубора ба гӯши мардум бирасонад. Баъди такрори ин ҷумлаҳо мураттаб порае аз ҷанги Рустам бо Ашкбӯс ва Деви сапедро, ки то ҳанӯз дар гӯшае аз зеҳнаш нақш баста буд, барои мо қироат мекард. Мо низ мутаассиф будем, ки марде чунин шоҳномахону шоҳномадоне солҳо дар гӯшаи фаромушӣ ба сар бурда ва касе ӯро суроғ накардааст. Акнун ӯро дар ҳолате дарёфтем, ки хотираашро аз даст дода, каси дигарро намешиносад. Аммо бо вуҷуди он ки синнаш ба 83 даромадааст, ҳанӯз ҳам пораҳое аз «Шоҳнома»-и безавол дар зеҳнаш нақш баста ва ин байтро бо гиря такрор мекард:

Ҳар он кас ки Шоҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад паҳлавонӣ кунад.

 Наққолӣ ниёз ба дастгирӣ дорад

Дар гузаштаҳои дуртар дар бархе манотиқи кишвари мо наққолони «Шоҳнома» вуҷуд доштанд, ки дар маҳфилҳои мардумӣ пораҳои барҷастаи ин асари мондагорро барои мардум қироат мекарданд. Ё гуруҳҳои ҳунарии худҷӯш бар матни бархе достонҳои «Шоҳнома» саҳнаҳои театрӣ сохта ба дар фазои боз миёни ҳавадорон ба намоиш мегузоштанд, аммо дар сад соли ахир ин ҳунари мардумӣ аз равнақ афтод ва имрӯз ҳеч кас дар ин бора фикр намекунад.

Аммо вижагии кори Ёрмуҳаммади Ишқӣ ин буда, ки дар замони Шуравӣ ҷуръат пайдо карда, бархе достонҳои паҳлавонии «Шоҳнома»-ро тавассути дастгоҳи мусиқии ғижжак дар миёни мардум месароидааст.

Бояд гуфт, ҳунарманди соҳибном Дона Баҳром ҳам чанд порчае аз «Шоҳнома»-ро ба оҳанг месарояд. Аз сари ҳақиқат нагузарем ва бояд бигӯем, ки такрори сурудаҳои Ёрмуҳаммади Ишқист, ки Дона Баҳром бо сайқал додани оҳанг ва афзудани созҳои мусиқӣ онро тараннум мекунад. Мутаасифона, на худи Дона Баҳром ин мактаби Шоҳномасароиро идома дод ва на касе аз ҳунармандони дигар вориди ин мактаб шуд.

Аммо Ёрмуҳаммади Ишқӣ мутаваллиди деҳаи Уғрӣ ноҳияи Дарвоз аст. Рустое, ки ҳамакнун аз ӯ ба ҷуз номаш чизе боқӣ намонда.

Аз суҳбатҳои Ишқӣ бармеояд, ки ӯ ҳунари шоҳномахониро аз сарояндагони машҳури ҳавзаи ҳунарии Дарвоз ёд гирифтааст, зеро ба қавли ӯ то миёнаҳои асри ХХ ҳунари шоҳномахонӣ дар водии Дарвоз роиҷ буда ва наққолони ин диёр пораҳое аз «Шоҳнома»-и безаволро дар маҳфилҳои мардумӣ месурудаанд. Ёрмуҳаммади Ишқӣ низ баъд аз муҳоҷираташ аз деҳаи Уғрии водии Дарвоз ин ҳунари аждодиро равнақ дода, дар миёни мардумони водии Қаротегину Ҳисор ва дигар навоҳие, ки барои муноҷотсароӣ даъват мешуда, тарғиб мекардааст. Садои наққолии Ёрмуҳаммад дар маҳфилҳои мардумӣ дар фиттаҳои қадимӣ сабт ва дар хонаашон то ҳанӯз вуҷуд доранд. Ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст то бо интиқоли ин садо ва сабки мунҳасир ба фард дар дастгоҳҳои замонавӣ ҳунари наққолии «Шоҳнома» бо савту мусиқиро аз нобудӣ наҷот диҳем. Устод Ҷӯрабек Назрӣ низ, ки шинохти хубе аз ҳунару истеъдоди Ёрмуҳаммади Ишқӣ дорад, чанде пеш зимни аёдати ин ҳунарманд, фиттаҳои қадимии савтии ӯро аз дасти фарзандонаш барои бозсозӣ ва эҳё ба амонат гирифтааст. Умедворем бо ибтикори устод Ҷӯрабек Назрӣ, ки худ аз бузургтарин сутунҳои ҳунари дирӯз ва имрӯзи тоҷик аст, садои охирин шоҳномасарои тоҷик дар дастгоҳҳои муосир сабт ва барои ҳамеша аз хатари нобудӣ ҳифз шаванд. Бузургонро бузургон зинда медоранд.

Аммо хуб мебуд агар масъулини вазорати фарҳанг ва соир ниҳодҳои зирабти дигари ҳукуматӣ дар Ваҳдат низ аз ҳолу рӯзгори чунин ҳунарманде огоҳ бошанд ва ба бархе аз мушкилоти ӯ расидагӣ кунанд. Ӯ ниёзе ба мо надорад, ин мо ҳастем, ки барои миллат будан ва ҳуввияти миллӣ доштан ба «Шоҳнома» ва шоҳномасаро ниёз дорем. Агар фарз ба ин бошад, ки ҳама тоҷик ва форсизабон вомдори Фирдавсӣ ва Рустам аст, пас вомдори касоне низ ҳастем, ки «Шоҳнома»-ро тараннум карда ва зинда доштаанд.

Аз суи дигар, ба назари коршиносони фарҳангӣ беҳтарин равиши таблиғи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарстӣ дар вуҷуди насли ҷавони кишвар ва ҳамчунин тақвияти руҳу зеҳнӣ онҳо дар баробари андешаҳои ифротӣҷорӣ кардани тадриси пораҳое аз мутуни "Шоҳнома" дар макотиби ҳамагонии кишвар мебошад.

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97