Эътирози Афғонистон барои ворисӣ аз Мавлоно

Фарҳанг ва адаб 09.06.2016 13:31

Афғонистон ба тавофуқи Ирон ва Туркия мабнӣ бар сабти «Маснавӣ»-и Мавлоно ба унвони мероси муштараки фарҳангии ин ду кишвар дар Юнеско эътироз кард.

 Насир Аҳмади Андеша, муовини вазири умури хориҷаи Афғонистон дар дидор бо хонум Патришё Мак Филипс, намоянда Юнеско дар Афғонистон, бо ибрози нигаронӣ аз ин тасмими давлатҳои Ирон ва Туркия гуфтааст:"Ҳар гоҳ қарор бошад ин асари шинохта шудаи адабӣ ва шоҳкори ирфонии Мавлавӣ сабти мероси ҷаҳонии Юнеско гардад, воқеияти таърихии зодгоҳи худовандгори Балх набояд нодида гирифта шавад ва пайванди Мавлонои бузург бо Афғонистон набояд фаромӯш гардад."

Бар асоси хабарномаи вазорати умури хориҷаи Афғонистон намояндаи Юнеско дар Афғонистон итминон дода, ки нигаронии давлати ин кишвар дар мавриди «Маснавӣ»-и Мавлоноро ба маркази он созмон гузориш хоҳад дод.

Сешанбеи гузашта, хабаргузори донишҷӯёни Ирон (Исно) ба нақл аз раиси Созмони маркази асноди миллии ин кишвар навишт: "Бо Туркия тавофуқ кардаем, ки «Маснавӣ»-и Мавлавиро ба сурати муштарак сабт кунем, Мавлоно яке аз нуқоти муштараки фарҳанги Ирон ва Туркия аст".

Сайидрзо Солеҳии Амирӣ, мушовири раисҷумҳур ва раиси Созмони асноди Ирон дар бораи сабти ҷаҳони «Маснавӣ»-и Мавлоно гуфта буд: "Дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи сабт ҳастем, мо ба далели иштирокоти фарҳангӣ ин корро анҷом додем. Ирон ва Туркия иштирокоти фарҳангии зиёде доранд. Бо таваҷҷуҳ ба инки Мавлавӣ дар Қуния дафн шуда, аммо ба забони форсӣ шеър гуфта, ҳам мо ва ҳам туркҳо шароити сабт доштем, аммо мо ин ҳавзаи муноқишаро ба ҳавзаи ваҳдат табдил кардем."

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97