«8–субҳ»: Тоҷикистон сарзамини тарона ва тараб

Фарҳанг ва адаб 21.04.2016 07:29

Аз оғози соли нав ба муддати ду ҳафта бо ҷамъе аз адибони ҳавзаи Наврӯз меҳмони шоҳаншоҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон будем. Дар ин са­фар бас нодиданиҳоро дидем ва ношуниданиҳоро шунидем. Бо бисё­ре аз адибони ҳамватани муҳоҷир, монанди Латифи Нозимӣ, Шабгири Пӯлодиён, Ҳумайро Накҳат Дастагир­зода барои нахустин бор чашм ба чашм шудам. Муҳаммадшариф Сайидӣ низ аз Свидан (Шведсия) ташриф оварда буд. Аз Афғонистон дар ин гулгашти шоирон ва устодони арҷманд ҷаноби устод Қаюм, Ҷавоншери Ҳайдарӣ, Саид Ризо Муҳаммадӣ, Парвизи Кова, Саид Муҳаммад Халиқ, Содиқи Исён, Гулнур Баҳман, Имон Вораста, Яъқуби Ясно, Аҳмадӣ ва устод Ориф ҷузъи арҷмандон буданд. Баъзе аз устодони ҳамватан, ки дар мақтаи дуктуро (докторант) дар Тоҷикистон машғули таҳсил мебошанд, монанди доктор Рустоӣ, доктор Иқбол Марастёл, доктор Наҷиб Қаюм ва … низ бо меҳрубонӣ моро дар маҳофил ҳамроҳӣ ва ёрӣ мекарданд.

 Дар ин саёҳат Наврӯзро он чунон, ки дар китобҳо ва қиссаҳо шунида будам, дидам. Мардум ва масъулони ҳукумати Тоҷикистон ба сурати васфношуниданӣ суннати меҳмонии наврӯзиро ба ҷо оварданд. Аз кӯча ва барзани ин сарза­мин садои тарона ва тараб дар осмон баланд буд. Дастон ва гӯшони духтарон ҳамаҷо афшон, пойҳо кӯбон ва ғунчаи лабҳошон хандон буд. Пиру ҷавон, зану мард ба майдон омада ва ҳамроҳ бо та­биъат мила ва шодмонӣ мекарданд. Касе аз дӯстон мегуфт, дар яке аз баррасиҳо, ки тавассути як ниҳоди байналмилалӣ анҷом шуда, дар байни кишварҳои минтақа Тоҷикистон шодтарин кишвар муаррифӣ шуда буд. Ин гуна, ки мо ди­дем, ин баррасӣ бисёр дақиқ буда ва фосилаи Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар ин ҳавза бисёр зиёд аст ва солҳо ин кишвар қаҳрамони майдон хоҳад буд.

Эҳёи ҷашни Наврӯз ба сурати байналмилалӣ ва миллӣ бар фурсатҳои шодӣ ва хушии ин сарзамин хоҳад афзуд. Ба раиси Академии улуми Тоҷикистон оқои Фарҳод Раҳимӣ гуфтам, ки роҳи мубориза бо терроризм танҳо туфанг ва гуфтугӯ нест, барпоййи ҷашнҳои наврӯзӣ яке аз асоситарин роҳҳои мубориза бо терроризм ва овардани сулҳи пойдор аст. ӯ бо қотеъият ва ҳамдилии том ин суханро қабул кард ва гуфт, ки яке аз далеле, ки мо ҷашнҳои наврӯзиро чунин таҷлил мекунем, дақиқан ҳамин андеша аст. Мо ба ин натиҷа расидем, ки бунё­дитарин роҳи мубориза бо терроризм ва бунёдгароӣ зинда кардани фарҳанг ва ойинҳои наврӯзӣ аст.

Фарҳанги умумии ин кишвар ба шиддат мутаасир аз Иттиҳоди Шӯравии пешин аст. Шикофи табақотӣ, ки дар кишварҳои Ирон, Афғонистон ва По­кистон андак касонро дар осмонҳои неъматфароз овардааст ва аксарияти тӯдаҳоро дар хоки фақр ва хокистари тангдастӣ нишондааст, дар Тоҷикистон камтар ба чашм мерасад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Ду­шанбе ва шаҳрҳои дигари ин кишвар аз сохтмонҳои хуб ва муносибе бар­хурдор аст. Теъдоди зиёди афроди маошбигир дар ин сохтмонҳо машғули иҷрои вазифаанд. Фақат дар Душанбе ҳудуди 60 нафар нависанда ва шоир дар сохтмони Иттиҳодияи нависанда­гон ба сурати расмӣ машғул ба коранд. Раиси Иттиҳодияи нависандагон дар сохтори сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аз ҷойгоҳи волое бархурдор аст. Мегӯянд, мақоми раиси Иттиҳодияи нависанда­гон аз мақоми як вазир дар назди раиси ҷумҳури ин кишвар бештар аст. Дар ҷаласот раиси Иттиҳодияи нависандагон дар канори раиси ҷумҳур менишинад.

Қамбаралии Тобиш,
«8-субҳ», Кобул
(14 ҳамали 1395 2 апрели соли 2016)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97