Фоҷеъаи Бахтиёр

Фарҳанг ва адаб 11.05.2015 14:40

Аз «Тангии Фархор» то шӯҳрати ҷаҳонӣ 

Bakhtiyr KHudoinazarovСарнавишти Бахтиёр қисмат ва сарнавишти як миллат аст. Марги Бахтиёр Худоназаров ҳамзамон ду фоҷеъаи бузурги як миллатро ба намоиш гузошт. Яке марги нобаҳангоми ӯ, ки ҳамаро ғофилгир кард ва ҳаргиз ҷубронпазир нест. Ин марг вазири фарҳанги Русия Владимир Мединскийро ба ҳадде такон дод, ки ба қавле «даст ба гиребони Худо шуд». Ӯ дар сугномааш ба ин муносибат гуфтааст, "Грустно и несправедливо терять молодых, талантливых людей, которые еще столько могли сделать. С нами навсегда останутся фильмы Бахтиера Бабаджановича!" РИА Новости навиштааст, ки ин суханон иқтибос аз телеграммаи Мединский ба наздикони Бахтиёр Худоназаров аст. Ҳақиқат ин аст, ки русҳо ӯро ба истилоҳ ҳунарманди худ медонистанд ва аз ин ки ӯ як ҳунарманди бо решаҳои тоҷикӣ ва парвардаи мактаби киностудияи «Тоҷикфилм» буд, ёд накардаанд. Агарчанд хабари марги ҳич тоҷике ба ин густардагӣ дар расонаҳои Русия бозтоб наёфтааст. Қирғизҳо ва қазоқҳо ҳам фурсат ёфтанд ва марги Бахтиёрро таслият гуфтанд. Темур Бирназаров, коргардони қирғиз ва аз дӯстони Бахтиёр гуфтааст,“Дили васеъи ин коргардони маъруф дигар натавонист бори гарони ғурбати тӯлониро бардорад. Марг ӯро дур аз Ватан дарёфт. Аз ҳама ҳузновараш он аст, ки дар Тоҷикистон натавонистанд, ба таври лозимӣ ҳунари Худойназаровро қадрдонӣ кунанд. Дар Ватан Бахтиёр аз эҳтирому маҳбубияти хосе бархӯрдор набуд. Ҳарчанд, ки ӯ бо филмҳои худ дар олам фарҳанги филмсозии тоҷикро муаррифӣ мекард».

Андрей Плахов, кинокритики маъруфи рус дар "Коммерсант" роҷеъ ба марги Бахтиёр Худоназаров сӯгномае навишта ва ҳамин ҳақиқатро, ки зоҳиран дигар аз чашми касе пинҳон намонда буд, навиштааст: "Вай душмане надошт, ӯро ҳама дӯст медоштанд… Ҳама ӯро бо навозиш "Бахтик" меномиданд. Аммо на дар Маскав ва на дар Берлин, ки солҳои охир мезист, вай худро ҳамчун худ ҳис намекард. Аз даст додани ватан ва решаҳо ҳатто дар сабки филмҳои ӯ ба мушоҳида мерасад ва тадриҷан аз устураи фазои рафтаи шӯравӣ, ки аксаран аломатҳои жанрӣ ва лаҳнро, ки ба ҳадди пафос мерасид, ба танз ва заҳрханд табдил меёфт."

Фоҷеъаи дигаре, ки марги Бахтиёр ба намоиш гузошт ҳамоно бетафовутӣ ба сарнавишти фарзандони ин миллат аст. То вақте ки ҳамин мақола таҳия мешуд, на як мақоми тоҷик ва на як ҳунарманду ҳампешаи Бахтиёр фурсати таъзияро наёфта буд. Чи, Тоҷикистон вазорати фарҳанг надорад?

Аммо дар воқеъ Бахтиёр кӣ буд ва тоҷикон дар бораи ин фарзанди маҳтобии худ чи мегӯянд? Воқеъият ин аст, ки Бахтиёр номвартарин шахсияти фарҳангии тоҷик бо ном ва шуҳрати ҷаҳонӣ буд, агар нагӯем, ки феълан танҳо ҳунарманди сатҳи байналмилалии тоҷик буд. Бо ҳифзи эҳтиром ба ҳамаи фарзандони ҳунарманди содиқи Ватан, бояд гуфт, ҳақиқат ин аст, ки ҳич коргардон ва ҳунарманди тоҷик дар таърихи синамои кишвар натавонистааст ба қулла ва паҳнои шуҳрати Бахтиёр Худоназаров бирасад. Ӯ кори бисёре накард, аммо коре ки кард мондагор ва муваффақ баромад. Аз «Братан» то «Гетеры майора Соколова» ҳамаи филмҳояш ба истилоҳ «оригинал», бо эътимод ба нафс, ҳадафмандона ва бо муҳаббати хос сохта шудаанд ва тақрибан хамаашон ҷоиза бурдаанд. Охирин филми ӯ ҳам беҳтарин кори коргардонӣ шинохта шуд ва ҳам «Уқоби тилоӣ»-и ҷашнвораи Ялтаро бурд. Бахтиёр танҳо коргардони тоҷик буд, ки филмҳояш дар кинотеатрҳои Фаронса ва Олмон ба намоиш даромад. Тамоми шуҳрат ва кори коргардонҳои то Бахтиёр дар маҳдудаи Шӯравӣ хотима мешуд. Аз ҷоизаҳое, ки Бахтиёр бурдааст, танҳо якеи онро Борис Кимёгаров дар ҷашнвораи Венетсия бурда буд. Аммо филми Бахтиёр танҳо барои ҷашнвора набуд, филме буд, ки дар Аврупо бинанда дошт. Яъне эътироф шуда буд.

Lunay papaНоми Бахтиёр вақте комилан офтобӣ шуд, «Падари маҳтобӣ» -ро дар соли 1999 сохт ва ба намоиш овард. Бо ин филм Бахтиёр як хати зарде миёни кинои тоҷик то худаш ва баъди «Падари маҳтобӣ»-ро кашид ва номи худро сабти таърихи ҳунар кард ва ба саҳнаи филми Аврупо роҳ ёфт. Ин филм бисёриҳоро сахт нороҳат ва хафа карда буд. Ин филм низ бозгӯйи як фоҷеъаи ҳамин миллат аст. Ва бо ҳунари вижа ва муҳаббати хос сохта шудааст. Дар ҳақиқат он мунаққиди рус хуб дар ёфтааст, ки Бахтиёр ҳарчанд аз Ватан рафта буд, аммо равонаш ҳамеша ба сохтани Ватан буд. Дар «Падари маҳтобӣ» муҳаббати ӯ ба Тоҷикистон комилан ба намоиш даромада ва шаҳраки хаёлии ӯ ҳам, ки барои офаридани филм сохтааст, Фархор ном дорад.

Вале воқеъияти дигар ин аст, ки ҳич филми сохтаи Бахтиёр, ки кинои тоҷикро аз маҳдудаи Шӯравии пешин хориҷ ва ба саҳнаҳои ҷаҳонӣ бурд, аз ҷумла ҳамон «Падари маҳтобӣ» ҳаргиз дар пардаи синамо ва телевизионҳои Тоҷикистон ба намоиш дар наёмад.

Плахов гуфтааст, ки Бахтиёр душман надошт. Шояд, вале мусаллам аст, ки бо нотавонбинӣ ба ӯ муносибат шуда дар Ватанаш ва шояд нотавонбиниии ҳамроҳ бо ҳасодат.

Солҳо пеш, аз як коргардони маъруфи ҳамзабонамон шунидам, ки мегуфт, дар фурудгоҳе дар Маскав Бахтиёрро дидааст, ки вақте аз Тоҷикистон сухан кушодам, таъбаш хуш нашуд. Ин коргардон бо ҳайрат мегуфт, ки чаро нохуш буд? Ман ростӣ намедонам, ки чиву чаро. Аммо аз муҳаббати хоси ӯ ба Тоҷикистон, ки дар филмаш ба намоиш даромада ва мунаққидони русу казоқ ҳам онро эътироф кардаанд, ки наметавонист бе ёде аз кишвараш филме бисозад ва ҳарҷо – ҳарҷо аз кораш ёди Ватанаш медод, гуфтам.

Lunay papa 1Як ҳақиқатро медонам ва то ҷое, ёд дорам ва барои Хуросон гузориш ҳам карда будам, «Падари маҳтобӣ» вақте дар Русия, Олмон ва Фаронса истиқбол шуд, қарор буд номзади Оскар шавад. Қирғизистон ва Русия ин пешниҳодро доданд ва пуштибонӣ намуданд. Вале шарти ширкати филми хориҷӣ дар озмуни Оскар ин будааст, ки филм бояд дар кишвари коргардонаш пахш шавад ва пуштибонӣ пайдо кунад. Коре, ки ҳаргиз сурат нагирифт ва «Падари маҳтобӣ» номзади Оскар нашуд. Вале даҳҳо ҷоизаи дигарро бурд. Онҳое, ки ба ҳимоят аз ин филм мухолифат карданд, мутмаинан номашон ва шояд худашон мурдаанд. Вале Бахтиёр номи худро ба рағми бадхоҳон ба ҳарфи калон навишт ва чунон шӯҳратёр шуд, ки чанд даҳсолаи дигар баъид медонам, ки касе аз фарзандони ҳунарманди ин модар битавонад дар ҷойгоҳи ӯ қад алам кунад.

Воқеъан ба ду сарнавишт ҳайрон шудаам. Яке Бахтиёр Худоназаров ва пеш аз ин ҳам ба Искандари Хатлонӣ. Ҳарду ҳам аз як диёр ва ҳарду ҳам дар ҳади болотар аз кофӣ буданд, ҳунарманд. Ҷолиб ин аст, ки ҳардуи ин шахсиятҳо аз маъдуд тоҷиконе буданд, ки дар хориҷ аз ин марзу бум эътироф шуда ва шуҳратёр буданд. Искандари Хатлонӣ танҳо шоири тоҷик аст, ки намунаи шеъраш дар матнҳои дарсии макотиби Афғонистон ва Ирон иқтибос шудааст. Ӯ низ ба сурати фоҷеъавӣ дар Маскав ба қатл расид. Яъне эътироф шудааст. Бахтиёр ҳам болотар аз ӯ шуҳратёр шуд ва бо ҳунараш дунёи пешрафта ва ақлҳои бедорро тасхир кард. Плахов гуфтааст, ки русҳо ӯро дӯст доштанд ва ҳама ӯро «Бахтик» хитоб мекард. Аммо барои мо ҳамдиёрону ҳамтаборонаш ҳамчунон «Бахтиёрак»-е беш нест. Вале лоиқу сазовори номе шуд, ки замоне бо умед падари фархорияш ба ӯ гузошта буд, дар ҳақиқат БАХТИЁР!

Раҳматкарими Давлат  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97