Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо...

Фарҳанг ва адаб 16.04.2015 11:49

SAM 3245Дар пойтахти Қирғизистон рӯнамоии китоб бо номи" Халқи Қирғизистон дар хонаводаи воҷид" (Народ Кыргызстана в семье единой) баргузор шуд. Ин китоби мусаввар, ки бо сарсухани Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон оғоз мегирад, оид ба гузашта ва имрӯзи 26 қавмияти сокини ин кишвар ҳикоят мекунад. Таълифи ҷадид ба 20-солагии ташкилёбии Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон бахшида шуда ,фарогири фаъолияти созмонҳои миллӣ- фарҳангие мебошад, ки таҳти сарпарастии ин ниҳоди бонуфузи ҷамъиятӣ амал мекунанд.

Академик Бектемир Мирзоиброҳимов, раиси Шӯрои Ассамблеяи  халқҳои Қирғизистон, зимни рӯнамоии китоби тозанашр, ки дар бинои театри опера ва балет дар Бишкек баргузор шуд, чопи онро дар муаррифии рӯзгори аққалиятҳои миллии сокини ин ҷумҳурӣ муҳим унвон кард.

Ӯ изҳор дошт, ки мақолоту мусаввараҳои дар он ҷойдошта, ҷиҳати омӯзиши гузаштаву имрӯзаи ин ақвом, ки дар ниҳоят хонаводаи воҳидро ташкил медиҳанд, хидмат хоҳанд кард.

Ҷои ризоят ва хушҳолӣ мебошад, ки дар канори дигар миллиятҳои муҳими ин сарзамин, дар ин таълифи пурнуфуз,  пиромуни тоҷикон низ матолиби ҷолиб ҳамроҳ бо мусаввараҳо мавҷуд мебошад.

Қодиршои Мурувват,  муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, сармуҳаррири нашрияи тоҷикии "Паёми Ала-Тоо" , ки масъулияти таҳияи бахши тоҷикон дар ин китоби дастаҷамъиро ба уҳда доштааст, ба матлаби худ " Тоҷикон- миллати шеърофар" ( Таджики- народ поэзии) ном гузоштааст. Муаллиф бо овардани фармудаи машҳури Қаҳрамони халқи тоҷик, устод Мирзо Турсунзода ба ин нукта ишора кардааст, ки тоҷикон миллати табиатан шоиранд ва ба қадру манзалати сухан ҳамеша мерасанд. Хонандаи закӣ зимни хондани ин матлаб оид ба таърихи миллати тоҷик аз аҳди кӯҳан то ба истиқлоли миллӣ даст ёфтани он, ба таври фишурда маълумот пайдо мекунад. Перомуни нафосату зебоии забони тоҷикӣ сухан ронда, муаллиф ин бор ба шеъри машҳури устод Мӯъмин Қаноат рӯй меоварад, ки дар посух ба ҳасудону нотавонбинон, ин забонро болотар аз ҳар гуна ташбеҳ медонад ва чун навозишҳои гарми модарон дӯст медорад ва парастиш мекунад.

Дар ин бахш дар мавриди тоҷикони Қирғизистон , ки асрҳо боз дар ин сарзамин буду бош доранд ва саҳми шоистаи онҳо дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ин кишвари ҳамсоя таъкид шудааст. Танҳо аз як деҳаи Учқӯрғони вилояти Бодкан 32 доктору номазадҳои соҳаи тибб ба камол расидаанд. Ин ворисони сазовори Шайх-ул-раис Буалӣ Сино бо кору заҳмати хеш ному ҷойгоҳи тоҷиконро машҳуру маҳбуб мегардонанд. Дар қисмати ба тоҷикон бахшидашуда 18 акс ҷойгир шудаанд, ки фаъолияти Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакиро дар бар мегирад. Дар ин ҷо инчунин аксҳое ҳастанд, ки аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвари тоҷикони дунё бо фаъолони Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ва маросими супурдани ҳадяҳо ба ҳамзабонон ҳикоят менамоянд.

Китоби "Халқи Қирғизистон дар хонаводаи воҳид" ( Народ Кыргызстана  в семье единой) маҳсули заҳмати гурӯҳи муаллифон буда, барои нигаҳдорӣ ба ҳамаи китобхонаҳои Қирғизистон ва муасиссаҳои таълимӣ равона мегардад.

Қобили зикр аст, ки аз ин ҳам пеш, фаъолони Созмони тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ, ба манзури таҳқиқи рӯзгори ҳамзабонон дар ин сарзамин, иқдоми амалӣ ба харҷ додаанд. Соли 2007 бо ибтикори Созмон дар Бишкек китобҳои " Тоҷикони Қирғизистон" ( Таджики Кыргызстана) , "Чароғи дӯстӣ" ( Свет дружбы) , "Аҳамияти сулҳи тоҷикон аз назари коршиносони хориҷӣ" рӯи чопро диданд. Ҳамаи ин китобҳо бинобар ҳимояти молии Равшанбек Собиров, раиси Созмони тоҷикон мунташир шуда, дар бедории эҳсоси худшиносии ҳамзабононамон дар ин кишвари дӯсту ҳамсоя мусоидат карданд. Тайи шаш сол боз тоҷикони Қирғизистон имкон доранд нашрияи тоҷикии "Паёми Ала-Тоо"-ро ҳамвора бихонанд , ки ин ҳам аз баракати заҳматҳои гурӯҳи ҳаммиллатони сарбаланд муяссар мегардад.

 Р. Қосимӣ, махсус барои "Миллат" 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97