"Падарсолори шеъри форсӣ" ва Бозор Собир

Фарҳанг ва адаб 16.01.2015 11:55

Bozor va nodirpoorБонге ниҳеб мезанадам аз даруни дил,

К-ин сарнавишти туст, ки дар интизори туст.

Нодири Нодирпур

Вомдорони шеъри Нодирпур

Нодири Нодирпур соли 1929 дар Теҳрон таваллуд шудааст. Ӯ дар ҳамон ҷо таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро фаро мегирад. Соли 1948 озими Фаронса мешавад ва пас аз се сол (1951) ба Ирон бармегардад. Ба шеъру шоирӣ аз поёни солҳои 40-ум шурӯъ кардааст. То ин дам аз ӯ маҷмӯаҳои зерин иқболи чоп ёфтаанд: "Чашмҳо ва дастҳо" (1954), "Шеъри ангур"(1958), "Сурмаи хуршед" (1960), "Ашъори баргузида" (1963), "Баргузидаи шеърҳо" (1970), "Гиёҳ ва санг на, оташ", "Аз осмон то ресмон" (2536), "Субҳи дурӯғин" (1981, дар Фаронса), "Хун ва хокистар" (дар Амрико) ва ғайра. Хонандаи тоҷик ба намунаи шеърҳои Нодирпур тавассути рӯзномаву маҷаллот, аз ҷумла китоби "Амвоҷи Корун" (1973), то андозае ошно шуда буд, аммо баъд аз нашри баргузидаи ашъори ӯ - "Мурғи Офтоб" (1995) ошноии бештаре пайдо кард. Ба қавли таҳиягари ин баргузида, "Нодири Нодирпур беш аз сӣ сол баъд бад - ин сӯ дар Тоҷикистон симои ошност. Яъне аз он рӯзгороне, ки дар Душанбе Кунгураи шеъри форсӣ баргузор шуда буд ва дар он намояндагони Ирону Афғонистону Тоҷикистон ва порсигӯёни Ҳиндустону Покистон иштирок карданд…". 1

Дар ҳақиқат, Нодирпур, асосан, дар ҳамин Симпозиуми шеъри форсӣ дар Тоҷикистон шинохта шуду овоза пайдо кард, ба вижа бо "Шеъри ангур"- аш. Дар ин бора устод Гулназар чунин маълумот медиҳад: "Як шаби зебои донишҷӯӣ дар хобгоҳи кӯчаи Айнӣ ҷамъ будем, ки аз дар Нозирҷон Боҳирӣ даромад. Чеҳраи барафрӯхта дошт. Нишасту рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон"-ро кушод… Хонед, - бо тантана эълон  кард, - шеърҳои шоири иронӣ Нодири Нодирпурро! Ҳама якбора ба сари рӯзнома рехтем… Нафаре рӯзномаро ба даст гирифту баланд хонд:

Чӣ мегӯед?

Куҷо шаҳд аст ин обе, ки дар ҳар донаи

                                       ширини ангур аст?

Куҷо шаҳд аст, ин ашк аст,

Ашки боғбони пиру ранҷур аст,…

…Чӣ мегӯед?

Куҷо шаҳд аст ин обе, ки дар ҳар

                        донаи ширини ангур аст?

Куҷо шаҳд аст, ин хун аст,

хуни боғбони пири ранҷур аст?

Ҳама карахт шудем, аз ин оҳанг, аз ин силсиладории мисраъҳо, аз ин тундии эҳсос. Аз ин озодии фикр, аз ин мушаххасии ҷузъҳо ва лаҳзаҳо. Чунин шеърро то ба ҳол нахонда будем, нашунида будем. Вақте ки "ровӣ" ба поёни шеър расид ва ин мисраъҳоро такрор кард, мо деру тӯлонӣ ба худ наомадем:

Маро ҳар лафз фарёдест, к-аз дил мекашам берун,

Маро ҳар шеър дарёест,

Дарёест лабрез аз шароби хун…

…Маро ин соғари ашк аст,

Чунин осон магиредаш,

Чунин осон манӯшедаш!".2

Ҳамин гуна аз шӯҳрати зиёд бархурдор будани Нодирпур ва шеъри ӯро дар назми муосир аз ҷавоби устод Лоиқ дар яке аз мусоҳибаҳояш, ки "Ҳамосаи шеър" унвон дорад (ба саволи "Бузургони назми муосир киҳоянд?"), равшан мушоҳида менамоям, ки мегӯяд: "Владимир Маяковский, Сергей Есенин, Александр Твардовский, Абулқосим Лоҳутӣ, Ярослав Смеляков, Евгений Евтушенко, Расул Ғамзатов, Мирзо Турсунзода, Пабло Неруда, Олҷас Сулаймонов, Нозим Ҳикмат, Уолт Уитмен, Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод, Сулаймон Лоиқ".3 Воқеан, устод Лоиқ афсӯс мехӯрад, ки ба шеъри бузургон, аз ҷумла Ирону Нодирпур, дер ошно шудааст: "Ман осори Ҳофизу Ҷалолиддини Балхии Румиро дар синни чилсолагӣ мутолиа кардам. Ба ашъори шоирони муосири Ирон пас аз хатми донишкада, солҳои дар Кумитаи радиою телевизион кор карданам, тавассути онҳое, ки ба Ирон рафтаву китобҳои шоирони иронӣ, аз ҷумла китоби Нодири Нодирпурро армуғон оварда буданд, ошно шудам".4 Ин суханҳои устод Гулназар ва Лоиқро гуфтаҳои худи устод Бозор аз мақолаи "Падарсолори шеъри форсӣ", ки махсус ба Нодири Нодирпур бахшидааст,  низ тасдиқ ва таъйид менамоянд: "Мо, навқаламони побараҳнаи ҳаёту адабиёти солҳои шаст, дуздакони ашъори Нодири Нодирпур будем, ки ба унвони шеъри нави форсӣ мунташир шуда, моро ҳавою васваса медод. Яке сатре меканду яке лахте, яке мазмуне мерабуду яке ташбеҳе, яке вожае мебардошту яке ҷумлае. Аз вожааш вожаю аз суханаш сухану аз ҷумлааш ҷумлаю  аз сатраш сатру аз байташ байту аз ташбеҳаш ташбеҳу аз тасвираш тасвиру аз ташхисаш ташхис ва аз шеъраш шеър мебофтем. Ба тақлиди "Эй бенаво дархат!"-у  "Шеъри ангур" садҳо шеъри дарахту дарахти шеър навишта, ба равиши "Туро дар хобҳои кӯдакӣ гум карда будам ман" ва "Сафар ба деҳкадаи сабзи кӯдакӣ кардам" он қадар кӯдакиҳо сурудем, ки агар дар як ҷилд гирд оварда шаванд, китоби сангине мешавад, ки кӯдаки даҳсола бардошта наметавонад. Агар ба амри таҳҷӯйӣ нахустин китобчаҳои пустипиёзии моро варақ гардонӣ, метавон дид, ки чӣ қадар осори Нодири Нодирпур дар таркиби ҳар шеъраки мо ҳамчу пӯлакҳои тилло дар муште рег мавҷак зада рӯшанӣ мекунад. Худашро ҳам бори аввал дар Анҷумани пурҷамъияти пуршӯру пуровозаи забону назми форсӣ, ки дар Душанбе гузорда шуда буд, ҳамон солҳо дида будем… Ӯро дар паси минбари он анҷумани дерина ҳанӯз фаромӯш накардаем. Аз шарму ҳаёи ҷавонию сеҳру афсуни чашмҳои нигарон, ки аз ҷаҳор ҷониб сар то ба қадамашро менигаристанду мечариданд, дона - дона арақ мекард. Ва раиси маҷлис ҳам, ки шоире буд, бадоҳатан гуфт:

Нозанине, ки дар арақ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Дубайтии зерини Бобо Тоҳири Урён, ки он рӯз аз забони Нодири Нодирпур тару тоза шунида будем, сию панҷ сол ин ҷониб ёдоварии гаронбаҳои махмалпечи хотираи мост:

Насиме, к-аз сари он кокул ояд,

Маро хуштар зи бӯи сунбул ояд.

Хаёлашро шабе гирам дар оғӯш,

Саҳар аз бистарам бӯи гул ояд.

Лаҳзае танаффус дода шуд, барои соядасташро гирифтан кашмакашу аҷалаю ҳангомае бархост, ки гуфтан надорад; китоб болои китобу дафтар болои дафтару даст болои даст бар ӯ дароз мешуду дароз мешуд ва ӯ зайли кафбине мегирифту мекушоду менигаристу менавишту пас мегардонд. Дар дафтарчаи ман навишта буд:

Тоҷи хурӯсҳои саҳарро буридаанд,

Дар хок кардаанд,

Аз хок ҷаста хирмани анбӯҳи лолаҳо.

Ман дар домани лолазори Файзобод ба воя расида, ҳамшаклию ҳамрангии дуқабатаи тоҷи буридаи хурӯсу  лолаи хунҷӯшро ҳеҷ тасаввур накарда будам. Шоири соҳибзавқ дар ҳамин як соядасти нӯгиқаламӣ ҳам шоирие  карда, ки фаромӯш намешавад. Ва мақолае, ки дар он анҷуман қироат кард, сабақи воқеии нахустину вопасини мост, ки сию панҷ сол муқаддам аз устоди воқеие гирифта будем, ки ӯ низ қариб ҳамсоли худамон буд. Ӯ гуфт, ки шеърро андешаи шигифту шигарф шеър мекунад, на унсурҳои шеърӣ".5

Дар ҳақиқат, Нодири Нодирпур, ки бузургарин шоири муосири Ирон аст, барои шоирони тозагӯи мо ҳаққи устодӣ ва пешвоӣ дорад. Агар шоиреро барои гирифтани Ҷоизаи Нобелӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ имрӯз арзанда донанд, ҳамоно Симин асту Нодири Нодирпур, зеро ба қавли Юсуф Акбарзода, "шеъри Нодирпур ҷаҳони рангини тасвиру тавсифҳо ва образу истиораҳои тозаест, ки зодаи табъу завқи салими ӯст. Ҳар мисраъ ва ҳар байти ӯ як образу як таркиби тоза, як фикри бикр дошта аз танӯри дил бо сӯзу гудоз берун омадааст ва табиист, ки дили хонандаро ба шӯру ҳаяҷон меоварад, мутаассир мекунад. Ҳамин сифатҳои шеъри Нодирпур, лангари сухан ва шеваи баёни ӯ ба шоирони тоҷик, хусусан ба ҷавонон хуш омадааст ва бинобар ҳамин онҳо аз ӯ меомӯзанд, пайравӣ мекунанд. Аз ҷумла Лоиқ ҳам бисёр шеърҳои ӯро ёд кардаву замзамае мекард. Ин омӯзишу дилбастагӣ ва унсият ба шеъри Нодирпур барои ӯ барабас нарафт ва ҳангоми эҷоди ҳиссае аз шеърҳояш аз тарзи сухану оҳангу зарби шеъри ӯ истифода ё истиқбол карда мехост шеъри тоҷикиро оҳангу зарб ва табу тоби дигар бахшад".6 Барои тасдиқи ин андешаҳои муҳаққиқ танҳо як шеъри Нодирпурро мо ба сифати мисол  дар ин ҷо нақл менамоем, ки ба устод Лоиқ ва шоирони дигар илҳом бахшидааст:

Нодирпур:

Ту бо ҷавонии ман омадӣ, ҷавон бошӣ,

Баҳори умри манӣ, кош бехазон бошӣ.

Забони дил ба дуоят гушудаам шабу рӯз,

Ки моҳрӯй бимониву меҳрубон бошӣ.

Ту дар сиёҳии шаб шӯълаи сапедадамӣ,

Зи боди фитнаи айём дар амон бошӣ.

Дуои Нодират аз чашми бад нигаҳ дорад,

Биё, ки навгули ин мурғи субҳхон бошӣ!7

Лоиқ:

Ту гули шукуфтарӯӣ,

ҳама бехазон бимонӣ,

Ту баҳори гулфишонӣ,

ҳама гулфишон бимонӣ,

Ҳама дам кунам дуоят,

ки чунин ҷавон бимонӣ!..8

Гулрухсор:

Бимон, гулбарги рӯи ман хазон гардад,

Ту умре бехазону гулфишон бошӣ.

Бимон, ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,

Бимон, ман мираму ту ҷовидон бошӣ…9

Падарсолори шеъри форсӣ ва  Бозор Собир

Бояд гуфт, ки устод Бозор ишқу алоқаи хешро ба Нодирпур ва шеъри ӯ на танҳо дар мақолаи "Падарсолори шеъри форсӣ" буруз додаву таъкид намудааст, балки дар ашъораш низ ба намоиш гузоштааст. Хусусан, "Шеъри ангур"-ашро, ки дар байни шоирони тоҷик машҳур будааст, бисёр меписандидааст. Мо ин гуна иртиботи шоирро ба ин шеър дар ин чаҳорпора, ки ба тасдиқи худи шоир "баргирифта  аз "Шеъри ангур"-и Нодирпур" аст, бармало боздид менамоем:

Аз ёд нарафт мурғи шабкӯри ту,

Боғи туву боғбони ранҷӯри ту,

Дар навқаламиамон ҳуҷум мекардем

Чун мӯру малах ба "Шеъри ангур"-и ту.10

Аз мақолаи "Падарсолори шеъри форсӣ"-и устод ва соири ашъору ёдкардҳои ӯ аз Нодирпур мусаллам мегардад, ки вай аз замони нахустин ошноӣ ба осори Нодирпур (охири солҳои 60-ум) то имрӯз дигар бо шеъри ӯ будааст ва ҳамвора аз андеша, мазмуну мӯҳтавою ғояву сувари хаёл (ташбеҳу истиораву кинояву маҷоз…),  ороишоти адабӣ ва тасовири шеъраш суд меҷустааст. Ҳамзамон, вай бисёре аз ашъори Нодирпурро дар дафтарчаи махсус навиштаву аз ёд мекардааст. Худи устод Бозор дар ин бора чунин мегӯяд: "Ҳанӯз мо аз таассуроти он дидору мулоқоти тез (Симпозиуми шеъри форсӣ дар Душанбе - Ҷ.С.) ба худ наомада будем, ки Нодирпур ба Теҳрон баргашт. Дубора мо мондему:

Эй бенаво дарахт!

Мурғони баргҳои ту бар оташи хазон

Якбора сӯхтанду ба пойи ту рехтанд,

Гунҷишкҳои дар ба дар аз ошёни хеш

Ҳамроҳи баргу бод ба саҳро гурехтанд,

Оё дар интизори баҳорӣ ҳанӯз ҳам?..

Боз ҳам мо мондему:

Ситора дар қафаси шохаҳо нафас мезад,

Сапеда дар шутури кӯҳҳо сафар мекард…

                                   * * *

Борон чӣ гиряест?

Гирйидане ба вусъати андӯҳи осмон…

Боз ҳам мо будему шеъри ташбеҳ андар ташбеҳу тасвир андар тасвиру ташхис андар ташхису талмеҳ андар талмеҳу малеҳ андар малеҳи Нодири Нодирпур. Дар ҷайби ҳар кадомамон дафтарчае аз гулчину сарчини эҷодиёти ӯ буд, ки раҳ ба раҳу кӯча ба кӯча, қадам ба қадам мехондему азбар мекардем… Вале хурсандии мо ба Ирони аҳуроӣ дер давом накард, балки дар як чашм бар ҳам задан гузашт. Ба қавли Нодирпур, мо нигарон будем, ки аз уфуқи Ховарон Офтоби зарнисори ориёнӣ мебарояд, вале Офтобе баромад бо ҷомаю ҷандаҳои қадимӣ, бо чакмаҳои қадимӣ:

Шиддати ханда чунон буд, ки гирйидем,

Шиддати гиря чунон буд, ки хандидем.

Ва дар як он Ирон ҳамчун соати регӣ баргардон шуда, ҷойи форсиҳои муқаддаси моро дубора арабӣ гирифт ва адабиёт аз моҳ ба чоҳ афтод. Ҳавзаи шеъри нав ҳам ба ҳар дару дарвозае парешону пароканда шуд. Аз баъди он ман Сиёвуши Касроиро дар Москав дидам, ки вазъаш хуб набуд, шикастадилу рӯҳафтода менамуд. Пасон шунидам, ки дар Утриш (Австрия) фавтид.

Нодири Нодирпур ҳам чанде ғайб зад. Мегуфтанд, ки дар Теҳрон нест, аммо дар куҷост, касе  намедонист. Дар ин миён меҳмоне аз ирониёни бурунмарзӣ "Субҳи дурӯғин"-ро овард, ки даст ба даст гашта, дафтар ба дафтар рӯнавис мешуд. Аз байти зайл маълум шуд, ки паноҳандаи Аврупост:

Боз омадам ба шаҳри шигифте, ки осмон

Чун сақфи кӯҳна бар сари ӯ чакка мекунад".11

Нодирпур ҳамроҳи Бозор дар зиндон

Аммо устод Бозор ҳамеша бо шеъри Нодирпур буд ва ӯ барояш пураҳамияттарин шоир маҳсуб мешуд. Ҳатто ҳангоми дар зиндон буданаш ҳам шеъри Нодирпур ҳамдаму ҳамрози шоир будааст. Бад-ин маънӣ, устод мегӯяд: "Ахир, дар Душанбе ҳам тазоҳурот оғозида аз ҳар манорае бонги арабию аз ҳар гӯшае дастаи ҷиноятпеша бархост ва ҳавзаи шеъру шоирии мо низ аз ҳам рехт. Яке аз дунё гузашт, яке кушта шуд, яке вопас ба кӯҳнасароии урфӣ баргашт, яке ҷилои ватан карду рафт ва ман зиндонӣ шудам. Аммо дар зиндон ҳам ман ҳамчунон бо шеъри нав будам. Ҳуҷраи танги шабу рӯз бастаи зиндон аслан шабу рӯз надошт. Бинобар ин, намедонам шабе хоб дидам ё рӯзе, ки ҳамсарам пушти дарвозаи зиндон маҳзун нишастааст, пурсид, ки чӣ биёрам? Нону коғазу "Субҳи дурӯғин"-ро биёр. Дигар, бегуфтугӯ бархоста рафт. Дере нагузашта хобам рост баромад. Аз зери халтаи ноне як банд коғази сафеду қаламу "Субҳи дурӯғин"-ро гирифта дар тааҷҷуб мондам. Сипас, "Субҳи дурӯғин" буду ману дару девору симхору қулфу занҷиру кайку канаю мушу решу харош. Дигар, Нодири Нодирпур буду ман будам, ки мегуфтам:

Куҳан диёро, диёри ёро, дил аз ту кандам, вале надонам,

Ки гар гурезам, куҷо гурезам в-агар бимонам, куҷо бимонам?

Вақте ки аз зиндон баромадам, дар дастам "Субҳи дурӯғин"-и мушхӯрдае буду бас. Ва чашмонам тобу тоқати рӯшании табиӣ надоштанд ва ҳанӯз ҳам аз рӯшании Офтоб худ ба худ баста мешаванд. Ман гоҳо фаромӯш мекунам, ки дар зиндон будам, гӯё як баҳору тобистону тирамоҳу зимистон дар ҳуҷраи танги хароботе чиланишинии шеъри Нодири Нодирпур мекардам. Вале ҳанӯз ҳам ҳарорату ҳаяҷони дилу ҷонам аз ин суруди тозаи минуии паҳлавӣ фурӯ нанишастааст…"12

Хушкардаҳои Бозор

Мусаллам аст, ки устод Бозор шеъри ҳарфиро шеър намедонад, шеъри бепирояро намеписандад. Ӯ ҳамеша дар талаби шеъри асил аст. Аз ин хотир, на ҳамаро шоир медонад. Ба ҳарфи дигар, вай танҳо шеъреро меписандад, ки дар қаламрави хаёл ҳаракат мекунад. Фарқ надорад, ки он ахлоқӣ аст ё иҷтимоиву сиёсиву фалсафӣ. Муҳим он аст, ки баён шоирона бошад, зеро шоирони асил ҳар гуна матлабро метавонанд шоирона баён доранд. Аз ин лиҳоз, агар матлаб шоирона баён шуда бошад, ӯ ба ваҷд меояд, агар ғайришоирона, ҳеҷ гоҳ хушаш намеояд ва намепазирад. Беҳуда нест, ки дар дафтарчаи шеърҳояш ҳамон абёту ашъореро сабту забт карда, ки асосан киноиву истиориву маҷозию ташбеҳӣ ва фавқулодаву шигифтангезанд ва ҳам аз мазмуни тоза бархурдоранд, на таълимиву ҳикамиву ошиқонаи лучу урёну такрорӣ. Аз ин назар аст, ки ӯ байти зеринро шоирона мешуморад:

Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл сар бар кард,

Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.13

Аммо байти поёнро (агарчи ҳар ду шоир бунафшаро ташбеҳу тасвир намудаанд) ғайришоирона:

Гаҳе тарҳи тавозӯъ дарфиканда,

Нишаста чун бунафша сарфиканда.14

Бинобар ин, вақте ки ӯ шеъри Нодирпурро, ки "тасвиргари бузург"-и шеъри форсии тоҷикист ва баёнаш ҳамеша (новобаста ба анвои шеърӣ) шоирона аст ва ҳар вожаву таркибу мазоминаш наву даст нахӯрдаанд, ба хониш мегирад, масҳури гуфтору истеъдоди ӯ мегардад ва бад - ин ҷиҳат даст ба тамҷиду ситоишаш мезанад. Беҳуда нест, ки устод Бозор Нодирпурро баъд аз Фирдавсӣ, ки "достонсарои бебадали меҳан" аст, шоиртарини шоирон медонад, зеро ба заъми вай, "ӯ шоирест, ки Кайҳону Моҳу Миррихи адабиётро навардида… Ҳеҷ қаламбадасте бинишу сароишу равиши ӯро надорад. Шоиронро мавриди мутолиаи ашъори ӯ чунон ҷозиба мегирад, ки аз табу тоб лабу даҳонашон хушкида табхола мебандад… Шеъри ӯ танҳо зоҳиран нав нест, вожа ба вожа, нукта ба нукта, дарун ба дарун, қабат ба қабат, аз беху бунёд нав аст. Ҳатто ғазали урфиро ҳам аз беху бунёд нав мегӯяд:

Шери дарё хуфта дар оғӯши найзорон ҳанӯз,

Беша бедор аст аз бонги сафедорон ҳанӯз.

Дасти шаб норинҷи сурхи осмонро чидааст,

Хуни ӯ ҷорист аз дандони кӯҳистон ҳанӯз.

Падарсолори шеъри Бозор Собир

Ва афзалтару бартар он аст, ки шеъри ӯ табории иронию ориёнист, ҳамчун достонҳои ҳамосии Фирдавсӣ, ҳамчун сурудаҳои авастоии Зардушт. Ин аст ниҳояти чомаю чакомаю шеъру ғазали ҳазору дусадсолаи форсӣ".15

Инро ҳам бубояд гуфт, ки устод Бозор Нодирпурро на фақат дар мақолаи "Падарсолори шеъри форсӣ", ки дар муҳоҷират (Амрико) навиштааст, балки дар ашъораш низ ҳамчун "падарсолор" ёд менамояд. Ба масал, дар ин шеър, ки падарсолор ишора ба Нодири Нодирпур аст ва зоҳиран баъд аз даргузашти шоир аз қаламаш таровидааст:

Дар маҷлиси шоирон падарсолоре

Бо банда нишаста буд дар толоре.

Бар ҷои нишастааш, ки акнун холист,

Ман хам шуда бӯса мезанам ҳар боре.16

Дар Амрико дида ба дидор расид,  аммо бепулӣ ҳиҷрон офарид

Зимнан бояд гуфт, ки агар устод Бозор Нодирпурро бори нахуст дар Душанбе (соли 1967) дида бошад, дувумбора ("пас аз сӣ сол") дар Амрико мебинад ва мулоқот менамояд. Худ дар ин бора  дар ҳамон мақолаи "Падарсолори шеъри форсӣ" чунин мегӯяд: "Хушбахтона, ман Нодири Нодирпурро пас аз сӣ соли он дидори Душанбе дубора дар шаҳри Лос - Анҷелес мулоқот кардам. Акнун сараш сафед шуда буд, вале як мӯяш наафтода ва ришаки ғарибии мошубиринҷ ҳам дошт, аммо ҳамчунон хушрӯйю хушоянд:

Рӯзе, ки ду чашми ману Нодир ба ҳам афтод,

Бар ҳам нигаристему гиристему гузаштем.

Кунун ҳар ду тақрибан ба як сарнавишт муқими Америка ҳастем, лекин ба иллати гаронии харҷи роҳ телефонӣ гуфтугӯ мекунем. На ман пуле дорам, ки ба меҳмониаш биравам ва на ӯ пуле дорад, ки меҳмони мо шавад. Дар ин рӯзҳо устод Нодири Нодирпур ба ҳафтодсолагӣ қадам хоҳад ниҳод. Ҷашни фархундаи ӯ ҷашни ростини  мост, ки солҳои мадиде мухлису муштоқу муштарияш ҳастем. Ӯ забоншиносест, ки забоншиносон, суханварест, ки суханварон, қаламкашест, ки қаламкашон, шоирест, ки шоирон дӯсташ доранд. Сарфи назар аз ғурбату табъиди бистсолааш хушбахтарину беҳтарин шоир аст. Ман бо ду дасти бар ҳаво барафрошта мегӯям, ки устод Нодири Нодирпур имрӯз падарсолори шеъри форсист…".17

Маълум аст, ки дар ашъори устод Бозор ёдкардҳои зиёд аз Нодирпур шуда, ки ҳар кадоме аз онҳо дорои арзиши вижа  мебошанд ва дар мавридҳои мухталиф гуфта шудаанд. Онҳо, асосан, ба шахсияту шеъри ӯ ихтисос мегиранд ва ҳокии меҳру муҳаббату ихлоси поённопазираш нисбат ба ин ҳайкали бузурги шеъри форсии тоҷикист. Масалан, ӯ агар  дар ин шеъри тарҷумаиҳолиаш аз дидани Нодирпур ва аз дасти ӯ сигор даргиронданашро қисса карда бошад:

Дидаам ҷилди китобамро

Дар қироатхонаи Салмони Рушдӣ,

(Гарчи безорам ман аз Салмони Рушдӣ),

Аз сигори дасти Нодирпур сигорамро

Кардаам равшан…,18

Ношуста даст қалам нагирад бар даст…

Дар ҷои дигар бо дасти ношуста қалам ба даст нагирифтани Нодирпур ва ахлоқи волою одамият ва арҷгузории ӯ ба қалам хабар медиҳад. Воқеан, ӯ ин матлабро на танҳо дар шеър, балки дар поварақ низ тавзеҳ медиҳад, ки "Нодири Нодирпур дасти ношуста на танҳо нон намехӯрд, шеър ҳам наменавишт". Албатта,  ин маълумот ва ҳушдори ӯ аҳамияти таълимӣ ҳам дорад, зеро дар рӯзгори мо баъзан на танҳо  дасти ношуста қалам ба даст мегиранд, балки нону хӯрок ҳам мехӯранд. Аз ин хотир, ҳушдор ва тамсил задани шоир аз Нодирпур на фақат барои қаламкашон, балки барои ҳамагон омӯзандаву дастурдиҳанда мебошад:

Бо дасти нашуста нанавис шеър, нагӯй,

Гар об нагардонӣ даҳанро дар ҷӯй,

Бигзор қалам, ба ҳурмати Нодирпур

Аввал ту бирав даҳан бишӯ, даст бишӯй.19

Аммо устод Бозор ин шеърро ҳамчун катиба баъд аз марги Нодири Нодирпур (барои санги мазори ӯ), ки дар Амрико, дар ғарибӣ  ба хоби абадӣ рафтааст, иншо намудааст:

Хоби абадат ба шеър ошуфта кунем,

Санги лаҳадат ба бӯсаҳо суфта кунем,

Ҳарчанд ки бе болину бистар хобӣ,

Дар сояи мижгони санавбар хобӣ.20

Албатта, устод Бозор ин шеърро низ баъд аз марги Нодири Нодирпур- ин шоири бузург, вале ғарибафтода навиштааст. Зеро дар поварақ ба он ишора кардаву гуфтааст: "Ба хотираи Нодири Нодирпур, ёдаш ба хайр бод!".21

Он мехи ситораҳо, ки дар офоқанд,

Монанди хати мехии мо дар тоқанд.

Бар мехи ситораҳо агар менигаранд,

Мардум ба хати мехии мо муштоқанд.22

Дар анҷом бояд гуфт, ки ҳар ду шоир нисбат ба шеър дидгоҳи мушобеҳ доранд ва талабгори сухани наву тозаву ғайриурфию нотакрор мебошанд, то хонандаро хуш ояд, вирди забонаш гардад ва ҷовидонагӣ пайдо намояд. Дар ин росто метавон шеъри "Тозаталаб"-и Нодирпурро ба шеъри "Дарё шавад тавлид"-и устод Бозор қиёсан ба хониш гирифт ва ба ҳамсониҳои орову андешаи эшон оид ба шеъру шоирӣ ба хубӣ пай бурд:

Ба ҳар чӣ менигарам, куҳна асту фарсуда,

Ба ҳар кӣ менигарам, дидаю шинохта аст.

Дилам, ки дар ҳама ҷо тозаҷӯияш ҳавас аст,

Дар ин қимори куҳан, ҳар чӣ буда, бохтааст…

 

Ҷаҳон ба дидаи ӯ куҳнатар зи тақдир аст,

Ҷаҳони тозаву тақдири тоза мехоҳад.

Ҳазор куҳна ба як тоза барнамегирад,

Аз он чӣ металабад, заррае намекоҳад…23

Нодирпур

Дилам бисёр мехоҳад бубинам

Замини шеърро ҳам вусъатобод,

Ба монанди замин сабзу муаттар,

Ба монанди замин пуркору пурбор…

 

Суруди тоза мехоҳам,

Ки ӯ бо кӯдакон тавъам шавад тавлид,

Ба мисли шири модарҳо шавад тавлид,

Ба ҳукми чашмаю дарё шавад тавлид…24

Бозор Собир

Бозор Собир танҳо ба Нодирпур ҳасад мебарад

Дар воқеъ, дидгоҳи ҳар ду шоир ба ҳам наздик ва монанданд. Ҳар ду шоирона баён кардани матлабро аз адиб тақозо менамоянд, зеро худи эшон матлабро шоирона мегӯянд ва хусусан дар тасвиргарӣ моҳиру соҳиру мумтозанд. Тавре ки муаллифи мақолаи "Тасвиргари моҳир" гӯяд: "Устод Бозор шоири номдору навовар ва қолибшикан аст ва дар адабиёти муосири тоҷик, алахусус дар ҳавзаи тасвир ва хаёл, касеро суроғ надорем, ки бо ӯ ҳамсарӣ намояд. Дар ин шева ӯро метавон танҳо ба "тасвиргари бузург" (Ризо Бароҳанӣ)- Нодири Нодирпур қиёс кард ва иёрсанҷӣ намуд, ҳамон Нодирпуре, ки устод Бозор ба ӯ сахт иродатманд аст ва барояш арҷи фаровон мениҳад ва "падарсолори шеъри форсӣ" мехонадаш: "Ман бо ду дасти бар ҳаво барафрошта мегӯям, ки устод Нодири Нодирпур имрӯз падарсолори шеъри форсист". Ва ӯ дар ҷои дигар дар бораи Нодирпур ва шеъри вай чунин мегӯяд: "Суратгаре ба шаршараи обе мафтун мешавад. Борҳо онро мушоҳида карда, ба тасвир мегирад. Вале чунонки буда, тасвир намешавад. Пас дар лаби шаршара кулбае месозад, ки бо он бимонад. Ва шабҳо низ бо васвасаи тасвир аз пушти шишаи кулбааш ба он менигарад. Ниҳоят, ба ҷозибаи табиат таслим шуда, шишаи хонаашро сиёҳ мекунад, ки шаршараро набинад. Барои ман Нодири Нодирпур ҳамон шаршараи ошиқона аст. Ягона шоирест, ки ба ӯ ҳасад мебарам". Албатта, устод ба Нимо, Фурӯғи Фаррухзод, Ахавони Солис, Ҳушанги Соя, Сиёвуши Касроӣ, Фаридуни Муширӣ, Фаридуни Таваллулӣ, Симини Беҳбаҳонӣ ва дигар чеҳраҳои дурахшони шеъри Ирон низ ишқу алоқаи зиёд зоҳир менамояд, аммо бо ин ҳама хоксориҳо, арҷгузориҳо ва ишқу алоқаҳо, ки устод Бозор аз Нодирпур ва дигар гӯяндагони саршиноси шеъри муосири форсӣ мекунад, ӯ худ яке аз фарҳехтагону нобиғагони майдони шеър, ба вижа тасвир, дар адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад. Ҳақ бар ҷониби шоираи номии тоҷик Гулрухсор аст, ки гуфта: "Дар қарни XX дар адабиёти тоҷик ва ҳатто форсизабонон шоире дар тасвир мисли Бозор Собир пайдо кардан бисёр мушкил  аст. Шеъри тасвирии Бозор шеъри бисёр пок аст, соф аст. Шеъри бисёр диданӣ ва наққошӣ аст".25 Ва ба андешаи муаллифи пешсухани "Баргузидаи ашъори устод  Бозор Собир", донишманди иронӣ, Пармони Носирӣ низ "устод Бозор Собир бузургтарин шоири форсигӯйи садаи бистуми мелодист дар минтақаи Мовароуннаҳр".26

Пайнавиштҳо:

1. Нодири Нодирпур. Мурғи Офтоб. Душанбе, Адиб, 1995, с.5.

2. Гулназар. Лоиқе чун Лоиқе. Душанбе, Сурушан, 2000, с.7-8.

3. Ҳамосаи шеър. Ҷавонони Тоҷикистон, 17 июни соли 1984.

4. Юсуф Акбаров. Ба ғафлатмондагон аз ҳоли миллат кай хабар доранд. Оинаи зиндагӣ, 23 майи соли 1991.

5. Бозор Собир. Шоиру шоире агар ҳаст… Душанбе, Адиб, 2006, с.274-276

6. Юсуф Акбаров. Ҷустуҷӯйҳои эҷодӣ ва ахлоқӣ. Душанбе, Адиб, 1990, с.109-110.

7. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.2, Душанбе, 1989, с.472.

8. Лоиқ. Хонаи чашм. Душанбе, Ирфон, 1982, с.134.

9. Гулрухсор. Қасидаи кӯҳистон. Душанбе, Адиб, 1988, с.77.

10. Бозор Собир. Аз "Гули хор" то "Симхор", Москва, Интрансдорнаука, 2003. с.180

11. Бозор Собир. Шоиру шеъре агар ҳаст…,с.276-281.

12. Ҳамон ҷо, с.281-282.

13. Ҳамон ҷо, с.201.

14. Ҳамон ҷо, ҳамон с.

15. Ҳамон ҷо, с.285-286.

16. Ҳамон ҷо, с.139.

17. Ҳамон ҷо, с.286-287.

18. Бозор Собир. Аз "Гули хор" то "Симхор", с.132.

19. Ҳамон ҷо, с.178.

20. Ҳамон ҷо, с.179.

21. Бозор Собир. Шоиру шеъре агар ҳаст…,с.140.

22. Ҳамон ҷо, ҳамон с.

23. Нодири Нодирпур.Мурғи Офтоб, с.81.

24. Бозор Собир. Гули хор. Душанбе, Ирфон, 1978, с.42-43.

25. Ҷамолиддин Саидзода. Бозор Собир-тасвиргари моҳир. Душанбе, 2009,с.18-19.

26. Баргузидаи ашъори устод Бозор Собир. Теҳрон, 1373,с.24.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97