Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

БУҲТОН ДАР ҲАҚИ ЯК МИЛЛАТИ ВОҲИД

Фарҳанг ва адаб 08.01.2015 13:20

Буҳтони "инҳирофи ҷинсӣ" ба номи Фахруддини Ироқӣ аз ҷаҳолат аст.

(Посух ба мақолаи "Тоҷикон мардумони муфлиси хушҳол")

Badriddin MaqsudovҲар ки шуд маҳрами дил, дар ҳарами ёр бимонд

В-он ки ин кор надонист, дар инкор бимонд.

(Ҳофиз)

Ҳаштуми октябри соли ҷорӣ дар рӯзномаи "Миллат" (№ 40.саҳ. 8-9) мақолаи як тоҷики афғонистонӣ бо номи Меҳр Муваҳҳид таҳти унвони "Тоҷикон мардумони муфлиси хушҳол" (аз сайти "jomhornews.com" гирифта шудааст), нашр шуд. Дар ин мақола (мутаассифона, дар бораи шахсияти муаллиф хабар дода нашудааст) нисбат ба халқи тоҷик ба истилоҳ муҳри "бемории шеързадагӣ" пахш карда шудааст ва ҳамин чиз омили асосии ақибуфтодагӣ, дурравӣ аз улуми ақлию дунявӣ ва инҳитоти тоҷикон талаққӣ гардидааст. Дар ин мақола аслан аз имрӯзи табоҳи худи муаллифи мақола ва қавми тоҷики мулки Афғонистон сухан меравад, гарчи муаллиф зимнан тоҷикони Тоҷикистон ва Осиёи Миёнаро ҳам бо худ ҳамроҳ намуда ва бештар санги маломат ба таърих ҳам задааст.

Ман фикр мекардам, ки аз миёни хонандагони рӯзномаи "Миллат" ҳатман касоне пайдо мешаванд, ки ба ин мақола ҷавоб бигӯянд. Аммо то ҳол касе ба ин навиштаҳо вокунише нишон надодааст. Модоме ки аксуламале падид наомад, ин чунин маъное мегирад, ки он ҳама суханҳои муаллифи мақола ҳақ аст. Аммо банда мехоҳам ба гуфтаҳои нависандаи ин мақола муҳтарам Меҳр Муваҳҳид эътироз кунам.

Ман бори аввал мебинам, ки халқи шеъдӯсту ба қавли устод Мирзо Турсунзода табиатан шоир, хушзавқ, дилсофу беғубору некбини мо бо мафҳуми манфии "шеързадагӣ" муттаҳам карда шавад ва шеърдӯстии мардум боиси ақибмондагии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва ранҷкашии ӯ шинохта шавад.

Мехоҳам ба суханони буҳтономези муаллифи мақолаи мазкур, ки дар ҳақи намояндагони бузурги гузаштаи шеъру адаби халқамон, ки ӯ эшонро "Саъдиҳо", Ҳофизҳо", "Ҷомиҳо"-и сершумор гӯён ба ҳайси "шоирони хаёлбоф ва таваҳҳумпарвар" (фантаст) айбдор кардааст, посух бигӯям.

Аввалан, ҳақиқати мусаллам он аст, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик, агарчи шоирон бешуморанд, ҳама дар пояи рафеъи Саъдию Ҳофизу Ҷомӣ нестанд. Дигар ин ки ҳама ҷаҳониён пазируфтаанд, ки шоирӣ аз ҳунарҳои волост ва ашъори асил дар такмили маънавияти инсонҳо бағоят муассиранд. Беш аз ҳазор сол пештар аз замони мо Носири Хусрави Қубодиёнӣ гуфтааст:

Нигар нашмарӣ, эй бародар, газофа

Ба дониш дабирию ҳам шоириро.

Аммо муаллифи мақола дар арзёбиҳои якҷонибаи худ дар мавриди шеъру шоирӣ зиёдаравӣ мекунад ва ақволи Суқрот ва донишмандони ҳозираи Ирон чун Шафеъии Кадканӣ ва Сируси Шамисоро ба манфиати андешаҳои ботили худ тавзеҳ намуда (дар асл муроди онҳо бо афкори пучи муаллифи мақола ҷӯр дарнамеоянд), шоирони классики моро беҳудагӯ ва ҳатто бадомӯз нишон доданӣ шудааст. Аз ҷумла, шоирони орифи моро ба шоҳидбозӣ (ҳамҷинсгароӣ) муттаҳам намуда, онҳоро ташвиқгарони чунин амали бад пиндоштааст. Чунончи, бе ҳеч асосу далеле дар ҳақи шоири бузурги қарни XIII форсу тоҷик Шайх Фахруддини Ироқӣ (1213-1289) чунин суханони тавҳиномезро навиштааст:

"Фахруддини Ироқӣ яке аз шоирони номвари адабиёти форсӣ аст. Ба қавли пажуҳишгарон, ӯ ки инҳирофи ҷинсӣ дошта ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуда кутакаш зада (ба гӯиши тоҷикӣ "таҳқир кардаву зада-зада"Б.М.) берун мекардаанд! Вақте шоирони чарсӣ ва тарёкии тахайюлгаро ва гирифтори инҳирофи ҷинсӣ ва бода, ва расвои хоссу ом, улгуи як миллат қарор бигирад, вазъияти он миллат беҳтар аз он нахоҳад буд ва сарнавишти беҳтар аз ин нахоҳад дошт ва ҳар чӣ бар сари чунин миллат биёяд ҳақаш аст".

Ба назари мо ин суханҳоро Меҳр Муваҳҳид аз бехабарии маҳз гуфтааст. Агар муҳаққиқе ҳам чунин гуфта бошад, комилан нодуруст гуфтааст. Ин гуна афкори носолим аз амиқ надонистани фалсафаи тасаввуф ва огоҳ набудан аз услуби бадеияти ғазали ирфонӣ сар задааст. Инҷониб, алъон маҷбур ҳастам гӯям, ки худамро аз ҷумлаи муҳаққиқони ҳаёт ва эҷодиёти Фахруддини Ироқӣ меҳисобам. Ба ин даъво каме ҳақ ҳам дорам, зеро тайи чанд соли ахир дар бораи Ироқӣ ва мероси адабии ӯ ғавр намуда, ду асари монографӣ таълиф ва нашр кардаам (Сайре дар ғазалиёти Ироқӣ.-Душанбе: Деваштич, 2007.168 саҳ.; Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ.-Душанбе: Пайванд, 2009.555 саҳ.). Афзун бар ин роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни офаридаҳои адабии Ироқӣ ҳудуди 30 мақола дар маҷаллоти илмии Тоҷикистон, Руссия, Ирон ва Афғонистон чоп кардаам ва таҳти унвони "Фахруддини Ироқӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик" рисолаи докторӣ ҳам дифоъ намудаам.

Аммо банда дар пешинаи таҳқиқи Ироқӣ ва осори вай касеро дарнаёфтаам, ки босароҳат Ироқиро ба он ҷурмҳое, ки Меҳр Муваҳҳид муттаҳамаш кардааст, муртакиб шуморида бошад. Фақат дар миёни авомуннос, ки вориди мадори фикрии Ироқӣ шудан барояшон муҳол буд, чунин андешаи ботил (вале на ба он андозае, ки Меҳр Муваҳҳид тасвираш мекунад) гаҳ-гоҳ рух медод. Онҳо ба шакли зоҳирии суханони Ироқӣ нигариста, ӯро ошиқи писарони содарӯ меҳисобиданд. Аммо дар асл Ироқӣ орифи бузурги замон ва шайхи муваҳҳид ва хуштолеъе буд, ки мисли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳини дар қайди ҳаёт буданаш, сарфи назар аз қаландарманишиаш, шахсияти ниҳоят муҳтарам ва табарруке буд, ки ба ҳар шаҳре ё кишваре мерасид, ҳокимону подшоҳон баробари хабари расиданаш ба пешвозаш мебаромаданд ва бо эъзозу эҳтироми бисёр дар паҳлуи худ ҷо медоданд; суҳбаташро муғтанам мешумориданд, шайхулшуюхи кишвар эълом мекарданд. Аҳли давлату ҳукумат худашон ба суроғаш мерафтанд ва муридаш мешуданд. Аҳли фазлу румуз аз ашъораш бо эҳтироси олӣ чошнӣ мебурданд.

Сабаби дар байни табақаи омӣ сӯитафоҳум шудани Ироқӣ дар он аст, ки ӯ намояндаи бузурги мактаби ҷамоли тасаввуф буд. Вай орифи восили суварнигорест, ки эҳсосоти латифи ишқи илоҳии ба забон ифоданашавандаро дар нури ботин таҷриба кардааст ва онро дар тимсолҳои ошиқу маъшуқу соири нақшҳои зебо дар ғазалу рубоӣ ва тарҷеъбанду таркиббандҳояш тарсим намуда, дар миёни мардуми зоҳирбин боиси гуфтугӯҳои мухталиф шудааст. Дарвоқеъ рӯоварӣ ба зебоиҳои дунявӣ ва хушояндии онҳо, ки беш аз ҳама дар тараннуми дӯстдори заминӣ таҷассуми худро ёфтаанд, дар эҷодиёти Ироқӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Шоир чунин зебои дилбарро бо мафҳумҳои "маъшуқ", "шоҳид", "соқӣ", "писар" ва ё баъзан бо номи шахсони воқеии таърихӣ, мисли Аёз, Ҳасани қаввол ва ғайра, ки дар адаби ирфонии мо ба образҳои бадеии анъанавӣ табдил ёфтаанд, ифода намудааст.

Бояд гуфт, ки ҳамин навъи қабули зебоӣ боиси эҷоди маснавии комилан тозаи "Ушшоқнома" ва ҳамчунин зуҳури фавқулоддаи ғазалиёти ошиқонаи Ироқӣ гардидааст. Маъмулан, дар рухи зебои инсон (умдатан писар) мушоҳидаи таҷаллии ҷамоли Ҳақро ба истилоҳи худи мутасаввифин "таҷаллии суварӣ" ё "назар ила-л-мурд" ва ё "назарбозӣ" меномиданд.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки тасвири ошиқонаи писар дар шеъри сӯфиёнаи давраҳои аввал ҷой надорад. Шоирони сӯфимашраби даврони аввал, ҳеҷ гоҳ миёнҷигии инсонро дар иртиботи эҳсосоти ошиқона қабул надоштанд ва таваҷҷуҳи худро мустақиман ба ишқи илоҳӣ равона медоштанд. Аммо рафта-рафта ҷавонписари навраси рухаш ҳамчун маҳи чордаҳ тобон ба идеали зебоии инсон табдил ёфт ва аксаран дар шеъри сӯфиёнаи форсӣ ситуда шуд. Аммо чунин амали сӯфиёна ва эҷодӣ назди авомуннос то ба бадном шудани бархе аз шуюхи тасаввуф ва шоирони сӯфимашраб оварда расонид.

Ҷуллобии Ҳуҷвирӣ дар китобаш "Кашф-ул-маҳҷуб" ҳақиқати масъаларо рӯшан намуда иброз мекунад. ки ба сӯфиён илҳоқ намудани амали муошиқа бо писарон бӯҳтон аст: "Ман дидаам, ки одамони нодон сӯфиёнро ба ин амали муҷримона (лавотат Б.М.) муттаҳам мекарданд ва бо назари бад менигаристанд. Аммо ҳамаи шайхони тариқат чунин рафторро гуноҳ шинохтаанд. Ҳар касе, ки чунин кунад Худо ӯро азобаш диҳад".

Як ҳадиси Муҳаммад паямбар (с) бисёр нақл шудааст, ки мувофиқи он се чиз барои мушоҳида мақбул мебошад: сабзазор, рӯи зебо ва оби равон. Аммо он ҳадисе, ки низ ба Паямбар нисбат дода мешавад: "Ман Худоро дар тимсоли ҷавони зебое, ки кулоҳашро каҷ гузошта буд, дидам", дар доираҳои динии ортодоксалӣ шубҳа эҷод карда буд. Дар ҳар сурат, ҳадиси ахир ба шуарои ориф таъсири пурзӯр расонид. Чунончи, Шайх Аттор ба образи писари соҳибҷамол муроҷиат кард ва дар васфи "тарсобачаи зебо" даҳҳо ғазал суруд. Ҳатто ифодаи "каҷкулаҳ" аз ӯ падид омад (Девони Аттор, ба тасҳеҳи Тақии Тафаззулӣ.Теҳрон, саҳ.566) ва гоҳо мебинем, ки онро дақиқтар намуда "бачаи аз шухиву раъноӣ тарфи кулаҳшикаста" тасвир кардааст (ҳамон ҷо, саҳ.637). Ва баъдтар чунин образ дар шеъри сӯфия ҷойгоҳи муҳим пайдо намуд.

Аслан, сӯфии комилан ба ишқи Ҳақ додашуда дар ҷамоли писари зебо назар мекард ва онро ба ҳайси нишоне аз камоли зебоии илоҳӣ ва тантанаи дурахши сунъи эзидӣ қабул мекард. Инро ҳам мебинем, ки зан ҳеҷ вақт мавриди ишқи орифона қарор нагирифтааст (ҷуз дар қиссаи шайхи Санъони Аттор дар "Мантиқуттайр", ки мақсади шоир аз он комилан чизи дигар нишон додани манзилати рафеъи пир аст), зеро ишқ ба занро моддиву шаҳвонӣ меҳисобиданд ва иллати чунин тасаввур решаҳои хеле амиқ дорад. Гап дар он аст, ки Худо пас аз офаридани Одам (а) ӯро дар биҳишти барин ҷой дод ва гуфт: "Эй Одам, бихӯр, бихоб ва дӯстӣ кун бо ҳар чӣ хоҳӣ". Аммо биҳишт Одамро натавонист оромиш бахшад. Дар он ҳол Худо аз нафси ӯ барояш Ҳавворо халқ кард, то бо махлуқи ҳамҷинси худ дар иртибот бошад. Вақте Одам ба Ҳавво назар кард ва зебоии вайро дид, ҳавову ҳаваси нафсонӣ ва шаҳват, ки пасттарин сифати ҳайвонӣ ва ҳиҷоби бузурги байни одаму Худост, ӯро фаро гирифт. Дар заминаи ҳамин ҳавои нафсонӣ сифатҳои дигари ҳайвонӣ чун хобу хӯри бисёр бар ӯ ғалаба кард. Ҳар қадар, ки ҳавои нафси Одам боло мегирифт, иртиботи ӯ бо Худо камтар мешуд ва худро гирифтори бештари васвоси шайтон мекард.

Сабаби парҳез аз ишқи зан дар ҳамин ҷост ва марди ориф ҳаргиз дунболи ҳавову ҳавас намерафт, балки дар парастиши ҷамол назаре ба камол дошт. Ба таври дигар гӯем, аз рӯи ҷаҳонбинии асҳоби таҷаллӣ мард ба сурати Худо офарида шуд, на зан. Чунин назар аз як ҳадиси дигар берун омадааст, ки "Худо Одамро ба сурати худ офарид". Бояд гуфт, ки чунин ақида дар монизми пантеистии масеҳиён низ ҷой дорад.

Ваҷҳи ба ҷавони раъно назар доштани сӯфияро Саолибӣ чунин шарҳ додааст: "Аз киноёти сӯфия ин аст, ки ҷавони зеборо "шоҳид" мегӯянд ва маънои он чунин кунанд, ки ҳусни вай шоҳид ва гувоҳ аст бар камоли ҷамоли Худои таъоло".

Ишқ дар истилоҳи тасаввуф, яъне қатъи алоқа аз ҳар чизи ғайре, ки фикрро машғул дорад, мебошад. Маҳз ба василаи нардбони ишқ ва алоқа бо ҷамол солик метавонад худро ба Зебои ҳақиқӣ бирасонад. Аммо ба ҳар сурат, дар адабиёти тасаввуфӣ образи "писари зебо" ва муроҷиат ба ӯ ҳамчун рамзи зебоӣ роиҷ шуд. Аз ҳамин ҷост, ки Лоҳиҷӣ низ дар шарҳи "Гулшани роз" вақте роҷеъ ба анвоъи таҷаллӣ сухан мекунад, менависад: "Аз ҷамиъи таҷаллиёти осорӣ таҷаллии суварӣ, яъне дар сурати инсони зебо мушоҳида намудани Ҳақ атамму аълост" (саҳ.129-130). Инро мо дар ғазалҳои Ироқӣ низ дида метавонем:

Сар ба сар аз лутф ҷонӣ, эй писар.

Хуштар аз ҷон чист, онӣ, эй писар.

Майли дилҳо ҷумла сӯйи рӯйи туст,

Рав, ки ширин дилситонӣ, эй писар.

Зон ба чашми ман даройӣ ҳар замон,

Каз сафо оби равонӣ, эй писар.

Бар лаби худ бӯса зан, он гоҳ бубин,

Завқи оби зиндагонӣ, эй писар…

Пештар ҳам гуфтем, ки урафо дар ҳама чизи зебо таҷаллии ҷамоли Худоро медиданд. Марди орифи комиле чун Ироқӣ, ки тавре пештар ҳам гуфтем, шомили мактаби ҷамол аст, ба инсони зебо аз фосилае назар намуда шавқи сӯфиёнааш ғалаба мекард ва мушоҳидаи рӯяш маънои парастиши Худоро дошт. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар "Нафаҳот-ул-унс" ба ин нукта ишора намуда фармудааст:

"Ҷамоъате аз акобир чун Шайх Аҳмади Ғаззоливу Шайх Авҳаддудини Кирмонӣ ва Шайх Фахруддини Ироқӣ қаддасаллоҳа таъоло асрораҳум ба мутолиаи ҷамоли мазоҳири суварии ҳиссӣ иштиғол менамуданд. Иллаташ он ки эшон дар онҳо мушоҳидаи ҷамоли мутлақи Ҳақ субҳонаҳу мекарданд" (Нафаҳот, саҳ.589). Аз шарҳи аҳволи Ироқӣ ҳам пайдост, ки ӯ аз ибтидои ба тасаввуф гаравиданаш то ба охир қаландархӯ ва ҷамолпараст буд.

Аммо инсонҳои ҷоҳил ва бехабар аз асли ишқи илоҳӣ Ироқиро мавриди маломат қарор медоданд. Ба ин ҷиҳати мавзӯъ Волаи Доғистонӣ ҳам дар "Риёз-уш-шуаро" чунин ишора намудааст: "Ҷаноби шайх (ИроқӣБ.М.) чун мушоҳидаи ҷамоли азалиро дар кисвати талъати моҳрухон мефармуда ба сабаби таашшуқ ва гирифторӣ бо силсилаи зулфи хубон ҳадафи тири маломати афсурдагон мебуда" (саҳ.11).

Муҳаммади Дорошукӯҳ дар "Ҳасанот-ул-орифин" як шатҳи Садруддини Қунявиро, ки яке аз муршидони Ироқӣ буд, овардааст ва он ин аст, "Ботини Ҳақ зоҳири инсони зебост". Аз ин рӯ писаре, ки Ироқӣ дар васфаш ошиқона сухан кушодааст, дигар навҷавони зебои ҳаётӣ нест, балки сурати зебои он комилан рамз аст рамзи зебоии Маъшуқи ҳақиқӣ. Инро дар мисоли ғазалҳои худи Ироқӣ зуд исбот кардан мумкин аст.

Мавзӯи таҷаллии сувариро Ироқӣ дар ламъаи ҳафтуми "Ламаъот"и худ возеҳтар баён намудааст: "Ишқ дар ҳама сорист ва ногузири ҷумлаи ашёст. Он чӣ зоҳир шудааст ба туфайли ишқ падид омадааст, балки он ҳама ишқ аст". Ва каме поинтар боз меафзояд, ки "Ҳар киро дӯст дорӣ ва ба ҳар чӣ рӯй орӣ Ӯ бувад ва агарчи надонӣ". Пас, ҳар киро дӯст дорӣ, Ӯро дӯст дошта бошӣ. Ҳар касе, ки аз шефтагӣ ба маҳбуби заминии худ фармон меорад, фармонбарии Ҳақро мекунад ва дар бандагии Ҳақ зону мезанад".

Назарбозии Ироқӣ ва соири урафои шабеҳи ӯ аз чунин ақида берун омадааст. Ҷомӣ ҳам дар "Ашъат-ул-ламаъот", ки шарҳ бар "Ламаъот"-и Ироқист, ин чизро таъкид кардааст. Аммо алорағми даъвоҳои муғризона, ки дар замони зиндагии Ироқӣ аз ҷониби қишриён нисбаташ изҳор мешуд, ӯ ошкоро гуфтааст:

Дар ҳама олам надидам ҷуз ҷамоли рӯйи Ту,

Гар касе даъво кунад, кӯ дид, бӯҳтоне бувад.

Дар иртиботи ин мавзӯъ гӯем, ки Камолуддин Ҳусайни Козургоҳӣ дар "Маҷолис-ул-ушшоқ" Ироқиро ҳам ҳамсони ҳар шоири дигаре, гирифтори ишқи ҷисмонӣ ба қалам дода, ба дунболи писаре, ки гӯё мафтунаш шудааст, ба Ҳалаб мебарад. Аммо ин, албатта, афсонае беш нест. Ин фикри Козургоҳиро ҳанӯз муосири худаш Заҳируддин Бобур Мирзо дар "Бобурнома" сахт накӯҳиш карда навишта буд:

 "Камолуддин Ҳусайни Козургоҳӣ шахси бесалоҳияте буд. Таснифе бо номи "Маҷолис-ул-ушшоқ" дорад, ки ниҳоят суст аст. Дар он аксаран ҳарфҳои дурӯғу бемаза ва беадабона гуфтааст, ки ҳама куфр мебошанд. Чунончи, авлиёву асфиёро ба ишқи маҷозӣ мансуб дониста ва ба ҳар яке маъшуқеву маҳбубе таъин намудааст" (Бобурнома, таҳияи П.Шамсиев, Тошканд, 1989, саҳ 159).

Мо дар ин масъала бо Бобур Мирзо ҳамфикрем, зеро чунин ҳукми содалавҳона нисбат ба Ироқӣ барин орифи поку ошиқи Ҳақ аз рӯи инсоф нест. Дар иртиботи ҳамин масъала Ироқӣ дар ғазале дигараш фикре баён кардааст, ки қавли моро тасдиқ мекунад:

Набувад ошиқ он, ки ҷӯяд ком,

Ишқро бо ғараз чӣ кор бувад?

Ошиқ он аст, ки нахоҳад ҳеч

Ҳама худ гар висоли ёр бувад.

Маълум мешавад, ошиқи ҳақиқӣ касест, ки муроди худро тарк кунаду хештанро тобеъи иродаи Маъшуқ созад ва аз висол навмед нагардад. Пас, мушоҳида ва муоинаи рухи зебо василаи тақарруб ба даргоҳи Ҳақ мебошад.

Аз мулоҳизаҳои боло ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки дар эҷодиёти Фахруддини Ироқӣ раванди бештари "инсоникунонии" ишқи сӯфиёна ва бо ҳамин роҳ ба фаҳму дарк наздик намудани он мушоҳида мешавад. Ҳамчунин ин гуна ба намоиш гузоштани мазмунҳои ошиқона бар бадеъияти шоир обуранги дигаре зам намудааст.

Тавре ки аз мулоҳизаҳои фавқ бармеояд, муаллифони қурунивустоӣ аз қабили Носири Хусрав, Саолибӣ, Ҷуллобии Ҳуҷвирӣ, Шамсуддини Лоҳиҷӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Волаи Доғистонӣ, Муҳаммади Дорошукӯҳ, Бобур Мирзо ва худи Ироқӣ зидди ақидаи Меҳр Муваҳҳид ҳастанд. Бинобар ин андешаҳои ибрознамудаи Меҳр Муваҳҳид дар муқобили Ироқӣ ва Ироқӣ барин шоирони мо мисли кафки собун пӯку бемоя мебошанд.

Бадриддин Мақсудов,

доктори илми филология

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97