Қонуни нонавишта

Фарҳанг ва адаб 07.10.2014 11:01

Ё Қонуни  асосии кӯҳистонӣ

Qonuni nonavishtaДу ҷилди китоби хеле арзишманду мондагори "Доғистони ман" - и Расул Ғамзат барои ҳамагон шинос аст. Дасткам барои насли мо, ки  он бидуни муболиға, як инқилобу бедории пуршӯри пурғалаёни зеҳниву ақливу фикриву милливу ватанпарастӣ ба вуҷуд оварда буд… Ин асар бо қалами журналист, тарҷумони тавоно, шодравон Абдулло Зокир ба олитарин сатҳ, ки он замон - солҳои 70 - и қарни гузашта камназир буд, ба забони тоҷикӣ баргардон шуд. Расул Ғамзат ҳамчунин, китоби севвуми "Доғистони ман" - ро дар солҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ навиштааст, ки мутаассифона, барои хонандагони имрӯза камтар ошно аст…

Мо пораеро (интихобан) аз суханронии Расул Ғамзат дар Конграи ҳамватанон дар Махачқалъа дар соли 1997 таҳти унвони "КОНСТИТУТСИЯИ - САРҚОНУНИ КӮҲИСТОНӢ", ки дар он пораҳое аз китоби севвуми "Доғистони ман" низ омадааст,  ба забони тоҷикӣ баргардон карда, ба хонанда пешниҳод менамоем.

…Рӯ ба рӯи мо баҳр қарор дорад, аз пушти мо кӯҳҳо қад барафроштаанд ва атрофи моро водӣ иҳота кардааст. Ин меҳани мо - "ватан" - Доғистони ранҷдидаи мост. Барои яке он муаммо, барои дигаре афсона аст, вале бароямон нафаси мост  ва ё ба қавли як туркбонуи авартабор - ин Мадина ва Маккаи мо аст. Шомил бароямон васият карда буд: "Сахраҳои лучу урёни моро дӯст доред, сарвати онҳо кам аст, аммо бе онҳо озодиву зиндагии кӯҳистонии бечора вуҷуд надорад". Шоире гуфта буд: "Дар ин сарзамин куштаҳо бештар аз мурдаҳоянд". Бестужев - Марлинский навишта буд: "Ҳеч гоҳ ман ба чунин ҳадд хуну ба чунин андоза мардонагиро дар як маҳдудаи хурд надидаам" ва оҳ мекашид, ки "агар ин сарзамин ватани русҳо мебуд, онҳо чӣ қадар онро дӯст медоштанд".  Ва Маҳмуди мо месароид: "Бале, дар кӯҳҳо низ зебоӣ басанда аст"…  

Якҷо бо ҳамватанони худ, ки ба ҳукми сарнавишти талх дар кишварҳову сарзаминҳову шаҳрҳои мухталиф муқим шудаанд, дар Конграи нахустини худ ҷамъ омадаем. Мо ба забонҳои гуногун сухан мегӯем, ҳар кадоми мо фаҳмишу дарки худ нисбат ба ин ё он масоилу мушкилотро дорем. Зоҳиран, ҷӯшиши фикрҳо ва бархурди эҳсосот, оштинопазирии мулоҳизот ва ихтилофи назарҳо ҷой хоҳанд дошт. Аммо ба кадом забоне, ки мо ҳарф назанем, кадом сурудеро, ки нахонем, ҳар андоза, ки ихтилофи назари мо дар мавриди ҷузъиёт тафовут дошта бошад, моро як чиз муттаҳид месозад - меҳру муҳаббат ба Доғистон. Дар ин маврид мо ихтилоф надорем. Ин муҳим аст, ин нуктаи асосӣ аст. Ин моро муттаҳид месозад, бароямон нерӯ мебахшад, итминони моро бештар мекунад, хиради моро афзун менамояд.

Чун дар осмон абрҳои тира ҷамъ шаванд, деҳқон барои наҷоти ҳосил шитоб мекунад. Имрӯз, ки дар кишвари мо ва дар тамоми ҷаҳон таҳаввулоти азими ҳамроҳ бо ихтилофоти зиёди хунин идома дорад, иддае мехоҳанд абрҳои тираи раъду барқзоро ба фарози кишвари мо бикашанд. Мо барои машварат Хиради табиат ва гузаштаҳо, Таҷрубаи ҳамбародарон ва Нубуғи тамоми даврон, Дарси ҷиддии роҳи тайшудаи Зиндагиро даъват менамоем. Ва мо бо Худованд машварат мекунем. Мегӯянд, ки забон гирди дандони дардманд мегардад. Аммо дар мо солҳои охир тамоми дандонҳо дардманд шудаанд. Чи чиз барои мо муҳим аст!? Муҳимтар аз ҳама, барои хушбахтӣ ва шукуфоии Доғистони ман  - ин якпорчагӣ, якдилӣ ва ваҳдати тамоми халқиятҳо ва миллатҳои Доғистон аст. Эҳсоси хонаводаи яктан будан - ана, чизе, ки барои ҳифзу рушди асолати ҳар миллат зарурат дорад, пас мусалламан, барои Доғистони ман низ. Омилҳои асосии ҳастии ҳар халқ - Забон, Дин ва Фарҳанг аст ва дар зимн, забон авваласос аст. Забонҳо дар мо бисёранд. Вале мо бар хилофи пешгӯиҳои пайғамбарони дуруғин онҳоро ҳифз кардаем ва онҳо моро ҳифз кардаанд. Мо ба ин забонҳо ҳам китоб менависем, ҳам суруд мехонем ва ҳам ишқу муҳаббатро иброз медорем…

Мо аз дини худ, аз забони худ, аз фарҳанги хеш, ки дар сахттарин шароит ба ҷаҳониён мегуфтанд, ки Доғистон буд, ҳаст ва ҳамеша хоҳад буд, сипосгузорем.

Аммо илова бар ин се омил, боз як омили дигари на камтар муҳим аз онҳо - Конститутсияи Доғистон - Сарқонуни асосии мардуми мо аст. Манзури ман на Конститутсияи - Сарқонуни расмии тарҳрезишуда аз ҷониби Шӯрои Олӣ аст, балки Конститутсияи ахлоқӣ, маънавии мардуми Доғистони тарҳрезишуда тайи қарнҳоро дар назар дорам. Мо як Конститутсияи нонавиштаи чандинасрӣ дорем, ки мардуми Доғистон вазифадоранд онро риоя намоянд, ки мисли Қуръони Маҷид ивазнопазир аст, тағйироту иловаро намепазирад аз имтиҳони замон гузаштааст. Ин қонуни дайну шоистагӣ, усули ҷудоинопазирӣ ва пойдории Доғистон аст.

Ман ҳоло китоби севвуми "Доғистони ман"  - ро менависам. Дар ин китоб ҷиҳатҳои асосии одатро (вожаҳои "ватан" ва "одат" ба ҳамин шакл дар матни русӣ оварда шудаанд, яъне дар забони аварӣ роиҷ будаанд -М.В.), ки ба хислат ва рӯҳияи инсони кӯҳистонӣ хос аст, тартиббандӣ кардаам. Беҳтар аст, тамоми артиши мо - ҷанговарони мо бимиранд, то ин ки одати мо аз байн биравад, зеро кӯҳистониён бо ҳамин қонунҳои нонавишта зиндагӣ кардаанд. Дар ин Конститутсия ҳамагӣ ҳафт модда аст, боқимонда, тафсиру таъбирот ва пешниҳодот аст.

Моддаи аввал. МАРД. Ханҷар бояд тезу бурро бошад ва мард далеру шуҷоъ. Аммо дарки воқеии мардонагӣ бо дастҷунбониҳо дар гирдиҳамоиҳо ҳеч гуна умумият надорад. Шитобзадагии ҷавон, инчунин, кундии солманд-ҳар ду ҳангоми тӯфон зиёноваранд….оне, ки пинҳонӣ ба ҳаёти ҳамгинони худ сӯиқасд мекунад…оне, ки одамони моро ба ҷанги бародаркушӣ даъват мекунад, оне, ки бо силоҳи маргбор сарукор дорад, оне, ки бо оташ шӯхӣ мекунад, - мехоҳам аз номи Доғистон, аз номи Конграи мо бигӯям, ки онҳо ғайридоғистонӣ, ғайриқафқозӣ, ғайримусалмонӣ, ғайришомилӣ, ғайриинсонӣ рафтор мекунанд, чунки дар рафтори онҳо ғурур бар мавзеъгирӣ, эҳсосот бар миллият, беақлӣ бар хирадмандӣ, худхоҳӣ бар манфиатҳои Доғистон афзалият дорад.    

Моддаи дуввум. ЗАН. Агар хосту иродаи ман мебуд, ман инро моддаи аввал менавиштам. Дар ин модда омада: "Меъёри шоистагии инсонӣ барои мард муносибати ӯ бо зан аст". Мард фақат дар ду маврид ҳақ дорад биҷангад - барои Ватан ва барои Зан. Дар дигар ҳолатҳо фақат хурӯс меҷангад. Мутаассифона, дар мо хурӯсҷанг бисёр шудааст.

Моддаи севвум. КӮДАКОН. Онҳо аз паси мо мераванд… Аз тамоми масоили печидаву мураккаб, ки ҳаёт дар назди мо мегузорад ва мо вазифадорем ба онҳо имрӯз посух бидиҳем, ин масъалаи нигаронкунандаи модару кӯдак аст. Модар бо дидагони ашколуд мепурсад: "Фарзанди маро чи интизор аст?". Ҷаҳон ончунон бераҳм аст, қарн ончунон хашин аст, доҳиён ончунон девонатабъ ҳастанд, ки ҳама ҷо торикӣ, фақр, куштор, садама, худсарӣ, хун. Идомадиҳандаи бечора ва нотавони насли инсоният ба куҷо паноҳ бибарад? Мо бояд аҳамияту ҳассосияти ин мушкилро дарк намоем. Зеро ояндаи халқҳои мо аз он вобаста хоҳад буд, ки то кадом андоза насли минбаъда аз нигоҳи ҷисмонӣ ва маънавӣ солим хоҳад буд…  

Моддаи чорум. ХОТИРА. Диёри моро бигардед, дар бораи шаҳрҳои мо бихонед, номи колхозҳои мо, артелҳои мо, кӯчаҳои мо ва майдонҳои мо, корхонаҳо ва муассисаҳои таълимии мо ва ноҳияҳои бутунро ба ёд оваред. Чунин тасаввурот пайдо мешавад, ки Доғистон нахустин бор фақат соли 1917 арзи вуҷуд карда бошад. Агар фақат бо ҳамин номҳо ва мафҳумҳо қазоват намоем, қишри тамоми таърих аз хотира берун мемонад. Магар то инқилоб мо ҷанговарону сурудхонон надоштем? Магар мо ба ҷуз ҷанги гражданӣ ва ҷанги ватанӣ ҷанги дигаре надоштем? Наход қаҳрамонии мо, шуҳрати мо, фарҳанги мо фақат 75 сола бошад? Агар шахсиятҳое мисли Шомил ва Ҳоҷӣ Мурод дар дигар кишварҳо мебуданд, номи онҳо шаҳру деҳоти навро зеб медод. Барояшон дар майдонҳои марказии пойтахтҳо ҳайкал мегузоштанд…

 Ман боре навишта будам, ки агар ба гузашта бо таппонча тир андозӣ, гузашта бо туп посух хоҳад дод. Бинобар ин, гузаштаро набояд аз ёд бурд. Ба солмандон бояд эҳтиром гузошт, ҳангоми омадани онҳо бояд аз ҷо бархост ва таъзим кард, оромгоҳи падарону модаронро бояд зиёрат кард, ба қаҳрамонони гузаштаи Доғистон бояд арҷ ниҳод….

Моддаи панҷум. ДӮСТӢ. Моддаи шашум. МЕҲМОН. МЕҲМОНДӮСТӢ. Моддаи ҳафтум ҲАМСОЯ, ҲАМСОЯГИИ НЕК.

Ин се модда бо ҳам алоқаманданд. Падаронамон ба мо васият карда буданд: "Дӯстонро эҳтиёт кунед, бипарҳезед аз ин ки дӯстро аз даст бидиҳед". Дӯстро аз  даст дода, мо як ҷузъи зиндагии худро аз даст медиҳем. Ман МЕҲМОНУ кишвари ҲАМСОЯРО низ илова мекардам. Дар чунин баробарӣ чархи зиндагии мо гирд мегардад…

Эътиқод чанд навъ аст; эътиқоди миллӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ.., аммо ман эътиқоди ботиниро арзишмандтарин эътиқод мешуморам. Ва бо эътиқоди ботинии худ амал хоҳем кард. Ман ҳамеша аз чунин фаҳм пайравӣ кардаам ва пайравӣ мекунам, ки; моро як замин парваридааст. Ва ҳамин замин охирин паноҳгоҳи мо хоҳад буд.

Таҳия ва баргардон аз Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97