"РАҲГУШОӢ БА СӮИ БИҲИШТ"

Фарҳанг ва адаб 03.10.2014 15:46

Аз силсилаи "Фарҳанги мардум"


Рақс бар шеъри тару нолаи най хуш бошад,

Хоса, рақсе, ки дар ӯ дасти нигоре гиранд.

                                                     (Ҳофиз)

raqsi pomiriБарои лаҳзае вориди дунёи рақс мешавем - рақси бадахшонӣ...

Ҷое хонда будам, ки рақсро раҳгушоӣ, раҳнамоӣ ба сӯи биҳишт номидаанд. Шояд аз ҳамин ҷиҳат, дар даврони қадим дар баъзе минтақаҳои Бадахшон ҳатто чунин расм роиҷ будааст, ки зане аз аъзои хонавода пеш-пеши маит бо нолаю шеван мерақсид…

Дар ҳар сурат, рақси бадахшонӣ монанди ҳар ҳунари дигар ифодагари хулқу хислат, тарзу шеваи зиндагии мардум буда ва бо шароити таърихӣ - иҷтимоӣ, ҷуғрофиёӣ, фарҳангӣ  ва бо муҳити кӯҳистонӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Арзиши рақси бадахшонӣ ба назарам дар содагии он аст. Он як ҷанбаи боз, ошкоро ва озод дорад. Он мисли мардуми ин диёр сода, бидуни қайду банд, рӯкушод ва содиқона аст.

Аз сӯи дигар, вижагии рақси бадахшонӣ мисли ҳар навъ рақси дигари тоҷикӣ дар бадоҳатан будани он аст, маҳдуд набудани он ба қоидаҳои хос аст. Ҳар иҷрокунандаи рақс мутобиқи салиқаю фаҳми худ ва мувофиқи оҳангу мусиқӣ тарзи ҳаракат, суръати ҳаракат ва услуби рақсро ба кор мебарад ва бадоҳатан амал мекунад.

raqsi aspakiАз ин ҷост, ки (ба шаъни раққосаҳои касбӣ нарасад) ба назарам беҳтарин рақс, зеботарин рақсро дар миёни мардум, дар байни ҳаваскорон, дар тӯю маҳфилҳо бояд ҷуст. Дар ҳар сурат, барои ман чунин менамояд. Зеро иҷрокунандагони рақси касбӣ дар саҳнаи театр ё консерт кӯшиш мекунанд барои рақси мардумӣ як қоидаи хос, як чаҳорчӯби махсус дуруст намоянд, ки он намеписандад, қабул надорад инро. Зеро тавре ки гуфтам, рақси бадахшонӣ озодписанд, озодхоҳ аст. Барои офаридани рақси касбии бадахшонӣ истеъдоду салиқаи хосу хеле баланд ба кор аст. Ба мисли истеъдоди хоси ҳунармандони хушзавқ мисли Заррагул Искандарова ва Ширинмоҳ Ниҳолова ё салиқаи баланди ҳунарофариние чун Гурминҷ Завқибеков.

Як нуктаи дигар. Рақси бадахшониро метавон як рақси хонаводагӣ номид. Ҳузури зану мард дар суру маҳфилҳои шодӣ дар кӯҳистон манъ ё маҳдуд набудааст…Дар рақси асили бадахшонӣ мисли ҳар ҳунари воқеӣ ҳеҷ гуна ало-мату нишонаҳои бепардагӣ вуҷуд надорад. Он фақат як намоиши зебоӣ аст. Намоиши зебоии қаду андом, пайкари инсон, ки Офаридагор барояш эъто кардааст. Ҷавондухтари бадахшонӣ бо пироҳани хушдӯхту камарчини сафеди маҳаллӣ, камзӯлчаи сурхранг (воскат), тоқии шерозадор аз матои атлас, кафши чармии ҷигариранги бо бандҳои бофтаи рангаи пашмӣ (пех), ки аз болои ҷӯробҳои рангаи хушбофти пашмӣ (ҷириб) пӯшида шудаанд ва бо гесувони ба тарзи суннатӣ бофташуда (печак) дар ҳавои рапоӣ ва бо оҳанги дафу рубоби бадахшонӣ ба рақс омада…

raqsi pomiri 2Пироҳани хушдӯхти сафед рамзи покӣ, хушбахтӣ ва рамзи софдилию ниҳоди поки мардум, тоқию кафшу ҷӯроби қадимӣ баёнгари маҳорати мардум дар ҳунари пешаварӣ ва  пойбандии онҳо ба ҳифзи сунану одоти ҳазорсолаҳост.

Ҷавондухтари бадахшонӣ ба рақс омада… Ва дар саҳнаи рақс тобишҳои табиати камназири кӯҳистонӣ ба сурати номаръӣ рӯнамо мегарданд. Пайванди наслҳо, рӯҳи гузаштагонро ба ҳамроҳ дорад ин рақс…

Гар наво як дам сарояд, савти рапоӣ хуш аст,

Ҷумла гар дар рақс ояд, ҳусни раъноӣ хуш аст.

(Ҷонибеки Қозибек)

Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97