Љонибеки Акобир: Суханбозї дар Шарќ хатар дорад

Фарҳанг ва адаб 25.07.2014 17:48

JonibekakobirovЉонибек Акобир нависандаи соњибном ва собиќадори матбуоти тољик дар ќатори чанд нафар ба ордени «Шараф» дараљаи дуввум сарфароз гашта ва њамзамон барандаи љоизаи адабии ба номи устод Айнї гардид. Суњбати ихтисосие бо нависанда анљом додем: 

 

-Шумо љоизаи Айнї ва Ордени «Шараф»-ро барои кадом хидматњоятон дарёфт кардед?

- Ваќте љоиза ва ордену медалро давлат ба афроди алоњида медињад, ин албатта амри тасодуфї нест. Агарчанд корњои тасодуфї њам дар зиндагии мо мешавад ва мо мебинем. Вале њоло ман агар дар ин маврид бигўям, ки барои кадом хидматњоям гирифта бошам, шояд як навъ худситої мешавад. Бењтараш аз ягон њампеша ва њамрешаи ман бипурсед, ки: «Оњанги дареѓ» чаро љоиза гирифт ва ё Љонибек Акобир чаро ордени «Шараф»-ро сазовор гашт? Инро ман гуфта наметавонам, вале метавонам бигўям, ки инсони бошараф ваќте мукофот мегирад, масъулияташ бештар мешавад. Ва Љонибеки Акобир бояд бештар ва хубтар эљод кунад.

- «Оњанги дареѓ» дареѓ аз чист?

- Ин номи як њикояи ман аст, ки ќањрамонам њам аз сифатњои худаш дареѓ мехўрад ва њам аз њамзамонњояш. Матлаби ман ин аст, ки агар инсон сари ваќт аз хислатњои номатлуби худаш дареѓ бихурад, ин воситаи ба камол расидани ўст.

 

- Ќабл аз ин Шумо муваффаќ шудед, маљаллаи «Садои Шарќ»-ро, ки танњо маљаллаи адабиёти мост ба нашрияи миллии адабиёт табдил бидињед, ки чи гуна ва бо кумаки кї ба ин кор муваффаќ шудед?

- Маљаллаи «Садои Шарќ» њафтоду њафт сол умр дорад ва барои љомеаи мо ва адабиёт ва иљтимоъ хидмати фаровон кардааст. Маќоми миллї бахшидан ба маљалла ба маънои он аст, ки љомеа дар њоли пеш рафтан аст. Бояд рўйирост бигўям, ки ибтикори мо дар ин замина аз мушоњидаам аз фаъолиятњои фарњангии Президент маншаъ мегирад.

 

-Яъне Шумо дидед, ки онњо таваљљуњ доранд ба масоили фарњангї ва аз ин истифода кардед?

- Бисёрињо чунин мегўянд, ки Президент ба масъалаи фарњанг таваљљуњ дорад. Назари ман чунин аст, ки худи Президент низ як шахси фарњангї њастанд. Инро ман чандин сол мушоњида кардам ва нињоят бо ташаббусу пешнињоди ањли ќалам ва пеш аз њама њайъати тањририя ва муаллифи гимни миллї шоир Гулназар мо ин пешнињодро ироа кардем ва нињоят фурсате шуд, ки инро ба худи Президент њам гуфтем. Ва онњо њамон лањза инро ќабул карданд. Вале агар шахси фарњангї намешуданд ва агар «Садои Шарќ»-ро намедонистанд, њатман мегуфтанд, ки ин масъаларо мебинем ва аз натиљааш шуморо огоњ мекунем. Вале дар њамон лањза ба масъулин дастур доданд, ки дар зарфи як њафта тамоми асноди заруриро барои ба маљалла додани маќоми миллї омода кунанд. Ва дар муддати ду моњ бояд тамоми мушкилоти «Садои Шарќ» њал шавад. Вале мутаассифона дар зинањои поёнї ин амри Президент пешпо хурд. Аз љумла дар вазоратхонањо, хусусан дар вазорати молия. Албатта, ман мушкилоти иќтисодии рўзро мефањмам. Аммо вазирони моро низ зарур аст, то дарк намоянд, ки «Садои Шарќ» хидмате кардааст, ки барои садсолањо мерасад. Он чизе, ки ин маљалла нашр кардааст, агар онро гирд боиварем њамчун як кохии маънавї ва як кохи нур хоњад буд.

 

-Ба њар сурат «Садои Шарќ» кай ба унвони маљаллаи миллии адабиёт ба дасти хонанда мерасад?

- Мо барои дувоздањ шумора дар соли дуњазору шаш обуна эълон кардем. Ин муваффаќияти бузург аст. Ва умедвор њастем ва бовар низ дорем, ки барои маљалла он маблаѓи зарурие, ки мо аз рўи љадвали харољот ба вазорат пешнињод кардем, тасдиќ мешавад. Ва аз моњи январи соли 2006 нахустин шумораи маљаллаи миллии адабиёт «Садои Шарќ» ба дасти хонанда хоњад расид.

 

-Шумо гуфтед, ки сиву панљ сол собиќаи кор дар матбуотро доред. Ба назари Шумо оё матбуоти имрўз рисолатеро, ки бояд дар љомеа дошта бошад, анљом медињад?

- Ман дар як конфронси байналмилалї дар Алмаато баромад карда, дар ин љо бори асосии воќеъањои нохуши Тољикистонро бар дўши рўзноманигорони сањлангор њавола карда будам. Ба назари ман дар Шарќ бо сухан бозї кардан кори бад ва хатарнок аст. Зеро ин љо ба сухан чун ба як чизи муќаддас бовар мекунанд. Ин хуш аст, ки дар рўзномањо чандандеширо густариш медињанд ва ман аз ин истиќбол мекунам. Аммо бояд тафаккури мардум ба назар гирифта шавад. Зеро арзишњо дар Шарќу дар Ѓарб фарќ мекунад. Ва ваќте ки мо пазируфта бошем, ки арзишњо фарќ мекунад, бояд инро низ ќабул кунем, ки он гоњ равишњо низ бояд мутобиќ ба арзишњо сурат бигирад.

 

-Мешавад, равшантар суњбат бикунед? Масалан, матбуот чї иштибоњ дорад?

-Ваќте  ман рўзномањоро мехонам, саросар яъс, навмедї ва сиёњї ва тарсу тасвир кардани миллатро мебинам. Тарсуї хоси мардуми мо нест. Имондорї ва хирадмандї хоси мост. Сањлангорї ва шуњратљўї набояд бикунем. Бояд роњњои хоси матрањ кардани мушкилотро пайдо кунем. Албатта мушкил аст. Вале бо таъна задан коре анљом намешавад ва касе одам нашудааст. Ман медонам, ки мушкилот фаровон аст ва њамаи он мушкилотро бояд бањс кард ва роњи њалаш чунон бояд гуфт, ки дар воќеъ ба ислоњи мушкил кумак кунад.

 

- Фикр намекунед, ки ваќте матбуоти расмї наметавонад фазои иттилоотиро пўшиш дињад ва ниёзњои хонандаро, ки мехоњад аз њар љараён огоњ бошад, бароварда кунад, он гоњ аст, ки ин вазъ пеш меояд?

-Њамаи шумо чї матбуоти расмї ва чї ба истилоњ мустаќил зодаи як шањр-Тољикистон њастед ва бинишњо фарќ мекунад. Агар кадоме аз онњо бинишаш фарќ мекунад, ин маънои бад будани онро надорад. Ин љо бояд раќобат бошад. Раќобати солим барои гузаронидани аќидаи солим. Дуруст аст, ки бояд корро бењтар кунанд ва раќобат карда битавонанд.

 

-Ташаккур ва Шумо гуфтед, ки нахустин шумораи «Миллат»-ро хондед ва интиќоди Шумо чист? Хоњиш мекунам, фаќат назари интиќодиатонро бигўед.

- Ба ростї, ваќтре ки рўзномаи «Миллат»-ро дар рўзномафурушињо дидам, бисёр хушњол шудам ва рафта ин рўзномаро харидам. Ва таќрибан њаштод дарсади матлаби онро мутолиъа кардам. Бисёр хурсанд шудам, аз ин љињат, ки дар бисёре аз маќолањо ва суњбатњо љињатњои тањлилии вазъи имрўза њастанд. Хусусан дар гузорише, ки устод Муъмин Ќаноат кардаанд, вазъи тањлилии љањон аст. Мардум ана ба њамин гуна суњбатњо ниёз дорад. Мо бояд мардумро нодон гумон накунем. Мардум худаш дарк ва тавони тањлилро дорад, журналист бояд назарро ва хабарро дар рўзнома бигўяд, даркашро ба хонанда њавола кунад. Ва ман ин чизро дар ин рўзнома ёфтам. Гуфтед ростро бигўям ва ман то њамин рўз надидам, ки шумораи аввалини ягон рўзнома ба њамин кайфият баромада бошад. Њатман омилњо ва матлабњое буд, ки рўзноманигорон шахси худашонро тављењ кардан мехостанд. Вале дар ин љо ин чизро наёфтам. Ва ин бисёр хуб аст. Ва омодаам захираи зењнї ва фитрии худамро барои њамкорї сарф кунам. Бемуњобот!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97