Шаби бартар аз ҳазор шаб

Фарҳанг ва адаб 24.07.2014 22:38

Lailatulqadr

Бимнокам аз ин, ки иддае набиштаи поёниро бо руву риё пайванд зананд ва бар худнамоиву риёкорӣҳамлаш кунанд, аммо чӣ кунам, ки дарди нависандагӣ ва ангезаи нигорандагӣ амонам намедиҳад ва маҷбурам месозад, ки даст сӯйи хома барам ва порае аз мулоҳизоти худро рӯйи коғаз орам ба қавли Мавлонои бузург «Он кашанда мекашад ман чун кунам?»

 

  Шабе, ки сипарӣ шуд дар масҷиди маҳаллаи мо воқеан ҳам як шаби имониву ирфонӣ буд, саршор аз дуъову ниёиш ва намозу риҳоиш. Ҷамъе ғафир аз муъминон саҳну ҳавлии масҷидро лабрез карда буданду бо дуъову ниёиш ва санову ситоиш бар намоз истода буданд.

 Қории масҷид ончунон дили шабро бо дили Қуръону қалби муъминон пайванд зада буду сураи Ёсинро дар ду ракъат ҷо дода буд, ки тараннуми камназираш гӯӣ фариштаҳои осмонро ба рақси самоъ мекашид.

 Боваркарданӣ нест, ки дар солҳои истиқлолият қориҳову ҳофизони Қуръон дар мамлакати мо инқадар пешрафтаанду тараққӣ кардаанд, кибо лаҳни гирои худ ба ҳангоми тиловати Каломуллоҳ, садои Абдулбоситу Миншовиро гуё аз лавҳи хотираҳо пок мекунанд.

 Сад офаринашон!!!

 Ҳузури чашмгири атфолу наврасон ва миёнасолону бузургсолон дар дили шаб ҷиҳати эҳёи пуршуру шарари он, аз мазҳабӣ шудани рузафзуни ҷомеъаи модарак медиҳад.

 Атфоли навпо ва наврасони зеборо медидам, ки фазои Лайлатулқадрро бо тиловати дурусту дақиқ мутобиқ бо таҷвиду қоидаҳои тиловат ба як базми раббонӣ ваҷашни имонӣ табдил дода буданд.

 

Оре иде дар дили шаб!

Ин булбулакони равзаи Қуръон насли имониву қуръонии ояндаи мамлакати моро ташкил медиҳанд, кибо вуҷуди сахтгириҳову монеаҳо аз тарбияи масҷид дар синни хурдӣ баҳра меҷӯянду аз оёти Қуръон файзу роҳнамоӣ мегиранд.

 

Бар модарону падаронашон табрик бод!

 

Лайлатулқадри дишабаҷойи афсус низ дошт, ки фазои масоҷиди мо ҷойе барои ҳузури бонувони муъмин муҳайё накардаанд то монанди кишварҳои дигар, онҳо низ аз чунин файзу баракоти шабҳои имонӣ баҳравар гарданд.

 

Ҳузури нимашабӣ дар масҷид ва истодан ба дуъову ниёиш бо Холиқи якто ин эҳсосро дар дилҳо зинда мекард, ки гӯйи фариштаҳои Раҳмон дари масҷид заданду бо болу пари худ ҳамаро дар оғӯши пур аз сукунату оромиши худ қарор додаанд.

 

Дишаб гӯё маҳфили муъминону фариштагон дар масоҷиди Ҷумҳурӣ буд. Ҳузури пур шуру шағафи намозиён дар ин шаб,дили муллои масҷиди моро онқадар гудохта буд, ки аз сари минбар дар он торикии нимашаб гулугуҳар мегуфтудуру марҷон месуфт ва онқадар ба ҷӯшу хурӯшомада буд, ки аз сӯҳбатҳои хастакуни қолабии худ дар рӯзҳои маъмулӣ, фарсахҳо дур рафта буд.

 Ба як калима дишаб, шабе буд, ки боз ҳам ба қавли ҳазрати Мавлавӣ: «Шоҳ масту шайх масту шаҳна масту мир маст» буд. Шабе буд, ки "султони ҷаҳонро ба чунин лаҳза ғулом" карда буд.

Оре !!! Лайлатулқадр ва шаби бартар аз ҳазор шаб.

 Ва агар сухане бар сабку равиши рушангароёну дигарандешон бигӯем ин ҳама базму гудози имониву ирфонии шаби Қадр далолат бар ин мекунанд, ки воқеан ҳам Ислом дар мамлакати азизи мо дар шакли ибодатии худ бо суръати барқосое ба ҷойгоҳи қавии худ дар ҳаракат аст ва мондааст бар ин биандешем, ки то куҷо ин ҳама шӯру шағафи бандагӣ дар масоҷид, дар дили шабу онои рӯз,таъсири босазое дар ҳаёти мо, дар он сӯйи деворҳои масоҷид доранд?

 Дар ҳаёти рӯзмарраи мо, дар сӯҳбату муоширати мо, дар хариду савдои мо, дар фитнавуғавғои мо, билохира дар боқимонда ҷанбаҳои дигари ҳаёти мо.

 Қуръон ба мо гуфтааст, ки намозро барпо доред (Бақара: 43) вале боз ҳам гуфтааст, ки намоз шуморо аз фаҳшову мункар боз медорад (Анкабут 45). Аз фаҳшову мункар дар ахлоқи мо, дар рафтору кирдори мо, дар кору амали мо ва дар муомилаву тиҷорати мо ва боқӣ ҷанбаҳои зиндагиву ҳаёти мо.

 Бо умеди қабули тоъоту ъибодот ва парастишҳову ниёишҳои шаби Қадру ҳар лаҳзаву фурсати дигар.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97