"КИШТИИ САФЕДИ МАН"

Фарҳанг ва адаб 12.09.2013 16:13

Ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва зимни табрики синфҳои аввал

kishtii safed(Қиссаи воқеӣ)   

Зодгоҳам - деҳаи Зуворак дар минтақаи дурдасти кӯҳистонии Тоҷикистони азиз дар як баландие воқеъ аст.

Дар кӯдакӣ ва дар навҷавонӣ ҳам, нишастан дар саргаҳи нишебии тарафи деҳаи поин, ки Мун ном дорад ва тамошои манзараҳои ин русто саргармии ман буд.

Деҳаи поин чодури бузурги филм ё пардаи азими телевизионро мемонду ман танҳо тамошочии ин саҳнаи зиндагӣ…

Табиат мутобиқи қонунҳои азалию тағйирнопазири хеш бо дастони номаърии худ, бо нафаси гарму сарди худ, бо риштаҳои ноаёни худ боэҳтиёт, бо салиқаи хос, ки танҳо ва танҳо ӯ аз уҳдаи он мебарояд, ҳар фасли сол ин деҳаро ба ранги нав ороиш медиҳад, либоси нав мепӯшонад ва дар иҷрои ин амал аз тамоми анвоъи рангҳо ва тобишҳои ҳаёт кор мегирад. Гӯё як зани соҳибҷамолу хушсалиқа тағйири пираҳан мекард. Табиат ҳар сонияву ҳар дақиқа ба сурати номаълум ва бо як сарфаҷӯӣ, бо як таҳаммул дастандаркор аст ва як фасли солро ба фасли дигар тағйир медиҳад. Якеро гусел мекунад, бо ӯ видоъ мекунад, ҳангоми видоъ ашк мерезаду сели борону раъду барқро ба сари деҳотиён фурӯ мерезад ва фасли дигарро истиқбол мегираду ба оғӯш мекашаду дар ҷараёни истиқбол зери пояшро гилеми  сабз мегустарад. Вале ҳатто ҳамин Донотарини доноҳо ва Оқилтарини оқилҳо баъзан ба исрофкорӣ роҳ медиҳад. Гоҳо чунин иттифоқ  меуфтад, ки дар аввали тобистон барф меборад ва ё зимистон ба сурати ғайриоддӣ гарм мешавад. Ва шояд ҳам Табиат амдан - махсусан ба ин кор даст мезанад, ё ин  инҷиқиҳои ӯст, ё ин қодири ӯ ба инсон аст, ё ин муборизаталабии ӯ бо одамон аст!?

Маҷрои Зиндагӣ дар Мун мисли ҳар рустои дигари кӯҳистонӣ ба сурати муқаррарӣ идома дорад. Бо вуҷуди ин, ба назарам зиндагии ин деҳ вижагиҳои худ, тобишҳои хоси худро дорад. Ҳатто рангу бӯю оҳанги махсуси худро дорад зиндагии ин деҳа…

Мисли ҳар рустои дигар ин ҷо манзили одамон, замини наздиҳавлӣ, боғоту киштзори колхоз бо ҷӯйборҳои морпечи худ, хирманҷойҳо, як кӯл, оғилхонаи калони чорпои колхоз ва бинои анбор воқеъанд.

Аммо ягона бинои бо оҳак сафедшуда, воқеъ дар интиҳои боғ дар сари роҳи калони мошингард дар миёни манзилҳою иморатҳои дигар фарқ карда меистод. Ва диққати ман, таваҷҷӯҳи ман, нигоҳи ман бештар аз ҳама ба он равона аст. Ин бино мавзӯи хаёландешӣ, мавзӯи орзуҳо ва руёи ман буд. Ин "киштии сафеди" ман аст.

Ин бино мактаби деҳа аст. Мебинам, ки саҳни он гоҳо холӣ аст ва гоҳо шумори зиёди бачагон дар гирду атрофаш дар даву тозанд. Ва ҳасад мебарам ба онҳо ва рашк мебарам ба онҳо. Ва як иштиёқи зиёд, як шавқи беандоза тамоми вуҷуди бачагонаамро фаро мегирад, мехоҳам бо онҳо бошам, мехоҳам ҳамроҳи онҳо бошам.

Аввали моҳи сентябр. Бародарам ва бачаҳои ҳамсоя баъд аз тайёриҳои чандрӯза ба мактаб равонанд. Китобҳои наппа-нави дар дасти онҳо, ки ҳатто бӯи махсус доранд ва аксҳои ин китобҳо дили бачагонаамро шефта месозад. Азизтарини азизҳоянд ин китобҳо барои ман, як чизи сеҳрноканд ин китобҳо бароям. Ман ҳам мехоҳам мактаб биравам. Хеле мехоҳам ҳамроҳи мактабхонҳо бошам. Мантиқи бачагонаам ҳеҷ қабул карда наметавонад, ки чаро бароям иҷозати рафтан ба мактабро намедиҳанд.

Мактабхонҳо мераванд. Онҳо мераванду ман боз бо орзую рӯъёи худ танҳо мемонам. Ва боз ба тамошогаҳи худ рафта ба "киштии сафед"-и худ бо аламу бо дилтангӣ хира мешавам. Вале дигар ором нишаста наметавонам. Эҳсос мекунам, ки иштиёқи ба мактаб рафтанамро дигар касе ё чизе фурӯкаш карда наметавонад. Ин дафъа дигар ҳеҷ нируе маро боздошта наметавонад.

- Аққалан як бор рафта бубинам онҷоро. Аққалан як бор бубинам ин "киштии сафедам"-ро.

Як фаҳмиши бачагона ба ман талқин мекунад, ки ба мактаб набояд бо "дасти холӣ" рафт. Медавам ба сӯи хона. Ягона чизе, ки аз васоили дарсӣ ба назарам меуфтад, давот (сиёҳидон) аст. Онро меқапаму боз галустуки акаи муаллимамро гирифта бошитоб, бехудона медавам ба сӯи мактаб. Он навъи давотҳо сарпӯши фурӯхамида доштанд, ки рангаш ба осонӣ намерезад, вале ман чун аз пайраҳа кӯҳӣ бошитоб ба поин медавам аз дук-дуки давиданҳои ман тамоми ранг ба дастону ба пӯшокам мерезад. Бо дастҳои пури ранг, бо лаккаҳои ранги нилӣ бар куртаю шиму галстуки "муаллимӣ" худро ба мактаб мерасонам. Худро ба ин боргоҳи орзуҳоям мерасонам. Дар назди дари синфхона муаллим маро "истиқбол" мегирад. Курсиҳои синфхона, тарзи нишастани мактабиён - як духтару як писар, ҷиддияту бодиққатии онҳо тааҷҷубовар аст бароям.

Мактабиён низ бо ҳайрат ба ман менигаранд. Муаллим бароям мефаҳмонад, ки бояд як мавсими дигар сабр кунам…

Соли баъд дар синни шашсолагӣ мактаб рафтам. Зимнан, чун мактаб рафтам, ҳам бо хати криллик ва ҳам бо ҳуруфоти форсӣ равон мехондам… Муаллим, ки акнун бо ман ошност, бо табассум маро истиқбол мегирад, дар курсии  радифи аввал паҳлӯи духтараке мешинонад. Духтаре, ки баъдан ишқи аввалин, ишқи соддаю пок ва беолоиши наврасиам шуд… Ба қавли шоир Гулназар:

Ишқи аввал,ки нишони покист,

Содда метобаду лек содда нест…

Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97