Лаҳзае бо Мавлавӣ

Фарҳанг ва адаб 17.07.2013 17:40

аз китоби "Найнома" - и Устод Халилуллоҳи Халилӣ

khaliliМавлоно тавозӯъ ва фурӯтаниро яке аз лавозими ходимони хонақоҳ медонист. Рӯзе бо яке аз роҳибони Қустантания дар роҳ мувоҷеҳ гардид. Вай аз фарти эҳтиром сӣ бор дар муқобили Мавлоно сарашро бар замин ниҳод ва бардошт. Худовандгори Балх сиву се бор ин амалро ба ҷо овард. Чун ба мадраса омад, ба писараш Султон Валад ва дигарон ҳикоят намуд, ки имрӯз роҳиби мутавозӯъе мехост давлати тавозӯъро аз мо рубояд, валлалҳамд, ки ба тавфиқи Илоҳӣ ва муъовинати Муҳаммадӣ (С) мо ғолиб шудем, зеро тавозӯъ мероси Муҳаммадиён аст ва нисоби он давлат насиби мискиниёни уммати ӯст.

Рӯзи дигар дар муқобили як нафар арманӣ низ ин корро кард.

***

Мавлоно рӯзе аз маҳалле мегузашт, ки кӯдакон бозӣ мекарданд. Чун Мавлоноро диданд, сар ниҳоданд. Вай низ пеши онҳо сар ниҳод ва эҳтиром намуд. Аз дур кӯдаке фарёд кард:

- Бош, то ман биёям!

Он бузургмард истода буд, то он кӯдак омад.

Ҳамеша бо кӯдакон аз дари тавозӯъ пеш меомад ва камоли фурӯтаниро ба ҷо меовард ва дар ҳоле ки ба бузургон иҷоза намедод, ки дасташро бибӯсанд ва аз эҳтироми мардум мегурехт.

***

Мавлоно рӯзе ба саройи худ даромад, дид Малика - хотуни духтараш канизаки худро заҷру тавбих мекунад. Мавлоно бонг бар вай зад, ки чарош мезанӣ ва меранҷонӣ? Агар ӯ хотун мебуд ва ту канизак, чӣ метавонистӣ? Дар кулли олам каниз нест, магар, ки ҳама канизони Худоянд ва филҳақиқат хоҳарону бародарони мову шумо мебошанд.

***

Рӯзе Мавлоно дар ҳоли самоъ мустағрақи дидори ёр гашта, ҳолатҳое мекард. Масте дар самоъ даромад ва ъарбада оғоз кард ва худро бехудвор бар Мавлоно мезад. Ёрон ӯро мамониъат карданд ва дар садади озори ӯ баромаданд. Мавлоно фармуд:

- Шароб ӯ хурда ва бадмастӣ шумо мекунед?

Гуфтанд: тарсо аст.

Гуфт: Ӯ тарсост, шумо, ки тарсо нестед.

Таҳияи Мирзошо Ватаншо

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97