Ҳикоятҳо аз Мулло Насриддин

Фарҳанг ва адаб 16.07.2013 10:56

Mullo nasriddinМулло Насриддин ҳар рӯз дар бозор гадо мекард ва мардум  бо найрангӣ ҳамоқати ӯро даст меандохтанд. Ду сикка ба ӯ нишон медоданд, ки якеашон тилло буд ва яке нуқра. Аммо мулло Насриддин ҳамеша сиккаи нуқраро интихоб мекард. Ин достон дар тамоми минтақа  пахш шуд. Ҳар рӯз гуруҳе зану мард меомаданд ва ду  сикка ба ӯ нишон медоданд ва мулло Насриддин ҳамеша сиккаи нуқраро интихоб мекард. То ин ки марди меҳрубоне аз роҳ расида ва аз ин ки мулло Насриддинро он таври даст меандохтанд, нороҳат шуд. Дар гушаи майдон суроғаш рафт ва гуфт: ҳар вақт ду сикка ба ту нишон доданд, сиккаи тиллоро бардор. Ин тавр ҳам пули бештаре гират меояд ва ҳам дигар дастат намеандозанд. Мулло Насриддин посух дод: зоҳиран ҳақ бо шумост. Аммо агар сиккаи тиллоро бардорам, дигар мардум ба ман пул намедиҳанд то собит кунанд, ки ман аҳмақтар аз онҳоям. Шумо намедонед то бо ин кулк чи қадар пул гир овардам.

"Агар коре, ки мекунӣ, ҳушмандона бошад, ҳеҷ ишколе надорад ки туро аҳмақ бидонанд".

***

Рӯзе дӯсте аз мулло Насриддин пурсид: мулло то ба ҳол ба фикри издивоҷ афтодаӣ?

Мулло дар ҷавобаш гуфт: Бале замоне, ки ҷавон будам ба фикри издивоҷ афтодам.

Дӯсташ пурсид: Хуб чи шуд?

Мулло  ҷавоб дод: бар харам савор шуда ва ба Ҳинд сафар кардам, дар он ҷо бо духтаре ошно шудам, ки бисёр зебо буд, вале ман ӯро нахостам, чун аз мағз холӣ буд.

Ба Шероз рафтам: Духтаре дидам бисёр тезҳушу доно, вале ман, ӯро ҳам нахостам, чун зебо набуд.

Вале охир ба Бағдод рафтам ва бо духтаре ошно шудам, ки ҳам бисёр зебо ва ҳамин ки хеле доно ва хирадманд ва тезҳуш буд. Вале бо ӯ ҳам издивоҷ накардам.

Дӯсташ кунҷковона пурсид: чаро?

Мулло гуфт: барои ин ки ӯ, худаш ҳам дунболи ҳамон чизе мегашт, ки  ман мегаштам.

"Ҳеҷ кас комил нест, ин гуна нигоҳ кунем:

Мардро ба ақлаш, на ба сарваташ. Занро ба вафоаш, на ба ҷамолаш. Молро ба баракаташ, на ба миқдораш. Хонаро ба оромишаш, на ба андозааш. ғизоро ба кайфияташ, на ба камияташ. Дарсро ба устодаш, на ба суханаш. Мудирро ба амал карданаш, на ба ҷойгоҳаш. Нависандаро ба боварҳояш, на ба теъдоди китобҳояш. Шахсро ба инсонияташ, на ба зоҳираш.дилро ба покиаш, на ба лоғариаш. Суханро ба умқи маънояш, на ба гӯяндааш".

***

Як рӯз мулло Насриддин деге аз ҳамсояи худ қарз кард. Фардои он рӯз дегчае туи он гузошт ва ба ҳамсоя пас дод.

Ҳамсоя пурсид; "ин дегча аз куҷо омада?" Мулло Насриддин гуфт: "Деги шумо обистан буд. Дишаб зоид, ин ҳам бачаи он аст".

Ҳамсоя бо хушҳолӣ дегро гирифт. Чанд рӯз баъд мулло Насриддин дубора ҳамон дегро аз ҳамсоя қарз кард. Муддате гузашт, аз дег хабаре нашуд, ҳамсоя ба хонаи Насриддин омаду суроғи дегро гирифт.

Мулло Насриддин гуфт: "Сари шумо саломат, дег марҳум шуд".

Ҳамсоя гуфт: "Охир магар мумкин аст, дег ҳам бимирад?"

Мулло Насриддин гуфт: "Чи тавр дег метавонад бизояд, аммо наметавонад бимирад? Деге, ки мезояд, мумкин аст сари зо биравад».

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97