Ҷӯроби помирӣ дар девори мусофирхонаи Сиёвуш

Фарҳанг ва адаб 04.05.2013 16:40

jurob1 май. Ин субҳ хиёбонҳои шаҳр ба хотири таътилот эълон шудани 1 май қариб холианд. Ба рағми дигар кишварҳо, ҳатто Русия, ки ҳамеша марҷаи тақлиди мо буда, ҳеч роҳпаймоиву ҳамдилии заҳматкашон ба намоиш дарнаёмада буд. Шояд ҳанӯз зуд буда ва мардум барои тамошо ба маҳдуд ҷойҳои тафреҳии шаҳр нарехта буданд, ки маршруту таксиҳо камодам, роҳат ба ҷойи кор расидан мумкин шуд.

Сукути хилвати шаҳри пурғавғоро садои ронандаи таксӣ шикаст, ки ба мусофири ҳампалӯяш мегуфт: "Аҷаб иде бошукуҳ, не? Касе дар кӯчаҳои шаҳр нест".

Мусофир ғуттавари кадом андешаи амиқе пай набурд, ки ронанда чӣ мегӯяд. Аммо ронандаи аз камодамӣ дилгир шояд ба ин далел, ки имрӯз ризқи камтаре барои хонаводааш пайдо хоҳад кард. Боз ҳам мусофири ҳамроҳашро ба гап медарорад:-1 май, ки мешуд, эҳе… Ҳа, бародар?!

Мусофир ҳам ба тасдиқи суханони ронанда гуфт: - 1 май мешуд, се рубл мегирифтӣ, шикаматро сер мекардӣ, сайругашт мекардӣ, боз бақияашро ба хона меовардӣ. Ҳозир чӣ…

Онҳо ба қисса кардани ёдҳои бозмонда аз шӯравӣ шуруъ карданд, ки ба ҷои кор наздик шудему идомаи қиссаро ношунида пойин шудам. Аммо ин суҳбати кутоҳ маро ҳам ба кӯчаҳои идонаи Шӯравӣ бурд. Майдонҳои сурхи пуршӯру пурвалвала, ливоҳои ба ҳаво парафшон, чеҳраҳои шоду хандону пурфараҳ. Табассум дар лабони ман ҳам ба ёди он чеҳраҳои хандон гул кард, ҳамин замон буд, ки чароғи роҳ сурх шуду мошини гаронбаҳое пеши он истод. Чашмам ба курсии пеш афтод, ки дар паҳлуи ронанда писари 9-10 солае менишаст. Ба чеҳраи ӯ амиқтар нигаристам, ки шояд аз қишри доросту ҳамроҳ бо падар сайругашти идона баромадааст. Аммо ҳайҳот, ин қадар ин писар хаставу лакот ба курсӣ такя зада буд, ки раҳмам омад, ба пушти курсӣ нигаристам, ки ҳамчунон писаре хурдтар аз ӯ низ, бо чеҳраи гирифта, пушт ба курсӣ партофта буд. Намедонам, ин хастагии руҳӣ аз бехобӣ буд, ё аз бозиҳои компутерӣ ё кадом иллати дигар дошт. Аммо ин чеҳраҳо аслан бо чеҳраҳои дар ёд монда аз шӯравӣ дар рӯзи ид, он ҳам 1 май -иди якдилии меҳнаткашон аз фарш то арш фарқ дошт. Гадозани  ҳамеша ҳозир рӯйи роҳрав низ наметобид. Ӯ ҳам тибқи тақвими сурхшуда дар Тоҷикистон шояд ин рӯзро барои худ таътил эълон кардааст ва ё шояд бар асари таътилот ҷои серодамтареро барои имрӯз баргузидааст.      

Аз хилвати хиёбонҳои абрӯ ба ҳам кашидаи пойтахт ба шаҳрошӯби Фейсбук, ки ҷойи "ҷамъомад"-и хелеҳо ва аз ҷумла бояд нируҳои фикрии тоҷик бошад, ба умеди дарёфти тозатарин хабарҳо ворид мешавам.

Дар миёни ёваву ҳарзаҳову ҳарфҳои худ ба худии корбарони Фейсбук чашмам ба коштаи тозаи Сиёвуш, шоири солҳо аз Ватан дури тоҷик афтод, ки овардааст: "Ин хоҳари азизам намояндаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон аст. Ва ин ҷӯробҳои помирӣ пойтахсии ӯ барои банда аст. Пойтахсӣ дар забонҳои бадахшӣ маънои ҳадя ба меҳмонро дорад. Аммо ин бор бар хилофи таомул (ва хиҷолати зиёди камина) меҳмон ба мизбон пойтахсӣ дод.

Дар воқеъ ин ҳадяест, ки бо Сиёвуш ҳич рабте надошт. Аз он ҳадойе буд, ки ҳайатҳои расмӣ дар ин гуна сафарҳо бо худ мегиранд ва ба ину он дар чорчӯби чунин барномаҳои расмӣ эъто мекунанд. Аммо ин бор, ин хоҳарам ин як ҷуфт ҷӯробро то охир нигоҳ дошта буд. Худаш мегӯяд: "Як эҳсосе доштам, ки бояд ин ҷуфти ҷӯроб ба соҳиби аслиаш, ба ҷуфти худ бирасад. Ба ҳамин далел ба касе онро надодам".

Ман мутмаинам, ки агар ин дидори мо иттифоқ намеуфтод, ин хоҳарам тибқи имон ва боварҳое, ки дорад, ин ҳадяро ба кадом як бачаи ятим ва велгарди Бишкек ҳадя мекард.

Билохира ин ҷуфти ҷӯроби помирӣ ба ҷуфти худ расид ва дар ҷои сазовори худ қарор гирифт.

Ман инҳоро дар пойи худ накардам ва намекунам, зеро ин хоҳарам гуфт, ки онҳоро МОДАРАШ бо дастони худ бофта аст. Ман кори дастони МОДАРИ ӯро, ки МОДАРИ ман ҳам ҳаст, дар пойи худ нахоҳам кард! Ҳарчанд медонам, дар ҳолоти зарурӣ ва вазъиятҳои фавқулодда ҳамин дастони МОДАР аст, ки пой, даст, сар, дил ва ҷонҳои моро наҷот хоҳанд дод!»

Нигоштаи холисонаи Сиёвушро мехонаму ба ёди он рӯзҳое меафтам, ки нируи аҳримание хоҳару бародарро, ки дар ду ҷабҳа, ҳар кадом ба фикри фардои дурахшони Тоҷикистон талош меварзиданд, дар ду сангар қарор дод. Аҳриман тухми нифоқ мекошту тухмаи тоҷик аз ин меҳан пок мекард, аммо пас аз солҳои зиёди ҷудоӣ ин хоҳару бародар бо ҳам дидор мебинанд ва хоҳар ҳадяи дастони моҳирро ба бародари солҳо ғарибу ба ташбеҳи худи шоир "ба яке дигар аз ятимони велгарди Бишкек" ҳамчун паём мебарад ва Сиёвуш нидо дармедиҳад: "Ҳамин дастони МОДАР аст, ки пой, даст, сар, дил ва ҷонҳои моро наҷот хоҳанд дод!"

Агар як хоҳар ва як бародар, агарчӣ зери ливое бо рангҳои мухталиф чӣ сурху чӣ сафед роҳи хешро интихоб кардаанд, ин рангҳо то куҷо қодиранд Модари ягонаи онҳоро аз онҳо бигирад?!

Ҳадяи як коммунистбону ба шоири озодихоҳ ва демократ ҳикматест, ки ба мо паём медиҳад, ки бо ҳам канор биёем ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифз бикунем. Ҳамчуноне ки Сиёвуш ҷӯробҳои бадахширо дар девори хонаи мусофирии хеш насб кардааст.

1 май -иди якдилии заҳматкашони дунёро ба ин коммунистбону ва Сиёвуш, бародари гиромӣ табрик мегӯям, ки зери ливои ҷӯроби помирӣ ба ҳам омадаанд.

Адолати Давлат, "Миллат"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97