"Наводир- ул- вақоеъ" пайдо шуд,

Фарҳанг ва адаб 21.04.2013 17:38

пас Ҷурабек Назрӣ онро нафурухта будааст

Jurabeg NazriДастнависи "гумшуда"-и "Наводир-ул-вақоеъ"-и Аҳмади Дониш ёфт шуд ва ба Ганҷинаи дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии  АИ ҶТ супурда шуд. Дастнависи мазкур соли 1355 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1936 мелодӣ аз рӯи дастхати худи Аҳмади Дониш бо хатти зебои настаълиқ, дар коғази маъмулии қуқандӣ аз ҷониби Субҳӣ ном хушнависе хаттотӣ шудааст. Андозаи нусха 15х26 буда, аз 750 саҳифа иборат аст. Зери рақами 862 дар Ганҷинаи дастнависҳо нигаҳдорӣ мешавад.

Азбаски атрофи ин нусхаи хаттӣ овозаҳои зиёде шуда буд, рӯзномаи "Миллат" тасмим гирифт, сари ин мавзуъ равшанӣ андозад. Чун мудири имрӯзаи Фонди дастнависҳо устод Ҷӯрабек Назриро натавонистем пайдо кунем, суҳбати мо бо чанд нафар аз муҳаққиқини Институт сурат гирифт.

Аз нақли шоҳидон маълум шуд, ки дастнависи "Наводир-ул-вақоеъ"-и Аҳмади Донишро ибтидои солҳои 70-и асри гузашта донишманди марҳум Алиқул Девонақулов аз Фонди дастхатҳо гирифта буд, ки таҳқиқот бубарад. Ҳамчунин мақсад буд, ки ин асари муҳим бо ҳуруфоти кирилӣ баргардонда шуда, дастраси хонандаи тоҷик қарор бигирад. Чун "Наводир-ул-вақоеъ" барои шинохти қаламрави Осиёи Марказӣ ва хонадони манғит аз аҳамият холӣ набуд, доираҳои илмии Ҷумҳурии Исломии Ирон низ, албатта бо ибтикор ва иродаву кӯшиши ҷаноби Алиасғари Шеърдӯст ва раиси ҳамонвақтаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ устод Ҷӯрабек Назрӣ тасмим гирифтанд, ки асари мазкурро бо ҳуруфоти кирилӣ ва форсӣ ба чоп бирасонанд.

Замони раҳбари Институт будани устод Ҷӯрабек Назрӣ чунин ҳамкориҳои дуҷониба зиёд ба назар мерасид. Ҷӯрабек Назрӣ ба муҳаққиқ Алиқул Девонақулов ва китобдор Исо Раҳматуллоев супориш дод, ки дар амалӣ шудани ин кори хайр ҳиссагузор бошанд.

Баъди чанде бозиҳое пеш оварданду Ҷӯрабек Назриро канор гузоштанду якеро оварданд, ки дар Институт чандон интизорашро надоштанд.

Чун устод  Ҷӯрабек Назрӣ аз вазифа рафт, як зумрае аз гуруҳбозон (касе бо тамасхур як нафаре аз ин бозингаронро бо тахаллуси Сабчак ном бурду исмашро нагуфт), дастхати "Наводир-ул-вақоеъ"-ро "гумшуда" эълон карданду овоза паҳн намуданд, ки собиқ директори Институт асарро бо пули калон ба хориҷиён фурӯхтааст.

Баъди муддате духтари марҳум Алиқул Девонақулов Лолабону "Наводир-ул-вақоеъ", дастхати "Рисолаи Заҳабия" ва боз як нусхаи чопи сангӣ бо унвони "Бӯстони хаёл" маъруф ба "Девони Маҷнуншоҳ"-ро аз утоқи кории падараш оварда, ба Ганҷина супурд. Бо ин амали нек Лолабону чашми козибону ҳасудону фитнагаронро кӯр кард ва исбот намуд, ки "ҳарҷо дурӯғгӯй бувад, душмани Худост".

Аз ҳар ходими илмии Институт, ки суол кардем, мегӯянд Ҷӯрабек Назрӣ буд, ки вақти нооромӣ, Ганҷинаи дастхатҳои Институтро ҳифз кард ва боз ҳазорҳо китобу дастхату асарҳои чопи сангиро ройгон вориди хазина кард. Мақоми Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттиро боло бурд. 

Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Акбари Турсон низ дар мавриди Ҷӯрабек Назрӣ танҳо сухани нек мегӯяд. Аз ҷумла мефармояд, ки "Дар хусуси дастхати "Наводир-ул-вақоеъ"-и Аҳмади Дониш ва дигар нусхаҳои хаттӣ, ки гӯё Ҷӯрабек Назрӣ фурӯхта бошад, ҷуз як навъ фитнае беш нест, яъне воқеъият надорад. Ӯ марди соҳибмаърифат, донишманд ва дастхатшиноси моҳир аст. Ба ин хотир ман ӯро роҳбари Фонди дастнависҳои ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев таъин кардам."

Аз суҳбат бо баъзе аз ходимони илмӣ маълумамон гашт, ки баъди аз кор рафтани Ҷӯрабек Назрӣ дар Институт ғалатҳое рух додааст, ки ислоҳнопазиранд. Аз ҷумла аз ҷониби хориҷиён нусхабардорӣ шудани дастнависҳои нодир ва бо худ бурдани онҳо камоли беандешагӣ буд. Хушбахтона ҳамон вақт донишманди тавоно шодравон Амрияздон Алимардонов будааст, ки бо сад мушкилӣ саду чанд дастнависро тавонистааст наҷот бидиҳад, яъне нагузоштааст, нусхабардорӣ шаванд.

Аҷаб он аст, ки дар атрофи нусхаҳои хаттии гумнашуда, ба хотири бадном кардани касе қиссаҳо бофтанд, вале сари мавзуъи "нусхабардориҳо" ва туҳмат карданҳо масъулеро парво нест, ё шояд мантиқе бошад, ки:

"Изҳори чунин-чунон чӣ ҳоҷат,

Он ҷо ки аён, баён чӣ ҳоҷат"

-у мо надонем. Худованд ҳамаро ба роҳи рост ҳидоят кунад.

Ҳақ ба ҷониби раиси Институт Акбари Турсон аст, ки мегӯяд, вақте дастхат нусхабардорӣ мешавад, бешак арзиши он кам мешавад, яъне на ҳар кас ҳаваси зиёрати ганҷинаи моро мекунад. Дар ҳеч куҷо иҷозат намедиҳанд, ки дастхати нодир нусхабардорӣ шавад.

Баъзе аз муҳаққиқини Шуъбаи нигаҳдорӣ ва феҳристнигории Институт гилаҳо пеш оварданд, аз ғалату иштибоҳоте, ки бо пасн рух дода буд, аз нарасидани қувваи корӣ, хоса мутахассисе, ки дастхатро бишносад, аз масъулияти зиёду маоши ночиз ва боз чандин гилаву хоҳиш…

Албатта омадани Ҷӯрабек Назриро ба вазифаи мудири Ганҷинаи дастхатҳо фоли нек медонанд ва ҳатто як нафар шӯхиомез гуфт, ки бубинед, бо омадани ӯ се нусхаи дастнавис вориди Ганҷина шуд, яъне қадамаш нек аст. Бо вуҷуди ин ҳама дар ҳақиқат Ганҷинаи дастнависҳо ба таваҷҷуҳу кумаки ҳукумат ва лутфу меҳрубонии хосаи Раиси ҷумҳур зиёд ниёз дорад. Зеро ин ганҷи шойгон асту шиносномаи миллат.

Замира Сулаймонӣ, "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97