Наврӯз, 23 сол қабл бо Лоиқ

Фарҳанг ва адаб 25.03.2013 11:01

Loiq075Соли 1991 дар арафаи таҷлили наврӯзи навбаҳорон сокини деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ Ҳоҷӣ Бердиев аз роҳбарони Кумитаи давлатии телевизион ва радио хоҳиш намуд, ки аз пайки наврӯзии ҳамдеҳагонаш ва маросими ба истифода додани пули нав, ки соҳили рости дарёи Зарафшонро ба ин деҳа мепайваст, намоиш таҳия карда, аз тариқи телевизион пахш намоянд. Роҳбарони Кумита ин хоҳиши Ҳоҷӣ Бердиевро хуш пазируфта, муаллифи ин сатрҳо ва наворбардор шодравон Наим Ғаниевро вазифадор карданд, ки дар ин бора дар сатҳи баланд намоиш биофарем.

Чун роҳ аз тариқи Ағбаи Анзоб кушода набуд, гуруҳи эҷодӣ ва чанд нафар аз сокинони деҳаи Зеробод аз тариқи Узбакистон ба сафар баромадем. Бегоҳирӯзӣ ба шаҳри Шаҳрисабз расидем. Моро яке аз сокинони ин шаҳр, ки тоҷик буд, хуш пазируфта, то бевақтии шаб бо мо самимона суҳбат дошт. Пас аз субҳона соҳибхона моро то беруни шаҳр гусел карда, афсӯс хурд, ки дар пайки наврӯзии зерободиҳо иштирок карда наметавонад. Баҳори нозанин дар ҳама ҷо ба ҳукми худ даромада буд, ағбаи Китоб, низ бо манзараҳои дилангезаш паси сар шуд. Ҳамин тариқ, мо ба деҳаи Зеробод расидем. Ин деҳа дар соҳили чапи дарёи Зарафшон дар доманаи куҳ доман паҳн кардааст. Басо табиати дилкашу зебо дошта, дарахтони зардолу ба кушодани муғҷаҳо омодагӣ мегирифтанд. Бисёр дилошӯб буд. Сокинони деҳа дар талоши он буданд, ки пайки наврӯзиашон дилкашу хотирмон бошад. Онҳо пайкгоҳро бо тамоми анъаноти ниёгон ороставу пероста мекарданд. Бо мақсади хурраму ҷаззоб гузаштани истиқболи наврӯз беҳтарин мавзеи деҳа интихоб карда шуд. Ба ин маҳфили бисёр мунаққаш меҳмонони зиёд, аз ҷумла Лоиқи ширинкалом даъват шуда буданд. Иттифоқан бо Лоиқ як рӯз қабл аз ҷаши Наврӯз дар хонаи сокини деҳаи Зеробод омӯзгор Мелибой Бердиев меҳмон шудем. Пас аз пазироӣ суҳбати Лоиқ Шералӣ бо соҳибхона, ки аз шеъру шоирӣ хабардор буд, атрофи каломи бадеъ, тамаддуни ниёгон, давраи пайдоиши Наврӯз суҳбати тӯлонӣ ва самимона сурат гирифт. Мо аҳли нишаст аз сухандонию сухангӯии Лоиқ мафтун шуда, ба гуфтаҳои ин шахси заковатманд бо диққат гӯш меандохтем. Суҳбати Лоиқ бо муаллим ҳа-мон тавр идома меёфт, ки гӯё дар гирди хон бидуни ду нафар касе ҳузур надошт. Бандаро, ки пас аз чанд соати гӯш додан ба суҳбаи он ҳарду байте, ки дар овони хурдӣ шунида будам, ба хотир омаду онро баён доштам:

Аз он рӯзе, ки ман мурдам, кафан аз барги токам кун,

Ба оби дида ғуслам созу дари майхона хобам кун.

Лоиқ пас аз чанд лаҳзаи мулоҳиза ва ба андеша фурӯ рафтан гуфт: "Ин мисраъҳо хеле одианд ва ҳар кас метавонад биофарад". Албатта баҳс кардан бо донандаи тамоми паҳлуҳои шеър бефоида буд. Муаллим Мелибой Бердиев низ талоши баҳс накард. Ҳолати ногувори моро Лоиқ ҳис карда, инони суҳбатро ба ихтиёри худ гирифта, гуфт: "Дар Эрон бо чанд нафар адибони Тоҷик сафар доштем. Дар яке аз маҳфилҳои адабӣ, ки дӯстдорони зиёди каломи бадеъ ҷамъ омада буданд, моро низ даъват намуданд. Садри маҷлис пас аз муаррифии меҳмонон ба мизбонон инони суханро ба ман дод. Пас аз чанд лаҳза сухан гуфтан аз аҳли толор пурсидам: "Бо шумо ҳамчун бо мардуми Эрон суҳбат кунам, ё ин ки бо лаҳни тоҷикӣ?" Аҳли толор қариб ҳама гуфтанд, ки оқои Лоиқ бо лаҳни тоҷикӣ сухан кунед. Ҳамин тавр ҳам кардам. Зимни суханронӣ аз шоирони классик ёдовар шуда, дар назди ҳозирин чанд шеъри худро қироат намудам, ки ҳамагон истиқбол карданд…" Бо ҳамин Лоиқ боз чанде дигар сухан карду гуфт, ки фардо дар наврӯзгоҳ хоҳем дид. Лоиқ пас аз ин ба андеша фуру рафт. Гумон кардам, ки ӯ барои фардо дар назди иштирокдорони пайки наврӯзии деҳаи Зеробод барои сухан гуфтан омодагӣ мегирад. Ва Лоиқро ба ҳоли худ гузоштем.

Таҷлили наврӯз барои сокинони деҳаи Зеробод аз ифтитоҳи пули нав оғоз гардид. Пас аз буридани тасмаи рамзӣ аҳли деҳа ва меҳмонон ҷониби наврӯзгоҳ роҳ пеш гирифтанд. Тамоми ин лаҳзаҳоро наворбардор сабт намуд. Наврӯзгоҳ бо тамоми анъаноти миллӣ оро ёфта буд. Дар чеҳраҳои иштирокдорони он нишоту хуррамӣ ҳувайдо буд. Дар наврӯзгоҳ роҳбарони ноҳия ҳозиронро бо ҷашни наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфтанд. Дар таҷлили "Сари сол" Лоиқ сухан карда чанд шеър барони ҳозирон қироат намуд. Ҳофизон шеърҳои дар васфи наврӯз офаридаи адибро суруданд. Дар ин лаҳзаҳои пур аз нишот аз рӯи маслиҳати пешакӣ, ки бо наворбардор доштем як бонуи бисёр зебои деҳаи Зерободро дар саҳна болои курсӣ шинонида ба хонандаи синфи шашум Эркин Одинаев ишора кардем, ки суруди худро бо шеъри Лоиқ "Писари азизам омад" оғоз намояд. Эркин ин сурудро он қадар бо самимияти баланд месуруд, ки ҳама иштирокдорони пайки наврӯзи моту маҳбут гашта буданд. Дар поёни суруд Эркини наврас сари худро болои зонуи модар гузошта, такрор ба такрор "писари азизам омад, писари ғазалнависам омад…" гуфта месуруд. Ин лаҳза аз чашмони Лоиқ  ашки меҳру муҳаббат нисбати модари бузургвор мешорид. Лоиқ беихтиёр аз рӯю пешонии Эркин гарм гарм бӯса мезад.           

Аз ин Пайки наврӯзӣ 23-сол сипарӣ гардидааст, аммо ин лаҳзаҳо аз хотирам ҳеч дур нашудаанд. Ҳар айёми наврӯз ин лаҳзаҳоро ёд мекунам.

Пас аз бозгаш ба шаҳри Душанбе бо номи "Наврӯзи Зарафшон" намоиш таҳия кардем, ки он аз тариқи телевизион пахш гардид. Пас аз ҷамъбасти намоишҳои телевизионӣ дар васфи наврӯз роҳбарияти Кумита  намоиши "Наврӯзи Зарафшон"- ро беҳтарин донист.

Саидмурод Раҳимов, собиқадори телевизион

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97