Модарамро ёд кардам!

Фарҳанг ва адаб 16.03.2013 15:50

Руҷӯи аввал:

Mirzohusayni BadalipurНахуст сухан аз ду сарчашмаи асосии Ислом: Қуръон ва Суннат.  

Қалби мо аз Ҳинду Руму Шом нест,

Марзу буми мо ба ҷуз Ислом нест.

Аз якоинӣ мусалмон зинда аст,

Пайкари миллат зи Қуръон зинда аст.

                                                                             (М. Иқбол)

Муқаддамтар ва муқаддастар аз Худои азза ва ҷалла ва каломи муборакаш Қуръони азимушшаън дар олам касеву  чизе нест. Худованди пок дар ин китоби охирини худ инсонро он қадар ба эҳтироми волидайн амр фармудааст, ки фаротар аз  гуфтори башарист.

                                             

Қуръони карим дар ояти 83-уми сураи  «Бақара», ояти 36-уми сураи «Нисо», ояти 151-уми сураи «Анъом», оятҳои 23-24-уми сураи «Исро», ояти 8-уми сураи «Анкабут», ояти 14-уми сураи «Луқмон», ояти 15-уми сураи «Аҳқоф» ва оятҳои сураҳои дигари қуръонӣ инсонро ба иҷроиши амалҳои накӯ ва шоиста нисбат ба падару модар фаро мехонад. Каломуллоҳ падару модарро неъмати бузурги зиндагӣ барои мардум муаррифӣ мекунад ва шукргузориро дар баробари падару модар аз вазоифи муҳимми инсон ба ҳисоб меоварад.  Ҳар фарде, ки бо ҳикмату фалсафаи ин оятҳо ошноӣ дошта бошад, хуб мефаҳмад, ки Қуръон камтарин беэҳтиромӣ ва нофармониро дар баробари падару модар иҷозат надодааст ва чунонки аз мазмуни ояти 14-уми сураи «Луқмон» ва ояти 15-уми сураи «Аҳқоф» бармеояд, эҳтиром ва ҳақшиносии бештарро нисбат ба модар ба хотири ранҷу азобаш шурӯъ аз даврони ҳамл то ба таваллуд ва муддати ширдиҳӣ (сӣ моҳ, яъне дуву ним сол), парваришу тарбияти минбаъдаи тифл, ташвишу изтиробҳои шабонарӯзиаш баҳри зиндагии хушу хуррам ва бе камукости фарзанд қоил аст. Матни ояти карима аз сураи «Аҳқоф» чунин аст:  «Одамиро ба некӣ кардан ба падару модараш амр кардем. Модараш ӯро бо душворӣ бардошт ва бо душворӣ таваллуд кард. Ва муддати ҳамл то аз шир бозгирифтанаш сӣ моҳ аст, то чун ба камол ва синни  чиҳилсолагӣ расад, гӯяд: «Эй Парвардигори ман,  ба ман илҳом намо, то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷой орам! Коре шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони моро ба салоҳ овар! Ман ба Ту бозгаштам ва аз таслимшудагонам».

Ба Мустафо бирасон хешро, ки дин ҳама Ӯст,

Агар ба Ӯ нарасидӣ, тамом Бӯлаҳабист.

                                                                    (М. Иқбол)  

Паёмбари гиромӣ(с), ки оварандаи Қуръон барои башарият аст, дар такя бар оятҳои қуръонӣ дар ҳадисҳои гуҳарбораш қадру манзалати модарро зиёд васф кардааст. Ин ҳадиси Ӯ(с) «Алҷаннату таҳта ақдоми-л-уммуҳот», яъне биҳишт дар зери қадамҳои модарон аст, вирди забони ҳамагон аст. Расули Худо(с) биҳишти аднро, ки Худованд барои муъминони воқеӣ ваъда кардааст, зери қадамҳои модарон гуфтааст. Албатта, биҳишт зери пои касе ва чизе нест, валекин ҳикмати ин ҳадиси  Паёмбари Худо(с) дар даъвати инсон ба шинохти ҳақиқии қадри модар аст. Муҳаммад Иқбол шахсияти Расули акрам(с) ва ин гуфтаашро дар ҳаққи модарон чи қадар зебо ва дилнишин баён намудааст:

Он, ки нозад аз вуҷудаш коинот,

Зикри ӯ фармуд бо тибу салот.

Гуфт: “Он мақсуд ҳарфи кунфакон

Зери пои уммаҳот омад ҷинон».

Ҳофизи рамзи ухуват модарон

Қуввати Қуръону миллат модарон

Низоми Кошонӣ ин ҳадисро ба ин тарз ба назм даровардааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.                             

Талаби Пайғамбари акрам(с) оид ба ҳақшиносии бештар нисбат ба модар дар ҳадиси дигараш низ, ки бар пояи таълимоти Қуръон, бахусус он ду ояи карима, ки дар фавқ зикр кардем, арза шудааст, возеҳу рушан аст: «Шахсе назди Паёмбар(с) омаду гуфт: - Ҳаққи аз ҳама бештар бар ман кӣ дорад? Паёмбар(с) гуфтанд:- Модарат. Пурсид. Боз кӣ? Гуфт: - Модарат. Гуфт: Боз кӣ? Гуфт: - Модарат. Бори чаҳорум пурсид: - Боз кӣ? Паёмбар(с) гуфтанд:-  Падарат».

Ҳадисшиносон ва донишмандони исломӣ дар тафсири ин ҳадис ҳикмати се бор бар забон овардани номи модарро аз тарафи Паёмбари акрам(с) дар арҷгузорӣ ва қадршиносӣ бар баёни се заҳмате, ки Қуръони карим бар модар дар ба дунё овардан ва парваришу тарбияти фарзанд арза медорад ва дар онҳо падар шарик нест, яъне ранҷи ҳомиладорӣ, ранҷи таваллуд ва ранҷи ширхорагӣ,  маънидод кардаанд.    

Руҷӯи дуюм:

Дар адабиёти форсу тоҷик  шоирони зиёде аз қадим то ба имрӯз дар марги модари худ марсияҳои ҷонгудозе гуфтаанд, валек барои  ман ин рубоии Амир Хусрави Деҳлавӣ катибае дар сувайдои дили зорам аст:

Эй модар,  агар дастрасӣ доштаме,

Санги сияҳ аз гӯри ту бардоштаме.

Худро гилу хоки тира пиндоштаме,

Танҳот ба зери хок нагзоштаме.

Чӣ гӯям? Модари азизамро хеле барвақт аз даст додам. Марг ӯро дар ҳоле аз ман рабуд, ки донишҷӯйи курси дуюм будам. Дунёи рушан ба назарам торик гашт, ҳавову ҳавасам мурд, зиндагӣ бароям якранг шуд. Дигар ҳар бор, ки рӯзҳои шанбе ба хона мерафтам, модари чашминтизорам дами дар набуд.  Аз он рӯз то ба имрӯз ҳар бор, ки ба ҳавлии падар меравам, раҳораҳ хаёли ширине маро фаро мегирад: «Модарам пушти дар аст»!

 Вале дареғ, ин ҳама ба ҷуз хобу хаёл чизи дигаре нест. Ба гуфти устод Лоиқ:

Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ,

Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ.

                                           Писари азизам омад…

Аз марги модарам сӣ сол гузашт, вале то ба ҳол ба назарам ман ҳамон донишҷӯйи курси дуюмам ва модари азизам дар рӯйи ҳавлиямон чашм ба интизори роҳи ман… Аҷоибот он аст, ки баъди як соли вафоташ дар сари мазораш дарахти дулонаяке сабз шуд. Атрофи мазорашро панҷара гирифтам, то он дарахт сабзиш ёбад ва аз газанди рӯзгор эмин монад. Имрӯзҳо он дулонаяк дарахти азиме шудааст. Дарахте, ки аз оби чашмам руст ва аз дарду андӯҳам реша давонд, аз орзуву ормонам  шоху панҷа намуд ва меваи ғам бор овард. Ба тасвири устод Бозор Собир:

Дарахти сада шуд дар пушта модар,

Дарахте қиссаҳо мебофад аз бод...

Гоҳо сахт дилгир мешавам, хаёлам ба даврони кӯдакӣ ва айёми ҷавонии бо модар пуштисаркардаам равона мегардад, ҳаловату роҳати домони модар, нозҳои кӯдакиям ёдам меоянд ва ҳасрати лаззату ширинии он рӯзҳои шаккаррез вуҷудамро об мекунад. Гоҳо гушна монам, хумори шакароби назди дегдони модарам мегирад, ки баъд аз пухтани хамири нонаш тайёр мекард. То ҳол хӯроке  болаззаттар аз  он нахӯрдаам. На, на, он ҳама лаззоти зиндагӣ  аз файзу баракати модари меҳрубонам  буд, ки ҳама чиз ба назарам  ширину гуворо менамуд,  ҳатто як хӯроки оддӣ аз нону оби гарм ва намаку қаламфур. Гоҳо кӯдаке ҳастам гушна монда, дар назди оташдони модар ва интизори шакароби нарму гарми ӯям.   Дар ин лаҳазот байти зерини устод Сайёд Ғаффор диламро гиреҳ медиҳад:

Бо лахчаи ситора пухтаст нони маҳтоб,

Ман гушна мондам оча,  бедор шав ту аз хоб...

Ба қавли устод Лоиқ: «Марги ту оғози пирии ман аст». Чанд вақт буд, ки барои модар чизе нанавишта будам, валек порсол дар як барномаи телевизионӣ занеро намоиш доданд, ки аз танӯр нони гарм мебаровард. Оҳ, чӣ қадар монанд буд ба модари азизам:  чеҳрааш, ҳаракатҳояш, шишту хезаш, суханонаш, ҳатто нонҳои пухтааш. Дар ҳоле ки гиря гулӯгирам карда буд ва оби чашмонаш мерехт, ин рубоиро эҷод кардам:

Ёдам омад нони танӯри модар,

Он фотиҳаҳои дури дури модар.

Не нони танӯр монду не модари ҷон,

Ман фотиҳахон шудам ба гӯри модар.

Гоҳо ба зиёрати мазораш меравам. Боз ҳамонам, ки ҳамон… донишҷӯйи курси дуюм ва модарам дар рубарӯям дар гуфтугӯ. Беихтиёр ин мисраи устод Лоиқ ёдам меояд: «Гӯри ту гӯри тапишҳо, гӯри ту гӯри дил аст». Лаҳзаҳои гуногуни  ҳаёту рӯзгори он ҳабиби зиндагиям дар зеҳнам муҷассам аст ва охирин шеъре, ки барояш иншо кардам, чанд мисрааш чунин аст:

…Ҳанӯз аловхонааш

                                    бӯи шири пухта мекунад

Ва модарам ба рӯи ҳавлиям

                                               ба товасанги худ

Туту қанд кӯфта мекунад…

Ба  ёди ин ҳама хаёлу хоб

Вуҷуди хастаам

                          дарунӣ сӯхта мекунад..

Ин шергунаҳо, ки қариб 10-20 сол пеш эҷод шудаанд, аввалин маротиба ба хонандагони арҷманди рӯзномаи «Миллат» пешкаш мегарданд:

Эъҷози меҳр

Аё модар, ба номи туст оғозе, ки ман дорам,

Зи хайри ҳар дуои туст парвозе, ки ман дорам.

Ба ёдат гар намозе оварам, эй қиблаи уммед,

Туйӣ, танҳо фақат ту, маҳрами розе, ки ман дорам.

Зи файзободи рӯзи зиндагият ваҳ чи хуш будам,

Зи меҳрат сабз гашта ҳар чи эъҷозе, ки ман дорам.

Чунон танҳо зи баъди марги ҷонсӯзи ту ман мондам,

Кӣ  бардорад дигар, кӣ шеваву нозе, ки ман дорам?

Чи ҳайронам миёни чор ғамдевори ин дунё,

Набишнида касе фарёду овозе, ки ман дорам.

Ҳамехонад суруди аллаатро бо дилам якҷо,

Кунун Хумбобрӯди мулки Дарвозе, ки ман дорам.

Дар сари мазори модар

Мешикофад синаамро дарди бисёрам ҳанӯз,

Мефишорад ҳастиямро қалби беморам ҳанӯз.

Модарам, ҳар лаҳза он айёми даврони туро

Бо алам, бо дарду ҳасрат ёд меорам ҳанӯз.

 

Гаҳ гулафшон, гоҳ хандон даст афшонӣ маро,

Гаҳ зи ёдат доғу ғам дар сина мемонӣ маро.

Андаруни кулбаам, ки бе ту торик асту сард,

Эй фаришта,  соате гӯё, ки меҳмонӣ маро.

 

Дар фазои хонаам ду чашми чорат мондааст,

Файзи дастат, нақши поят, кору борат мондааст.

Аз дару девори ман овози   ту ояд мудом,

Роҳи ман оянда ҳам сӯи мазорат мондааст.

 

Гарчи  рафтӣ,  лек чашмам интизорат ҳаст боз,

Дар дилам садҳо алам аз рӯзгорат ҳаст боз.

Занг бандад дар вуҷудам ҳасрат аз армони ту,

Шеъри ман чун зикри хайру ёдгорат ҳаст боз.

Ҳасрат

Модарам, ай нури чашмам, ҳастият пайдои ман,

Баъди маргат гашт чун ғамхона ин дунёи ман.

Бас ғарибам дар маконам,  чун ту рафтӣ аз барам,

Кас набинвозад дигар як дам сари танҳои ман.

Косаҳои чашми сар аз оби ҳасрат гашта пур,

Рӯзу шаб хонад суруди мотамат дарёи ман.

Дар замирам лола аз хунобаҳо рӯйидааст,

Дашти хомӯш асту беҳосил кунун саҳрои ман.

Оташи ғамҳои ту аз шаш ҷиҳат бигдохтаст,

Банд-банди устухону пайкару аъзои ман.

Пеши манзилгоҳи покат дар сукутам соате,

То диҳӣ фотиҳа бар имрӯзу бар фардои ман.

Сад умеду орзуям ҳамраҳат бар хок рафт,

Чист ҳосил баъд аз ин пайдову нопайдои ман.

Зи табори авлиёӣ

Ба Худо қасам, ки модар

Зи табори авлиёӣ.

Ҳама дам дар орзуям,

Ки ба назди ман биёӣ.

 

Чу аҷал туро зи ман бурд,

Тани ман зи ғам бияфсурд.

Ва нишоти зиндагиро

Дили ту ба хоки тар бурд.

 

Ба Худо касам, ки модар

Зи табори авлиёӣ.

Ҳама дам дар орзуям,

Ки ба назди ман биёӣ.

 

Ҳама давлату шукӯҳам

Ба назар ба хукми гард аст.

Ва ҷаҳон, ки ҳаст акнун,

Бари ман сарои дард аст.

 

Ба Худо қасам, ки модар

Зи табори авлиёӣ.

Ҳама дам дар орзуям,

Ки ба назди ман биёӣ.

 

 

Ба ҳамин ниёзу розам

Ту зи ман ҷудо-ҷудоӣ.

Ба куҷо фирор кардӣ.

Ки ба назди ман наоӣ.

 

Ба Худо қасам, ки модар

Зи табори авлиёӣ.

Ҳама дам дар орзуям,

Ки ба назди ман биёӣ    

Шеъри ман такфини ғамҳост…

Суратат дар пеши чашмам,

Модаро, сад роз дорам.

Сӯйи ту, эй қиблаи ман,

Рӯзу шабҳо саҷда орам.

 

Дар хаёлам гиря дорӣ,

Рӯ ба рӯям бас ғамолуд.

Мисли чӯби тар ба оташ,

Аз ғамат ҷонам кунад дуд.

 

Нахли умрат хушк гардид,

Бармаҳал аз дасти қисмат.

Монда ман бо сурати ту,

Бар забонам зикри исмат.

 

Бо туву дунёи ту рафт,

Лаззат аз умре, ки дорам.

Сарватам, молам, чӣ бошад,

Чун туро, модар, надорам.

 

Ҳар баҳорон дар мазорат

Сабзаҳои роз рӯяд.

Бар ману бар дил зи хокат,

Дарду андӯҳат бигӯяд.

 

Рӯйи покат бас намозӣ,

Ай маро дунёи армон.

Шеъри ман такфини ғамҳо,

Сад қасам бо номи Яздон.

Муноҷот ба Модар

Аё Модар!

Дигар аз ҳар чӣ дилгирам.

Зи дунёву ҳавасҳояш,

Зи беморӣ

Ва ё бемеҳрии мардум.

Ба вақту соати коре, ки бе дасти дуои ту

Умеде  нест дар имрӯзу фардояш,

Хаёли ман ба  дунёи ту меуфтад.

Сари танҳову сахти ман

Навозишҳои дастони туро бар ёд меорад.

Зи нав чун тифли гирёне

Вуҷудам меҳрубониҳои даврони туро бар ёд меорад.

Чу рафта аз сари ман силаи дастони нарми ту,

Намерезад ба рӯям бӯсаи пурмеҳри гарми ту,

Ҳама дороиям ҳеҷ аст.

Ва як марди фақирам,

Дар ин зулматсаро бе нури чашмонат

Ҳақирам…

Аё модар!

Ҳамедонам чун аз рафтан гузире нест,

Ва рӯзе шоири ту низ мемирад.

Ба лаб табхолаи ёдат нишона,

Вуҷудаш сар ба сар шеъру фасона,

Кунад як гӯшаи хоки ватанро то абад манзил

Ба андӯҳи гарон дар дил…

Ба ин хотир ягона орзуям бошад, ай модар!

Ки рӯҳи поки ту ёру мададгорам шавад, модар!

Ва он дасти дуои нурборат ҳар замон ёрам шавад, модар!

Ва рузе боз бар сӯйи ту меоям.

Зи нав чун тифли парпече

Кафан дар бар

Ба оғӯши ту меоям,

Бари хоки мазори сарду хомӯши ту меоям…

 

Ва аз нав рӯҳи урёнам

Ки муҳтоҷи навозишҳову лутфи туст,

Навозиш кун.

Ва боз як бори дигар

Ба он Даргоҳи Аълояш

Дуое аз раҳоиш, аз кушоиш кун…

Мирзоҳусайни Бадалипур

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97