Фариштаи кӯдак

Фарҳанг ва адаб 12.03.2013 08:54

Farishtai kudakДар ҷомеаи суннатӣ расм аст, ки зан ҷойгоҳе паст ва ҳуқуқе камтар дошта бошад. Бешак, зани шарқӣ ҳеч гоҳе натавонистааст имтиёзеро барои худ касб намояд ва бигӯяд, ки ман ҳам махлуқеам, ки Холиқам ҷойгоҳеро бароям арзонӣ дошта, маро нишонае аз афзоиши бани одамӣ шинохтаву муаррифӣ кардааст.

Аммо, инсонҳо фаромӯш кардаанд, ки бори сангини рӯзгорро, ки аз баъди таваллуди инсон зан болои шонаҳои хеш мебардорад, бояд ба мукофоте сазовор гардад ва мақомеро дар зиндагӣ касб намояд. Ҳадди аққал таваҷҷуҳе ба зан карда шавад, то ӯ худро битавонад дар ҷомеъа хушбахт эҳсос намояд, хешро ҳақиру нотавону заъиф машморад.

Дар муборизоту талошҳое, ки зан дар тӯли таърих анҷом додааст, ба пирӯзии кӯчаке муваффақ гардида, баробариву озодиҳоеро касб кардааст, ки имрӯз дар нукоти мухталифи гетӣ ин озодиҳоро бо унвонҳои мухталифе ном мебаранд ва занро дар ҷомеъа қишри баробари дигар ақшори ҷавомеъ мехонанд.

Ва Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ин санаи муборакро бо номи Рӯзи Модар сабт намуда, дар ин рӯз ёде аз занон менамоянд, ки агар андаке бошад ҳам, мақому ҷойгоҳи занро дар ҷомеъа тасбит менамояд.

Зеро:

Модар фурӯғе аз интиҳои ҷовидонист, ки барои ҳамеша ҷовидон монда ва умраш поёне надорад.

Модар достони зиндагиест, ки ҳаёт бидуни ӯ вуҷуд дошта наметавонад ва дарси зиндагӣ танҳо мансуб ба ӯст.

Модар амсоли парвонае дар сӯхтан аст ва чун шамъ дар афрӯхтан, то бо меҳрубониҳои хеш бисозаду бисозад.

Модар дурахшонтарин ахтарест, ки бо отифияти хеш бузургтар аз партави маҳтоб аст.

Модар садоқатест, ки ҳеч сидқе наметавонад бад-ӯ баробар бошад.

Модар ончунон бузург аст, ки инсон ҳеч гоҳе наметавонад хидматҳояшро арҷ гузорад ва ба муҳаббаташ сипос бигӯяд.

Васфи Модар он қадар шуда, ки қалам оҷиз мегардад ва тавсиферо наметавонад рӯи коғаз бикашад.

Модар зеботарин оҳанги ишқ аст.

Дар китобе хондам, ки ҷумлаҳои зебое занро васф мекард ва ба нигорандааш таҳсину офарин гуфтам, ки Модари маро бузургтар аз фариштае хондааст:

 Кӯдаке, ки омодаи таваллуд буд, назди Худо рафт ва аз ӯ пурсид: Мегӯянд фардо Шумо маро ба замин мефиристед, аммо ман ба ин кучакӣ бидуни ҳеч кумаке чӣ гуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам?

Худованд посух дод: Аз миёни бисёре аз фариштагон, ман якеро барои ту дар назар гирифтаам. Ӯ дар интизори туст ва аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард. Аммо кӯдак ҳанӯз мутмаин набуд, ки мехоҳад биравад ё на. Инҷо дар биҳишт ман ҷуз коре хандидану овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофист.

Худованд лабханд зад: Фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ҳар рӯз ба ту лабханд хоҳад зад. Ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ буд.

Кӯдак идома дод: Ман чӣ тавр метавонам бифаҳмам мардум чӣ мегӯянд, дар ҳоле ки забони онҳоро намефаҳмам.

Худованд ӯро навозиш карду гуфт: Фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро, ки мумкин аст бишнавӣ, дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо диққат ва сабурӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чи гуна суҳбат бикунӣ. Кӯдак бо нороҳатӣ гуфт: Вақте мехоҳам бо Шумо суҳбат кунам, чӣ кунам?

Худованд барои ин суол ҳам посухе дошт: Фариштаат дастҳоятро канори ҳам мегузорад ва ба ту ёд медиҳад чӣ гуна дуъо кунӣ.

Кӯдак сарашро баргардониду пурсид: Шунидам дар замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд. Чӣ касе аз ман муҳофизат хоҳад кард?

Худованд гуфт: Фариштаат аз ту муҳофизат хоҳад кард, ҳатто агар ба қиммати ҷонаш тамом шавад.

Кӯдак бо нигаронӣ идома дод: Аммо ман ҳамеша ба ин далел, ки дигар Шуморо наметавонам бубинам, нороҳат хоҳам буд.

Худованд лабханд заду гуфт: Фариштаат ҳамеша дар бораи ман бо ту суҳбат хоҳад кард ва ба ту роҳи бозгашт назди маро хоҳад омӯхт, гарчи ман ҳамвора дар канори ту хоҳам буд.

Дар он ҳангом биҳишт ором буд, аммо садоҳое аз замин шунида мешуд. Кӯдак медонист, ки бояд ба зудӣ сафарашро оғоз кунад. Ӯ бо оромӣ як суоли дигар аз Худованд пурсид:

Худоё! Агар ҳамин ҳоло бояд биравам, лутфан номи фариштаамро ба ман бигӯед.

Худованд шонаи ӯро навозиш карду посух дод: Номи фариштаат аҳамияте надорад. Метавонӣ ӯро МОДАР садо бизанӣ!

Беихтиёр мисраъҳои хо-му пошидае аз зеҳнам берун шуд, ҳарчанд наметавонад лаҳзае бузургии модарро васфу тараннум намояд ва ё ёде аз чеҳраи зебову ширинаш, ки ба сони фариштагон аст,  карда бошад:

Тоҷ бар фарқи фалак афроштан,

То абад он тоҷ бар сар доштан.

Модар, эй меҳрофари розу ниёз,

Гармие бар кулбаи дил доштан.

Боғи умедам туӣ, дар ҳар нафас,

Дар биҳишти модарон раҳ ёфтан.

Бе ту ман як шохаи бишкастаам,

Мотаму дарду ғамеро доштан.

Ҳар нафас бе ёди ту дардовар аст,

Пардаи шабро чу дар бар доштан.

Неъмате хуштар зи модар нест, нест,

Лаҳзае бошад, ки Модар доштан.

Ҷашнро ба Модарон табрик гуфта, тамоми зебоиҳои зиндагиро бо ҳама нақшу нигораш ба онҳо ҳадя месозем, ҳарчанд ин ҳама дар муқобили иззату зебоии Модар чизе нест.

Ид муборак, Модарони азиз!

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97