"Мусорхона" ба ҷои мадрасаи қадима дар Конибодом

Фарҳанг ва адаб 07.12.2012 17:40

Ё "физиономия"-и як хабар; бозгашт ба бехудоии болшевикӣ ва ё паём аз оини нави кӯзапарастӣ

mir radjab dodhoРӯзи 27 ноябр телевизиёни Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ "Мир"  як  хабаре аз Тоҷикистон пахш кард, ки  аз ҷиҳати услуб ва ҳам мазмун аз хабарҳои дар рӯзномаҳои солҳои сиюми асри гузаштаи  болшевикони бехудо дарҷшуда ҳеч фарқе намекард: 

"В Таджикистане приняли решение больше не преподавать основы ислама в медресе "Ойим" и медресе "Мирраджаб Додхо". Вместо этого в зданиях разместили хранилища древних книг и предметы быта 16-18 веков". (Дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар мадрасаи "Ойим" ва "Мирраҷаб Додхоҳ" дигар аз асосҳои ислом дарс нагӯянд. Ба ҷои ин дар ин биноҳо махзани  китобҳои қадима ва ашёи рӯзгори асрҳои 16-18-ро ҷой карданд).

Тавре аз ин хабар бармеояд, мадрасаи "Ойим" дар маркази шаҳри Конибодом ҷойгир шуда, онро асри 16 имом Мир Олӣ барои духтараш Бибӣ Ойим, ки ба духтарону занон асосҳои ислом меомӯхт, бунёд карда будааст.

Тамоми  мардуми бохирад ва рушдёфтаи ҷаҳон ба таърих  ва собиқаи  худ  ҳамчун сабақ муносибат мекунанд ва он камбудӣ ва хатоҳои пешгузаштагонашонро  бартараф мекунанд ва  муваффақияташонро тақвияту ҳифз менамоянд. Мо бошем таърих ва гузаштаи худро бар мояи беасос ва пучи ифтихори ҳубобӣ табдил додаем, ки худ бехабар хандахариши олам гаштаем. Сафолпора ва кӯзапарастӣ дар кишвар имрӯз ба як оин табдил ёфтааст. Аз музофотҳои дурдаст то пойтахт дар ҳама ҷо гӯшаҳо ва утоқҳоеро мушоҳида мекунӣ, ки сафолпора ва кӯзаҳои нимшикастаи бисёреро аз партовҷойҳо ҷамъ карда, дар ин ҷойҳо ба маърази тамошо гузоштаанд. Боз ин ҳама кофӣ набуд, ки ин ду мадрасаи қадимаро ба ҷои эҳё кардан низ ба "мусор"-хона (на осорхона)  табдил додаанд. Аз ин сафолпораҳо чи метавон  бардошт кард? Ба ҷуз ба ёд овардани рӯбоии машҳури ҳаким Умари  Хайём "Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?". Ба ҷои он ки мо мардумро бахусус  ҷавононро дар руҳияи созандагӣ ва ҳаётдӯстӣ тарбия кунем, баръакс руҳияи онҳоро чун ин сафолпораҳо мешиканем. 

Сиёсатшиносҳоямон садо баланд мекунанд; фасод давлатамонро ба вартаи  фано мебарад...

Муллоҳоямон аз беахлоқию беодобӣ ва ҳаққи мардумхӯрии аҳли савдо  меноланд...

Равоншиносон аз фасоди ахлоқу одоби ҷомеа  ҳарф мекушоянд...

Қисмати зиёде аз  мардони ба ору номус, ки аз дасташон чизе намеояд аз фисқу фуҷури занону духтарон  аз ғазаб дандон ба дандон мезананд...

Дар маҷмуъ аҳли ҷомеаи тоҷик аз нуфузу фарогирии таълимоти динии мухталифи  ба  мазҳаби  мо бегона ҳар сари қадам ҳарф мекушояд ва нигаронии зиёд бар он дорад, ки оқибати кор бо  чӣ меанҷомад?

Вале...

Касе ёрои анҷом додани кореро надорад. Зеро ки то ба ҳанӯз касе аз эшон  аз гузаштаи торихи худ сабақгириро ёд нагирифтааст.

Воқеан, агар ин қавми асолатгумкарда чунин малака медошт, ҳеч гоҳ ба амали бебунёди болшевикон дубора даст намезад ва баръакс ин мадрасаҳоро аз нав эҳё мекард ва дар дигар ҷойҳои кишвар чунин муассисоти таълимиро  низ бино мекард.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳар кишвари муваффақ пеш аз ҳама дар пояи суннатҳои дар тӯли қарнҳо ҳосил кардааш рушд кардааст. Дар  шоҳигарии Британияи Кабир то ба ҳол анъанаҳои пуританӣ пойбарҷо мондаанд. Чиниҳо ва ҷопониҳо бо ин пешрафти ҳайратовар танҳо дар асоси тақвияти анъанаҳои чандинҳазорсолаи худ расиданд. Дар Русия имрӯз аз паи аз сари нав эҳё кардани "Институт благородных девиц" ҳастанд. Мо бошем ин гуна муассисаҳоро баста, ба ҷои онҳо "мусор"-хонаи торих боз мекунем ва фаромӯш мекунем, ки то замоне ҳар зани тоҷик оқилаву доно ва  боиффату баномус ва, бо иборае, дигар бону набошад, мо ба ҷое расида наметавонем. Маҳз гузаштагони баору номуси мо чандин қарн пеш аз ин гуфтаанд: "Гандападар ба ҷое расида, вале гандамодар ба ҳеч ҷое намерасад". Ба гумонам, дар муқобили  ин  ҳикмати халқӣ ҳамаи  барнома ва консепсияҳои таълимии бебунёд ва аҷнабиёнаи мо садҳо саҳифаро банд карданд, мисли аҷузаи нотавон ва асобадаст  менамояд. Ба андешаи ин ҷониб ҳарфе аз ин бештар рӯи саҳфа овардан косметика ё пардози ин аҷузаи асобадаст аст!

P.S: Аҷоиботи кор боз дар ин аст, ки ин хабар дар он рӯзҳое пахш шуд, ки як ниҳоди назарсанҷии Арабистони Саудӣ раиси ҷумҳури кишварро ба рӯйхати 500 нафар ашхоси пуштибони ислом ворид намуда буд.

Неъмат НЕЪМАТЗОДА,

рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97