Тасмим ё орзуи дерина?

Фарҳанг ва адаб 06.10.2012 13:37

TuRAJONZoDAAAAШумо метавонед ҳамчун номзад ширкат варзед?

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода: Бале, …

Озодӣ: Агар Қонуни интихобот тағйир дода шавад ва ба он шакле, ки аҳзоби сиёсӣ мехоҳанд таҳия ва қабул шавад, Шумо ҳам метавонед ҳамчун номзад ширкат варзед?

Тураҷонзода: "Бале, он вақт мумкин. Лекин ба ҳар ҳол ман шояд дигар тасмимамро тағйир намедиҳам, зеро пир шудам. Синнам аз 60 гузашт. Аммо он вақт мешавад вориди саҳна шуд ва аз яке аз номзадҳо дастгирӣ кард. Он вақт ҳам мумкин шояд худи ман нашавам, шояд. Аммо яке аз номзадҳои арзандаро мешавад дастгирӣ кард. То он вақт ман дар маъракаҳои интихоботӣ ширкат карданӣ нестам. Касеро ҳам таблиғ ва аз касе ҳам ҷонибдорӣ нахоҳам кард."

Озодӣ: Вале дар инти-хоботи ахири порлумонӣ Шумо аз Ҳизби наҳзати  исломӣ пуштибонӣ кардед...

Тураҷонзода: "Дуруст, дар интихоботи ду соли пеш ман ин корро кардам. Он вақт ҳам ин фикрамро гуфта будам. Аммо бародарони наҳзатӣ қасам хӯрданд, ки ҷаноби президент дар бораи баргузор кардани интихоботи шаффоф ваъда додааст. Гуфта будам, ин кор амалишаванда нест. То намояндаҳои Шумо дар участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ шомил нашаванд, амалишаванда нест. Лекин онҳо маро қаноат доданд, ки ончи ваъда гирифтаанд, дуруст аст"…

P.S. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода аз соли 1990, ки вориди сиёсат шуд, то кунун чунин изҳороти сиёсие накарда буд ва ҳама гуна эҳтимоли номзад ва довталаби раёсати ҷумҳурӣ шуданро ба сароҳат рад мекард. Ҳатто дар чанд вақти ахир, баъди он ки дар матбуот алайҳи ӯ матолиби интиқодӣ мунташир шуд, дар матлаби баёниягунае аз номи худ ва бародаронаш хитоб ба мақомоти Тоҷикистон эълон дошт, ки вазифаҳоятон ба худатон насиб кунад, моро ором гузоред, мо ба масъулият мегӯем, ки на президент шуданӣ ҳастем ва на вакил. Монед мо зиндагӣ кунем. Мо дигар кори сиёсӣ карданӣ нестем.

Дар мусоҳибаҳои дигаре ҳам қозии собиқи мусулмонони кишвар борҳо таъкид карда, ки ваъда додааст, ба сиёсат бар намегардад. Ин ваъдаро ба бовари комил ӯ ба мақоми олии раҳбарии сиёсии кишвар додааст. 

Аммо ҳоло ҳам намешавад гуфт, ки ин тасмими қатъии Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода бошад. Ва ё ин тасмими танҳо худи ӯ бошад. Ӯ шояд боз ҳам мавқеъашро тағйир диҳад, зеро дар мусоҳибаи худ дари ин манёврро боз гузошта ва гуфтааст, шояд ҳам ин, шояд ҳам не.

Ба ҳар ҳол ду нафар дар минтақа бо чунин изҳори назарҳои зиду нақиз шуҳрат ёфтаанд, яке Ислом Каримов ва дигаре Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода.

Вагарна чаро ӯ дафъи қасам ин гуна изҳори назар мекунад? Ин албатта ҳаққи ӯст, ки ин корро бикунад, зеро низоми Тоҷикистон ба ҳар ҳол як низоми демократӣ ва секулор аст.

Боз ҳам ба ҳар ҳол, ин баёнияи ӯ, ки аз робитаҳои атрофи Тоҷикистон то ҷое огоҳ аст, баёнгари он мебошад, ки шояд таҳаввули азиме дар роҳ бошад. Агар ин манёври навбатии Тураҷонзода ба манзури таваҷҷуҳро болои худаш ҳамеша нигоҳ доштан набошад? "То есть, если он не блефует".

Аммо боз ҳам ин орзуи дерина аст ё тасмим?!

©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97