"Эй гулчин! Ту дар ин боғ нишони барги гул ҳам боқӣ нагзоштаӣ…"

Фарҳанг ва адаб 12.06.2012 09:07

ё сайре дар осор ва афкори аллома Муҳаммад Иқбол, шоир файласуф ва андешманди Покистон

Фарзанди бедори миллат

iqboliВақте аз як миллат рӯзгори хушӣ бармегардад ва он гирифтори забунӣ ва зиллату хорӣ мешавад, дар он вақт як нафар аз он миллати ба хоб рафта бедор шуда, ба воситаи бонги дирои хеш он корвони сокитро ба шоҳроҳи пешрафт ҳидоят карда, саргарми фаъолият мегардонад. Бар ҳамин қиёс ҳар вақт дар миёни миллати ислом осори ҷумуд ва рукуд зоҳир шуда ва мусалмонон мубталои ин мусибат шудаанд, дар гӯшае аз ҷаҳони ислом раҳбароне ба зуҳур расидаанд, ки киёсат ва дирояти онҳо миллатро ба ҷодаи саҳеҳу дуруст ва пешрафт раҳнамун гашта ва дар уруқи мурдаи онҳо хуни зиндагӣ ба ҷараён дароварда ва ба сӯи сарманзили мақсуд гомзан гардонидааст.

Аллома Муҳаммад Иқболи лоҳурӣ сархели чунин корвоне ва ашъори пурэҳсос ва нолаҳои пурсӯзи ӯ дар ҳаққи миллат ҳамчун сури Исрофил буд. Суханони сӯзноки вай эҳсосотро барангехт ва ҷунбишеро сабаб шуд, ки саодати мулку миллат дар он буд.

Аллома Муҳаммад Иқбол рӯзи 9- и ноябри соли 1877- и мелодӣ дар шаҳри Сиёлкут, дар ҳаштод километрии шимоли шарқи Лоҳур ба дунё омад. Ӯ давраи дабиристонро дар ҳамин шаҳр ба поён расонид, сипас барои таҳсилоти донишгоҳӣ озими Лоҳур шуд ва дар колеҷи давлатии Лоҳур сабти ном намуд. Вай бо хондани дарсҳои арабӣ, англисӣ ва фалсафа муваффақ ба гузаронидани давраи коршиносӣ шуд, таҳсилоти коршиносии аршадро дар риштаи фалсафа фаро гирифт.

Иқбол муддате дар колеҷи давлатии Лоҳур ва донишкадаи ховаршиносии донишгоҳи Панҷоби Лоҳур ба тадрис иштиғол варзид, дар соли 1905 - и мелодӣ барои таҳсилоти олӣ ба Аврупо рафт ва дар он ҷо аз донишгоҳи Лондон ноил ба дарёфти донишномаи улуми қазоӣ ва аз донишгоҳи Мюнхени Олмон дараҷаи докториро дар риштаи фалсафа гардид. Баъд аз бозгашт ба Лоҳур дар соли 1908 аввал дар колеҷи давлатии Лоҳур ба тадрис пардохт ва сипас дар додгоҳи олии Лоҳур вакили мудофеъавӣ шуд.

Фаъолиятҳои фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъии Иқбол

Афкори аллома Муҳаммад Икбол, шоири мубориз ва мутафаккири мусалмони покистонӣ маншаъи таҳаввулоти амиқе дар шибҳи қораи Покистон ва Ҳинд гардид. Ба мисдоқи ин гуфтор, ки афкори шоир аз муҳити худаш сарчашма мегирад, фикри Икбол низ мавлуди асри хеш буд ва аз зиндагонии иҷтимоъии миллиаш илҳом гирифтааст. Иқбол вақте чашм ба дунё кушуд. мусалмонон аз назари сиёсӣ ва иҷтимоъиашон сахт озурда ва музтариб буданд. Дар он мавқеъ аз пешравии ислом ҷилавгирӣ ба амал омада ва ислом монанди чизе кӯҳна ва матрук дар мавзеъи дифоъӣ қарор гирифта буд. Истикбор ва нируҳои истеъморӣ ба василаи тасарруфи баъзе мамолик, ё истисмори иқтисодии кишварҳои исломӣ, дар умури дохилии онҳо мудохила менамуданд, вале мусалмонон ба ҷои ин ки чорае биандешанд, дучори нифоқ ва душманӣ шуда, ба ҷони якдигар афтода буданд. Иқбол, ки як мусалмони ҳассос ва бедормағз буд аз мушоҳидаи ин авзоъи печидаи мусалмонон наметавонист бе тафовут бошад ва беихтиёр ба фарёд омад:

"Эй гулчин! Ту дар ин боғ нишони барги гул ҳам боқӣ нагзоштаӣ, вале аз хушбахтии ту боғбонҳо бо ҳамдигар бар сари пайкоранд".

Дар чунин вазъияте Иқбол зуҳур кард, то шуъури хуфтаи мардумро бедор кунад. Шеъри вай дар тани миллати мурда руҳи зиндагӣ дамида, онро аз як тали анбори хок ба як миллати зинда ва поянда мубаддал сохт. Дар ҳар байти ӯ як ишораи илҳоме аст ва дар ҳар ишора рӯшноии оянда аст. Вай аз гузаштаи тилоӣ ва пуршукӯҳи ислом огоҳии комил дошт ва барои наҷоти миллати мусалмон аз бадбахтӣ ва забунӣ хоҳони бозгашт ва тамассук ба исломи ҳақиқӣ ва Қуръон аст:

Гар ту мехоҳӣ мусалмон зистан,

Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан.

Шеър ва шоъирӣ низ барои Иқбол василаест барои фиристодани паёмҳое ба манзури наздик сохтан ва иттиҳоди миллатҳои мусалмон, вагарна ба қавли худи ӯ:

Нағма куҷову ман куҷо сози сухан баҳонаест,

Суи қатор мекашам ноқаи бе зимомро.

Аз ин ҷиҳат ӯ ба қавли Абулфазли Байҳақӣ "дар миёни кор" аст ва "дар майдони зиндагӣ", мақсудаш "одамгарӣ" ва вазифааш "пайғомбарӣ" аст, чунончи худ мегӯяд:

Шеърро мақсуд агар одамгарист,

Шоири ҳам вориси пайғомбарист.

Ҳар лафзи паёми Иқбол монанди шуълае аст, ки мехоҳад бо сӯзи нафасаш дар мурдагон осори зиндагӣ ба вуҷуд оварад. Иқбол шоъри ҳаракат ва амал буд. Ва ба хубӣ медонист, ки раҳоӣ аз танбалӣ ва сустӣ, бекорӣ ва гурез аз кашмакаши ҳаёт танҳо дар он сурат мумкин аст, ки асароти аъмоли манфӣ ба василаи кӯшиш ва саъю мубориза аз миён бурда шавад. Ҳамин аст, ки вай дар саросари ашъори худ ба саъй ва амал бисёр таъкид варзида ва гуфтааст:

Дар амал пӯшида мазмуни ҳаёт,

Лаззати тахлиқ қонуни ҳаёт.

Иқбол амалро мақсуди ҳаёт, медонад, ба ақидаи ӯ ҳаёт мубтани бар фаъолияти мустамир ва мудовим аст.

Дар шеъри Иқбол паёми амал фақат аз ин назар нест, ки инсон ба василаи он дар дунё як зиндагии мураффаҳ ба даст оварад, балки Иқбол амалро барои фард ва бештар барои ҷамоъат зинаи сарварӣ ва бузургӣ медонад. Низоми зиндагӣ, ки Иқбол мубаллиғи он аст, дар он мубориза ва сахткӯшӣ ҷойгоҳи бисёр муҳиме дорад. Иқбол ба мо паёми мубориза ва пайкор медиҳад ва мегӯяд:

Замона бо ту насозад ту бо замона ситез.

Ҳамчунин ин рубоъии Иқбол дар гӯши мо танинандоз аст:

Маёро базм бар соҳил, ки он ҷо,

Навоӣ зиндагӣ нармхез аст.

Ба дарё ғалту бо мавҷаш даромез,

Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст.

Ин ки мусалмонон мутаккӣ ба донишу ҳунар ва санъату технологияи бегона бошанд, Иқбол мухолифи он буда ва ақида дошт: Онҳо бояд бар худ ва қудрати худ такия дошта бошанд, то бидуни ҳар навъ вобастагӣ ба дигарон ба худкифоӣ даст ёбанд. Чунонки мегӯяд:

Тарош аз тешаи худ ҷодаи хеш,

Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.

Гар аз дасти ту кори нодир ояд,

Гуноҳе ҳам агар бошад савоб аст.

Иқбол барои миллати мусалмон ақидаи таслим ва ризоро аз ҳама хатарноктар медонист. Ин ақида мусалмононро барои бе амалӣ то ҳадди кофӣ баҳонае ба даст дода тамоми роҳҳои ҷидду ҷаҳд ва муборизаро ба рӯяшон масдуд сохта буд, лизо аллома Иқбол ба хотири наҷоти миллати байзо аз хатароти ақидаи таслим ва ризо ба амри тақвият ва истеҳкоми "худӣ" таъкид варзид ва гуфт:

Рози ҳаёти миллат ва азамату сутувати он фақат дар як калима ифода меёбад ва он калима "худӣ" аст.

Миллате, ки худро мешиносад дар дунё бо қудрату шавқат боқӣ мемонад ва миллате, ки худии хешро фаромӯш мекунад аз сафҳаи ҳастӣ маҳв мешавад:

Дар заволи ту на гардиши ситорагон ва на бозии афлок нақш дорад, балки марги худӣ иллати заволи неъмат ва ҷоҳи ту мебошад.

Таҳияи Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97