Нигинаро фаромӯш накунед

Фарҳанг ва адаб 24.05.2012 18:15

ё як дастагулам дар раҳи файзобод

Nigina_RaufovaБихон як ғазал ёри қавволи мо,

Ки бошад муносиб ба ақволи мо.

                                              Фирдавсӣ

Нигина ҳамшаҳрҳояшро ҳам муътабар карда буд

Инҷониб барои аввалин бор овози Нигинаро бо ҳамин таронаи "Як даста гулам дар раҳи Файзободай" (дар боғи марказии пойтахт ба номи Ленин, ҳоло Рӯдакӣ) шунида будам. Агар хато накунам, аввали солҳои ҳафтодум буд. Ман акнун мактаби миёнаро тамом карда будам ва дар пойтахт буду бош доштам. Таасуроте, ки ман аз ин оҳангу суруду овоз бардошта будам, ҳоло наметавонам ба қалам биёрам, аммо, бо як сухан, он ҳангом сахт мутаассир шуда будам. Дере нагузашта ин тарона бо овози Нигина дар радио сабт шуд ва дар фазои кишвар танинандоз гардид ва аз зуҳури сарояндае хушзавқу хушлаҳн ва саропо мардумӣ дар саҳнаи овозхонии тоҷик мужда дод:

Як даста гулам дар раҳи Файзободай,

Мурғи дили ман ҳамеша дар фарёдай.

Ёрам иҷа бошад, сӯҳбатам ободай,

Ёрам рафтай, нисфи умрам барбодай.

Нигина овозхониро бо суруду таронаҳои мардумӣ, бо оҳангҳои мардумӣ, бо лаҳну зарби мардумӣ шурӯъ кард ва дар ҳамин қаламрав пешгом гардид ва дар андак муддат ному мақом ёфт. Таронаҳои мардумии "Ёрат манам", "Қадат баланд аст", "Ман садқаи ту", "Духтари каҷтоқӣ", "Файзобода шамолош" ва ғайра дар овози ӯ умри нав ёфтанд. Хусусан, таронаи "Файзобода шамолош" аз шӯҳрату маҳбубияти зиёде дар байни алоқамандони овозаш бархурдор гардид. Воқеан, ин суруд ва бисёре аз сурудаҳои дигараш дар замон ба таронаву сурудҳои рӯз табдил ёфта буданд. Аз ҳама ҷо, ба вижа аз дӯкони сабту фурӯши овоз, садои Нигина ба гӯш мерасид. Ёд дорам,  ки як гурӯҳ ҳамхидматони банда, ки аз Хатлонзамин буданд ва дар аскарӣ ҳамвора садои Нигинаро гӯш мекарданд, пас аз адои хидмат ба Душанбе омаданд ва маро ҳамроҳи худ ба Кӯлоб бурданд. Ман ба ҳар як хонае, ки мерафтам, ҳамчун ҳамшаҳрии Нигина (ҳамон Нигинае, ки суруди "Файзобода шамолош"-ро мехонад), мақдамамро гиромӣ медоштанд. Дар ҳақиқат, пиру барно дар он рӯзгор ба Нигина, ба вижа ба ин суруди ӯ, дил баста буданд ва онро замзама менамуданд, зеро ин тарона бо сӯзу гудоз аз ҷониби овозхон суруда мешуд. Бинобар ин, дилҳои мардумро тасхир карда буд:

Файзобода шамолош,

Духтароша хуморош.

Мо мурдем дар ғамош,

Очаша ҷанҷолош…

"Аскарбача"-и Нигина ҳанӯз дар хидмат аст

Суруди "Аскарбача", ки бар матни Абдулло Қодирӣ ва оҳанги Хайрулло рехта шудааст, дар замони шӯравӣ беҳтарин паёми волидайн ба фарзандони миллати тоҷик буд, ки дар сафи Армияи Шӯравӣ хидмат мекарданд. Бад-ин маънӣ, он таронаи рӯз буд ва ҳамвора аз тариқи радиёву телевизион пахш мешуд. Дигар, ин шеъру оҳангу овоз модаронро ба ҳаяҷон меовард, мегирёнд, механдонд, яъне шод мекард, ба андеша вомедошт ва дар дилашон тухми меҳру муҳаббат, ба Ватану ватандорӣ ва ифтихорро мекорид. Ба ҳарфи дигар, суруди "Аскарбача" дар модарон инфиъол эҷод мекард. Дар воқеъ, вазифаи як ҳунарманд низ ҳамин аст, ки овозаш дар шунаванда  таъсир  гузорад, ба эҳсосоташ нохун занад ва ӯро ба замзама водорад. Хушбахтона. Ин шеър, ин оҳанг ва ин овоз аз ҳамин гуна сифот ва хусусиёт бахурдор буданд ва мебошанд. Имрӯз, дар замони истиқлол, низ падару модарон бо ин шеъру бо ин оҳангу бо ин овоз ба фарзандони худ, ки дар сафи артиши миллӣ хидмат мекунанд, паёми меҳру шафқат, шукӯҳу шавкат ва  ватандӯстиву ифтихорро мефиристанд:

Офтоб задай дар таҳаки олучаме,

Имрӯз хат омадай аз аскарбачаме.

Хатша бигирум варақ-варақ гардонум-е,

Шодам, ки ба аскаро калонай бачаме…

Овозхони ҳирфаӣ

Албатта, Нигина танҳо сарояндаи суруду оҳангҳои мардумӣ нест, балки суруду оҳангҳои касбӣ, классикӣ ва навро низ бо маҳорати баланду ба худ хос иҷро менамояд. Овози ӯ бисёр баланду бақувват буд ва барои хондани ҳамагуна шеъру суруду оҳанг мувофиқат менамуд. Бинобар ин, вай дар хондани ҳамагуна оҳангу суруд овозхоне қодиру моҳир буд ва ҳеҷ гоҳ эҳсоси нотавонӣ наменамуд, зеро, тавре ки гуфтем, овози матину буррову баланду дилнишин дошт. Аз ин рӯ дар хондани ҳам таронаву оҳангҳои мардумӣ, ҳам касбӣ, ҳам классикӣ ва ҳам тоза овозхоне комёб буд. Ба ин ғазали ошиқонаи Хусрави Деҳлавӣ мутаваҷҷеҳ шавед, ки Нигина онро ошиқонаву риндона мутаранним  шуда, то дар дили шунаванда эҳсоси ишқу муҳаббати поки инсониро парвариш бидиҳад:

Хоҳам, ки сер бинам рӯи чу ёсаминаш,

Лек офатест чашмаш, метарсам аз каминаш…

Овозхони фолклор

Бояд гуфт, ки Нигина ҳам аз шеърҳои мардумӣ, ҳам аз шоирони муосир ва ҳам пешин тавъам суд меҷӯяд, аммо ӯ, чун соири овозхонон, бештар ба суруду таронаҳои ошиқона таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Суруди "Аё духтар"-и Муҳаммадҷон Раҳимӣ, ки ба тарзи фолклорӣ эҷод шудааст ва дар иҷрои вай бисёр шӯху дилпазир садо медиҳад, метавонад  намунаи ҳамин гуна таваҷҷуҳи овозхон ба шеърҳои ошиқона буда бошад:

Аё духтар, шумо таннозу хушрӯ,

Бақо бинед хушовозу хушрӯ!

Маҳи меҳру ҳаё, гоҳе сурӯшон,

Дурахшондаи ҳар созу хушрӯ.

Фақат мехоҳам охир гоҳ-гоҳе

Намоед ин тараф ҳам як нигоҳе!

 Фасли баҳорро "арӯси сол"-гуфтанд, ки воқеан ҳам барозанд аст, зеро дар ҳамин фасли аст, ки абрҳо ҳамвора мегирянд, гулҳо механданд ва  замину замон либоси махмалин ба бар менамоянд. Аз и н хотир, Нигина, ки ҳунарманде ҳаётдӯсту ҷамолпараст аст, дар барномаи ҳунариаш баҳорияҳоро низ ҷой додааст. Дар ин замина метавон аз суруди "Резаборон"-и Абдуллои Қодирӣ, ки дорои маонии баланд ва саршор аз зебоӣ буда, бо санъатҳои бадеӣ ва ороишоти адабӣ тазйин ёфтааст, ном бурд, ки Нигина бо сабки хоси овозхонӣ хондааст. Воқеан, ин тарона шунавандаро на танҳо ба даруни табиат мебарад, балки табиатро дар зеҳни ӯ ҷой медиҳад, зеро он бо садое боронию баҳорӣ замзама мешавад:

Ошиқи Файзобод

Маълум аст, ки Нигина фарзанди диёри кӯҳистони Файзобод аст. Бинобар ин, дар барномаи ӯ ашъоре, ки ба ин диёр, яъне Файзобод, бахшида шудаанд, нуфуз доранд. Масалан, "Як даста гулам дар раҳи Файзободай", "Файзобода шамолош", ки дар боло иҷмолан онҳоро мавриди баррасӣ қарор додем, аммо дар ин силсила шеъри машҳури устод Бозор-"Шаби Файзобод" аз ҷойгоҳи волое бархурдор мебошад, зеро ин шеъри зебою пурлутф бо оҳангу лаҳни гуворо, кашиши хосси вожаҳо, пасту баландшавии садо, авҷи мутантани хеш шунавандаро масҳур месозад:

 Пурсояву пурмаҳтоб 

 Шаб хам-хам Файзобод.

Акси шаби маҳтобӣ

Дар шабнами файзобод…

Ӯро ёд кунед…

Дар анҷом бояд гуфт, ки Нигина, ки сарояндае соҳибистеъдоду пуркор буд, шеъру таронаҳои зиёдеро овозхонӣ кардааст. Бинобар ин, зарур аст, ки рӯзгору ҳунари овозхонии ӯ мавриди баррасии мусиқишиносон, аҳли адабу завқ ва мухлисони огоҳаш қарор бигирад, то хидматҳои вай дар заминаҳои мухталифи ҳунари овозхонии тоҷик ба тавре ҳамаҷониба нишон дода шаванд, зеро Нигина воқеан ҳам яке аз рукнҳои муҳимми санъати мусиқию овозхонии миллии мо ба ҳисоб меравад. Агарчи ӯ имрӯз дар миёни мо нест, аммо кору пайкор ва садои дилошӯбаш бо мост. Марг агарчи ӯро бемаҳал аз байни мо бурд, аммо таронаҳои сурудааш, ки орзуву ормонҳои мардуми моро ифода мекарданд, зиндаанд ва номашро зинда нигоҳ медоранд:

Ба гӯшам омад аз хоки мазоре,

Ки дар зери замин ҳам метавон зист.

Нафас дорад, валекин ҷон надорад,

Касе, к-ӯ бар муроди дигарон зист.

Ҷамолиддин Саидзода,муҳаққиқ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97