Симинро бояд хонд ва шинохт

Фарҳанг ва адаб 03.09.2011 12:06

simin1Дӯстонам одамакҳо, одамакҳоям гилӣ,

Душманонам гургҳо кафторҳо хунхорҳо.

       Симини Беҳбаҳонӣ

Гар бӯса мехоҳӣ биё, як не, дусад бистон, бирав,

Инҷо тани беҷон биё, з-ин ҷо саропо ҷон бирав.

Сад бӯсаи тар бахшамат, аз бӯса беҳтар бахшамат,

Аммо зи чашми душманон пинҳон биё, пинҳон бирав.

Ҳаргиз мапурс аз розӣ ман, з-ин раҳ машав дамсози ман,

Гар меҳрубон хоҳӣ маро, ҳайрон биё, ҳайрон бирав.

Дар пои ишқам ҷон бидеҳ, ҷон чист, беш аз он бидеҳ,

Гар бандаи фармонбарӣ, аз ҷон паи фармон бирав!

Имшаб чун шамъи равшанам, сар мекашад ҷон аз танам,

Ҷони бурун аз тан манам, хомӯш биё, сӯзон бирав…**

Зимнан бояд гуфт, ки дар фазои адабии Ирони асри гузашта ва муосир шоирони зиёде дар ғазалгӯӣ иштиҳор доранд. Лоҳутӣ, Баҳор, Нафисӣ, Фаррухӣ, Деҳхудо,Таваллудӣ, Ориф, Ишқӣ, Раҳӣ, Шаҳриёр, Соя ва дигарон ғазалҳои хеле хуб ва марғуб сароидаанд, аммо дар ин миён, бархе аз ғазалҳои инон хеле машҳуранд ва бар сари забонҳо ҷориву сорӣ мебошанд. Монанди ғазали «Лаби хомӯш»-и Соя:

Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,

Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.

Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,

Эй моҳ, бо кӣ даст дар оғӯш мекунӣ?

Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахуст

Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ?

Май ҷӯш мезанад ба дили хум, биё бубин,

Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ.

Гар гӯш мекунӣ, сухане хуш бигӯямат,

Беҳтар зи гавҳаре, ки ту дар гӯш мекунӣ.

Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,

Ҳурмат нигоҳ дор, агар нӯш мекунӣ.

Соя, чу шамъ шӯъла дарафгандаӣ ба ҷамъ,

З-ин достон, ки бо лаби хомӯш мекунӣ. ***

Бинобар шӯҳрату маъруфияти ин ғазал, бисёре аз шоирони ин кишвар ба ин ғазал ҷавоб гуфтаанд. Ҳатто Фурӯғ, ки ҳеч гуна алоқае ба ғазал надорад, ба истиқболи ин ғазали машҳури Соя ғазал гуфтааст, аммо ба иттифоқи донишмандон, беҳтарин ва хубтарин ғазали асрро сурудааст:

Чун сангҳо садои маро гӯш мекунӣ,

Сангиву ношунида фаромӯш мекунӣ.

Рагбори навбаҳориву хоби даричаро

Аз зарбаҳои васваса мағшуш мекунӣ.

Дасти маро, ки соқаи навозиш аст,

Бо рагҳои мурда ҳамоғӯш мекунӣ.

Гумроҳтар зи рӯҳи шаробиву дидаро

Дар шӯъла менишониву мадҳуш мекунӣ.

Эй моҳии тиллоии мурдоби хуни ман,

Хуш бод мастият, ки маро нӯш мекунӣ.

Ту дарраи бунафши ғурубӣ, ки рӯзро

Бар сина мефишориву хомӯш мекунӣ.

Дар сояҳо Фурӯғи ту биншасту ранг бохт,

Ӯро ба Соя аз чӣ сияҳпӯш мекунӣ? ****

Симин низ таҳти таъсири ғазали болои Соя ғазали зебое суруда аст, ки хонданиву шуниданист:

Шаб чун ҳавои бӯсаву оғӯш мекунӣ,

Дуздона ҷоми ёди маро нӯш мекунӣ.

Урён зи роҳ мерасаму пайкари маро

Пинҳон ба бӯсаҳои гунаҳҷӯ мекунӣ.

Шарманда пеши сояи парвона мешавам,

З-он шамъи шабфурӯ, ки хомӯш мекунӣ.

Эй масти бӯсаи ду лабам, дар канори ман

Беҳтар зи бӯса ҳасту фаромӯш мекунӣ.

Машкан маро чу ҷом, ки бе ман шаби фироқ,

Чун кӯза дасти хеш дар оғӯш мекунӣ.

Симин ту соқии суханиву зи шароби шеър

Як ҷуръа дар пиёлаи ҳар гӯш мекунӣ. *****

Аммо ин ду ғазали Симин, ки бо эҳсосоту авотифи волои занона суруда шудаанд ва бо равшанию равонӣ, хушоҳангию лутфу зебоӣ имтиёз доранд, дар ниҳояти шӯҳратанд:

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё!

Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё!

Зи бас ба домани шаб ашки интизорам рехт,

Гули сапеде шукуфту саҳар дамид, биё!

Шиҳоби ёди ту дар осмони хотири ман

Паёпай аз ҳама сӯ хатти зар кашид, биё!

Зи бас нишастаму бо шаб ҳадиси ғам гуфтам,

Зи ғусса ранги ману ранги шаб парид, биё!

Ба вақти маргам агар тоза мекунӣ дидор,

Ба ҳуш бош, ки ҳангоми он расид, биё!

Ба гомҳои касон мебарам гумон, ки туӣ,

Дилам зи сина бурун шуд, зи бас тапид, биё!

Наёмадӣ, ки фалак хӯша-хӯша парвин дошт,

Кунун, ки дасти саҳар дона-дона чид, биё!

Умеди хотири Симини дилшикаста туӣ,

Маро махоҳ, аз ин беш ноумед, биё! ******

Ва:

Чун дарахти фарвардин пуршукуфа шуд ҷонам,

Домане зи гул дорам, бар чӣ кас бияфшонам?

Эй насими ҷонпарвар, аз барам бигзар

В-арна инчунин пургул то саҳар намемонам.

Лолавор хуршеде дар дилам шукуфо шуд,

Сад баҳори гармизо сар зад аз зимистонам.

Бӯи ёсуман дорад хобҳои оғӯшам,

Ранги настаран дорад шонаҳои урёнам.

Шеъри ҳамчу ӯдамро оташи дилам сӯзад,

Мавҷи атр аз он рақсад дар дили шабистонам.

Кас ба базми майхорон ҳоли ман намедонад,

З-он, ки бо дили пурхун чун пиёла хандонам.

Дар китоби дил, Симин, ҳарфи ишқ меҷӯям,

Рӯи гуна медарзад сояҳои мижгонам. *******

(идома дорад)

Ҷамолиддин Саидзода,

мунаққиди шеър

Поварақ:

*Аз ғазал чӣ мехоҳам? Паёми Душанбе…

**Амвоҷи Қорун. Душанбе, Ирфон, 1963, с.220-221

***Ҳамон ҷо, с. 185-186.

****      Фурӯғи Фаррухзод. Таваллуде дигар. Душанбе, Адиб, 1993, с.122.

*****Симини Беҳбаҳонӣ. Маҷмӯъаи ашъор. Теҳрон, 1385,с.302.

******Ҳамон ҷо, с. 294.

*******Ҳамон ҷо, с.296.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97