Лоиқ аз нигоҳи Қаноат

Фарҳанг ва адаб 10.08.2011 15:11

Шеър ва Интернет

"Устод ва Шогирд" унвони маҳфили шеъре дар Душанбе шуд, ки барои аввалин бор тариқи шабакаи ҷаҳонии Интернет пас аз солҳо ҷудоиҳо қалбҳои фарҳехтагони шеърро ба ҳам овард.
Видео -конфронси "Устод ва Шогирд" ба муносибати 70-умин солгарди шоири шаҳир, устод Лоиқ Шералӣ бо ҳузури шоири тавоно, устод Мӯъмин Қаноат баргузор гардид.
Ба хусус вақте ба маросими бузургдошти устод Лоиқ Шералӣ паёми устод Латифи Пидром, шоири андешманд ва вакили мардумӣ дар порлумони Афғонистон, Сиёвуш, шоири маъруфу тозакори ғариб дар Қирғизистон бо истифода аз имконоти нави технологӣ расид, шукӯҳ ва шаҳомати ин маҳфил бештар шуд.

Агарчӣ имконоти техникӣ чун воқеъиятҳои бебаҳси Тоҷикистон ба таври дилхоҳ хоҳишоти ҳозиринро бароварда насохт, аммо боз ҳам аввалин ибтикорро барои муаррифии ҳарчӣ бештари шеъру фарҳанги тоҷикӣ мешавад, муборак хонд.
Дастоварди дигар дар ҷодаи роҳ ёфтани шеъри тоҷик ба Интернет муаррифии пайкараи Лоиқ Шералӣ дар сомонаи Кумитаи истилоҳот ва сайти мустақили интернетии Мӯъмин Қаноат буд.
Толиби Розӣ, ки пайкараи Лоиқ Шералиро дар сафҳаи ҷаҳонии интернет ҷо додааст, зимни суханронӣ дар ин маҳфил гуфт: "Дар 10 соли ахир,  аз соли 1990 то 2000- ум бо Лоиқ ҳамроҳ кор кардем ва бо назорати бевоситаи ӯ аввалин нашриёти тоҷикӣ- компютериро ба роҳ мондем».
Ба гуфтаи Толиби Розӣ, бори аввал сайти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар навбати дуюм сафҳаи Лоиқ дар шабакаи интернетӣ сохта шудааст.

Қаноат ба Анкабути ҷаҳонӣ раҳ ёфт

Як хушхабари ин маҳфил паёме аз Миср буд, аз як тоҷики муҳоҷир бо исми Фирдавсии Нуралиён, ки дар маҳфил тариқи интернет ширкат дошт расид. Фирдавсӣ сомонаи устод Мӯъмин Қаноатро бунёдгузорӣ кардааст. Ӯ дар паёмаш ба ин маҳфил гуфт: "То ин ки наслҳои ояндаи миллати мо бо ин бузургмард ошно бошанд ва аз шеър, гуфтор, оро ва ҷаҳонбинии ӯ огоҳ ва бархурдор шаванд, бояд, мо осори Устодро маҳфуз намоем ва онро бо камоли амонатдорӣ барои онҳо бирасонем. Ва ин кор муяссар намегардад, магар аз тариқи созмон додани фонди осори Устод ва гирд овардани ҳама сабтҳои овозӣ ва видеоӣ, мусоҳибаҳои пешину нав, рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳое, ки оид ба Устод ва осори ӯ дар кишвари мо ва хориҷ аз он таълиф шудаанд..."
Сомонаи интернетии      Мӯъмин Қаноат www. muminqanoat.com бо ҳарфи кирилӣ таъсис ёфта, дар назар аст, ки сафҳаи форсии он низ роҳандозӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол дар маҳфил пешниҳод шуд, ки ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон бояд сомонаи нависандагони Тоҷикистон сохта ва мавриди истифода қарор дода шавад. Воқеъан ҷашни Истиқлол набояд танҳо ҷашн ба хотири ҷашн бошад, балки тамоми ниҳодҳо армуғоне барои ин ҷашн дошта бошанд, ба хусус ниҳодҳо ва дастгоҳҳои таблиғотӣ ва ё идеологӣ бояд бо чеҳраи нав рӯнамоӣ кунанд. Вагарна чеҳраи пажмурдаву хаставу абгор чеҳраи Истиқлоли Ватанро афсурдаву доғдор хоҳад кард.

Қолабшикании Лоиқ

Ҳамчуноне ки маҳфили гиромидошти устод Лоиқ Шералӣ як қолабшиканӣ ва навгонӣ дар маҳфилороӣ буд, худи Лоиқ ҳам дар зиндагӣ қолабшикан будааст.
Мӯъмин Қаноат, ки дар садри ин маҳфили бошукӯҳ менишаст, гуфт: "Омадани Лоиқ ба майдони адабиёт қолабшиканӣ ва як падидаи нав буд. Ӯ дар таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ягона шоире буд, ки бидуни доштани  маҷмӯъа (шарти узвият ҳамин буд) ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шуд. Истеъдоди фавқулодда ва ҷасорату тавоноияш буд, ки танҳо бо се шеър, аз қабили "Зарафшон" ва "Ба модарам", ки ҳанӯз дар овони донишҷӯияш эҷод карда буд, аъзои Иттифоқи нависандагон шуд".
Устод Қаноат афзуд, дар баробари Лоиқ дар ҳамон давра чеҳраҳои нави  адабӣ, аз қабили Ҳабибулло Файзулло, Ғойиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба майдони адабиёт омаданд ва шеърро аз доираи шеъри ҷадвалӣ, шахшудагӣ, шиорӣ ва ситоишӣ бароварданд, ки ин як падидаи нав дар адабиёт буд.

Қаробати Устоду Шогирд

Чун аз устод дар мавриди риштаи устодиву шогирдӣ миёни ӯву Лоиқи шодравон пурсиданд, гуфт: "Маълум, ки барои шогирдиву устодӣ одам бояд як дастгоҳ дар дасташ дошта бошад. Ман мудири бахши шеър, котиби масъул ва иҷрокунандаи вазифаи муҳаррири маҷаллаи "Шарқи сурх" будам, ки ба Лоиқ ва дигар шогирдон ёрии амалӣ карда метавонистам ва гузашта аз ин ақида, ҷаҳонбинӣ, зебоипарастӣ ва ахлоқи ман ба Лоиқ мувофиқ омад. Вақте Лоиқу дигар бачаҳо шӯҳрат пайдо карданд, аксар дар Маскав аз ман мепурсиданд, ки "Оё эҳсоси хавф намекунед, ки ин қадар одамро дар атрофатон ҷамъ мекунед? Ман мегуфтам, баръакс, дар майдон танҳо ва яккатоз будан хавфнок аст".
Устод ҳамчунин гуфт, ки нахустин шоири ҷавоне, ки барои дарёфти Ҷойизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шуд, боз ҳам Лоиқ буд ва гузашта аз ин қабл аз Лоиқ шеъри ҳеч шоири ҷавон бе таҳрири ҷиддӣ ба чоп намерасид. "Ҳоло аз ман мепурсанд, ки Лоиқ  шуморо Устод мегуфт, ҳаминро қабул доред? Мегӯям, дар мактаби адабиёт сабқати озод аст ва баъд аз он ки ба ин мактаб даромадед, як кас не, як кас аз ин мактаб бояд ба ҳамон ҳадафи асосӣ бирасад. Лоиқ бешубҳа аз ҳамон чеҳраҳоест, ки ҳадафмандии мо, ормонҳои мо ва ҳама чизи моро ба ҳамон марзи ниҳоӣ расонд."

Лоиқ хатман меояд

Аҷами Калонзод аз Олмон аз ҷумлаи ширкаткунандагони маҳфил тариқи Интернет буд, ки суол мекард, кай Лоиқе дигар таваллуд мешавад?
Дар посух ба ин суол Наҷмиддини Шоҳинбод, нависандаи ҳаҷвнавис, ки хост аз минбари маҳфил худнамоӣ кунад, гуфт: «Лоиқ албатта меояд, албатта аз сари нав таваллуд мешавад, инро ман, ки фолбинам, мегӯям. Лоиқ 20-уми майи соли 3041, соати 5-и субҳ боз меояд»... Танзи Шохинбод хатто ёри азизи устод Лоик Зебуннисоро моил ба хандидан кард. Хандае, ки дард дошт, дарди ҳиҷрон.

Лоиқи шеъру маҳфил

Устод Қаноат аз вижагиҳои шеъри Лоиқ низ гуфт ва баён дошт, ки шеъру андешаи ӯ тавъам бо зиндагияш буд ва аз он ҷудоӣ надошт.
Маврид ба ёдоварист, ин маҳфил бо ибтикор ва тасмими Анҷумани расонаҳои форсизабони дунё "Афрӯз" ва нашрияи "Миллат" таҳти унвони "Устод ва шогирд" сурат пазируфта, тариқи зинда дар сомонаи родиёи "Озодӣ" ва пойгоҳи Скайпи шабакаи интернетӣ рӯзи 28-уми май пахш шуд. Маҳфили мазкур аввалин ибтикори видео- конфронс дар Тоҷикистон буд ва дӯстдорони шеъру адаб дар дохил ва хориҷи кишвар аз тариқи шабакаи анкабутӣ онро пайгирӣ ва дар баҳсҳои ин маҳфил ширкат карданд.
Маҳфил бо пахши садои маҳбуби устод Лоиқ Шералӣ, пурхонандатарин шоири тоҷик ба поён расид.

Фирдавси Рустам

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97