НАҶМИДДИНИ ШОҲИНБОД ВА МАРРА

Фарҳанг ва адаб 24.04.2011 09:19

(Ба пешвози интихоботи миёндавраӣ)

HavZA_04- Ҳой мардак, хез, пойгаҳ сар мешавад - бо ғазаб дод зад холаи Мағалмоҳ ба шавҳараш.

- Чӣ? Чӣ, кадом пойгаҳ - ғур-ғуркунон якчашма ба занаш назар кард Хоркаш.

Дар ҳамин лаҳзаи моҷаро ҳамсояи девордармиёнаш Асадбек ба ҳавлӣ даромада бидуни салому алейк садо баровард:

- Хорик! Хорик! Зудтар хез, мо ҳамсояҳо туро барои дави ҷумҳурӣ номзад пешниҳод кардем. Ту ба масофаи 7 километр медавӣ. Аллакай имзоҳо ҷамъ намудем. Ту фақат асп барин чорхез мезанӣ!

Хоркаш каме ба худ омада, аз ҷой бархост ва гиряолуд гуфт:

- Ҳой Асад, беақл буданат мисли чор рақами риёзӣ маълум буд. Аммо ба ин дараҷа аҳмақ буданатро нав фаҳмидам. Охир медонӣ ку, ман як пой надорам.

- Барои якпоя буданат туро номзад пешниҳод кардем! Чунки мо фақат барои як пой кафш - красовка дорем. Обрӯи маҳаллаи мо дар дасти ту, аниқтараш дар пои ту аст. Моро сархам накун! Ҳамаи 8 маҳалла номзади дав пешниҳод карданд. Аз Чортеппа Салими кур, аз Говкушон Қишқори якдаста, аз Тали магас Бобои Шери 78 сола, аз Чармгарон Хадичаи гунг медаванду ту хоб меравӣ!!!

- Додарам, аз маҳаллаи Сулҳдара чемпиони 14 карата - собиқ десантчии баҳрӣ медаваду мани якпоя чӣ хел ба ӯ баробар мешавам!

- Пеш аз давидан дар қатораш рост истода тавонӣ шуд!

- Ҳой Асади беақл, ман якпоя то дари ҳавлӣ як рӯз мехазаму…

- Хап шин!

- Аз маҳаллаи Сотсиализм ақл надоранду ту аз бепоӣ гила мекунӣ!

- Бародари азиз! Маълум, ки ту дар ду сол ҳам ба марра намерасӣ. Вале пули маҳалла сарф шуд. Фақат иштирок кунӣ бас аст. Ними маблағи маҳалла ба киссаат медарояд!

- Мо бо ҳакамон маслиҳат кардем, дар охири пойгаҳ эътироз мекунем. Мегӯем, ки дав ноодилона гузашт. Каллаи хуб аз чор пой авлотар аст - насиҳат кард Ҷӯрабой.

Дав сар шуд. Аммо 20 дақиқа боз Каромат аз маҳалли Обкашон дар ҷояш ҳайкал барин шах буд. Ҳакам чанд бор дод зад, ӯ мижа таҳ намекард. Бечора кӯр будааст. Ҳамин лаҳза дар аснои дав бародарон Султоншоҳ ва Ҳокимшоҳ даст ба гиребон шуданд.

Алимурод ҳоло ҳам бо ҳакам баҳс дорад, ки чаро ба ӯ рақами 4 доданд. Зеро ӯ рақамҳои танҳо дар пулҳо сабтшударо медонист.

- Ба командаи ман фақат рақамҳое, ки дар маблағи пул аст (як сомонӣ, 5 сомонӣ, 10 сомонӣ) дода шавад- гуфт Алимурод

Аз оғози дав як ҳафта гузаштааст, аммо Хоркаш ҳоло ҳам ба марра нарасидааст. Аммо дар назди бинои тадорукот митинги эътирозӣ барои ӯ идома дорад.

Хабарҳои мухтасар

*Муҷоҳидони Яман табиби тоҷик Обидҷон Овчибоевро, ки аз тариқи ширкати Русия дар Яман кор мекард, гаравгон гирифтанд. Онҳо 200 миллион долларро барои озод кардани ӯ талаб карданд. Ширкати Русия бо қаноатмандӣ арз кард, ки боз 200 табиби тоҷикро бо чунин маблағ ба гарав мемонад.

*Дар водии Рашт машқҳои таълимии Қувваҳои мусаллаҳ ва нируҳои Мулло Абдулло шурӯъ шуданд. Дар натиҷа Мулло Абдулло ҳангоми машқ кушта шуд.

* Хабари ба Покистон фурухтани барқ пурра тасдиқ шуд. Дирӯз дар гумруки Тоҷикистону Афғонистон се нафар шаҳрванди Тоҷикистон бар асари дуздидани барқ дастгир шуданд. Аз бағоҷи онҳо 23 адад батарейкаи сахттаъсир дар маҷмӯъ 456 волт ёфт шуд. Ширкати "Барқи тоҷик" тасдиқ карда, ки ин барқро онҳо дар шаҳри Душанбе дуздидаанд. Бояд хотиррасон кард, ки чанде пеш боз дар марз 6 нафар сокинони Тоҷикистонро бо сатили барқ боздошт кардаанд.

Иқтибосҳо

*Ханда ва ишқ умрро дароз мекунад. Агар ишқ хандаовар бошад умр ҳайф мешавад.

*Дуруғ гуфтан айб нест. Ба дуруғ бовар кардан гуноҳ аст. 

 

*Мантиқи нави "Капитал":"Пул-мол-мол-пул-суд-Ёвон". 

 

*Мантиқи интихобот: Боз як нафар одами қаторӣ аз шумори одамон кам шуд.

Дипломатия

Dodo_02- Дадо, фарқ байни дипломатия ва дигар ташкилотҳои дохилӣ дар чист?

- Ташкилотҳои худӣ ягон масъалаатонро ҳал намекунанду бо қаҳр шуморо гусел мекунанд. Шумо аз наздашон асабонӣ мебароед. Сафоратҳо "не"-ро барои шумо чунон мулоим, хушрӯй, боодоб мегӯянд, ки баъди се моҳ ба ғазаб меоед. Лекин барои ҳақорат кардан аллакай дер шудааст.

Бобо

- Бобоҷон, як баста донаки офтобпараст чанд?

- 1 сомонӣ!

- 5 баста диҳед!

- Сигор чанд?

- 5 сомонӣ!

- Ду қуттӣ диҳед!

- Марҳамат, набераҷон!

- Мана 67 сомонӣ, гиред!

- Чаро ин қадар зиёд. Не бачам, ғалат кардед, 8 сомонӣ диҳед бас!

- Бобоҷон, гиред, ман нафақаатонро овардам…

 

Марҷумак

- Нархи марҷумак чанд аст?

- 1 сомонӣ!

- Чаро ин қадар арзон - пурсид харидор.

- Аз фардо қиммат мешавад - шарҳ дод дӯкондор.

- Марҳамат, 5 кило баркашед!

- Лутфан, 23 ҳазор сомонӣ ба касса супоред!

- Нафаҳмидам, шумо як сомонӣ гуфтед. Ман 5 кило гирифтам.

- Бобоҷон, як донааш 5 сомонӣ!

 

Ришва

REKtor- Кор расво, ин ректори нав пора намегирад, ҳатто ба тӯҳфаҳои дастамон низ нигоҳ накард. Ба қавли кормандонаш роботи тапа- тайёр - гуфт Асадбек.

- "Зар ба сари фулод ниҳӣ нарм шавад" - гуфтаанд собиқ ришвадиҳандагон, хавотир нашав. Пора додан низ ҳунари ҳар кас не, додар. Ман худам ба ин масъала ҷиддӣ машғул мешавам - тасалло дод Хоркаш.

Аммо тири Хоркаш ҳам хок хурд. Қариб худаш ба даст меафтид.

Асадбек пеши Савлатшоҳ рафт. Савлат забони каждуму морро низ меёбад.

- Воҳима накун, барои ин хел масъалаҳои майда- чуйда вақтамро сарф накун. Чаро худатон намедиҳед?

- Намегирад!

- Даҳон дорад? Гӯш дорад?

- Ду даҳону як гӯш дорад…мебахшед, як даҳону ду гӯш дорад…

- Одаме, ки даҳон дорад, ҳатман мегирад. "Ставка" чанд?

- Даҳ ҳазор!

- Шумурда деҳ. Фардо корат буд мешавад.

Писари Асадбек ба донишгоҳ дохил шуд. Аммо барои ҳамсояҳо ҳоло ҳам бо даҳ ҳазор доллар харидани кати чӯбини куҳнаи ректор муаммо буд… 

 

Лаку Пак, Окно

Лаку Пак хурсанд буданд, ки акнун барои писарашон арус ёфтанд. Рӯзи дигар онҳо барои гуфтугӯи тӯй ба Норак рафтанд. Қудоҳо онҳоро гарм истиқбол гирифтанд. Рӯзи дигар Лаку Пак ба тамошои табиати Норак баромаданд. Обанбори Норак мӯъҷизаи табиат аст. Лаку Пак дар соҳили обанбор дам гирифтанд.

- Лакҷон! Хайрият, оби обанбор гум шуда истодааст, вагарна агар аз писарамон писар таваллуд шуда, дар ин ҷо оббозӣ карда ғарқ мешуд…

Қудоҳо ба меҳмонон равзанаи ҳарбии "Окно"-ро нишон доданд.

- Инаш чӣ бошад?

- Ин, қудои азиз, як иншооти ҳарбии Русия аст. Чанд сол пеш мо онро ба Русия фурухта будем.

Лак хомӯш шуд. Ва аз дил гузаронд. Пас аз 9 моҳи тӯй мо соҳиби набера мешавем. Баногоҳ гапи Путин бо Обама гурезад, амрикоиҳо ба Русия ҳуҷум мекунанд. Барои аз кор баровардани иншооти назорати ҳавоӣ Норакро бомбборон мекунанду набераи мо зарар мебинад:

- Не қудоҷон, мо духтари шуморо келин намекунем, то ки муносибати Русия бо Амрико нағз нашавад…

Танзими тӯй

Marosimu_TuyБарои танзими маросими тӯй комиссия бояд бо қудоҳо ва ҳамсояҳо пешакӣ машварат кунад. Чунки нархи тӯйро онҳо мебардоранд - гуфт Хоркаш дар маросими маслиҳати тӯйи писарам.

- Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ то 5 ҳазор воҳиди шартӣ маблағ харҷ мешавад - гуфт хушдомнам.

- Модари азиз, бо ин маблағ як деҳаро саросар хатнатӯй ва тӯи арусӣ кардан мумкин аст - гуфтам оромона ман.

- Ба ман кори Савлат хел маъқул омад. Дар Русия бепул зани хушрӯй гирифт. Боз ба бақияаш ду кӯдак гирифт - арз кард Мушкилшоҳ.

- Дадо, ман 50 нафар ҳамсинф, 20 нафар ҳамкурсамро ҳатман хабар мекунам.

- Бачаҷон, дар вақташ ман очаатро дар сад доллар тӯй карда гирифтам.

- Дадо, ҳоло дар сад доллар дар пушти "Саховат" фоҳишаро киро мекунанд… 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97