Наҷмиддини Шоҳинбод ва Вафодор

Фарҳанг ва адаб 27.03.2011 12:51

YulbarsЮлбарс майсазори ҳавлиро тоза карда ба назди дарвоза омад. Барои расмият як ду бор аккос зад. Ӯ медонист, ки аз назди ҳавлӣ касе намегузарад, аммо аккос задан ин вазифаи ҷониаш аст. Ба таги дарвози Макс омад. Макс саги ҳамсоя аст. Юлбарс дар вақтҳои холӣ бо Макс соатҳои тӯлонӣ сӯҳбат мекард. Макс зиндагии бороҳати Юлбарсро дида, доимо аз соҳибаш гила мекунад.

Дар ҳамин лаҳза марди ношинос занги дарвозаро зер кард. Юлбарс дарро кушод, боодобона пурсид:

- Кӣ даркор?

Мард ба чор тарф нигоҳ карда, касеро надид.

- Гарданро чор тараф наёзонед, ин ман саги хонагӣ - Юлбарс, гапатонро гӯед?

Марди ношинос гап задани сагро шунида, тарсон ба ақиб афтид.

- Макс, об биёр, ин одамон ин қадар буздил шудаанд.

Марди ношинос ба худ омад, аммо тарсаш дучанд шуд. Акнун ду саг гап мезананд.

- Инсони мӯҳтарам, натарсед. Мо саги муқаррарӣ, дар ин замона одамону дуздонро фақат бо аккос задан пеш карда намешавад. Маҷбур мешавем, ки соатҳои дароз насиҳат карда, моддаҳои кодекси ҷиноиро фаҳмонем. Сад бор аккос мезанӣ, ягон дузд наметарсад, як бор гап мезанӣ, зуд беҳуш мешаванд…

- Ман қоил! Акнун саги гапдон гӯед, ки Аҳрор Азизович куҷо ҳастанд - пурсид мард.

- Раис, як дақиқа бароед, назди Шумо омадаанд, - садо кард Юлбарс.

- Агар мумкин бошад, ман назди раис дароям, - гуфт он мард.

- Мумкин не, Раисро занаш пагоҳӣ ба занҷир баста, ба бозор рафтанд. Имрӯз рӯзи истироҳат. Мабодо занҷирашро канда ба назди фоҳишаҳо наравад, - гуфт бо дилсӯзӣ Юлбарс.

Иқтибосҳо

*Забони сурх - ҳизби сабзро ба бод медиҳад.

*Ҳақиқат ғалаба мекунад - агар ин ғалаба ҳақиқӣ бошад.

*Ҳақиқат по надорад - мисли мор мехазад. Барои ҳамин солҳои тӯлонӣ одамон ҳақиқатро дар мурофиаҳои судӣ интизор мешаванд.

*Аз зани зебо ҳамсари бовафою покдоман тарбия кардан мумкин аст. Барои як зани бовафо 150 зани хушрӯй лозим аст.

*Аз баёноти шоҳид: Ҷинояткор ба ҳавлиаш даромада, ба самти барои тафтишот номаълум ғайб зад.

*Даҳ сол боз 20 - март шиками холии зиёиён пур мешаваду каллаашон не.

Ҷарима

TurmaДар маҳбасхона маҳбуси ҳамҳуҷра аз Асадбек пурсид:

- Шуморо барои чӣ ҳабс карданд?

- Барои бардоштани филми беҳтарин шинонданд - гиряолуд гуфт маҳбус.

- Чӣ, Шумо дар филматон зӯроварӣ ва разолатро нишон додед?

- Не, ман даҳ филми беҳтарини навро шабона аз дӯкони супермаркет бардоштам…

- Фаҳмо, Шумо маҳбуси сиёсӣ. Шуморо барои кадом гуноҳ ҳабс карданд, - пурсид маҳбуси солхӯрда аз Хоркаш.

- Барои сигоркашӣ.

- Не, ман бовар намекунам, барои ин қонуншиканӣ ҷарима меситонанд - бо назари шубҳа гуфт ҳамҳуҷра.

- Ман баъди зада куштани занам ба кӯча баромада сигор кашидам…

  Вақт

- Ало, лутфан бигӯед, ки соат чанд аст - пурсид нисфишабӣ Асадбек бо телефон.

- Навбатдори ШКД гӯш мекунад. Соат 2-и шаб.

- Ин навбатдорӣ? Марҳамат, бигӯед, ки соат чанд аст?

- Шаҳрванди мӯҳтарам, шумо барои фаҳмидани соат чаро ба кори мо халал мерасонед!?

- Навбатдор гӯш мекунад.

- Агар бемалол бошад, бигӯед, ки соат чанд шуд?

- Расо одами аҳмақ будаед! Барои фаҳмидани вақт даҳ бор ба Шӯъбаи фаврӣ занг задед!

- Майлаш, ман дигар то субҳ занг намезанам, лекин субҳи барвақт соати мусодиракардаи маро гардонда диҳед!

                                                       Айбҷӯӣ  

Дар овони пиронсолӣ Асадбеку занаш вақти ҷанҷол айбҳои замони шӯравиро ба гардани ҳамдигар бор мекарданд.

Gaibatkuni- Ту бадмаст, соли 1985 майи дастӣ тайёр карда менӯшидӣ!

-Расо аблаҳ будаӣ занак, ду сол пеш дар бораи ин айбам аз болоям шикоят навиштӣ. Аз рӯи баёноти ман дар шаҳр даҳ заводи майбарорӣ сохтанд!

- Аз ин халос хурдӣ, лекин дар бораи ташкили маҷлисҳои шабона соли 1989 ҳоло касе хабар надорад - таҳдид кард Мағалмоҳ.

- Аблаҳи дунёбехабар, имрӯз ҳамаи ҳизбҳо аз рӯи маҳфили ҳамонсолаи ман дастуру Оинномашонро навиштанд.

Лекин айби туро ҳанӯз касе намедонад. Ту хушомадгӯи гузаро! Ҳар рӯз пушти Брежневу Гагаринро мелесидӣ!

- Ман дар почта кор карда, маркаҳоро тар карда ба пакети коғазӣ насб мекардам - гиряолуд худро сафед кард Мағалмоҳ.

 Меҳнатдӯст

- Ман барои пул кор намекунам, - гуфт Холисамоҳ ба Раис.

- Офарин!

- Ин маоши ночизатон садқаи кори ман шавад…

Маҷлис

Пас аз маҷлиси падару модарон директори мактаб падари Шаҳнозро ба наздаш даъват карда гуфт:

- Духтаратон рафтору одоби хуб дорад. Аммо аз фанни математика қафо мемонад.

- Барои ман далелҳои хаттӣ пешниҳод кунед. Албатта шоҳидон бояд беғараз тасдиқ кунанд. Ман фақат ба гапи муаллимаи математика бовар намекунам, зеро шояд муаллима ғарази хусусӣ дошта бошад.

- Шумо чун падари Шаҳноз бояд ба эроди ман бовар кунед -бо озурдахотирӣ гуфт директор.

- Ман падари Шаҳноз не! Ман адвокаташ…

Ояндаи дурахшон

- Дар 10 соли охир барои фатҳи "Қуллаи Коммунизм" 26 нафар ҳалок гардиданд - гуфт Наҷиб ба падараш.

- Хайрият, соли 1980 мо Коммунизмро фатҳ накардем. Вагарна 250 миллион мардум ҳалок мешуд.

 Шикоят

Murojian- Духтурҷон, маро хоб намебарад - арз кард корафтода.

- Пеш аз хоб ду пиёла ҷурғот истеъмол намоед. Тақрибан даҳ дақиқа дар ҳавои кушод сайругашт кунед. Сипас чароғи рӯшноии баландро бо чароғаки рӯшноии паст иваз кунед - тавсия дод духтур.

- Чи хел чароғ?! Маро рӯзона дар ҷои кор хоб намебарад…

Кафлес ва сиёсат

- Шумо барои чӣ ба сафи ҳизб дохил мешавед, ман инро медонам. Шумо мехоҳед, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона ширкат намоед. Барои ҳақиқат мубориза мебаред. Ин иқдоми хуб аст - гуфт Раиси ҳизб ба дохилшавандаи ҳизб.

- Ман сиёсатро ин қадар хуб намефаҳмам, лекин агар аъзои ҳизб бошам, бехатарии ман замонат дода мешавад.

- Албатта, мо дар мавриди аъзоамон доимо ғамхорӣ зоҳир менамоем. Шумо далели хуб овардед.

- Ман худам шоҳид будам. Сари Асадбекро барои майнӯшӣ занаш бо кафлес кафонд. Рӯзи дигар даҳ ҳазор аъзои ҳизб эътироз карданд.

 Ташвиш

Профессор Урмон Мавлавиро таваҷҷӯҳ ва тамоили ҷавонон, наврасон ба изтироб овардааст.

- Дар сари 21 ҷавонон нисбат ба ақлу мағзи солим ба андоми занҳо бештар таваҷҷӯҳ доранд.

- Ташвиши Шумо дуруст аст, мӯҳтарам профессор. Имрӯз ҷавонон газетаву маҷаллаҳоро фақат дар ташноб истифода мекунанд. Барои ин андоми ақиб аз мағзи сар боақлтар мешавад.

Афв

- Шунидам,ки имсол афви калон мешавад, - гуфт Асадбек ба дӯсташ Хоркаш.

- Ин ба Шумо дахл надорад, дар афв маҳбусон аз маҳбасхонаҳо озод мешаванд. Хурсанд нашав, ту вақти маросими ақди никоҳ софдилона иқрор кардӣ, ки якумр аз Мағалмоҳ ҷудо намешавӣ. Аслан иқрори софдилона гуноҳро сабук мекунад. Шояд аз мӯҳлати якумрӣ ба даҳ сол фуроранд…

 Маликаи Наврӯзӣ

MehmonkhonaНавбатдори меҳмонхона боодобона гӯшаки телефонро бардошта гуфт:

- Хидмат, маъмур шуморо гӯш мекунад!

- Ман аз ҳуҷраи 23, манзили чорум. Илтимос, сурати болои кати хобамро гиред.

- Мӯҳтарам меҳмон! Ин расми қимматбаҳои Рембранд аст. Мо шабона ӯро иваз карда наметавонем.

- Фаҳмидам. Расм бо чорчӯбаи вазнин ба сарам афтид…

Пас аз як соат боз муштарӣ аз ҳуҷрааш занг зад:

- Маъмур гӯш мекунад!

- Дар бистари ман ҳашарот аст!!!

- Муштарии азиз, шумо бо ин пули ночизатон бо Малики Наврӯзӣ ҳамбистар шуданӣ?

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97