Сапеду ошкор ва хамӯшу устувор…

Фарҳанг ва адаб 26.03.2011 09:48

(Ёде аз шоири шаҳир ва ҷавонмарг Искандари  Хатлонӣ, 12. 10. с. 1954 – 20. 09. с. 2000)

Iskandari_KhatloniҲама мехоҳад шеъре бигӯяд, матлаберо ошкор намояд, гуфтаниеро бо пироҳани маънӣ ба риштаи дурр бикашад, розеро, ки ошкораш мушкилу осон нест, ифшо намояд, то билохира ба ҳадафе бирасад ва аз ҷариҳаҳои қалби хеш чакидаҳоеро, ки солҳост афзун гашта, берун биорад ва бо ин худро сабуку роҳат эҳсос намояд…

Шеъре, ки дар даст дорем, нуҳуфтатарин розҳоро бозгӯ мекунад ба таври сапеду ошкор ва хамӯшу устувор. Яъне, чанд сад сол пеш дар кишвари ношинохта қиссае аз шермардон ва сарнавишти талхи родмардон, ки бо дасисабозиҳои тақдир ҷойгоҳу мақоми хешро барои дигаре холӣ намудаанд, қиссаҳои ғамангезу сӯзоне менамояд ва дар сукути ҳеҷситониён месарояд замзамаеро аз сарнавишти киштӣ, ки нишаста бар хушкӣ. Садои имдодхоҳонааш бо ҳазор умеду ормон металабад бодбонҳоро, то аз ин вартаи ҳалокӣ бираҳонад худрову миҳанро. Иронро бо ирониён ва қавмҳоеро, ки аз қабили ориёӣ ҳастанд. Колбаду нигоҳаш дар ӯст, дар хоки муқаддаси Ориё ва ин рӯҳи бузург ҳамеша ҳамроҳу ҳамсафараш аст, ки барои ҳамеша дар хуну пӯсташ ҷо гирифтааст. Меҳри ватан асту меҳри қавмҳои ҳамзабон…

Вақте мо Искандар мегӯем, кӯҳе бо як ҳашамату азимату бузургиву устуворӣ пешорӯямон қарор мегирад. Искандари мо Искандари Хатлонист. Ориёиест, ки шукӯҳаш садҳо ҳазор ҳашамату азиматҳоро зеру забар кардааст ва навои дилаш ҳамеша садоеро бо исми бузурги ватандорӣ музайян намудааст.

Ҷигарбанди Ирону Тӯрон манам! 

Шаҳиди пурармони майдон манам!

Шеъри ӯ саропо баёнгари воқеъиятҳо, ормонҳову эҳсосҳову орзуҳост ба шеваи бисёр фишурдаву пурмаънӣ, хаёлангезу нерӯманд ва ҳам хеле оддиву озод. Дар шеър ҳодисоти дунё ба забони гуфтор меояд ва забон василаест ба сони ойина, ки ҳастии воқеиро бозгӯ мекунад. Нахуст мояи шеъри Искандар таҷруббае аз ҳаёти ҳастист, ки шоирона васф мешавад ва бо ҳассосияти бештаре паёмҳои ҳастиро мунъакис месозад.

Дар "Таронаи ситоиши замин" бо эҳсосоти баланди шоирӣ замини чархандаро барои башар поянда мехонад, чароғе дар роҳнамоии исторагонаш медонад.

…Замин бояд ҳамеша зиндаву чарханда бошад,

Башар поянда бошад,

Дарахтон ғарқа дар гул,

Намирад ишқи булбул,

Ва рӯзе дар тамоми олами афлок,

Замин бояд чароғи раҳнамои ҷумлаи исторагон бошад…

Вақте сухан аз бемеҳрии инсонҳост ва хусумат байни онҳо, дигар ӯ наметавонад хомӯш бошад. Иттиҳоди мардум шиоре барояш гардида, бо садое аз ҳурмуздиён даъват мекунад, ки нерӯҳои аҳриманиро аз ҷаҳони саҳнаи одамиён биронанд. Ва онҳо имрӯз мехоҳанд ҷаҳонро ба коми худ бикашанд ва мардумашро ғулому бардаву ҳақир бигардонанд.

Ӯ ҳамеша як дуъо дошт. Ҳамон дуъое, ки се ҳазор сол пеш аз ин Зардушт карда буд: "Маниши бад шикаст биёбад, маниши некӯ пирӯз бошад, дурӯғ шикаст биёбад, ростӣ бар он пирӯз шавад, Аҳримани бадкуниш нотавон шавад ва рӯ ба гурез ниҳад"...

Ваҳдате бояд,

Эй башар,

Иттиҳоде!

Бо тамоми дастаи ҳурмуздтинат,

Аҳриманро андарин савдо намемонем,

Охир ӯро аз ҷаҳони одамизод,

Ҳамчунон аз саҳна меронем!

Искандар ҳамеша ҷӯёи даричае ба сӯи раҳоӣ буд ва мудом дар фикри коре буд, ки бояд анҷомаш бидиҳад, то аз ин сарои ҳастӣ бидуни душвориву садҳо берун шавад. Мегӯяд, ки ин тарс, ки бо ман аст, саршори воқеиятест, ки зоимони ҳақиқатанд ва зиндагиро ҳамагӣ фалсафаест, ки шикам ном дорад ва ҳама орзуву ғурурҳоро ба коми худ мекашад ва инсонеро, ки дар тинаташ орзуи озодманишӣ дошт, дар худ мебалъад.

…Ва танҳо тарс бо ман мемонад

Дар рӯзгоре, ки фалсафаи шикам,

Пой бар гулӯи ҳама фалсафаҳо мегзорад.

Чӣ ҷои мӯшикофӣ дар рози равиши гиёҳон аст?!

Ва чӣ ниёзест дидагонро

Дар тамошои ангезаҳои рангу рӯшноӣ

Ва ларзиши насим,

Бар ойинаи хобгунаи об?!...

Вақте ҳаводисеро медид, ки боиси тазйиқу бадбахтии миллат аст, мегирист ва ба тавре муташобеҳаш месохт, ки ту гӯӣ ҳамон замону ҳамон лаҳза онҷоӣ. Барои ҳар қатра, ҳар зарра хуни ҳамватанаш ба навҳа меомад ва он қуфли шикаставу калиди гумшударо бо дарду эҳсоси инсонӣ меҷуст… Ҳаводиси моҳи феврали соли 1990 қалби шоирро ба дард овард  ва оинаи софи дарунашро аз чанд ҷой шикасту пора сохт…

Дар хонае, ки қуфл шикаста,

Калид гум шуда.

Ва соҳибе,

Кӯру кару гунг дорад…

Ва дар ҷои дигар ин фоҷиаро бо ташбиҳи аҷиби ғамангезе месарояд.

Хуни бародари донишҷӯи ман,

Нақши пои шуми шуморо шуст,

Ва гуноҳҳони бузургатонро сохт…

Агар мо муддатҳо васфи шеъри Искандарро бигӯем, боз ҳам вақт барои мо камӣ мекунад, бад-ин хотир ки шеъри ӯ дар ҳар мисраъе ва дар ҳар байте бо мазмуни тозаву фалсафаи амиқи зиндагӣ ҷилло медиҳад ва равишҳову рӯъёҳоеро бозгӯ мекунад, чун уқёнусе аз қаъри дили хеш донаҳои марворидеро берун мекашад. Мо таровишҳоеро бад-ин гуна танҳо дар гуфтори бузургзодаҳое чун Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод, Маҳдӣ Ахавони Солис, Нимо Юшиҷ ва чанд тан аз бузургони шеъри навин дидаем. Искандар аз ин мактаби бузургони сухан бисёр бо осонӣ гузашт ва шеъраш фасоҳатеро аз ин бузургиҳо таранум мекунад, ки бо як мутолиа таақул ва тафаккурро ба дунёи олами ташобеҳу тасовир, ки исм зебоист, раҳнамун месозад.

Дар канораш беди мушкин,

Мекунад ҷамъу парешон кокулашро.

Хуфта рӯи синаи ӯ,

Ахтарон чун селаи мурғони заррин.

Ӯ вале дар роҳи дарё,

Мехазад байни алафҳо.

Мезанад сар бар сари санг,

Мекашад оҳ.

Кӯдаке дар хоб гӯё,

Модарашро ҷустуҷӯ дорад.

Меравад, мепурсад аз дарё,

Меравад, мекобад аз дунё…

Суъол ин ҷост, ки шеъри нав сухани тозаи Искандар аст? Бале. Бидуни шаку тардид Искандар аз навоварони шеъри сафед аст. Табъи ҳавасбози шоир ниёзеро дар шеъри нав, ки солҳо дар адабиёти тоҷик ниҳон буд, ошкор кард ва маъруфаш гардонд. Ӯ ҳар чӣ ки ҳаст, шоири наслу рӯзгори хеш аст. Тасовири ӯ ончунон куллист, ки барои хонанда содаву фаҳмост ва дар пушти ин тасвирҳо неруву бинишҳои инсонӣ бо чеҳраи пурэҳсос ҷойгузин шудааст. Ӯ мегӯяд:

Дӯст дорам,

Он гуна, ки замини ташна,

Намидани боронро.

Ва ширхори гурусна,

Макидани пистонро

Дӯст дорам,

Он гуна, ки марди пиру бемору нотавон,

Вопасин бор,

Бармехезад аз бистари марг.

Ва бар рӯи поҳош,

Устувор меистад,

Вопасин бор…

Бори дигар мебинем, ки боз ҳам дар шеъри Искандар тасовир дар ойинаҳо наъра мезанад ва ба сӯи худёбӣ, бедориву ҳушёрӣ равона аст. Дар ҳар мисраъе инъикоси воқеъии табиат, наботот мунъакис аст, бо лафзи бисёр баланди шоирона…

Хок пок мешавад,

Ҳар баҳор синачок мешавад.

Гоҳ барги гул,

Гоҳ шабнаме,

Гоҳ,

Оҳи дарднок мешавад…

Мо агар ба мазмуни  шеъри ӯ назар афканем, ба хубӣ мебинем шеъри Искандар на танҳо саршор аз шодиҳои пуртаровати ҳаёт аст, балки дидгоҳи ӯ ҳам нишоту тароват ва ҳам яъсу ноумедиҳоро фаро гирифта, ҳаводисро мӯшикофона ва хеле табиӣ васф кардааст. Ҳар ҷо ки мисраеро мехонем ҳамон таърихи мост, ки аз гузаштаву имрӯза ҳикоят мекунад. Ӯ барои шодии мо месуруд ва шӯълаҳову ҳароратҳоеро, ки ҳанӯз дар вуҷуди мо сард буданд, дубора ба шакли аслӣ дармеовард. Ва имрӯз шаҳомати шеъри Искандар беш аз пеш таҷаллӣ меёбад ва ӯро аз бузургтарин шоирони навҷӯву навовар муаррафӣ менамояд.

Искандар аз бузургтарин шоирони адабиёти мост, ки дар андак муддат шаҳиру шӯҳратёр гашт ва шеъраш бо шиъоре аз ватанхоҳиву ватандорӣ исмашро барои ҳамеша дар вуҷуди миллат ҷовидон гардондааст.

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97