Зиёӣ кист ва чӣ бояд пешниҳод кунад?

Фарҳанг ва адаб 19.03.2011 09:27

Ziyoi_kistДар назар аст, ки 19 марти соли равон дар теати Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти анъанавии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён баргузор шавад. Ин мулоқотро аксари  донишмандон ва коршиносон муҳим арзёбӣ менамоянд, зеро ҳангоми дидор бо Сардори давлат аҳли зиё метавонад, андешаву пешниҳодҳои хешро мустақиман иброз намоянд.

Чӣ тавре аз мулоқоти солҳои пеш огаҳӣ дорем, аҳли адабу фарҳанги кишвар аз ин дидору сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ камтар истифода кардаанд. Мутаассифона онҳо бештар атрофи масоили хурду ночиз ва инфиродии хеш ҳарф гуфта, дар масоили умдаи миллӣ ва пешрафти ҷомеъа камтар мегӯянд. Ва ҳам шеваи баргузории ин мулоқот ҳамасола қариб якранг аст. Аз ин рӯ нашрияи "Милллат" тасмим гирифт, ки назари чанде аз афроди рӯшанфикри ҷомеъаро перомуни ин мулоқот дониста бошад.

Султон Мирзошоев, ходими ҷамъиятӣ ва сиёсӣ:

MizoshoevИн ҷамъомад ҳар сол доир мегардад ва зиёиёни мо дар он иштирок меварзанд, ки онҳо пешниҳодҳои худро ба президенти кишвар иброз медоранд. Ба фикрам бояд пеш аз ҳама аҳли зиё; нависанда, рӯзноманигорон ва аҳли ҳунар иштирок дошта бошанд. Инчунин фикр мекунам, дар ин вохурӣ на танҳо ашхоси зикр кардаам, балки аз аҳли фарҳангу саноат низ иштирок дошта бошанд. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва занон низ бояд бо ҳамроҳии собиқадорони кишвар, ки дар ташаккули маданияту саноати ҷумҳурӣ ҳиссагузор ҳастанд ва шояд таклифу пешниҳодҳои муосир доранд, бояд ҳузур дошта бошанд. Агар имкон бошад, ин вохурӣ дар ҷои васеътар гузаронида шавад то мардуми зиёдтаре тавонанд пешниҳодҳои бештаре намоянд.

 

Муҳаммадҷон Шакурӣ, академик:

Muhammadjon_ShakuriЗиёиён ба фикри ман касоне ҳастанд, ки дар бораи муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ҷомеъаи имрӯз вобаста ба миллат ҳаст, бисёр фикр мекунанд. Дар бораи ҳалли масоили муҳим ҳамеша ҳарфи муайян доранд. Онҳо фикрашонро ба воситаи матбуот, навиштаҳо, баромадҳояшон баён мекунанд. Ҷомеъа аз рӯи ҳамин андешаҳои аҳли зиё роҳу равиши худро муайян мекунад. Нақши зиёиён барои муайян шудани сиёсати рӯз ва фарҳанги илмӣ ва дигар соҳаҳои сиёсат бисёр аҳамият дорад, ба шарте ба ин хулосаҳои ишон гӯш намуда ҷиддӣ муносибат кунанд, ҷиддӣ дар тамоми ҷомеъа муҳокима кунанд. Аз ин хулосаи зарурӣ ба миён меояд. Бинобар ин мулоқоти Ҷаноби Олӣ бо зиёиён, ки ҳар сол дар моҳи март дар остонаи Наврӯз сурат мегирад бисёр аҳамияти калон дорад. Дар ин мулоқотҳо аҳли зиёи мо бештар масъалаҳои майда ва ночизро мебардоранд, аммо масъалаҳои калони миллат, пешрафти ҷомеъа аз тарафи зиёиён кам пеш гузошта мешавад.  Муҳокимаи масъалаҳои асосии вазъи ҷомеъа, вазъи адабиёт, санъат, илм, иқтисодиёт ва соҳаҳои дигар, муҳокимаи ҳамаҷониба аз тарафи ин зиёиёни мо намешавад ва баъзан муҳокимаҳоямон бисёр рӯякӣ ва камфоида ва камнатиҷа ҳастанд. Ба фикри ман зиёиёни мо бояд ин мулоқотҳоеро, ки ҳарсола бо Президенти Тоҷикистон мешавад, бояд сад дар сад истифода кунанд. Бо бардоштани масъалаҳои калони ҳаётии миллат на бо масъалаҳои хурду ночиз. Ман умедворам, ин вохӯрие, ки имсол мешавад ҳамин гуна муҳокимаҳое, тамоми ҷомеъаро фаро мегирад ва фикрҳоро бедор мекунад ва ба ҷунбиш меорад, ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъала водор мекунад, хоҳад шуд. Ман дар ҳама аз ин муҳокимаҳои ҳарсола шомил будам, гӯш мекардам, фикр мекардам, вале худам боре ҳам сухангӯӣ накардаам. Як бор суханронӣ карда будам, ки аз тарафи Ҷаноби олӣ хуш пазируфта шуд, лекин то ба ҳол пурра ҳал нагаштааст. Пешниҳоди ман дар бораи маъоши кормандони илмӣ буд, ки бояд зиёд карда шавад. Зеро маъоши ин қишри ҷомеъа бисёр кам аст. Ман ки худам академикам ва даромадҳои дигар ҳам дорам, як навъ зиндагиямро бурда истодаам, вале касоне ҳастанд, ки бо ман як умр кор мекунанду аз ман ду се баробар камтар маош мегиранд. Ман дар пеши онҳо гоҳҳо хиҷолат мекашам, ки байни мо ин қадар фарқ аст. Ин масъала дар болоҳо боз муҳокима мешавад, вале то ба ҳол ҳал нашудааст.

  Муҳаммадсалом Махшулов, андешаманд:

Muhammadsalom_MakhshulovДидори ҳамасолаи Раисиҷумҳур бо рӯшанфикрони кишвар суннати хуб ва аз ҳар лиҳоз сутуданист. Ва назири ингуна дидорҳо дар таърихи давлат ва давлатдории тоҷикон хеле зиёд ба мушоҳида мерасад; муоширати Анӯширвони сосонӣ бо донишмандон, фалосифа ва адибон, таъсиси фарҳангистони улуми Гунди Шопур ва гиромидошти пажӯҳишгарон ва истифода аз хираду тадбири онон; муоширати мудовими умарои Оли Сомон бо хирадварзону фарзонагон ва…

Вале бояд рӯи он матлаб андеша кард, ки рӯшанфикр кист(?!). Ва чи гуна афродеро метавон ба табақаи рӯшанфикри ҷомеа мансуб донист? Дар фарҳангҳои маъмули урупоӣ вожаи "интеллигент" ба афроде ихтисос мегирад, ки аввалан, донишманду хирадпеша ва хирадварз буда; сониян, машғул ба фаъолияти мураккаб ва барои ҷомеъа муфиди халлоқи(эчоди)-анд; солисан, дар рушду тавсиъаи арзишҳои фарҳангӣ саҳим буда; ва робиъан дорои вижагиҳои сутудаи ахлоқӣ ва фарҳангианд, ва андешаи амиқ ва мустақил доранд.

Яъне барои мулоқот бо Раисиҷумҳур бояд афроде даъват шаванд, ки андешаронӣ ва ибрози назарҳои онон барои тавсеъаи ҳамаҷонибаи ҷомеъа ва таҳкими пояҳои давлати миллии тоҷикон муфиду муассир воқеъ шавад; аммо на он "зиёиёне", ки бо тамаллуқи зиёд дар ин гуна дидорҳо ноил ба интишори асарҳои беарзишашон мешаванд, ки касе баъд аз чоп онҳоро намехонад.

Шукри Парвардигор, шумори ин гуна донишмандону фарҳангиёне, ки метавонанд аз тариқи ирои андеша ва тадбири воло дар беҳбуди хати машйи (истротежии) иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳим бошанд, хеле зиёд аст. Масалан, аз ҷумлаи рӯзноманигорон ва афроди, ки дар расонаҳои гурӯҳӣ ба таври мудовим андешаҳои ҷолибе ироа мекунанд, дар дидори навбатӣ ширкати соҳибназарони тозаандеша ва ҷавонони огоҳи миллат аз диди банда хеле муносиб ба назар мерасад.

Ва, алабатта, қабл аз ҳама бояд ба ширкати донишмандони бахши иқтисод, фалосифа ва иҷтимоиёт увлавият қоил шуд, на ба "ҳузури" камравнақи "адибоне", ки "ҳамди беҳад" месароянд.

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигор:

Abduqayum_QayumzodЗиёӣ ё равшанфикр фардест, ки на танҳо илму дониш, мақому мартаба ва обрӯву иззати баланд дорад. Зиёӣ нафарест, ки ҷуръат, ҷасорат ва ҳиммат дорад. Зиёӣ нафарест, ки табиатан ислоҳот мехоҳад, дар баробари навоқис ва камбуди ҷомеа сукут намеварзад ва аз ироаи пешниҳоду изҳори назар барои рафъи онҳо истиҳола намекунад. Чуноне Аҳмад Махдуми Дониш, чуноне Садриддин Айнӣ ва чуноне Тоҳири Абдуҷаббор. Ин нафарон ба рағми дигарҳо аз гуфтан наҳаросиданд, хомӯш наистоданд агарчанде ҳукуматҳо барояшон озору азиятро раво диданд.

Имрӯз низ тақрибан бархурд ва муносибат бо зиёии асил, бо равшанфикре, ки аз анҷому иҷрои рисолати худ даст барнамедорад, иваз нашудааст. Мисоли равшани он ташкили вокунишҳои сохта ва маснӯӣ дар матбуот, ки алайҳи устод Мӯъмин Қаноат аст, ки як каме аз айбҳои имрӯзи ҷомеа гуфт, роҳандозӣ карданд. Яъне ҳоло ҳам мехоҳанд даҳони зиёии асилро бо ҳар роҳу васила бубанданд.

Ба назари ман дар дидор бо раиси ҷумҳур дар арафаи иди Наврӯз зиёиёне ба мисли Мӯъмин Қаноат, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Раҳим Масов, Барзу Абдураззоқов ва Зафари Сӯфӣ бояд ширкат кунанд, беҳтар аст. Зеро ман аминам, ки ин афрод ба фарқ аз онҳое, ки дар ин мулоқот ба намояндагӣ аз зиёиён ширкат карда, вале маъмулан дар бораи мушкилоти худ ва чопи китобҳои худ сӯҳбат мекунанд, дар бораи мушкилоти ҷомеъа ва мардум сӯҳбат мекунанд.

Вале саволи дигар ин аст, ки оё ин масълагузориҳо то куҷо роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд. Ба гумони ман дар мулоқот бо раиси ҷумҳур он идда аз равшанфикроне ширкат дошта бошанд, ки на танҳо мушкили шахсии худ, балки мушкилии ҷомеъаро ошкоро ва бидуни тамаллуқ ва хушомадгӯӣ баён доранд.

Мушкилоти ҷомеъа кам нест, вале онҳоро ошкор  кардан ва рӯй рост гуфтан рисолат ва вазифаи аслии онҳоест, ки худро зиёӣ мепиндоранд.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи "Озодагон":

Zafari_SufiБа назари ин ҷониб зиёӣ ё рӯшанфикр шахсест, ки дар баробари ҳама рухдод ва падидаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дидгоҳи босаводонаву огоҳона ва беш аз ин хирадмадорона дорад. Ҳоло шумо худ натиҷа гиред, ки оё мешавад ин афродеро, ки ҳуҷҷат дар бораи маълумоти олӣ доранду галстук бар гардан ва либосҳои замонавӣ мепӯшанд, зиёӣ гуфт ё на?! Ба ҷуз он таърифе, ки дар боло зикр шуд, шахси зиёӣ дар бархӯрд бо ҳама ҳодиса бояд арзишҳо ва усулҳоро дар авлавият гузорад. Оё инҳое, ки иддаои зиёӣ будан доранд, воқеъан чунинанд ё дар асл манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳиву маҳаллияшонро дар авлавият қарор медиҳанд?! Посухашро ҳар кас пеши худ ва албатта пеш аз ҳама аз амалкардҳои худ бояд биҷӯяд. Ба ҳар ҳол мутмаъинам бо ин меъёр шояд наваду анд дар сади онҳоеро, ки зиёӣ хонда мешаванд, битавон сиёҳӣ номид. Содатар бигӯям, рӯшанфикр неву торикфикр.

Дар посух ба ин пурсиш, ки дар мулоқот бо раиси ҷумҳур кадом масъалаҳоро бояд матраҳ намоянд, ҳамин андоза мешавад посух гуфт, ки аввал бояд мушаххас кунем чандто зиёӣ дорем. Он гоҳ метавон бо таваҷҷӯҳ ба гароиши фикрияшон ташхис дод, ки кадом масъалае матраҳ мегардад. Албатта дар ҷомеъа масоили зиёде ҳаст, ки бояд матраҳ ва ҳаллу фасл гардад. Вале инҳое, ки дар мулоқот ширкат мекунанд, оё тавони дарки он ва беш аз ин ҷуръати матраҳ карданашро доранд? Ман, ки ба ин хеле хушбин нестам. Онҳо бештар масоили шахсияшонро матраҳ мекунанд, зеро агар пазируфта шавад ба нафъашон аст ва агар қабул нагардад ҳам ҷазое ба дунбол надорад.

Сухан кӯтоҳ, шояд беҳтарин пешниҳод дар ин мулоқот зарурати парвариши зиёӣ ё ҳамон рӯшанфикр бошад?!

Муҳаммад Фармонзода, иқтисодшинос:

FarmonzodaЗиёӣ нафарест, ки дорои захоири ғании илмиву фикриву оянданигарӣ ва ҳамқадам бо замона ва аз равандҳои ҷаҳонӣ бохабар бошад, манофеъи миллату башарро авлавият қарор диҳад. Ҳар нафар новобаста аз иштиғолаш метавонад рӯшанфикр бошад, муҳим дар рушди иқтисоду сиёсату фарҳангу суботи кишвар огоҳона, ҷасурона гом бардорад ва миллатро думболи худ бубарад, озодии баёнро меҳвари ҳақиқии кори худ қарор диҳад.

Ҳамасола дар вохӯрии Президент бо ақшори нухбагон мулоқот доир мешавад, то таклифоту пешниҳодоти ин доираи муҳимми миллатро шунавад, вале ҷойи таассуф аст, ки зиёиёни муҳтарами мо ба ҷойи гузоштани барномаҳои дақиқе мадҳиясаройӣ мекунанд, ки борҳо худи Райисҷумҳур аз ин маддоҳии баъзе аз ҳузурёфтагони маҷолисро зери танқид қарор дод. Бояд таззакур дод, ки худи дастдандаркорони ин нишаст дар даъвату рӯйхатгирии афроди ҳушманди миллат як навъ "ҷудоисозӣ" менамоянд ва роҳро барои нафарони воқеъӣ банд  месозанд. ҳамин вижагист, ки масоилгузории нухбагони миллатро дар ҳузури роҳбарияти кишвар намешунавем. Бояд ҳушмандони миллати азиз, ки бори масъулияти илми тоҷикро доранд аз ин мулоқот истифода намоянду барномаҳои санҷидашударо муаррифӣ кунанд ва аз заъфҳои иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву давлатдориро ёдрас намоянд ва машварати рӯшани худро дошта бошанд. Феълан вазъи сиёсиву иқтисодии минтақа дар ҳоли "бад" қарор дорад ва чашми кишварҳои манфиатхоҳ рӯйи давлати мо ҳам ҳаст, пас нухбагони миллатро месазад, ки то консепсияи миллатсозиро таҳия кунанд ва ба Президент муаррифӣ намоянд, зеро то вақте ки сохтмони миллати воҳидро иҷро накунем, наметавонам худро дар ин равандҳои ағрозии кишварҳо бурд дошта бошем. Воқеан таърих исбот кард, ки миллати воҳидро ҳеч қудрате наметавонад зери султаи хеш мустақард бидиҳад. Имрӯзҳо воқеан омили заъфиятии иқтисодиву фикрии миллат мутаассир кардааст, ки ҳамагӣ ягона роҳи баромадан аз ин авзоъро дар муҳоҷирати корӣ мебинанд, ки феълан бо ҳисобҳои ғайрирасмӣ бештар аз 1 млн нафар аст ва қишре аз ин неруи муҳоҷирин аз афроди таҳсилдидаанд, яъне имрӯз фирори мағзҳо дар ҳоли тез ҷараён дорад, ки паёмади манфиеро думбол дорад, бояд дар ин маҳофили олӣ элитаҳои кишвар дар фикри бозгардонидани мағзҳо  бошанд ва дар сохтани шахсиятҳои рӯшанфикри минтақавӣ, гуфтугӯ намоянд. Бидуни тардид дар кишвари мо нухбае нест, ки пешгӯйиҳои сиёсиву иқтисодиву фарҳангии дар сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошад, албатта дарднок аст.

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон:

Sabahat_QasimАввал изҳори ташаккур мекунам аз нашрияи "Миллат", ки аз ҳоли мо хабар мегиранд. Инро бояд қайд намоям, ки фарҳанг ва театро бояд дар мадди аввал гузошт, зеро инсон ҳамчуноне ба ғизо эҳтиёҷ дорад, ба ғизои маънавӣ низ ниёз дорад. Банда чанд дафъа дар ин гуна вохӯриҳо иштирок доштам. Вақте кас эҳсос мекунад, ки касе сухани ӯро мешунавад ва ба дарди ӯ мерасад, бовари инсонро ба оянда бештар мекунад. Панҷ сол пеш дар яке аз чунин вохӯриҳо, банда ҳамроҳ бо Фаррух Қосимов иштирок доштем. Он замон театри "Аҳорун", ки ҳоло ба номи  Муҳаммадҷон Қосимов ҳаст, дар бинои Иттифоқи нависандагон иҷора менишаст. Театри мо беш аз бист сол аст, ки фаъолият мекунад ва худ чӣ тавре медонед зодаи истиқлол аст. Яке аз душвориҳое, ки ин театр дошт, ин надоштани бинои хусусӣ буд. Ман дар он вохӯрӣ ба Ҷаноби Олӣ гуфтам, ки театри мо дар чунин як ҳолати сахт қарор дорад. Президенти кишвар дар он нишаст фармуданд, ки барои театр ҷой ҷудо карда шавад. Баъди он кинотетри бо номи "Горкий"-ро ба мо доданд. Инак як сол аст, ки аз бинои Иттифоқи нависандагон мо ба ин ҷо кӯчидаем. Бино дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳукумати шаҳр ба мо ваъда доданд, онро таъмир мекунанд ва ҳоло ҳам мегӯянд, ки мешавад. Бояд бигӯям, ки барои театр дар чунин ҳолат фаъолият намудан хеле сангин аст. Тамоми кормандони театр бо қувваи хеш як гӯшаи биноро тармим карданд, ки дар он ҷо машқҳоямонро мегузаронем, то фаъолияти театр қатъ нагардад.

Ҳоло аз сабаби надоштани ҷойи доимӣ мо бештар намоишҳои бачагонаро рӯи саҳна оварда, онро дар мактабҳо ва донишкадаҳо намоиш медиҳем. Бо ҳамаи ин мушкилиҳо, театри мо барои ҷашни 20 солагии Истиқлол намоишномаи наверо рӯи саҳна оварда истодааст. Ин намоишномаи моро намояндагони вазорати фарҳанг омада тамошо карданд ва хуш пазируфтанд. Вале ҳоло ки саҳна нест, мо танҳо дар он донишкадаҳое намоиш медиҳем, ки саҳна доранд. Ин душвориҳои моро фақат касе, ки омада бо чашмонаш бинад, бовар мекунад. Ростӣ гап бовари кас намеояд, ки дар маркази шаҳр фарҳанг дар чунин ҳол аст. Лек мо ба оянда умед дорем ва бояд бигӯям, ки ин театри танҳо Фаррух Қосим не, балки театри тамоми тоҷикистониён аст.

Комил Бекзода, файласуф:

Komil_BekzodaЗиёӣ ду нишона дорад, вақте изҳори назар мекунад, изҳори назараш дар сатҳи миллат аст. Ин як нишонаи ӯст ва нишонаи дигараш ин, ки агар аз маҳдудаи миллат берун изҳори назар мекунад, бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ ва инсонӣ сухан гӯяд. Ва билкул рафтори шахсии вай, зиндагии ихтисосии вай, ҳамеша мисли оне, ки як фард ду пой дорад, зиёӣ низ бо ду андеша пеш меравад, яке андешаи миллӣ - ватанӣ ва дигаре андешаи сатҳи миллӣ, ҷаҳонии инсонӣ. Вақте ба таърихи фарҳанги равшанфикрӣ назар меафканем, бузургони ҷаҳон аз қадим ҳамин ду нишонаро доштанд. Ин ҷо фақат як истисно ҳаст, як мулоҳизае, ки бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, фақат бохабар шудан даркор, ки баъзе аз равшанфикрон ниқоби артистӣ ба чеҳра нагиранду нақши равшанфикри миллӣ ва ё ҷаҳониро  бозӣ кунанд,  бисёр мавридҳое ҳастанд, ки ин гуна "зиёиён" фақат нақш бозӣ мекунанд. Меъёри асосӣ ин аст, ки бояд гуфтор ва кирдори зиёӣ ягона бошад. Агар чунин набошад дигар ягон ченаке ба кор намеояд, ҳатман дар ин ҷо фурсатталабиву худнамоиву шӯҳратталабӣ ва дигар унсурҳое ворид мешаванд, ки баҳси моро ба тамом тира месозанд ва ин савол бе посух мемонад. То он ҷое, ки ман аз расонаҳо хабар дорам дар бораи мушкилоте, ки дар ҷомеъаи мо ҳаст рӯзноманигорону нависандагони мо менависанд ва пешкаши ҷомеъа менамоянд. Назари шахсии ман ин аст, ки бояд ҳар нафаре чӣ пешниҳоде дошта бошад, бояд бигӯяд. Лек бояд гуфт, ки ҳамон назареро, ки касе пешниҳод менамояд, ҳатмӣ нест, ки он бойиси қабули ҳамагон бошад.  Ҳангоме ҳамаи назарҳо гуфта шуданд, бояд байни ҳам андеша намоем, ки кадоме аз онҳо  барои шароити имрӯз ва ояндаи миллат заруртаранд, диққат бояд кард ва пайи ислоҳи он дар якҷоягӣ кӯшиш бояд намуд. Пештар орзу доштам, ки рӯзе расаду ҳамин роҳи мошингард ба Бадахшон доимӣ бошад, ки ақаллан тавонем дар рӯзҳои хушиву нохушии хешонамон сари вақт расем. Зеро дар он замонҳо рафтан ба ин диёр басо мушкил буд. Ба хусус дар фасли зимистон. Мардум вақте мешуд, ки моҳҳо  барои рафтан ба хонаҳояшон, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе интизорӣ мекашиданд. Хушбахтона ҳоло ин масъала ҳалли худро пайдо намуда аст.

Дигар пешниҳоде ки ба назари ман барои ҳамаи миллат зарур аст ин дар бораи рафъи беморони сил дар вилояти Хатлон мебошад. Зеро, ҳатто соли 1971, ки то ба ҳол дар ёдам ҳаст, мақолаеро дар "Комсомоли Тоҷикистон" хонда будам, ки чунин ном дошт "Фолклори силзадагони Кӯлоб" ва беихтиёр сахт гиристам. Аз он замон то ба ҳол ин масъала доимо хотири маро мушавваш месозад. Тавассути рӯзномаҳо иттилоъ дорам, ки имрӯзҳо чорабиниҳо ва барномаҳое барои рафъи он аз тарафи кишвар ва созмонҳои хориҷӣ роҳандозӣ мешавад. Умед ҳаст ин корҳо иҷро хоҳанд шуд. Ман фақат дар ин бора мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар чӣ зудтар иҷро шаванд. Чаро, ки ман аслан бемориро таҳаммул надорам, на барои худ ва на барои дигарон, зеро мебинам, ки касе бемор ҳаст, ман ҳам ранҷ мебарам.

Аз ин рӯ бояд ҳамаи мо сари ин масъала ҷиддитар фикр намоем ва дар якҷоягӣ ба ин беморие, ки солҳо мардуми моро ранҷ медиҳад, хотима бахшем. Ин аст пешниҳод ва беҳтарин орзуи ман дар Наврӯзи имсола. 

Таҳияи Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97