Рӯзи Наврӯз дар Дарвоз ҳама ба Ёгед мерафт

Фарҳанг ва адаб 18.03.2011 09:30

Navruz_5555555Наврӯзи оламафрӯз яке аз ҷашнҳои қадимӣ ва маҳбуби кулли форсизабонони дунё буда, ҳамчун рамзи оғози зиндагии  тоза аз давраҳои кӯҳан то замони мо омада расидааст.

Дар аҳди Шӯравӣ бархе аз роҳбарони бехирад ва дур аз таъриху фарҳанги миллат  ба ин ҷашн тобиши динӣ дода, таҷлили онро мамнӯъ эълон дошта буданд. Аммо  дар  ноҳияи Дарвоз ҳатто дар он замони атеистӣ ва дингурезӣ ҳам садди  роҳи таҷлили Наврӯз шуда натавонистанд. Мардуми сахт пойбанди анъанаҳои ниёкон ва фарҳангофарини ин ноҳияи дур аз маркази кишвар, хусусан дар рустои Ёгеди ҷамоати деҳоти Нулванд Наврӯзро ҳар сол, бо тамоми шукӯҳу ҷалол ҷашн мегирифтанд.

Шаби бурвеҷ ва фотеҳаи наврӯзӣ

Барои таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз кӯдакону наврасони ин деҳаи зебоманзар  ба пушта рафта, ҳезуму пуш (як навъи гиёҳ) барои афрӯхтани оташи наврӯзӣ ҷамъоварӣ меоварданд. Рӯзи 20-уми март меҳмонону  паҳлавонон аз кулли ноҳия барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба деҳи Ёгед мешитофтанд. Хешу табор ва шиносҳо, ки аз дигар деҳот ташриф меоварданд, бо худ тухмҳои рангзада доштанд. Дар ин рӯз аз субҳ то шом мардум бозиҳои гуногун ба мисли тухмҷанг, тухмҷаркунак, хурӯсҷанг ва кабкҷангро тамошо мекарданд. Шаби 20-уми мартро мардуми Ёгед Шаби бурвеҷ меноманд. Ба қавли бархе аз сокинон "бурвеҷ" калимаи суғдӣ буда, маънои шаби муқаддасро дорад. Дар ин рӯз офтоб ба бурҷи ҳамал мерасад ва шабу рӯз баробар мешаванд.

Занон дар шаби бурвеҷ ба оростани хони наврӯзӣ машғул мешаванд. Бо фаро расидани шом ҳама хурду бузург гирди  хони наврӯзӣ нишаста, то лаҳзаи афрӯхтани оташи наврӯзӣ рақсу сурудхонӣ мекарданд ва бесаброна мунтазири афрӯхтани ин оташи муқаддас, ки ёдгоре аз ниёкони ориётабори мо, нишоне аз кеши зардуштӣ ҳаст, мешуданд. Бо афрӯхтани оташи зардуштӣ дар соати 12- и шаб ва овози найи бо садои кӯдакон омехта, Наврӯзи Ёгед  ғулғула меандохт ва бо фотеҳаи наврӯзӣ, ниёиш ба офаридгор ва шукргузорӣ аз неъматҳои беҳамтои ӯ таманниёти наврӯзӣ оғоз  мешуд. Пас аз фотеҳа нишастагони гирди хони наврӯзӣ ҳамдигарро ба фаро расидани Соли нав табрику таҳният гуфта, то субҳ гирди оташи наврӯзӣ  ҳунарнамоии  ҳофизону мутрибон ва ровиёнро тамошо мекарданд. Расм аст, ки ҳар нафаре бо суханони  "Зардии рӯи ман аз ту, сурхии рӯи ту аз ман" аз болои оташи наврӯзӣ меҷаҳанд. Кӯдакон  бо нидои "дух-духи баҳорам назанад, пашшаи баҳорам нагазад"  аз болои оташ ҷаҳида, бо ин гӯё гуноҳи худро сӯзонда пок мекарданд ва ба Наврӯз омода мешуданд. Ин маросим дар деҳа бештар бо номи "дух-духи баҳор" маъмул аст.

Чаро мардум ба ҳамдигар тухм тақдим мекунанд?

Бо дамидани субҳ хурду бузург ба хонаҳо рафта, либосҳои кӯҳнаро аз тан мекашид ва либосҳои наву тоза  ба бар карда, ба маросими тухмгузаронӣ ва ордгузаронӣ омода мешаванд.

navruz3Маросими тухмгузаронӣ хоси писарон аст ва он бо пӯшидани тоқиву либосҳои наву тоза дар субҳи рӯзи Наврӯз оғоз мешавад. Бачаҳо ва ҷавонон ба хешу табор, ёру дӯстон, пиронсолону меҳмонони ҷашн яктоӣ тухми мурғ тақдим мекунанд. Тухм шабеҳи Замин куррашакл асту ранги сафед дорад ва тақдими он рамзи таманнои бахту иқболи сафед ва хайру баракату сериву пурӣ дар сартосари оламро дорад. Аз ҷониби дигар тухм рамзи зиндагӣ, эҳёи табиат ва сарчашмаи тамоми мавҷудоти зинда аст. Инсон ва кулли набототу ҳайвонот аз тухм тавлид мешаванд ва тухм нахустсарчашмаи ҳосил низ ҳаст.

Маросими ордгузаронӣ хоси духтарон буда, бо пӯшидани либосҳои идона дар субҳи рӯзи Наврӯз оғоз мешавад. Духтарон дар коса орд гирифта ба хонаи хешу табор, ёру дӯстон мераванд, косаи ордро ба онҳо тақдим карда, аз ҷониби онҳо низ бо тӯҳфаҳо сарфароз мегарданд. Бузургӣ ва шаҳомати Наврӯз боз дар он зоҳир мешавад, ки ҷангу ҷанҷол, ҳамдигарнофаҳмӣ, буғзу кина ва хафагие, ки байни занон ҷой дошт, дар ин рӯз фаромӯш мешавад. Бонувоне, ки бо ҳамдигар ба сабабе гапашон гурехта буд, дар ин рӯз тавассути зани миёнрав ба ҳамдигар орд фиристода, якдигарро мебахшанд. Аз ҷониби дигар ин маросим муносибати хешутаборӣ, пайванди ҳамсоядорӣ ва ёру дӯстиро боз ҳам қавитар месозад. Орд рамзи сериву пурӣ буда, тақдими он таманниёти зиндагии пурнозу неъмат ва осуда ба шахс аст.

Касе дар Наврӯз хонадор шавад, хушбахт аст!

Дар Ёгед расм аст, ки дар рӯзи Наврӯз ҳар писарбача бояд ҳафтто ниҳоли босамар шинонад ва парвариш кунад. Агар ин корро анҷом надиҳад, ҳангоми ба синни балоғат расидан имкони дар Иди Наврӯз хонадор шуданро надорад. Бисёр волидайн дар дил орзу мепарваранд, ки фарзандонашон маҳз дар ин рӯз хонадор шаванд, зеро ақидае аз гузаштагон мерос монда буд, ки ҳар касе рӯзи Наврӯз  оила бунёд кунад, ҳеҷ як қувваи аҳриманӣ ба ин оила зиён расонда наметавонад ва ин оила тамоми умр хушбахт мемонаду фарзандони солеҳ ба дунё меоварад.

Шахсан ман дар хурдсолиам ба мисли дигар ҳамсолонам  як дарахти анҷир, як дарахти зардолу, як тут, як гелос, як себ, як чормағз, як олуча шинонда парвариш кардаам. Вақти зиёди худро ба парвариши ин ниҳолҳо сарф кардам ва барои ин сарзаниш ҳам шунидаам.

Пеш аз оғози мусобиқаи варзишӣ барои шаҳу арӯс дар майдон ҷойи махсус тайёр мекарданд. Арӯсон дар ин ҷои муҳайёшуда интизори шаҳмардҳои худ мешуданд. Шаҳмардҳо аз шумори ҳафт ниҳоли парваридаи худ меваҳои хушккардаро дар табақи чӯбин, ҷомаю лингӣ (миёнбанд)-и шоҳӣ ва тоқии дарвозӣ гирифта,  вориди майдон мешуданд. Садои ғулғулаафкани мардум ба осмон  мепечид ва  шаҳмардҳо самараи заҳмати худро ба арӯсон пешкаш намуда, ҳуқуқи дар рӯзи  Наврӯз хонадор шудани худро ба онҳо изҳор мекарданд. Бо дуъои халифа дар ҳаққи навхонадорон ҳама омин мегуфт. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ ин анъанаи неки ниёконро  ба коми худ фурӯ бурда, он имрӯз ба эҳё ниёз дорад.

Агар Толибшоҳи Сайидзода малол нашавад…

Маросимҳои варзишии наврӯзӣ одатан дар майдони регзори лаби дарёи Панҷ баргузор мегардиданд. Гуштии миллӣ маъруфтарин намуди варзишӣ ба ҳисоб мерафт. Ду дастаи деҳоти боло ва поёни пули қалъаихум бо ҳам зӯрозмоӣ мекарданд ва ғолибон бо тӯҳфаҳои шойиста сарфароз гардонда мешуданд. Умед мебандам, ки бойиси озурдагии Толибшоҳи Сайидзода, ки зодаву парвардаи деҳи болои пули Қалъаихумб аст, намешавад, ки ғолибият бештари вақт  насиби дастаи деҳоти поён мегардид.

Ба ғайр аз гуштигирӣ намудҳои мухталифи бозиҳои варзишӣ, аз қабили пойга, сангбардорӣ, давидан, волейбол баргузор мешуданд ва бозиҳои мароқангез то шом давом меёфтанд.

Маросими ордгирак ва сайри гули лола

Ордгирак,  яке аз маросимҳои наврӯзии мардуми деҳаи Ёгед ҳаст, ки бегоҳии рӯзи 21-уми март, бо анҷоми бозиҳои варзишӣ дар хонаи яке аз духтарон баргузор мешавад. Яке аз духтарони деҳа қаблан ба ҳамсабақон ва ҳамсолонаш эълон мекунад, ки бегоҳии ҷашни Наврӯз навбати ордгирии ман аст. Ордгирӣ ба маънии даъват ба ҷашни наврӯзӣ аст. Духтарон бегоҳӣ ба хонаи шахси даъваткарда рафта, пас аз тановули ғизои наврӯзӣ бо рақсу бозӣ, чистонгӯяк, байтбарак ва дигар намуди бозиҳо шабро он ҷо рӯз мекунанд. Бо дамидани субҳи содиқ ин гулдухтарон барои овардани нишонаи баҳор ба сайри гули лола  ба кӯҳи Чаҳорчаман мераванд. Аз чаҳор чаманзори ин кӯҳ гули чағз, ки онро гули барфак ҳам мегӯянд, дар дигар манотиқ ин гул бо номи сияҳгӯш маъмул ҳаст, ҳамчун нишона  ва мужда аз баҳор чида, якдонагӣ ба модарону хоҳарон ва занони ҳамсояву ҳамдеҳа тақдим мекунанд. Бархе аз духтарон дар ин рӯз ҳойравӣ мекунанд ё арғушт мераванд.

Аммо аз мушоҳидаҳои солҳои охир бармеояд, ки ба ғайр аз маросими ниҳолшинонӣ ва сайри гули лола ҳама ба коми фаромӯшӣ рафтааст.

Бошандагони ин деҳаи хушманзари посдори таъриху фарҳанги бостонӣ иқдом карданд, ки ин  маросимҳо ва анъанаи ниёконро аз нав эҳё созанд. Омӯзиши расму оинҳои наврӯзӣ дар деҳоти дурдаст метавонад, паҳлӯҳои гуногуни шукӯҳу шаҳомати бештари  ин ҷашни аҷдодиро ҷилвагар созад.

Рустами Содиқиён, ҷумъаи Бартангӣ, 

махсус барои "Миллат", аз шаҳри Хоруғ.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97