Таҷлили Наврӯз ё бозгашт ба асли хеш

Фарҳанг ва адаб 17.03.2011 14:55

Navruz_7_sinНаврӯз аз ҷашнҳои бостонии қавмҳои иронист, ки имрӯз дар саросари қаламрави Ирон, Озарбойҷон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, қисме аз маҳаллаҳои курднишини Ироқ, Туркия, Сурия дар рӯзи аввали моҳи фарвардин, ки мутобиқ ба 21 март аст, таҷлил мегардад.

Наврӯз тибқи тақвим нахустин рӯзи сол - аввали фарвардин ва ё рӯзи Урмуздро мегӯянд. Наврӯз аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ ва ёдгории ҳазорсолаҳои тамаддуну фарҳанги ғании сарзамини каёнист. Ҷашни бузурги Наврӯз бо бедорӣ ва аз нав эҳё шудани ҳаёт дар табиат оғоз меёбад. Ин ба замоне рост меояд, ки ҳамакнун сардии зимистон поён меёбад ва дар домони кӯҳу саҳро гулу райҳону настаран мерӯяд.

РӮЗЕ, КИ ИНСОНРО ХУДО ОФАРИД, НАВРӮЗ БУД

Овардаанд, ки Наврӯз ёдгори Каюмарс мебошад. Ба гуфтаи ин ровиён Каюмарс нахустин инсон ва нахустин шаҳриёри рӯи замин буд. Он рӯз, ки Каюмарс (бобои нахустини инсонҳо) офариниш ёфт, он рӯзро Наврӯз номиданд. Бархе дигар пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат дода мегӯянд: Пас аз он ки Ҷамшед дасти бедодгаронро аз бедодгарӣ кӯтоҳ кард ва ойини зиндагиро ба мардум омӯхт, бар тахти гавҳарнишон нишаст ва девон ӯро аз "Ҳомун ба гардун" бурданд. Мардум ба шукронаи ин пирӯзӣ ҷашн гирифтанд ва он рӯзро Наврӯз хонданд.

Абурайҳони Берунӣ Наврӯзро аз қавли Ҳашвиюн "гурӯҳи аз донишмандон, ки қазоёро ба далоили зоҳирӣ таҷзияву таҳлил мекарданд" ба Сулаймон бинни Довуд нисбат медиҳад. Берунӣ мегӯяд: Бархе аз Ҳашвиюн мегӯянд, ки чун Сулаймон бини Довуд ангуштарии худро гум кард, салтанат аз дасти ӯ рафт. Вале пас аз чиҳил рӯз бори дигар ангуштарии худро ёфт ва подшоҳиву фармондеҳии аз даст рафта дубора бад-ӯ боз гашт ва мардум гуфтанд, ки Наврӯз омад.

Аз он ҷонибҳо мардум ҳамасола рӯзи аввали солро ҷашн гирифтанду базму суру тараб оростанд. Дар асоси ин достон мардум дигар бовар карданд, ки касе дасти бедодгаронро аз бедодгарӣ кӯтоҳ карду ҷаҳонро обод намуд, Сулаймон бини Довуд буд, ки пас аз сарнагун сохтани бунёди зулму поксозии қаламрави худ аз вуҷуди бадкорон ба тахте гавҳарнишон нишаст ва ба кӯмаки "девон" аз "Ҳомун ба гардун" парвоз кард.

Ривояти дигаре низ дар манобеъ омадааст, ки дар ин рӯз киштии Ҳазрати Нӯҳ (а) бар кӯҳи Ҷудӣ ба замин нишаст. Хилқати олам дар ҳамин рӯз анҷом пазируфтааст. Ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳамин рӯз алайҳи бутон қиём намудааст. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар ҳамин рӯз ба пайғамбарӣ мабъус гардидааст.

 СУФРАИ НАВРӮЗӢ

Тибқи сунану одоти мардуми ориёӣ дар нахустин рӯзи Наврӯзӣ суфраҳое аз нозу неъмат густурда мешавад ва тамоми анвои шириниву нуқлу хурришҳо дастархонро музайян мегардонад. Ба хусус суфрае, ки мардум меороянд, ин ҳафт қалам "син" ном дорад ва ҳар чизе бо оғози "син" бошанд (намоде аз Спанто Армаити) рӯи суфра чида мешавад.

Сабза - намоди хуррамӣ ва навзистӣ, сирка-ҷойгузини шароб ва намоди шодӣ (тибқи ривоёт дарахти ток дар сарзаминҳои мардуми ориёӣ меваи шодӣ дониста мешавад), суманак - намоди хайру баракат, себ - намоди меҳру меҳрварзӣ, сир-нигаҳбони суфра, самоқ-намоди мазаи зиндагӣ ва санҷид-намоди ҳайёт ва базри ҳайёт.

Суфра дар даврони бостонӣ "ҳафт шин" (шаҳд, шакар, ширинӣ, шароб, шаббӯ, шолин, шабдар) будааст, вале дар чанд қарни ахир ба "ҳафт син" иваз шудааст. Дар ин суфра ба ғайр аз ҳафт син боз ойина, ки нишонгари нуру ростист, моҳӣ, ки баёнгари зиндагии некбахтист, шамъ, ки намояндаи оташ аст, гул, ки намоди дӯстист ва китоб намоди доноист, гузошта мешавад.

Агар аз нуқтаи назари мантиқ бингарем, рақами ҳафт дар фарҳангу адабиёти мардумони ориёӣ адади муқаддас аст ва корбурди он дар ҳафт хони Рустам, ҳафт табақаи осмон, ҳафт марҳалаи ишқ, ҳафт ахтар, ҳафт иқлим, ҳафт ранги рангинкамон, ҳафт соли даврони кӯдакӣ, ҳафт рӯзи ҳафта, ҳафт фаришта, ҳафт шаҳри ишқ дар ирфону тасаввуф, ҳафт пайкар ва ғайраҳо машҳур аст ва дар адабиёт ҳам осори зиёде бо адади ҳафт оғоз шуда, ҳамчун "ҳафт авранг" ва ё "ҳафт ганҷ".

 ҲАФТ СИН Ё ҲАФТ ШИН?

Navruzi_01Ҷашни соли Наврӯз нишондиҳандаи бедорӣ ё таваллуди дубораи зиндагии табиат баъд аз зимистони бесамар аст. Қабл аз оғози наврӯз мардум амокини поккориро анҷом медиҳанд ва ҳатман хонатаконӣ мекунанд, сабза мегузоранд ва либоси идона медӯзанд, то дар ҷашни наврӯз дастаҷамъона гардиш кунанду хушҳолӣ намоянд.

Адади ҳафт дар забони бостонӣ ба номи "амрдод" аст, ки маънои ҷовидонагӣ ва бемаргиро медиҳад ва аз он ҷое, ки ин адад маънои зебоии зиндагӣ ва ҷовидонагиро медод, ҳафт вожа ба нишони он гузина карда ва бар хони наврӯзӣ мечинанд. Ба ривояте ҳафт "син" нишонаи ҳафт дона гиёҳе аст, ки метавон бо он сабзаи наврӯзӣ таҳия кард; ҷав, мош, адас, арзан, лубиё, нахуд ва гандум.

Замони порсиёни кӯҳан  мардум даҳ рӯз қабл аз Наврӯз аз ҳар ҳафт дона сабза мерӯёнданд ва зарфҳои сабзшударо дар хонаҳо мегузоштанд. Ин аломату нишонае буд, ки ҳамон сол маҳсулот пурсамар мегардид.

Суъоле матраҳ аст, ки чаро ҳафт "син" мегӯянд, на ҳафт "шин"? Бино бар ривояте ҳафт "син" нахустин бор ҳафт "шин" буд. Гузинаҳои ҳафт "шин" аз шаҳд (шираи дарахтон), шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод ва шоба (мева, хусусан себ) буд. Аммо баъд аз ҳузури ислом ба иллати мамнӯъияти масрафу истеъмоли шароб ин ҳафт "шин" табдил ба ҳафт "син" шуд. Ба ривояти дигар "син" вожаи аввали номи ҳафт фариштаи бостонии порсӣ аст ва ҳамаи онҳо дорои вижагиҳои хос ва некӯ буданд.

 МО БА АСЛИ ХЕШ БАРГАШТЕМ

Бойиси хушбахтист, ки бо гузашти анқариб як аср, дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт ва он чун ҷашни миллии мо ҳамасола ба таърихи 21 март- аввали фарвардинмоҳ таҷлил мегардад. Дар даврони салтанати Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлили ин ҷашн мамнӯъ буд ва аз хотирот ва фарҳанги мардум берун шуда буд. Вале дар он давраҳо ин ҷашнро бо номи "Иди баҳор" ва ё "Ҷашни кишоварзон" таҷлил менамуданд. Аммо имрӯз дигар мо ба асли худ мерасем ва ин ҷашни бузургро, ки аз Каён ба мо мерос мондааст, бо хушҳоливу нишот истиқбол мегирем. Мардум дар тӯли чаҳор рӯз бо тамоми маънӣ ва бо риоя аз суннану фарҳанги миллӣ онро таҷлил менамоянд ва амокинеро, ки дар мавриди истиқболи Наврӯз мардумони ориёӣ ба ҷо меоранд, ба куллӣ ва пурра анҷом медиҳанд.

Имрӯз мардум тавассути расонаҳо аз амокини Наврӯз маълумоти кофӣ дар ихтиёр доранд ва Наврӯзро яке аз ҷашнҳои муқаддас ва бостонӣ мешиносанд. Ин рӯзест, ки барои ҳар як фард, иҷтимоъ гармиву рӯшанӣ ҳадя менамояд ва дилҳоеро, ки тӯли фасли сарди зимистон ях баста буданд, гарму рӯшан мегардонад ва барои зиндагии тозаву пурсамаре умедвор мегардонад.

Қудуми Наврӯз барои ҳар як хонадон фархундаву нурбор аст!

Ибодуллоҳи Оқилпур

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97