Калисо давлатҳоро динбезор кард

Фарҳанг ва адаб 16.03.2011 03:10

Kaliso_davlatБарои ҷудо сохтани дин аз сиёсату давлат, ки он дар ҷаҳони Ғарб пеш омада буд, чӣ ниёзе буд? Суолест, ки барои пайдо кардани посух дар ин мақола бар он кӯшидаам. Секулоризм ё ҷудоии дин аз давлат вожаи англисӣ буда, (seculorizm) аз решаи лотинӣ (seculoriss - saeculam - speculum) гирифта шуда, ба маънои рӯзгор, дунё омадааст, ё ба ибораи дигар чизе, ки ба дунё робита дошта, аммо ба охират ва дин робитае надошта бошад, онро секулор мегӯянд.

Истилоҳи секулоризм

Чуноне дар боло зикр кардем, ин истилоҳ дар фарҳанги Ғарб ба мафҳумҳои мухталиф истифода мешавад, монанди:

Секулоризм, яне мухолиф ба дин ва шариъат, мухолиф бо рӯҳониён, дунёдор, тарафдори усули дунявӣ, ҷудо сохтани дин аз давлат, ҷудо сохтани дин аз сиёсат, илмгароӣ, навоварӣ модернизатсия дунявӣ, шудан, дунявӣ кардан, ғайриддингароӣ, ҷаҳонӣ.

Секулор, яне вобаста ба дунё, ғайрирӯҳонӣ, ғайридинӣ, яне касе, ки алоқа ё майле ба корҳои маънавӣ ва динӣ надорад.

"Фарҳанги комили форсӣ", Ориёнпури Кошонӣ, модаи secu, саҳифаи 378.

"Доиратул маориф"- и Британия, модаи АТН, ҷилди 1, саҳифаи 55.

"Фарҳанги англисӣ- форсии муъосир", Муҳаммад Ризо.

Секулориза, яне дунявӣ кардан, ғайрирӯҳонӣ кардан, озод будан аз калисо аз кашишҳои динӣ, аз олами рӯҳоният хориҷ шудан, дунёпараст шудан.

"Доиратул маорифи Британия", саҳифаи 233, модаи АТН.

"Фарҳанги Оксфорд", чопи аввал, саҳифаи 17.

Мактаби секулоризм

Секулоризм мактабе аст, ки  дар он масоилу корҳои дунявӣ ба монанди сиёсат, иқтисод, айшу майишат ва амсоли инҳо бояд аз дин ҷудо бошанд. Ба қавли ин мактаб дин танҳо баёнгари зиндагии шахсии инсонҳост.

Номи дигари ин мактаб «лаосизм» аст, ки аз юнонӣ "Laikos ва Laos" гирифта шуда, ба маънои мардум аст. Ин вожа барои чизе истифода бурда мешавад ки дар муқобили калисо "Anti Christian" ва дар муқобили дин "Anti religious" бошад ва дар ин низом рӯҳониён нақше надоранд.

Дини Ғарб дигар он масеҳият нест

Бояд равшан сохт, ки мурод аз секулоризм ҷудо будани дин аз давлат бошад, пас кадом динро дар назар дорад. Ин нуктаро баён хоҳам сохт.

Дине, ки дар ҷомеъаи аврупоӣ вуҷуд дорад, ин дини насронии кунунӣ аст, ки он бар асари таҳрифот моҳияти динии хешро аз даст додааст ва ба як масъалаи хусусӣ ва фардии робитаи махлуқ бо Холиқ табдил ёфтааст. Таълимоти он ҳам ба додани як қатор тавсияҳо маҳдуд буда, коре ба масоили ахлоқиву иҷтимоӣ надорад.

Фарқи як нафар диндор аз як бедин дар ин ҷомеъа дар он аст, ки шахси диндор ба як силсила масъалаҳои ахлоқӣ пойбанд аст, ҳафтае як бор он ҳам рӯзи якшанбе, баъди тулӯъи офтоб ба калисо меравад ва лаҳзае ба ибодату муноҷоти Худо мепардозад. Вале афроди бедин ягон иртиботе нисбат ба масоили диниву ахлоқӣ надошта, ҳаргиз ба калисо намераванд, худро бедину бехудо муаррифӣ карда, тифлонашонро дар калисо барои ғусли таъмид (святая церковная вода) кардан манъ мекунанд. Ҳатто мурдаҳояшонро тавассути попи калисо дафн намекунанд.

Сарчашмаи секулоризм

Ба сурати умда мехоҳам ҳадафи аслии ҷудоии дин аз сиёсатро дар ҷаҳони Ғарб пешкаши хонанда кунам ва ҳам таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба як нукта ҷалб намоям, ки ҷудоии дин аз сиёсат, ки бар асари давлатдорӣ ва фармонравоии бисёр нодурусти ходимони дини масеҳӣ дар асрҳои миёна ба вуҷуд омад, то имрӯз дар ёди мардум хотироти бисёр дардноке боқӣ гузоштааст. Ин замоне буд, ки тамоми кору умури давлату мардум комилан дар дасти калисо ва ходимони он буд ва дигар ҳарфу назари касе эътибор надошт, на аз шоир, на аз олиму оқил. Дороёну умарои вақт ба арбоби калисо боҷу андоз мепардохтанд, ба ҳама фармонҳояшон бечунучаро итоат мекарданд. Ба ин роҳ арбобони калисо тавонистанд бо татбиқи фатвоҳои динӣ соҳиби сармояи зиёде гарданд ва барои худ зиндагии баландеро муҳайё созанд ва қудрати худро нирӯ бубахшанд. Калисо дар асрҳои миёна бар тамоми шууни зиндагии мардум; сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дахолат мекард. Бо гузашти замон попҳо бо қудрати тамом ба кишварҳои ин қитъа (Мағрибзамин) ҳукмронӣ мекарданд, бояд гуфт, ки калисо дар даврони ҳокимияти хеш арсаро чунон бар мардум, хусусан аҳли илм ва фарҳанг танг сохтанд, ки ҳатто ин мардум ҷуръати изҳори назарро дар баробари  ин ҳокимият аз даст доданд.

Хотироте дарднок

Калисо на танҳо худро муфассири хоси китоби муқаддас донист, балки ба касе иҷозаи ибрози назар дар улуми башариро намедод. Арбобони калисо ҳамаи пешрафтҳои башариро ҷоҳилона мухолифи китоби муқаддас қаламдод намуда, бад- ин тартиб таззод ва зиддиятро байни илм ва дин асос гузошта барқарор карданд. Дар соли 1210 Шӯрои калисои Париж ҳатто хондани китоби Арастуро, ки дар бораи фалсафаи табиӣ буд, мамнӯъ эълон карда, хонандаи онро ба номи муртад, мулҳид, мушрик муҷозот мекарданд. Ин масъала бойиси он гардид, ки барои ҳамеша динро аз сиёсат ҷудо кунанд, ки акнун ба шарҳи ин хотироти дарднок мепардозем.

Ин вазъият аз асри 12 то асри 19 - и  милодӣ дар кишварҳои абарқудрате чун Фаронса, Англия, Олмон, ҳуланд, Португалия, Лаҳистон, Испаниё ва ғайра давом кард ва ин зиддияти попҳо ба ҳадде расид, ки намояндаи  онҳо дар Пуҳантуни Париж конфронсеро, ки дар он аз масоили фалсафӣ, метафизикӣ ва  табиӣ баҳс ба амал меовард, мамнӯъ эълон кард. Бояд гуфт, ки попҳои калисо дар баробари наҳзатҳои илмӣ ва нодида гирифтани навоварӣ ва илмҳои дунявӣ ҳатто ҳамаи пешрафтро дар зиддият бо дин муаррифӣ намуда, теъдоде аз донишмандони машҳурро, аз ҷумла уламои табиятро ба муҳокима кашиданд. Аз он ҷумла Галилейро 1432 - 1543 ба хотири назарияи курашакл будани Замин ва давр задани он дар гирди Офтоб ба муҳокима кашиданд. Базеҳоро сар буриданд, иддаеро ҳатто зинда дар оташ сӯзониданд ё ба абадӣ ба зиндон ҳукм карданд.

Вайл Дарвинд менависад,ки ҳатто попҳо эълон мекарданд, ки ҳар касе агар нафареро ки зидди калисо сухан мегӯяд ё бидаткорӣ мекунад, ба мо хабаррасонӣ кунад, аз ҷониби калисо бо ҳадияҳо мукофотонида мешавад. Ё ҷойи дигар мегӯяд, ки шиканҷа нисбати гунаҳгорон дар ҳар калисо мухталиф буд. Вале аксаран дасту пои муттаҳамро ончунон маҳкам мебастанд, ки устухонҳояш дарҳам мешикаст.

Шоҳ Ҳенри чаҳорум дар соли 1401 мелодӣ дар Англия бо дархости калисо фармонеро, ки   бидъаткорон бояд сӯзонида шаванд, содир кард.

Калисо мардумро қир кард

Вайл Дарвинт дар саҳифаи 360- и  китоби хеш "Таърихи тамаддун" дар бораи теъдоди қурбониёни калисо менависад, ки аз соли 1480 то соли 1488 наздик ба 8 ҳазору 800 нафар дигарандешон тавассути калисо дар оташ сӯзонида шудаанд. Тақрибан 96 ҳазору 494 нафар ба ҷазоҳои гуногун  маҳкум шуданд. Аз соли 1480 то соли 1808 ҳудуди 319ҳазору 12 тан дар оташ сӯзонида шуда, 291 ҳазору 450 нафар ба ҷазоҳои гуногун маҳкум шуданд.

ҳамаи ин ваҳшоният сабаби он шуд, ки бо гузашти як замоне мардум бар зидди попҳо ба по хестанд. Дар охир шӯришҳои халқӣ бо роҳбарии донишмандон ба шахсиятҳои бонуфуз дар баробари рӯҳонияту калисо мавзӯъе тайёр намуданд, ки дар ниҳоят шиори ҷудоии дин аз сиёсатро пеш гирифта буд, ки ин шиор ба истиқболи гарми мардум, аз ҷумла уламо ва донишмандон қарор гирифт.

Шиорҳои ҷудоии дин аз сиёсат аз як тараф, тазодҳои илм ва дин, аз тарафи дигар дар ҳамаҷо паҳн карда шуд, ки онҳо бо пирӯзии ин шӯриш калисо ва арбобонашро аз саҳнаи иҷтимоъ ақиб ронданд ва аз ҳамон императории бузургашон танҳо минтақаи хурдаке бо номи "Ватикан",  ки масоҳаташ камтар аз 1 километри мураббаъро ташкил мекунад, дар тассарруфи попҳо (кашишҳо)- и калисо монд. Ин ҳамон таҳаввулоте буд, ки дар шароити он замон хоса ба вуҷуд омад.

Аммо ин, ки дар ҷомеъаи имрӯзаи мо аксариятро - 99% -ро мусалмонон ташкил мекунанд, ниёзе ба ҷудоии дин аз давлат ё сиёсат ҳаст?

Оё дини Ислом дар муқойиса бо масеҳият фарқияте дорад?

Оё шаҳрвандон мафҳумҳои сиёсат, давлат ва динро хуб дарк кардаанд?

Оё бо динӣ шудани фазои сиёсӣ ба сиёсат зиён мерасад?

Оё дини Ислом бидуни сиёсат буда ва ё шуда метавонад?

Оё таркиби дин ва сиёсат бар зарари озодандешӣ ва дар натиҷа бар зиёни ҷомеъа аст?

Оё ин сиёсати ҷудоии дин аз давлат ҳанӯз дар давлатҳои Ғарбӣ ба чашм мерасад ё хайр?

Umedi_MisriЧандин суъолоти дигарро дар шарҳи ин мавзӯъ дар нашрҳои баъдӣ пешкаш хоҳем кард.

Бо умеди ислоҳи камбудиҳо ва тавфиқи аҳли Ватан

Умедҷони Шокирӣ,

донишҷӯйи Донишгоҳи қоҳираи ҷумҳурии

Мисри Араб

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97