Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Модаре, ки Каъбаро обод кард

Фарҳанг ва адаб 09.03.2011 03:40

KaabaОхирон китобе, ки аз бозори китоби Душанбе харидам "Бонувони хонадони нубувват" ном дорад ва тарҷумаи китоби арабии "Тароҷиму сайидоти байтиннубувва разияллоҳу анҳун" ҳаст. Гарчанде номи тоҷикияш хеле зебову дилкаш аст, вале агар дақиқтар тарҷумааш кунем "Шарҳи ҳоли бонувони хонадони нубувват (р.а)" мешавад.

"Духтари соҳил" дар Душанбе

Бо ин китобу китобҳои дигари муаллифи он - доктор Оиша Абдураҳмон(1913-1998)  муҳаққиқ ва олиму донишманди мисрӣ дар даврони донишҷӯӣ ошноӣ пайдо намуда будам. Номбурда инчунин бо "Бинтушшоти'" ва ё "духтари соҳил" маъруф аст. Муаллифи мазкур яке аз барҷастатарин муҳаққиқоне ҳаст, ки дар бораи занҳои маъруфи Ислом, алалхусус ҳамсарони Ҳазрати Муҳаммад (с) ва духтаронаш китобҳои арзишманде таълиф намудааст. Хеле шод шудам, вақте тарҷумаи тоҷикии китоби муаллифи мазкурро дар бозорҳои Тоҷикистон дидам ва бедаранг нусхае аз онро барои китобхонаи шахсиям харидам. Оиша Абдураҳмон ҳам услуби фавқуллода зебову муассире дар навиштан дорад ва ҳам ҷуръату шуҷоати муҳаққиқона. Ӯ бо дарназардошти нозуктарин масъалаҳои равониву махсуси занон кӯшидааст ҳаёти занҳои пештози таърихро ба таҳлилу баррасиву таҳқиқ бикашад ва кори арзишмандеро аз худ ба ёдгор боқӣ бимонад.

Тӯҳфа барои модарон

Дар муқоваи тарҷумаи тоҷикии китоби мазкур навишта шудааст, ки ин китоб "ҳадия ва тақдим ба муносибати Рӯзи истиқлоли кишвар" аст , аммо ман  фикр мекунам муносибтарин рӯзи эҳдои ин китоб 8- март, Рӯзи модарон аст. Ва маҳз фаро расидани ин иди зебо бойис шуд, ки банда ба суроқи ин китоб биравам ва достонеро аз ин китоб барои он азизоне, ки дастрасӣ ба ин китобро надоранд ва ҳамчун тӯҳфаи идона барои модарону бонувон тақдим намоям. Дар ин фурсат мехоҳам достони модареро, ки дар таърихи башар кори бузургеро анҷом додааст ва дар ободии Каъба, қиблаи муслимин саҳми босазое гузоштааст, қисса кунам. Намегӯям Каъбаро ӯ сохт, вале мегӯям ӯ бойис шуд бо амри илоҳӣ ва ба сабаби рашки Сора, зани аввали шавҳараш Иброҳим алайҳиссалом, ки ин самти саҷдаҳову ин қиблаи розу ниёз дар қалби саҳрои Ҳиҷоз қомат афрозаду шаҳри Макка обод шавад. Маҳз ба сабаби нолаҳои ҷонгудози ин бонуи боиффату қавиимон ва модари яке аз паёмбарон ба даргоҳи илоҳӣ буд, ки беҳтарин оби ҷаҳон Зам-зам пайдо шуд. Ин ҷо сухан дар бораи Ҳоҷар, модари Ҳазрати Исмоил, ҳамсари Ҳазрати Иброҳим алайҳимассалом меравад.

Ҳоҷар кист?

Ҳоҷар бонуест аз хонадони шоҳӣ аз кишвари Миср (дар бархе манобеъ аз Мағриб), ки мулку подшоҳии падараш аз байн рафтаву дар ҳолати нодорӣ барои хидмат ба қасри подшоҳ меояд. Дақиқ намедонем ин ҳодиса кай рух додааст. Дар Қуръони карим вақте дар ин бора сухан меравад, санае зикр намешавад. Аммо аз рӯйи тахмини таърихшиносон ин ҳодиса тахминан ду ҳазор сол муқаддам то пайдоиши Ислом ва беш аз 3 ҳазор сол пеш то замони мо ба вуқӯъ пайвастааст. Мутобиқи ривояти Қасас-ул-анбиё (ки ривоёташ чандон мавриди эътибору қабул нестанд) подшоҳи он замонаи Миср ба дини Иброҳим алайҳиссалом гаравид ва Ҳоҷарро ҳамчун хидматгор ба ҳамсари Ҳазрати Иброҳим Сора тақдим мекунад. Ба гуфтаи манобеъи интернетӣ исми Ҳоҷар аз ҳамин ҷо аз лафзи арабии: "ҳо аҷрук - ин аст (ё мана) подошат"  яъне ба маънои тӯҳфаву мукофот меояд.

Ҳиҷрати Ҳоҷар

Сора дар ин ҳангом пиразани нозо гашта буд ва Ҳоҷари ҷавонро ба шавҳараш ҳамчун зани дуввум дод. Ҳоҷар ҳомиладор шуда, Исмоилро таваллуд кард. Дар ин миён ғайрату рашки Ҳазрати Сора зиёд шуду ба ҳамсараш гуфт, ки наметавонад бо Ҳоҷару писараш зери як сақф зиндагӣ кунад. Ин бойис шуд то Иброҳим алайҳиссалом бо амри илоҳӣ роҳи биёбонро пеш гирад. Вақте дар мавзеъе дар наздики Каъба расид, Ҳоҷару Исмоилро бо каме обу хурмо танҳо гузошту худ баргашт. Ҳоҷар вақте аз ӯ пурсид, ки чаро чунин мекунад ва модару писарро дар он диёри хушку бе обу бе зироат танҳо мегузорад, оё ин бо амри Худост? Иброҳим алайҳиссалом бидуни ин, ки ба ӯ илтифоте кунад, ҷавоб дод, "Оре". Ин ҷо Ҳоҷар мутмаъин шуд, ки пас Худо ӯрову ҷигаргӯшаашро танҳо нахоҳад гузошт.

"Пайдоиши Зам-Зам"

Дере нагузашта буд, ки хурмову оби Ҳоҷар тамом шуд, вақте модар дид, ки бачааш аз ташнагӣ забонашро берун мебарорад, дилаш оташ гирифту байни кӯҳҳои Сафо ва Марва дар ҷустуҷӯи об шуд. Ҳафт бор байни ин ду кӯҳ рафту омад кард, вале обе пайдо нашуд ва нохост садои фариштаеро, ки  шакли паррандаро дошт, шунид, ки бар замин нишаставу бо болаш заминро мезанад ва маҳз аз ҳамон ҷо об, чашмаи Зам-зам пайдо шуд. Ҳоҷар аз ин об худу писарашро сероб намуда, ҳамингуна ба ҳаёти худ идома дод. Баъди пайдо шудани ҳаёту сарсабзиву об дар он мавзеъ гурӯҳе аз қабилаи Ҷурҳами араб бо касби иҷозат аз Ҳоҷар дар он ҷой сукунат намуданду Исмоил аз онҳо арабӣ омӯхта, дертар аз онҳо зан гирифт. Дар наздикии Хонаи Каъба Исмоил ба камол расида буд, ки падараш Иброҳим омаду хоби дидааш оид ба забҳи писарашро ба ӯ нақл намуд. Исмоил бе даранг розӣ шуд ва вақте ҳазрати Иброҳим тасмими иҷрои амри илоҳиро гирифт Худованд гӯсфандеро аз биҳишт фиристоду ҳамчун фидяи Исмоил он гӯсфандро забҳ намуданд.

Бунёди Каъба

Иброҳим ва Исмоил аз ҷониби Парвардигорашон амр гирифтанд, ки таҳкурсии хонаи Каъбаро бисозанд. Ҳамин гуна хонаи Каъба сохта шуд ва дуъои падару писарро ба даргоҳаш пазируфт ва бо амри Худованд Ҳазрати Иброҳим эъломи Ҳаҷ намуд ва мардум барои Ҳаҷ ба хонаи Каъба рафтанро шурӯъ намуданд.

Дар тамоми ин достон чанд нуктаи муҳимро ҳамчун хулоса метавон мулоҳиза намуд:

1.Ин, ки ҳаёти модари яке аз пайғамбарони илоҳӣ Ҳазрати Исмоил чӣ қадар ҳаёти пур печу тобе будаасту чӣ душвориҳоеро дар худ доштааст, вале Ҳазрати Ҳоҷар бо сабру шикебоӣ ва бо бовару имону ихлос ба Худо ҳамаро сарбаландона пушти сар карду ба рӯзҳои шоду шодоби ҳаёт расид. Имрӯз ҳам модароне, ки бо фарзандони худ танҳо мондаанд дар ҷомеъаи мо хеле зиёданд ва дилҳои решу пур аз аламе доранд ва бо сахтиҳои ҳаёт панҷа нарм мекунанд.

2.Намегӯям агар рашки Сораву ҳиҷрати Ҳоҷар намебуд хонаи Каъба сохта намешуд, вале ба ҳар наҳве ин ду модари ду Пайғамбар Сора- модари Ҳазрати Исҳоқ ва Ҳоҷар- модари Ҳазрати Исмоил сабаби ба амри илоҳӣ бунёд шудани Хонаи Каъба дар Арабистони Саъудӣ гардиданд.

3.Аз рӯйи таълимоти дини муқаддаси Ислом ҳар мусулмоне, ки ба Ҳаҷ меравад, бояд ҳатман байни ду кӯҳ; Сафо ва Марва 7 бор саъй ва ё рафту омад намояд. Ин корро ҳар ҳоҷӣ анҷом медиҳад, пайи қадами модаре, ки тақрибан беш аз 3000 сол пеш бо дилу ҷигари бирён дар ҷустуҷӯи об барои фарзанди ташналабаш 7 бор байни ин ду кӯҳ рафтуо намуда буд.

4.Ба назари ман мо бо ҳеч ваҷҳ наметавонем достони сохта шудани Каъба-муқаддастарин мавзеъ барои мусулмонҳоро ва инчунин сохта шудани Каъбаро бидуни ҳаёту ҳиҷрати модаре бо номи Ҳоҷар бидонем. Оре, чунин аст ҳикмати илоҳӣ. Модарон ҳамеша мисли коргардонҳои паси парда мемонанд, ки бузуртарин саҳнаҳоро дар ҳаёт меофаринанд, вале бо нақшҳои ғайри мустақим.

5.Дар Қуръони карим дар бораи сохтмони таҳкурсии Каъба тавассути Ҳазрати Иброҳим ва Исмоил ояте дорем, ки чунин аст: "Ва чун Иброҳим ва Исмоил пояҳои хонаро боло бурданд, гуфтанд: "Эй Парвардигори мо, аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доно ҳастӣ. Парвардигори мо, моро фармонбардори  хеш  гардон ва маносикамонро ба мо биёмӯз ва тавбаи мо бипазир, ки ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!". Хулоса, ин ҷо мебинем, ки Қуръони карим аз кори падару писар ба мо қисса мекунад ва ба назари ман ин маъноро зимнан метавон бардошт кард, ки вақте падару писар кор мекарданд, Каъбаро месохтанд  Ҳоҷар, зани хона барои онҳо обу нон мекарду саҳме ғайри мустақим дар ободии Каъба мегузошт.

Ид муборак модарони азиз!

Саъдии ЮСУФӢ

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97