Наҷмиддини Шоҳинбод ва Нарх

Фарҳанг ва адаб 06.03.2011 01:17

 benzin001Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба баланд шудани нархи бенизин Булусбой, шавҳари  Мағалмоҳро айбдор мекунад. Шаби гузашта Мағалмоҳ бензинфурӯши асосии маҳалла шавҳарашро латукӯб кард. Дар натиҷа Мағалмоҳ дӯкони бензинфурӯширо кушода натавонист. Нархи бензин даҳ маротиба боло рафт. Президенти Узбакистон ин амалро "саботаж" ва "диверсия" арзёбӣ кард. Алҳол ин ҳодиса дар тамоми Осиё се баробар нархи бензинро баланд бардошт. Барои ин истеҳсоли нафт се маротиба зиёд шуд. Созмони ҷаҳонии истеҳсолкунандагони нафт (ОПЕК) дар ҷаласаи фаврии худ Булусбой ва Мағалмоҳро сахт маҳкум кард.

Иқтибосҳо

*Аз танбалии Хурӯс одамон инкубатор бароварданд.

*Вазифаи имрӯзаи падар иборат аст: бо фармони Президент дарахт шинонад, зани дуюм гирад ва барои ягон сафорат ҳавлӣ сохта иҷора диҳад.

*Агар хидмат ба Ватанро ба бозии футбол муқоиса кунем - тоҷикони ду шаҳрвандидоштаро метавон ниммуҳофизатгар номид.

*Соли 2012, соати 12 Рӯзи охират намешавад. Аҳриман сайёраи харобу валангорро хӯрдан намехоҳад.

*Агар барои муш ҳам дар дом панири бепул гузоред, кӯшиш кунед то пӯсида набошад.

Парҳез

SrravghanАсадбек пас аз табобат гирифтан аз духтур пурсид:

- Духтурҷон, бароям ош хӯрдан мумкин?

- Зиёд не!

- Гӯшти бирён чӣ?

- Кам кам…

- Занак чӣ!

-Серравған набошад…


 Ҷазо

- Аброр Асрорович бо қарори суд якумрӣ ҳабс шуданд.

- Барои чӣ? Тафтиш нишон дод, ки дар корхонааш на маблағ ҳасту на масолеҳ, - бо тааҷҷуб пурсид Асадбек.

- Дуруст, дар корхонааш ягон чиз набуд, аммо ӯ дар ним сол нӯҳ одамро хӯрдааст.

 

Ҷарроҳӣ

Аброрбекро дар шифохонаи ҷумҳуриявии "Қабристони боло" бепул ҷарроҳӣ намуданд, - хабар дод Асадбек.

- Ба сип - сиёҳ будани шир ва ғалабаи коммунизм бовар дораму ба ин гап не!

- На танҳо бепул ҷарроҳӣ карданд, ҳатто барояш сад доллар пул ҳам дода, то хона гусел карданд.

- Ин мӯъҷиза аст, - ангушти ҳайрат газид Хоркаш.

- Ҳайрон нашав, аз гурдааш санги лаъл бароварданд.

 Бемор

Барои табобати Баротбой консилиум - машварати ҳамаи табибон доир шуд.

- Ба фикрам, пас аз газак ба меъда таъсир расондааст, - хулоса кард профессор Даштӣ.

- Ман фарзияи шуморо дастгирӣ мекунам. Дарвоқеъ рӯдаи калон осеб дида, ба кори ҷигар ва талхадон халал расондааст. Ташхиси охирин низ ҳаминро тасдиқ мекунад, - арз кард духтур Хаскашов.

dukhtur_va_qarabollo- Ҷанобон, дил аз рӯи ташхиси кардиогромӣ бақувват аст. Аммо аз сабаби суръати сусти кори рӯдаҳо дил низ ақибнишинӣ кардааст, - илова кард доктор Маъмурзода.

- Ман варақаи бемориро хуб омӯхтам. Барори табобати рӯдаҳо ҷарроҳӣ лозим аст, -далел овард Оташӣ.

- Дар се моҳи гузашта 120 нафарро ҷарроҳӣ кардем. Шифту боми шӯъба пурра таъмир гардид. Агар ҷарроҳӣ шавад, зуд шифо меёбад, - гуфт муовини сардухтур.

- Мӯҳтарам ҳамкасбҳо, ман тарафдори табобати терапевтӣ ҳастам. Якбора дилро низ табобат кардан лозим, - гуфт духтур Асадӣ.

- Насрибой, Шумо чӣ ақида доред? - пурсид сардухтур.

- Мо одатан чунин касалҳоро мекуштем (сӣ сол пеш Насрибой байтор буд), дар ҳолати ин бемор тавсия медиҳам, ки пеш аз алаф атолаи ҷуворӣ додан даркор.

- Фикри шумо чи гуна аст, Юлдошбой?

- Ман аз собиқаи 30 солаам медонам, ки кӯррӯдаю рӯдаи хурд шах шудаанд (Юлдошбой 20 сол чун мариз дар шифохона хоб рафта, бо тавсияи духтурон дар ин ҷо ба кор даромада буд). Барои мулоим кардани рӯдаҳо равғани донаи каду хӯрдан даркор.

- Барои рӯдаҳо "Фери" … мебахшед, хокаи натрий лозим, - гуфт Холисамоҳи духтури мадҳушкунанда. ӯ қабл аз ин дар шифохона зарфшӯй буд. Се сол пеш вақти нарасидани доруи мадҳушӣ (наркоз) ӯ бо гӯши бемор чизе хонда, се соат бемор дар вақти ҷарроҳӣ ба ҳуш наомад. Баъдтар аниқ шуд, ки Холисамоҳ дар гӯши бемор гуфтааст; "нархи ҷарроҳӣ 4 ҳазор доллар".

Маҷлиси консилиум то соати 5 давом ёфт. Агар пешниҳоди таҷрибаомӯз Қароқул намебуд, мумкин то рӯзи дигар маҷлис кашол меёфт.

- Устодон, ман пешниҳод мекунам, ки аввал рафта худи беморро бинем. Баъд дардашро эълон кунем, - гуфт Қароқул.

- Қандата зан додар, ту аз кадом кафедра?

- Ман аз кафедраи касалиҳои дарунӣ.

- Дотсент?!

qarrabollo02- Не, қарздор. Се сол боз ду имтиҳонро супурда наметавонам.

Ҳамаи табибон баҳскунон ба ҳуҷраи бемор рафтанд.

- Бемор Баротбоев куҷост? - пурсид сардухтур.

- Бемор Баротбоевро пагоҳӣ барвақт бурданд, - гуфт фаррош.

- Либосҳояш дар таҳхона, - бо тааҷҷуб гуфт мудири хоҷагӣ.

- Ба он дунё луб-луч мебаранд духтур, - оромона гуфт фаррош.

 Муаммо

- Бигӯед, дар Тоҷикистони қадим таваллуд шуд, дар Ирон камол ёфт ва дар Тоҷикистон мурд?

- Хирси сафед!

- Не!

- Куруши Кабир!

- Не!

- Адабиёт!

- Дуруст!

 Гус Хидинг дар "Хуҷанд"

 

Ин мӯъҷизаи футбол буд. Дар як ҳафта самураббии нави тими "Хуҷанд" Гусс Хидинг тими мунтахаби Англияро мағлуб кард.

- Ҷаноби Хидинг, Шумо ягон бор бо футболистон  машқ нагузарондед ва чӣ гуна ба ин пирӯзӣ ноил шудед?

- Ба мо маълум шуд, ки шумо пеш аз бозӣ дар гӯши футболистон ким- чӣ дуо мехонед?

- Ман дар гӯши футболистҳо оҳиста мегӯям: "Барои пирӯзӣ даводав кардан даркор".

 Ҷӯробфурӯш

Баробари фаро расидани сармо бозори ҷӯробфурӯшии шаҳр серодам мешавад.

- Ба Шумо ҷӯроби сифоиза лозим, - тавсия дод фурӯшанда, ба фикрам, ба Шумо ҷӯроби пашмӣ зарур?!

- Чаро сӣ фоиз? - суол кард харидор.

- Ба ҷисми вазнини шумо 70 фоиз нахи аслӣ дармон мешавад.

- Ба фикрам, барои Шумо ҷӯроби пашми уштур зарур аст. Аз рангатон маълум, ки дарди пой доред.

- Офарин, рост гуфтед. Ман чанд сол боз аз маризии панҷаҳои пой азият мекашам.

- Пойҳоятонро бо афшураи "Скипофит" шӯед. Ҳар рӯз бо рӯғани хирс пойҳоятонро молиш диҳед…

- Марҳамат, ба Шумо чӣ лозим? - пурсид фурӯшанда аз харидори навбатӣ.

- Ба ман ҷӯроби гармтар диҳед. Беҳтараш пашмин бошад, - хоҳиш кард харидор.

- Не додарам, аз чеҳраи рӯятон маълум, ки нисбат ба мӯй ҳассосият доред. Пашм умуман дарди алергияро зиёд мекунад. Фақат ҷӯробҳои пахтагӣ ба шумо пӯшидан мумкин аст, - тавсия дод фурӯшанда.

- Ман бори аввал чунин фурӯшандаи оқилу доноро дидам. Аз куҷо ин қадар маълумоти ҷолиб пайдо кардед?

- Ман доктори илми тибб… Марҳамат ҷӯробда биё!!!

 Ҷини манфӣ

Асадбек дар ивази гарави телефони мобилии занаш шишаи яклитраи арақи "Тоҷикистон" - ро гирифта, хурсандона ба гӯшаи хилвати боғ рафт. Аз кораш аз қабл шодӣ мекард. Аввалан занакро аз лақидан халос кард. Баъдан дарди сари худашро даво мекунад. Ба чор тараф дуздона нигоҳ кард, касе нест. Даҳони шишаро кушод. Садои гӯшхарош ӯро як паҳлу ғалтонд. Аз даруни шиша дуди сиёҳ баромада, ба марди қоматбаланди ришдароз табдил ёфт.

jinjoni_manfi- Хайрият Ҷин будааст. Бахти мани бечора ҳам хандид. Акнун дунёро қоил мекунам, - аз дил гузаронд Асадбек.

- Салом, Ҷинҷони азиз! Хуш омадед. Ман медонам, туро 10 ҳазор сол пеш бандӣ кардаанд. Ман қаҳрамонона туро наҷот додам. Майлаш, дар ивази ин некиям, ман се шартамро мегузорам.

- Бале, рост гуфтед. Қарордоди мо аз се шарт иборат аст. Вале дар соли маҳбусиям иштибоҳ кардед. Маро порсол заводи шароб ба ин шиша андохта, бандӣ кард. Шарти аввалам ҷигаратонро нобуд мекунам. Шарти дуюм  дилатонро аз кор мемонам ва сеюм гурдаатро нобуд  мекунам.

- Нафаҳмидам, Ҷинҷон?! Ту чӣ гуфта истодаӣ?! Ман бояд шарт гузорам, -гиряолуд гуфт Асадбек.

- Не, Ҳазрати майзада, ту шартҳои маро иҷро мекунӣ! Касе, ки мунтазам маро аз ин ғор халос мекунад, ман, дил, ҷигар ва гурдаашро мегирам.

- Ту Ҷин не! Аҷина будаӣ. Ман бори аввал чунин Ҷини аҳмақро дидам. Охир, ман агар дил, гурда, ҷигар медоштам, магар арақ менӯшидам?!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97