Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Агар барқ хомӯш шавад, вой бар ҳоли фанограммахонҳо

Фарҳанг ва адаб 05.03.2011 09:25

RAP01

Ё агар тоҷик «реп» хондан мехоҳад, «Гулистон» - и Саъдиро бихонад

14  январи  соли  2011 дар  толори  боҳашамати  хоҷагии  ба  номи  Амирови  ноҳияи  Мастчоҳ,  ҳунарнамоии  овозхони ҷавон,  муҳассили  соли  аввали  Консерваторияи миллии  Тоҷикистон  Парвизи  Шодибег баргузор  гардид.

Дар саҳна  оҳангҳои  марғуб  танин  меандохтанду Парвиз  бефосила  овоз  мехонд. Таронаҳои  "Биё, ҷонам", "Дунё  чӣ нозанин  аст", "Эй дилрабо", "Қуввати  ман,  модарам", "Эй қиблагоҳи ман", "Ман  ёри  туам, Маҳбуба", "Ошиқам, ошиқи ту", "Ишқи ту  баҳор  аст", "Байтҳои  мастчоҳӣ"  дар ҳавои  саҳна  ғулғула  меафканданд.

Чиҳил  сол  қабл  дар  Мастчоҳ  на  мусиқӣ  буду  на  ромишгар  ва  на  овозхони  касбӣ. Имрӯз  дар  муассисаҳои  таълимӣ  садҳо  нафар  ҳунарварон  дар  бахши  мусиқӣ  ва  суруд  касби камол  менамоянд.  Пойдевори  мусиқии  имрӯзи  Мастчоҳ  тавассути  ҳунарварони  машҳури  зодаи  ин  марзу  бум  Муродбеги  Насриддин, Рӯзибойи  Бобо, Рустамбеги  Баҳодур, Пироншоҳи  Амин, Додоҷони Қутбиддин, ҳунармандоне амсоли Асрори  Камолиддин, Сулаймонбеги  Шариф, Лолаи  Азиз,  Маликэҳсон, Маликмутаҳҳар, Саидҷон, Сабурҷон Исои  Мӯсо, Фатҳиддин ва  дигарон  гузошта  шуд.

Аз  ин  ҷост,  ки  насли  нави  ҳунармандони  мастчоҳӣ  монанди  Аврангзеб, Сиёвуш, Донишманд, Фаридун, Бахтиёр, Диловар, Шодмон, Парвиз, Бежан  фарохтар  аз  қаламрави  Мастчоҳ,  дар  дигар  гӯшаву  канори  олами  зебои  ромишгарӣ  сайр  мекунанд  ва  ҳунари  худро  сайқал  медиҳанд. Он  рӯз  дур  нест,  ки  овозаи  ҳунари  зебои  онон  оламгир  шавад  ва  дар  қалбҳои  ихлосмандонашон  ҷой бигиранд.

Мусиқӣ  ва  суруд  дар  замони  пешрафти  фанноварӣ  ва  техноложии  компютерӣ  равишҳои  наве  касб  кардааст. Яъне  аз  рӯи  саҳнаҳои  бузург оҳиста- оҳиста  ба  паси  роёнаҳо  мегузарад.  Акнун  эчоди  мусиқй  ва оҳангҳои  нав тавассути  роёна  хеле осон  шудааст. Ҳар  як  мусиқор,  метавонад, дар  хона  нишаста  бо  ёрии  нармафзорҳои  вироишгар  ба  осонӣ  мусиқӣ  офарад,  овози  худро  таҳия бикунад  ва ниҳоят  видеобуридаҳо (клипҳо) бисозад. Натиҷаи  ҳамин  аст,  ки  имрӯз  бозори "фонограмма", "копихонӣ", "клип", "реп", "dj", "МП 3" хеле  гарм  аст. "Ҳунарманд"  гӯё  бо  "тамоми  дастаи навозандагон"  ба  саҳна  мебарояд, вале дар асл  корро  "фонограмма"-и  қаблан  омодашуда ичро мекунад. Ин  "ромишгарон"  танҳо  барои  намоиш  даст  меҷунбонанду  халос. Агар чунон  шавад,  ки  барқ  хомӯш  гардад, дигар  аз  ин  ҳама ҳамҳама  чизе  боқӣ нахоҳад  монд.

Дигар  нуқсоне,  ки  миёни санъатварони  мо  ошкор  аст, ин  интихоби матнҳои  хароб,  бемазмуну  бемантиқ   ва  "худэҷодкарда"-и  онҳост,  ки   ба  дарди  касе  намехӯрад. Охирон  тақлиди  кӯркӯронаи  ҷавонони  мо  ба  аносири  мусиқии  бегона  чун "поп", "ҷаз", "рокнролл" ва  "реп"  мебошад.  Хосса  ҷавонони  "реп"-хони  тоҷик  ин  падидаи  мусиқии  Ғарбро  беҳунарона  вориди  саҳнаи  тоҷик  намуда, бад- ин  васила  шармандагии  худро тарғиб  менамоянд. Дар  адабиёти  тоҷик "насри  мусаҷҷаъ" гуфтанӣ чизе  ҳаст. "Репхонон"-и  мо  лоақал  аз  ин  чиз  баҳравар  нестанд, ки  барои  мардум  аз  "реп"-ҳои  классикӣ  бихонанд.

Ба ҷуз  аз  ду - се  нафар  санъатварон  дигар  касе  аз  ҳунармандони  тоҷик  дар  шабакаи  ҷаҳонии  интернет  вебнавиштҳои  мусиқӣ  надорад. Ҳол  он  ки  дар  тамоми  ҷаҳон  аҳли  мусиқӣ  худро  туфайли  ин  шабака  муаррифӣ  мекунанд. Мусиқӣ  барои  ҳар  қавму миллат бояд  аз  асолати  миллӣ  бархӯрдор  бошад. Яъне  мусиқии  тоҷик  баёнгари  ҳол  ва  аҳволи  мардуми  тоҷик бояд бошад. Дуруст  аст,  ки  дар  Тоҷикистон  ҳуввият  ва  асолати  мусиқии  миллӣ  нигоҳдорӣ  карда  мешавад.  Лекин  бо  ин  ҳама  бепарво  шудан  лозим  нест. Саъй  бояд  кард, ки  ин  ҳама  дастовардҳо  на танҳо  ҳифз,  балки  тарвиҷ  ёбанд. Дар  охир  ба  ҳамаи  ҳунарварони  саҳнаи  тоҷик  тавфиқ  ва  пуркорӣ  таманно  дорем.

Фараҳманд

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97