ВИРУСИ "ТУНИС1"

Фарҳанг ва адаб 24.02.2011 16:50

Virusi_TunisСозмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як изҳороташ зикр кард, ки барои вируси нави сироятии "Тунис1" ваксинаи нав бо номи "Диктатор5" ихтироъ кардааст. Ин вирус аз Тунис ба Миср сироят кард.

Вирус дар 18 рӯз хурӯҷ карда, дар ҳолати истеъфо ба хатари ҳалокат мерасонад. Назар ба омори расмӣ ҳоло Вируси "Тунис1" дар Баҳрайн, Ирон, Либия низ паҳн гардидааст. Коршиносон собит карданд, ки ин вирусро бо Ваксинаи Калашников ва "Калтак2" нобуд кардан мумкин нест. Раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар Вашингтон арз кард, ки сирояти ин вирус ба Ҳукуматҳои калонсол хатарнок аст. Барои бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ як қатор чораҳои эҳтиётӣ андешида мешаванд. Президенти Қазоқистон барои бехатарии ин вирус интихоботи ғайринавбатӣ доир мекунад.

Олимон кашф карданд, ки Вирус ба камбизоатҳо сироят намекунад.

 Иқтибосҳо

*Баъзе бешармҳо ба хотири зиндагии хуб то 97 солагӣ зӯр зада зиндагӣ мекунанд. 

*Дар мубориза бо рақиб санги адоватро аз дил партофта, дар бағал нигоҳ доред. Санг дар мубориза силоҳи қадимӣ аст. 

*Занҳо дӯст доштан метавонанд - агар ба ин мардҳо тоб оварда тавонанд… 

*Марди луб-луч нишони камбағалӣ - зани урён нишони сарват аст. 

*Барои он ки зан ба гарданат бор нашавад - ба гарданаш тиллои бисёр бор бикун. 

*Дар кишварҳои мусулмонӣ дар 5 сол фақат ду истеъфо аз вазифа дида шуд. Аммо Ҳусни Муборак аз истеъфо истифода набурд. Саломатии Раҷаби Мирзо хеле хуб аст. 

*Барои аз мушкилот халос шудан - мушкилоти навро эҷод бикун.

 

Хабар

- Наход, маро чун дӯсти ҷонӣ ба туятон хабар накардед, - гила кард Хоркаш.

- Дӯстам! Ҳоло асри ХХ1. Ман туро як моҳ пеш тавассути сайти "Ҳамсинфҳо" хабар карда будам - гуфт Асадбек.

- Ҳа, ёдам омад. Ту тӯҳфаи туёнаи маро гирифтӣ?

- Не, куҷо аст, тӯҳфа?

- Ман тавассути "Гугл" равон карда будам.

Таҳдид

TahdidАсадбек дар солҳои даргирӣ муҳофизи яке аз сиёсатмадорон буд. Вале бо мурури вақт ҳатто фарзандонаш гапи ӯро гӯш намекарданд. Панҷ соли расо барои нафақааш даводав кард. Аммо ҳамааш бе натиҷа анҷом шуд. Кош бори дигар автомати Калашников дар дасташ меғалтид, лекин замона нозук омад. Ҳатто генералҳо ҳам арзу додашонро ба суд мегӯянд.

Дирӯз Асадбеки хандону ширакайфро дар кӯча дидам.

- Ҳа командир, корҳо бобарор барин?

-Ҳамааш нағз шуд. Бе хунрезӣ корҳо тахт шуданд.

- Чӣ ба боло шикоят навиштед?

- Болои ман фаррош зиндагӣ мекунад.

- Ман боло гуфта ҳукуматро дар назар дорам.

- Не, ман ба ягон ҷо шикоят накардам. Дирӯз қарор додам, ки ёддоштҳоямро дар 10 ҷилд чоп мекунам. Раис хона ва замин дода илтимос карданд, ки қаламамро шиканам. Аз куҷо медонист, ки ман аз 39 ҳарф фақат 10 тояшро медонам.

- Расо босавод будаӣ! Имрӯз бо 3 ҳарф мардум ҷилд - ҷилд китоб менависанд…

Манифести инқилоб

Ҷомеашиносони Миср дар илми Марксизм -Ленинизм табаддулоти куллӣ ворид карданд. Тибқи кашфиёти онҳо барои инқилоб болшевикҳо, таълимоти Марксизм, Пролетариат, тӯпи "Аврора" лозим нест. Ду рӯз тимсоҳҳои Мисрро сар дода, се рӯз интернетро бастан лозим.

Илоҷ

Sud_va_khohish- Мӯҳтарам судя, ман худкушӣ мекунам! Бо ин занак зиндагӣ кардан хеле мушкил - гиряолуд гуфт Асадбек.

- Ман бо занатон алоҳида сӯҳбат мекунам - маслиҳат дод судя. Ва 5 соат дар танҳоӣ бо зани Асадбек сӯҳбат кард.

- Қарори шумо дуруст аст. Худкушӣ хушбахтии шумост!

 

Ҷарима

- Нозири роҳ, Асламов! Шумо мошинро дар ҷои манъшуда мондед. Чархи пеш дам надорад. Аз Шумо бӯи шароб меояд - ба таври расмӣ гузориш дод нозир ба Асадбек.

- Саду бист фоиз гапатон дуруст. Мошин дар ҷои хатарнок истодааст. Чархи ақиб низ даридагӣ. Ман сесад громм арақ хӯрдам. Марҳамат ҷарима кунед! Лекин ман ба шумо ёрӣ дода наметавонам, ман мусофири пиёдагард…

 

Ҳасрати сигорӣ

sigor_2

Ба озмун дар тазмини ғазали Мирзо Файзалӣ

Камонабрӯ бирафт аз ман,  ки ман қадди камон дорам,

Бирафт аз ман хурӯсиам,  ки ҳоли мокиён дорам.

Ту мехоҳӣ агар донӣ,  чаро ҳоле чунон дорам,

"Саҳар аз хоб мехезам,  сигоре дар даҳон дорам.

Ба ҷои машқ дудашро   ба шуши худ равон дорам".

Чунон дил додам бар он  ба Лайло дода дил Маҷнун,

Ҷудо натвонадам созад,  касе бо сеҳру бо афсун,

Дареғо гашта қалби ман  зи дуди талху тезаш хун,

"Гаҳе сулфа ду чашм  аз косахона мешавад берун,

Аҷаб бошад, кунун ҳам  бо чунин аҳвол ҷон дорам.

Зи дудаш бошадам  занге ҳаме андар лабу дандон,

Зи бӯяш кардам бадбӯ  саропо хешро чандон,

Вале ин дарди бохайре,  азобе бошадам аз он.

"Фишори хун гаҳе боло занад  хезу гаҳе поён,

Ба ҳифзи ҷони худ як мушт ҳаб зери забон дорам".

Ба "оҳ" -у "ӯҳ"-у бо сулфа ба рӯз  оварда шабҳоро

Зи по афтам, бимонам андаке чобук агар поро,

Ба он, ки ман набинам ҳоли беҳу айши дунёро

"Кашам ҳар рӯз се қуттӣ  сигори навъи аълоро,

Ҳамеша кутитие з-ин заҳр дар ҷайбам ниҳон дорам.

Ба мисли ҷандаи афсурдаву  беқадру арзонам,

Мани худкарда бо худ ҳар даме  дасту гиребонам,

Аз ин дилбастагӣ бар он  пушаймонам, пушаймонам,

"Ба айёми ҷавонӣ сурати арвоҳро монам,

Сари қоқу тани лоғар,  рӯхи барги хазон дорам".

Абдусаттори Раҳмон, шаҳри Ваҳдат.

 


 

Кафолат

Бобои Миркарими 80-сола нафақаашро нашумурда гирифт. Ӯ ба хазинадори бонк эътимод дорад. Хазинадор бобои Миркаримро шинохт. Бобо низ аз ҳушу хотираш гила намекард. Вале дар як сол ду-се бор нафақа медиҳанд. Агар ҳар моҳ медоданд, хазинадорро мешинохт. Бобо ба ҳавлӣ омада, набераашро садо кард:

Bank_va_nafaqa- Бачам, пулҳоя шумурда, дар ҷои худам баҷо кун. Ин пули ғаму шодӣ,-гуфта, лаби суфа нишаст. 36 сомонӣ буд пули семоҳа. Даҳ сомонӣ ҳақи худам,бақияашро дар бонки ман мемонед. Сад фоиз кафолат медиҳам, -гуфт Парвизи даҳсола.

- Бачам, ту номатро фаромӯш карда истодаӣ. Барои чӣ даҳ сомонӣ ҳамту барои се дақиқа кор мегирӣ?

- Бобоҷон, ман пулҳоятро ду сол боз нигоҳ медорам, сари вақт мешуморам. Нархҳо ҳамин хел ҳозир. Дуруст наояд, майлаш ба панҷсад доллар мошини пулшумор харида гиред. Пулҳоятонро бурда ба бонк монед, - бо ғазаб гуфт набера.

- Барои 36-сомонӣ дар 320 сомонӣ мошин харам, ақлата илоҳӣ интирнет хӯрад, - ларзида гуфт бобо.

- Бобоҷон, дар шаҳрамон паси ҳар хамгашт бонк ҳаст. Ҳар рӯз биноҳои боҳашамати бонк месозанд. Маълум бонк фермаи чорводорӣ надорад, пахта ҳам намекорад. Фақат пулу моли Шуморо шақар-шуқур ҳисоб карда, аз фоидааш кайфу сафо мекунад. Судхӯрӣ тиҷорати серфоида аст, бобоҷон. Мана ба рақамҳо нигаред. Маоши миёнаи аз ҳама баланд аз кормандони бонк аст. Маоши миёнаи онҳо дар ҳашт моҳи соли равон қариб 1000 сомониро ташкил дод. Ҳол он ки маоши табибон дар ин давра 135 сомонӣ, кишоварзон 240 сомонӣ аст.

- Бачам садқаи интернетат шавам, маоши вай "машғул аст" чанд бошад (бобо телефони хонаро дар назар дошт).

- Муштариёни "муштарӣ машғул аст" ҳар моҳ ба ҳисоби миёна  160 сомонӣ мегиранд. Барои ин ҳар рӯз аз телефон садо меояд, ки муштарӣ қарздор аст.

Бобои Миркарим дигар бо наберааш баҳс накард. Агар баҳс кашол меёфт, Имон аз бобояш ҷубронпулӣ мегирифт.

Комёри Водхудӣ

 

Таваҷҷӯҳ

Дар арафаи Соли нав саҳифаи “ЁУМ” ва ҳафтаномаи “Лаку Пак” (Лаку Пак қаҳрамонони ҳаҷвии афсонаҳои халқи тоҷик ҳастанд. Ба ширкати латтафурӯшии тоҷикию кореягӣ алоқа надоранд) шартномаи ҳамкорӣ ва ба ҳам ҳуҷум накунӣ бастанд.

Тибқи банди 7- и ҳамин шартнома аз 20 январи соли равон Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳаҷвияи рӯз дар мавриди сигоркашӣ” эълон менамояд.

Барои ғолибон се ҷойиза ба тариқи зайл  муқаррар гардидааст:

Ҷойи аввал  700 сомонӣ

Ҷойи дуюм  500 сомонӣ

Ва ҳамзамон ду мукофоти ҳавасмандӣ таъсис ёфт.

Саҳифаи “ЁУМ”- “Лаку Пак” тамасхур ва танзи Шуморо интизоранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97