Барои риш мондан маблағ бояд супурд?

Фарҳанг ва адаб 24.02.2011 09:44

RISH_02Вақтҳои ахир аз навиштаҷоти васоити ахбор мехонем ва аз забони мардум низ мешунавем, ки ниҳодҳои интизомии кишвар бархе аз афроди ҷомеъаро бо ҷурми риш доштан боздошт ва барои муддате дар шӯъбаҳои милиса нигаҳдорӣ менамоянд.

Кор то ҷое расида, ки риши иддае аз онҳоро тарошида, баъдан аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ озод менамоянд. Ҳарчанд дар бораи риш дар қонунҳои амалкунанда матлабе зикр нагардида, боз ҳам аз тариқи зӯрӣ боздоштшудагон аз ришҳои худ маҳрум мешаванд.

Яке аз сабабҳои ба ин амал даст задани ниҳодҳои қудратиро бархе ба он рабт медиҳанд, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгарову ҷудоихоҳи исломӣ, ки дар хориҷи кишвар омода карда мешаванд, шабеҳи ришдорони мо мебошанд. Агар ин амал имрӯз анҷом дода нашавад, фардо дер хоҳад шуд ва кишвари моро нобасомониҳои кишварҳои ҳамсоя чун Покистону Афғонистон фаро хоҳад гирифт. Ба қавли эшон бояд Тоҷикистон аз чунин як гурӯҳҳо "тоза" карда шавад.

Дуруст аст, ки дар назди ҳукумат вазифаи аз ҳама муҳим- таъмини амнияти кишвар ва шаҳрвандони он гузошта шудааст ва ин масъала аз ҷумлаи масоили муҳим ва сарнавиштсоз буда, на танҳо ҳукумат, балки тамоми шаҳрвандони мо масъулу вазифадоранд, ки дар таъмини амнияти кишвар саҳм бигиранд ва бо чолокиву зиракии бештаре ватанро аз аносири бегона ҳифзу тоза намоянд.

Мутаассифона, ин ҳама танҳо овозаву ҳангома аст, дар асл надидаем, ки як ришдори суннатӣ барои бесуботии кишвараш ва ё мардумаш талоше карда бошад. Ришдорони мо аслан ришро ба хотири суннат буданаш мегузоранд на аз ин беш. Агар амиқан бо онҳо сӯҳбат кунӣ, ҳатто аксари зиёдашон ҳам маънои суннатро низ намедонанд ва амокину қавоиди ришгузориро низ намефаҳманд. Танҳо ба тақлиди якдигар, ки аксаран деҳқонзодаанд, риш мемонанду худро дар қатори суннатиён қарор доданӣ мешаванд. Дар тафаккури онҳо риш чӣ қадар дароз бошад, савобаш низ ҳамон қадар зиёд аст. Кӯтоҳ кардану аз бараш заданро гуноҳ мешуморанд ва таъкиди Расули акрам (с)-ро дар мавриди ин ки риш бояд зебо бошад, аз ёдҳо фаромӯш кардаанд. Ришдорӣ барои иддаи бесавод ба як мақоми обрӯ ва эҳтиром табдил ёфтааст ва дар ҷое агар олими ихтироъкоре, табиби ҳозиқе ва ё шахси донишманде нишаста бошад ва ин ҳангом агар ришдори ҷавоне ворид шавад, ҳатман ин ришдоракро болотар аз ин олиму табибу донишманд қарор медиҳанд, бад-ин хотир, ки ӯ риш дорад.

Дар Амрико ҳам замоне ришдоронро таъқиб мекарданд

Дар мавриди ин ки ришдоронро дар ҳар давру замон дар мамолики мухталифи дунё таъқибу тазйиқ мекарданд, далелҳои зиёде вуҷуд дорад. Ба ёд биёред Ҷозеф Палмери амрикоиро. Дар санги мазораш, ки дар қабристони Эвергрини шаҳри Лиоминстери иёлоти Массачусет қарор дорад, навишта шудааст: "Барои риш мондан таъқиб шудааст". Ҷозеф Палмер соли 1830 вақте дар шаҳри Фитсбург кору фаъолият дошт ва яке аз фермерҳои сарватманд маҳсуб меёфт, ба худ иҷозат дод, ки риш бимонад, дар ҳоле ки риш мондан дар Амрико маъмул набуд ва ҳатто яке аз асосгузорони Амрико то ин дам риш намонда буд. Палмер дар ин шаҳр аз дигар мардон бо ришаш фарқ мекард ва ба яке аз персонажҳои китоби муқаддаси Таврот шабоҳат дошт. Мардум ӯро дидан замон худро аз пеши роҳаш дур мегирифтанд ва марди ақлбохта ва ё ҳайратангезаш мехонданд. Шаҳриҳо таъқибаш мекарданд, кӯдакону авбошон бо санг ба сару рӯяш мезаданд. Рӯҳонии маҳаллӣ ӯро бо ин амалаш осӣ эълон кард ва дар ҳама ҷо ҷор мезад, ки ин муртад ба раги ғайрати мо бармехӯрад ва қарор баровард, ки ӯро ба калисо роҳ надиҳанд. Кор ба ҷое расид, ки чаҳор нафар авбошони тануманд дар наздики хонааш ба ӯ ҳамла карда, хостанд бо зӯрӣ ришашро тарошанд. Аммо Палмер, ки марди тануманд буд, авбошонро мағлуб кард ва ришашро наҷот дод. Ин амали Палмерро пулиси шаҳрӣ ғайриқонунӣ ҳисобид ва ӯро ба пардохти ҷарима водор намуд.

Палмер барои риш доштан зиндонӣ шуд ва мубориза бурд

Палмер ба хотири ҳимояи номусаш аз пардохти ҷарима сарпечӣ намуд ва бад-ин хотир равонаи зиндон шуд. Дар зиндон низ авбошон ӯро озор медоданд ва ӯ худро ҳимоят мекард. Билохира, тавассути писараш мактуб навишт ва онро ба яке аз рӯзномаҳои маъруфи ҳамон замон  Massachusetts Weekly Spy (Еженедельная биржа Массачусет) супорид, ки зуд нашр шуд. Палмер ба мардум муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки ба саволаш ҷавоб диҳанд: Сарқонуни кишвар оё иҷозат медиҳад, ки дилхоҳ шаҳрвандон риш бимонанд? Шахсиятҳои маъруфи Амрико ба пуштибонии Палмер бархостанд ва ҳукумати Амрико қарор содир намуд, ки беҳтараш ӯро аз маҳбас, ки як сол боз меҳмонаш буд, озод намоянд. Ӯ шарт гузошт: - Дар сурате маҳбасро тарк мекунад, ки агар ҳукумат расман иҷозаи риш монданашро бидиҳад. Ҳамин тавр, ӯ аз зиндон ғолиб берун шуд ва то охири умр иҷозаи риш монданро гирифт. Вале ин ба дигарон тааллуқ надошт ва соли 1830 дар ин иёлот қонуне қабул шуд, ки касе ришашро наметарошад, зиндонӣ хоҳад шуд.

 Пётри 1 худ риши мансабдоронро қайчӣ мезад

Суоле пеш меояд, ки чӣ тадбире дар мавриди риш бояд иттихоз кард ва киҳо ҳуқуқи риш монданро доранд? Барои посух гуфтан ба ин савол назаре ба таърих меандозем ва мебинем, ки он дар дигар давлатҳо чӣ гуна амалӣ шудааст.

Petr_I17 январи соли 1700 фармони Пётри 1 дар бораи пӯшидани либоси урупоӣ дар саросари Русия содир шуд ва бо ин мардумро водор сохт, ки ба фарҳанги Ғарб рӯ биоранд ва аз ҷомеъаи нимваҳшӣ берун шаванд. Аслан, оғози ҳама гуна урупоигароиро Пётри 1 пас аз баргаштан аз сафари хориҷиаш дар соли 1698 шурӯъ намуд. Як рӯзи баъди баргаштан ӯ дар ҷаласаи сарватмандон фармон дод, ки қайчӣ биёранд ва бо дастони худ дар ҳузури ҳозирин риши чандин сарватманди русро қайчӣ зад. Ҳар ҷо ки ӯ ришдоронро медид, худаш риши онҳоро метарошид ва ин кор чандин маротиба такрор ёфт.

Дар асоси фармони соли 1705 тамоми мардон ба истиснои рӯҳониён, роҳибон ва деҳқонон вазифадор буданд, ки ришу мӯйлабҳояшонро тарошанд. Онҳое, ки мехостанд риш бимонанд, маҷбур буданд дар ҳаҷми 100 рубл андоз супоранд, ки дар он вақтҳо ин маблағи хеле калон ба ҳисоб мерафт. Шахсоне, ки фармонро иҷро намекарданд, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ мешуданд ва дар сурати такрор намудани ин амал ба маҳалҳои шароиташон сангин бадарға мешуданд. Билохира, 17 апрели соли 1722 Пётри 1 фармон содир кард, ки барои риш мондан тибқи муқаррарот соле бояд 50 рубл ба хазинаи давлат супорид. Танҳо пас аз ин таҷовузи ришдорон қатъ гардид ва теъдодашон низ кам гашт. Қонуни манъи риш дар Русия дар остонаи асри ХХ аз байн бурда шуд ва то имрӯз ҳар кас метавонад тибқи хоҳишоташ ришу мӯйлаб монад.

 "Крутой"- ҳо шишаи мошинҳояшонро сиёҳ мекунанд

Имрӯз, ки набард бо ришдорон дар ҷабҳаҳои номаълуме дар саросари ватанамон оғоз ёфтааст, дер ё зуд бояд роҳи ҳалли он ёфта шавад. Чаро мо бо қонунҳое, ки дар Русия дар қарни нимваҳшигарӣ қабул шуда буданд, такя накунем? Охир барои мо чӣ фарқе дорад, ки дар кадом аср зиндагӣ мекунем? Мо мардумем ба шеваҳои зӯровариву азияту шиканҷа хӯ гирифта ва танҳо ҳамон шеваҳои зӯровариро қабул дорему бас, то як давраи муайян.

Вақте сухан дар бораи риш аст, ҳар чӣ зудтар дар ин замина бояд иқдом кард. Мо дар ин замина таҷрубаи кофӣ дорем. Барои мисол, соле пештар  порлумони кишвар қароре содир намуд, ки барои сиёҳ кардани шишаҳои мошин соҳибонашон соле 500 доллари амрикоӣ ба хазинаи давлат супоранд. Тавре дидем, дар як фурсати кӯтоҳ теъдоди мошинҳои шишасиёҳ шаҳрро пур кард. Ин тоифа ба ягон қавоиди трофикӣ риоя намекунад. Мардум онҳоро "крутойҳо" мегӯянд, ки ин аз ҳақиқат дур нест. Кист, ки худро аз назари мардум дар дохили шишаҳои сиёҳ мисли гӯр пинҳон мекунад? Танҳо ғаразмандон ин корро анҷом медиҳанд.

 Қонун дар бораи риш мондан зарур аст?

Пас, чаро дар мавриди ришдорон порлумони кишвар чунин як қарорро қабул накунад? Агар дар мавриди иҷозаи риш пардохти маблағи муайяне ном бурда шавад, шояд ришдорҳои "крутой" ҳам дар ҷамъият мавқеъи худро пайдо намоянд. Мутмаинам, ки ба ҷои диндорону муттафиқон танҳо мунофиқону бангиву ҳангиҳо соҳиби риш мешаванд ва унвони "ришдорони крутой"-ро касб хоҳанд кард. Агар дақиқан фикр кунанд, бад-ин монанд чандин қонунҳо қабул мегардад, ки онҳо метавонанд дар амри ғанӣ гардондани буҷа хидмати арзандаеро анҷом бидиҳанд. Зеро пур кардани буҷаи давлат дигар сарчашмаи мӯътамаде надорад. Дар ин маврид мо мутмаинем.

Худое накарда, агар чунин як иқдомот амалӣ шавад, аз ин баъд шояд мусулмонони суннатӣ дар гузоштани риш таҳаммул кунанд, зеро пулакӣ шудани риш аз товону дастрасии на ҳар мусулмон аст ва кӯшиш мекунанд, ки ҳатто дар истифодаи оксиген низ сарфаҷӯӣ намоянд. Ва шояд бо кам гаштани ришдорон ба ақидаи ашхоси алоҳида таҳдиди "ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва терроризм" аз байн бурда шавад. Зеро гумони ин гурӯҳҳо ҳамин аст, ки танҳо ришдор қодир аст, ба ҷиноят даст бизанад. Аммо, ғофил аз онанд, ки мусулмони асил ҳеҷ гоҳе даст ба куштору ғорату террор намезанад ва ҳар ҷо, ки куштору ғорат аст, ашхоси фурӯхташудаву ғайридинанд.

Агар таъқиби ришдорон бад-ин минвол идома ёбад ва сари ҳар қадам ифротгарову ҷудоихоҳу террорист ҷустуҷӯ карда шавад, пас аз чанд соле дар сангҳои мазорҳои мусулмонон дар қабристонҳои мо мисли санги мазори Ҷозеф Палмери амрикоӣ чунин навиштаҷот пайдо мешавад: "Барои риш мондан таъқиб шудааст".

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97