Шухиҳои Шоҳинбод ва шарафи соҳибкор Тулқунов

Фарҳанг ва адаб 18.02.2011 00:06

Sud_va_fasodДодгоҳи ноҳияи Умари Хайём даъвои соҳибкор Тулқуновро нисбати ҳафтаномаи "Фараж" дида баромад. Ҳафтанома барои паст задани шарафи Тулқунов 1 миллион сомонӣ (22 ҳазор доллари амрикоӣ) ҷарима супорид. Худи ҳамон рӯз  Тулқунов бо 500 ҳазор сомонӣ шарафи худро барқарор карда, бо бақияаш вазифа харид.

 

Хабарҳо дар чанд сатр

*Донишгоҳ аз вазорати маориф қатъиян талаб кардааст, ки факултаҳоро аз қафои боғи ҳайвоноти Душанбе кӯчонанд, зеро аксари маймунҳо олим шуданду марҳилаи донишандӯзии ҷавонон кашол меёбад.

*Галлаи Аспу Харҳо ба муқобили баландшавии нархи бензин эътироз карданд.

*Сомонаи "Викиликс" боз як хабари маҳрамонае дар мавриди Тоҷикистон нашр кард.Тибқи ин хабар пагоҳ дар Душанбе барф меборад.

*Устод Фирдавсӣ аз хиёнаткории Маҳмуди Ғазнавӣ сахт ранҷид. Вале ба суд муроҷиат накард. Барои шод кардани арвоҳи Фирдавсӣ имрӯз доди ҳамаи эҷодкорон дар суди ноҳияи Фирдавсӣ баррасӣ мешавад.

Иқтибосҳо

*Ҳар қадар зимистони хунук биёяд ҳам он қадар иқтисоди Узбакистон аз ҳисоби газ барои Қирғизистону Тоҷикистон қавӣ мешавад.

*Муборизаи синфӣ дар шаҳри Душанбе шиддат мегирад. Ба ин "Капитал"-и Марксро айбдор накунед. Директорони мактабҳо айбдоранд.

 

Занҷин

Асадбек барои таъмири хонаи кӯҳнаи хушдоманаш шабу рӯз кор мекард. Хушдоманаш ин хонаро барои домодаш васият кардааст. Аммо хушдомани 90 сола ҳоло бардаму 6 домод фавтиданд. Ба ҳар ҳол Асадбек барои соҳиби ин хона шудан меҳнат мекард. Ва он рӯз бахташ хандид. Аз пойдевори таҳхона сандуқи кӯҳнае пайдо шуд. Дар рӯи сандуқ бо ҳарфҳои номаълуми мехӣ ким-чӣ навишта шудааст. Маълум сандуқи пури тилло. Асадбек оҳиста бо болға сандуқро кӯфт. Аз сандуқ садо баромад:

- Аҳмақ, дар пушти сандуқ коди қулф аст. 456-ро чида ба самти муқобил тоб диҳед!

Асадбек худро ба даст гирифта, коди сандуқро кушод. Аз даруни сандуқ дуди сафед баромада, ба одами чодари сафедпӯш табдил ёфт.

sunduk- Хавотир нашав! Ман Ҷин ҳастам. Ташаккур, баъди даҳ ҳазор сол маро халос кардед.

- Шумо ба Ҷин монанд нестед?

- Ман Ҷини занона ҳастам.

- Хайрият… Агар не, бо ришҳои дароз гаштанат мушкил мешуд.

- Марҳамат, се хоҳишатро гап зан. Лекин пешакӣ огоҳ мекунам, ки ҳар як хоҳиши Шумо ба занатон низ дахл мекунад. Тибқи барномаи дастгирии занон хоҳиши онҳо ду баробар зиёдтар иҷро мешавад, - амр кард Ҷинзан.

- Дар маркази шаҳр ду хонагӣ, - саросемавор гуфт Асадбек.

Асадбек ҳуҷҷати сехонагӣ ва 6 хонагии занашро қабул кард.

- Шарти дуввум; ним миллион маблағ. Лекин курсашро намедонам!

Якуним миллион маблағ зуд пардохт шуд.

- Зудтар шарти сеюмро гӯед, - амр дод Ҷинзан.

- Илтимос, якбор занг задан мумкин аст?

- Шумо се дақиқа  ва ба як занг ҳуқуқ доред.

Асадбек ба ҳамсинфаш - духтури ҷарроҳ Ашӯрбой занг зада маслиҳат гирифт. Сипас бо табассум гуфт:

- Хонум Ҷин як гурдаам зиёдатӣ ҳаст. Илтимос як гурдаамро бурида партоед…

Дирӯз Асадбек аз шифохона баромад.  Бо маблағи 5 ҳазор доллар боз як гурдаи сиҳат монданд…

Истеъфо

Ба сабаби қабул гардидани Қонун дар бораи масъулияти падару модарон барои тарбияи фарзандон ва эҳсоси фишор - ман имрӯз аз вазифаи падарӣ ва ваколати шавҳарӣ истеъфо медиҳам.

Истеъфои Асадбек - соҳиби 3 фарзанд қабул гардид. Худи ҳамон рӯз занаш  Мағалмоҳ дар бораи вакансияи ҷойи шавҳарӣ озмун эълон кард.

 

Сӯйиқасд

Имрӯз субҳи 10 феврал сӯйиқасд ба ҷони сиёсатмадори варзида, дар наздикии хонааш аз ҷониби шахсони фақат барои тафтишот номаълум ва ба дигарон маълум ба анҷом расид. Расонаҳои мустақил ин амали зиштро маҳкум карданд. Ҳамзамон ҳамсари сиёсатмадор низ ашхоси номаълумро барои накуштани шавҳараш сахт маҳкум кард.

 

Хабар

Дар шифохона амалиёти ҷарроҳӣ мерафт. Пас аз се соат духтури ҷарроҳ бо чеҳраи мотам мебарояд. Асадбек ба наздаш давид:

- Духтур аҳволаш чӣ тавр?

- Мутаассифона, модаратон ба ҷарроҳӣ тоб…

- Раҳмати калон. Ин хабар барои ман не, барои занам. Ман аз шумо миннатдор.

 

Имтиҳон

ImtihonПрофессор донишҷӯи навбатиро ба имтиҳон даъват кард:

- Номатон?

-Шариф.

- Насабатон?

- Шарифов!

- Чанд соат ба дарс дер мондед?

- 140 соат.

- Сабаб?

- Хоб бурд.

- Саволи аввал. Шӯриши Восеъ кай сар шуд?

- Намедонам.

- Баҳоят ду!

- Чаро баҳои ду! Ман ба чор саволатон дуруст ҷавоб додам…

 

Ном

- Ҳомидовро зуд назди ман даъват кунед, - амр дод раиси нав.

Котиба ба шӯъбаи кадрҳо занг зада гуфт:

- Саг назди раис барояд.

Раис ин садоро шунида ҳайрон шуд. Дирӯз мудири хоҷагиро пурсид ӯро Хуки нар гуфта наздаш оварданд. Раис Арбобовро вақти танаффус ба хонаи дамгириаш даъват кард. Зеро медонист, ки Арбобов тамоили хушомадгӯӣ дорад.

- Арбобов, ман ба шумо эҳтироми зиёд дорам. Канӣ гӯед, чаро дар ин идораи мо ҳама номҳои мустаъор доранд. Яке Саг, дигаре Хар?

- Раисҷони азиз, ин ҷо номи аслиамон фақат дар варақаи пулгирӣ ҳаст. Ҳама ном доранд.

- Муовини аввалам чӣ ном дорад?

- Пирсаг.

- Муовини дуюм.

- Қорӣ Ишкамба.

- Котибаам?

- Стерекоза…

- Майлаш, раҳмат, акнун гӯед маро чӣ ном мондаанд?

- Раис намедонам. Ҳама Асрор Саидович мегӯянд.

- Не, медонам фақат дар маҷлисҳо.

- Агар росташро гӯед, туро мудири шӯъба мемонам.

- Раис, бисёр узр, шуморо Тупик, баъзеҳо Мирзодикак, дигарҳо Носкаду мегӯянд…

Раис шабу рӯз мехонд, дар курсҳои махсус такмили ихтисос мегирифт. Акнун ӯро касе "тупой" гуфта наметавонист. Носро партофт. Барои қадпасту ғафс буданаш низ асос намонд. Мунтазам зиёд машқ мекард. Ва ниҳоят, Арбобов Хоркаш - мудирро даъват кард:

- Канӣ, Калтакалос, гӯед акнун маро чӣ ном монданд?

- Раис аввалан ин, ки ман ҳоло Хук не. Маро Хабаркаш ном монданд. Дуюм маро аз кор озод кунед. Номи Шумо ҳоло "Нетупой" шуд.

- Чаро шумо аз кор меравед? Охир Хабаркаш аз Хук беҳтар аст?

- Не, бигузор Хук бошаму хабаркаш не!

 

Ҳайкал

- Даҳ миллион доллар!

- Не, мо Ҳайкалро намефурӯшем, - гуфт академик Раҳим Масов.

- Барои ин ҳайкал, майлаш понздаҳ миллион доллар медиҳем.

- Ҷопониҳо ин маблағро ваъда карда буданд. Мо надодем, - бо қатъият гуфт Масов.

- Майлаш, бист миллион медиҳем.

- Ҷанобон, ин Буддои хуфта осори басо муқаддас ҳаст. Шумо ҳама вақт бемалол омада бепул тамошо кунед, - илова кард Масов.

- Ҷаноби профессор, мо ин ҳайкалро дар Осиёи марказӣ мемонем. Чун рамзи дар хоби абадӣ хуфтани демократия!

 

Талафхона

- Ҳар боре, ки ба тарабхонаи шумо биёям, одамони нав мебинам, - гуфт Асадбек ба сарошпаз.

- Шумо ягон бор дар тарабхонаи мо набудед. Ман бори аввал шуморо мебинам.

- Гапатон тупа-туғрӣ, ман се сол дар ин ҷо дарбон будам.

- Ин дигар гап. То ҳол ягон мизоҷ дуюмбора ба тарабхонаи мо наомадааст. Мурдаҳо ғизо намехӯранд…

 

Девона

Профессори маъруф - аз Ҷумҳурии ҳамсоя- Аброров девона шудааст. Дирӯз профессорро ба шифохонаи касалиҳои рӯҳӣ хобонданд. Назар ба ташхиси пешакӣ се моҳ пеш профессор ба ин беморӣ мубтало шудааст. Ба ин муносибат сардухтур - полковник Мӯҳсинов нишасти матбуотӣ доир кард.

Devona-Мӯҳтарам сардухтур, шумо аломатҳои бемории профессорро номбар кунед?

- Аломатҳо раднашванда будани касалиро нишон медиҳанд, се ҳафта боз профессор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ "Роғун- ояндаи мо" мегӯяд.

- Албатта, ин нишонаи хатарнок аст, - ҳамаи хабарнигорон тасдиқ карданд.

Барои табобати профессор аз Исроил, Олмон, Чин табибон даъват карданд. Табобат бомуваффақият анҷом ёфт. Аммо мутаассифона, сардухтур аз сактаи дил фавтид. Профессор баъди табобат гуфтааст, ки ҳоло худашро бардаму саломат ҳис мекунаду акнун ба Роғун ба сифати кафшергар ба кор меравад.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97