Имомхатибон тарки вазифа мекунанд

Фарҳанг ва адаб 09.02.2011 12:44

Imomkhatibon_01Эшони Нуриддинҷони Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик ва имом- хатиби масҷиди ҷомеъи «Муҳаммадия»-и шаҳри Ваҳдат масъулияти доштаашро ба бародараш во гузошт.

Бародараш яке аз дигар чеҳраҳои маъруфи олами рӯҳоният дар Тоҷикистон Мавлавӣ Маҳмудҷони Тураҷонзода мебошад. Дар ин бора ба «Миллат» Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, қозикалони собиқи ҷумҳурӣ ва яке аз бародарони дигари эшон хабар дод. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода гуфт, ки алъон бародараш Эшони Нуриддинҷон ба симмати ноиби хатиби масҷиди ҷомеъи «Муҳаммадия»-и шаҳри Ваҳдат, яъне муовини Мавлавӣ Маҳмудҷон фаъолият дорад. Сабаби аз мақомаш канор рафтани Эшони Нуриддинҷонро Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар он медонад, ки бародари бузургаш ширкат кардан дар маҷолиси расмиро чандон хуш надорад ва ба ин гуна расмиёт одат накардааст, аз ин рӯ қарор шудааст, ки Мавлавӣ Маҳмудҷон вазифаи имом- хатибиро бар дӯш дошта бошад.

   Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат?

Аз мақомҳои хеш канор рафтани рӯҳониёни саршинос, ки дар чанде аз масоҷиди ҷомеъи манотиқи мухталифи кишвар вазифаи имомхатибиро тайи солҳои ахир бар дӯш доштанд, аз сӯйи мардум бо шеваҳои ҳаргуна қабул гардид. Дар тирамоҳи соли гузашта имомхатиби масҷиди ҷомеъи шаҳри Кӯлоб, рӯҳонӣ ва воъизи шинохта Ҳоҷӣ Мирзои Иброн масъулияти доштаашро канор гузошта, дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки аз беморӣ азият мекашад ва мехоҳад ба табобати худ машғул шавад. Воқеъан Ҳоҷӣ Мирзо ширкатдори бартарафсозии оқибатҳои садамаи ниругоҳи атомии Чернобил мебошад ва ин ҳақро дорад, ки дар бораи сиҳатии хеш фикр бикунад, вале дар замоне ба табобати хеш машғул шудани хатиби масҷиди ҷомеъи шаҳри Кӯлоб сурат гирифт, ки иқдомоте сари ба низом овардани хутбахонӣ ва ваъзгӯйи имомхатибон, қабул шудани тарҳи нави қонун дар бораи дин ва озодии виҷдон, бозхонди муҳасилини тоҷик аз мадориси хориҷ, ба танзим овардани фаъолияти масоҷид, маҳдудият дар пӯшиши исломӣ, боздошти афроди ришдор ва манъи фурӯши мавъизаҳои динӣ дар авҷи ҷараён буд. Ва бо ҳамин иллати беморӣ ҳафтаи гузашта имомхатиби масҷиди ҷомеъи маҳаллаи Калинини пойтахт мулло Абдулҳамид низ аз масъулияти дошта канор рафтааст. Имомхатиби масҷиди ҷомеъи маҳаллаи 63- юми шаҳри Душанбе, маъруф ба масҷиди Аминҷон Қорӣ Шамсиддин ҳам ҳамин чанд рӯз қабл аз симмати дошта сабукдӯш гардид. Аммо фурсат даст надод, ки сабаби рафтани эшонро ҳам дақиқ бикунем, ки мабодо иллати беморӣ аст ё хайр. Аз мақоми имомхатибӣ канор рафтани Эшони Нуриддинҷони Тураҷонзода, Ҳоҷӣ Мирзои Иброн ва чанд дигар аз рӯҳониёни шинохта дар миёни мардум сару садоҳои зидду нақизеро боло кард. Дар ҳамин масъала суъол кардем аз донишманди тоҷик Саъд Ворис ва номбурда изҳор дошт, ки Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷон вақте рӯйи минбарҳо омаданду матраҳ шуданд, ки мамониатҳову маҳдудиятҳо ва назорат аз ҷониби давлат камтар буд. Онҳо аз донишмандтарин воъизони сатҳи ҷумҳурӣ ҳастанд, ки акнун дар чорчӯбаи расмӣ ва тартиботи нави имомхатибие, ки ҷорӣ шудааст, намеғунҷанд. Онҳо, ки дар мавзӯъоти гуногуни дилхоҳашон гапи дилашонро гуфтаанд, акнун аз рӯйи мавзӯъоти рӯйхатшуда барои хутба ва ё ба истилоҳ дар «мавзӯъоти заказной» гап задан барояшон душвор аст. Фикр мекунам, - мегӯяд ҳасӯҳбатам,- маҳз ҳамин маҳдудият ва чорчӯбаҳои нави ҷорӣ шуда ҳастанд, ки бойис мешаванд, рӯҳониёни матраҳ ва бо эътибор тарки минбарбароӣ кунанд.

Намозгузорон имомхатиби нав хостанд?

Дар ҳамин ҳол 28 январ ба намозгузорони даҳ масоҷиди шаҳри Душанбе имомхатибони нав муаррифӣ шудаанд. Мудири шӯъбаи кор бо созмонҳои динии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шамсиддин Нуриддинов гуфтааст, ки интихоби имомхатибони нав бо хости худи намозгузорон ва бе мудохилаи давлат сурат гирифтааст. Мавсуф изҳор доштааст, ки дар бораи далелҳои иваз шудани имомхатибон хабар надорад, зеро ин кори созмонҳои ҷамъиятии динист ва шаҳрдорӣ ҳаққи дахолат кардан ба кори онҳоро надорад. Бархе аз андешамандон бар ин назаранд, ки тайи чанд моҳи ахир аз ҷониби мақомоти расмӣ фишорҳое бар рӯҳониён ва дахолати масъулини давлат дар умури мазҳабӣ ба чашм мерасад. Аз Давлати Усмон, коршиноси масоили динӣ ва иҷтимоъӣ сабаби аз мақомҳояшон барканор рафтани имомхатибони масоҷидро мепурсам, мегӯяд, ки асли масъала ин аст, ки давлат мехоҳад умури дин ва фаъолияти рӯҳониёнро зери назорат дошта бошад. Ва хулоса ин аст, ки озодиҳои шаҳрвандӣ маҳдуд мешавад.

Ба навиштаи хабарнигори БиБиСи гӯё шоҳидон, аз ҷумлаи намозгузорони масоҷид гуфтаанд, ки имомхатибони нав дар ҳузури намояндагони шаҳрдорӣ бе баргузории ҳеч гуна интихоботе муаррифӣ шудаанд. Имомхатиби собиқи маҳаллаи “Калинин”- и шаҳри Душанбе мулло Абдулҳамиди Шариф, ки чанд рӯз қабл аз симматаш канор рафтааст, мегӯяд, ки бо сабаби ноҷӯр будани вазъи сиҳатӣ ва бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтааст. Номбурда ҳама гуна фишорро аз сӯйи мақомоти давлатӣ инкор карда гуфтааст, намояндагони шаҳрдорӣ мулло Қобилҷонро ба мақоми имомхатибӣ ба ҷойи ӯ пешниҳод карданд. Чун мо дар гузашта ӯро хуб мешинохтем, ба ин далел интихобаш кардем.

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Боев тайи чанд соли ахир дар шӯрои уламои Тоҷикистон ба ҳайси мудири шӯъбаи фатво фаъолият дошт. Давлати Усмон мегӯяд, ки мо дар як кишвари демократӣ ва дунявӣ зиндагӣ дорем, ки принсипи асосии он таъмини озодиҳои шаҳрвандон, яъне озодии ақида ва озодии баён аст. Имомхатибон,- мегӯяд Давлати Усмон,- ҳеч кадомашон амали тахрибӣ ё кореро зидди давлат анҷом надодаанд, фақат андешаву ақидаи худро бо истифода аз қонун ва аз тариқи минбари масҷид баён кардаанд. Агар барои ҳамин имомхатибон аз вазифаҳои доштаашон барканор шуда бошанд, пас ин ҷо маҳдуд кардани қонун ва озодиҳои шаҳрвандон аст. Дигар чизе нест.

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили динӣ ва сиёсӣ гуфтааст, ки ба интихоби озоди имомхатибони шаҳри Душанбе бовар надорад. Мавсуф гуфтааст, ки мо иттилоъ дорем, ки шаҳрдорӣ дар ин замина дастурҳое дода ва бояд ба симати имомхатибон танҳо нафароне интихоб шаванд, ки фармонҳои мақомотро комилан иҷро мекунанд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки магар метавон ба интихоботи озоди имомхатибон бовар кард? Магар дар даҳ масҷид яку якбора тасмими иваз кардани имомхатибон гирифта шудааст?

 Имомхатибон гимни Тоҷикистонро намедонанд

Сарусадоҳое ба гӯш мерасад, ки шояд имомхатибон аз санҷиши масъулони ҳукумат нагузаштаанд ва ҳатто аксарияти онҳо Суруди миллии Тоҷикистонро аз ёд намедонистаанд.

Аммо масъулини шӯъбаи дини шаҳрдорӣ гуфтаанд, ки иваз кардани имомхатибон ба санҷиши дониш ё таъйиди салоҳияти онҳо, яъне аттестатсия ҳеч иртибот надорад. Ва чуноне аз Кумитаи оид ба корҳои дин хабар додаанд, санҷишҳо оид ба дониши имомхатибон дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд идома дорад ва то ҳанӯз ин кор дар пойтахти кишвар анҷом нашудааст. Масъулони ин Кумита хабар додааст, ки натиҷаҳои қаблии таъйиди салоҳияти имомхатибон нишон додааст, ки бархе аз онҳо бо он ки донишашон аз улуми дунявӣ дар сатҳи паст қарор дорад, ҳамчунин аз донишҳои зарурии исломӣ низ хуб бархурдор набудаанд.

Ба ҳар сурат рафтану омадан амри табиист, шояд рафтани имохатибон, ки солҳо боз аз минбар вазъ мегуфтанд, дарс бишавад ва мансабдороне, ки барои дарозмуддат курсиҳои мансабро банд кардаву омили ақибмондагии кишвар шудаанд, низ ҷойҳоро барои ҷавонон холӣ кунанд. Омин!

Толибшоҳи

САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97