Ба Ботурбой дар атрофи шаҳри Самарқанд барои сохтмони манзил 0,1 гектар замин ҷудо карданд. Белу каланд гирифта ба сохтмон шурӯъ кард. Худо агар саховат кунад, аз кадом ҳизб буданатро намепурсад. Дар таги хок кӯзаи қадима пайдо шуд.
Дар назари Ботурбой тилло ҷило дод. Ба гирду атроф нигоҳ кард, касе нест. Оҳиста кӯзаро аз хок тоза карда даҳонашро кушод. Кӯза мисли арақи «Шоҳона» ду қабат сарпӯш дошт. Баробари кушода шудани даҳони кӯза аз дарунаш аввал дуди кабуд, сипас дуди сиёҳ баромад. Дуди сиёҳ дар осмон печ хӯрда, ба марди қадпасти ришдароз табдил ёфт. Ботурбой пуштнокӣ ба замин афтид.
-Натарс, додарам. Ман Ҷини афсонавӣ. Барои маро наҷот додан як хоҳишатонро иҷро мекунам, - гуфт Ҷин.
- Ман дар афсонаҳо хонда будам, ки Ҷин се хоҳишро иҷро мекунад, - бо овози ларзон гуфт Ботурбой.
- Гапатон дуруст. Аслан дар Оинномаи мо ҳамин хел навишта шудааст. Аммо се хоҳишро Ҷинҳое иҷро мекунанд, ки собиқаи бандии 5 ҳазорсола дошта бошанд. Лекин маро соли 1992 қувваҳои НАТО дар Ироқ бандӣ карданд. Барои ҳамин як хоҳишатро иҷро мекунам.
Ботурбой каме фикр кард. Хонаву дар, пул ба инсон вафо намекунад. Беҳтараш чун ватанпарасти асил ягон талаби калонтар пешниҳод кунад. Ва бо тантана гуфт:
- Неругоҳи барқии Роғун дар Тоҷикистон сохта нашавад!
Ҷин шах шуд. Каме ба худ омада бо овози гирифта гуфт:
- Бадбахтона, ин талаби шумо хеле мушкил ҳаст. Ду ҳафта пеш дар Тоҷикистон як кӯдак бобои маро аз кӯза, ки 10 ҳазор сол бандӣ буд, халос кард. Ин кӯдаки беақл хоҳиш кард, ки дар Роғун барои киштии «Титаник» баҳр созад…
Хабарҳои Мухтасар
*Олимони Донишгоҳои Калифорния дастгоҳи маҳдудкунии неруи дурахшонро бо ченаки ВАТ ихтироъ карданд. Акнун ояндаи дурахшони инсонияти боло аз 200 ВАТ одамонро месӯзонад.
*Парлумони ҷумҳурии ҳамсоя мӯҳлати ваколати Президентро то ба истифода додани НБО-и Роғун тамдид намуд.
*Парлумони Ҷумҳурии Узбакистон Қарори талаби Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди баргардондани Самарқанду Бухоро якдилона қабул намуд. Ин мусаввараҳои рассом Берголс ба музеи Тоҷикистон дода мешаванд.
*Олимони тибби муосири тоҷик роҳи самарабахши тағйир додани нуқтаи назарро кашф карданд. Онҳо тавсия медиҳанд, ки барои куллан таъғир додан ҳар ду чашмро канда партофтан лозим.
Иқтибосҳо
*Зан офаридаи оҷиз, заиф, нотавон, нозук, муштипар аст. Аз ӯ эҳтиёт шавед.
*Ҳифзи ҳуқуқи инсон нисбат ба ҳифзи худи инсон осонтар аст.
*Агар тимсоҳҳои Миср одамхӯриро давом медоданд, дар шаҳри Қоҳира бетартибиҳо рух намедоданд.
*Сарқонуни ҷумҳурии ҳамсоя барои озодии сухан кафолат медиҳад, аммо барои озодии инсоне, ки сухани озод гуфтааст, бехатарӣ замонат дода намешавад.
*Дар асри ХХ1 фақат миқроз бори зиндагиро нӯг ба нӯг мерасонад.
*Ҳангоми бастани саг ӯ доимо занҷирро гунаҳкор медонад.
*Ҷавонони имрӯз нисбат ба Парламент сигори «Парламент»-ро бештар маъқул медонанд.
*Ормон хатар надорад - амалӣ кардани ормон хавфнок аст.
*Табиби рӯҳшинос шахсест, ки бо пули худатон девонагии шуморо тавсиф мекунад.
Шубҳа
- Шумо шаҳрванд Холисамоҳ нав фаҳмидед, ки шавҳаратон профессор аст, - пурсид судя.
- Не, баъди 12 сол ҳис кардам, ки 5 сол як пиҷак мепӯшад, ба хона се дона нон меовард. Дар як моҳ ним кило гӯшт мехарид. Лекин ягон бор намегуфт, ки ман профессор ҳастам. Дирӯз аз кисааш шаҳодатномаи нозири ғайриштатии нақлиёт пайдо кардам…
Шикоят
Асадбек бо ҷаҳл ба ходими тарабхона теғ кашид:
- Дафтари арзу шикоятҳоро диҳед!
- Ором шавед, муштарии азиз. Аввал арзатонро даҳонӣ ба мо гӯед, дар сурати ҳал нашудан мо дафтарро пешниҳод мекунем, - гуфт хидматгор.
- Дар ташноб коғаз нест! Дафтарро бароред!
Сихкабоб
Асадбек ба тарабхонаи «Мазор» даромада пешхидматро даъват кард. Пешхидмат 32 дандонашро намоиш дода, меҳрубонона гуфт:
- Хидмат?
- Кадом хӯрданиҳои бомазза доред?
- Марҳамат, ин таомнамост! Дар ин ҷо 68 навъи таом ҳаст.
- Ба ман сихкабоби «Табиб» биёред. Ин кабоби табобатӣ будааст.
- Не муштарии азиз! Баъди хӯрдани ин кабоб табибро даъват мекунед, - ба гап ҳамроҳ шуд марде аз мизи ҳамсоя.
Табобат
- Барои табобати ҷоғи шикаста чӣ қадар маблағ даркор, - пурсид Асадбек аз духтур.
- Аввал беморро дидан даркор, баъд тибқи дараҷаи ҷароҳат мо маблағи доруҳо ва хидмати духтурро ҳисоб мекунем, - гуфт духтур.
Асадбек як лагад ба рӯи духтур фаровард. Духтур бо ҷоғи шикаста ба замин афтид.
- Акнун дида ҳисоб кунед. Ман маблағашро якҷоя бо табобати пои лангам пардохт мекунам…
Ҷумлаи содда
- Акнун дохилшаванда Табаров бо калимаи «маориф» як ҷумлаи содда созед, - гуфт профессор ба дохилшаванда ҳангоми имтиҳони қабул.
- «Ман ҷияни Вазири маориф» - ин ҷумлаи сода, вале пас аз баҳои паст гузоштан, хеле мураккаб мешавад.
- Шуд! Олиҷаноб, баҳои аъло! - гуфт профессор.
Дуздӣ
Асадбек бо ғазаб ба ҳуҷраи Хоркаш зада даромаду бо ҷаҳл гуфт:
- Ҳаромӣ! Қалами антиқаи чинии маро гардонда диҳед!
- Чӣ хел қалам, ту девона шудӣ? Ман ба ҳуҷраи кориат надаромада будам, - гуфт Хоркаш.
- Ту қаламро се рӯз пеш вақти дар сафар буданам, соати сеи шаб аз хонаи хоби занам гирифта рафтӣ. Ана, ман пеш аз сафар дар хонаи хоби занам камераи махфӣ мондам. Ту қаламамро дуздидӣ, раис болопӯши хоби маро пӯшида рафтанд. Аскари лаънатӣ кафшҳои хонагиамро бурд.
- Майлаш, гардонда медиҳам. Шухӣ кардам…
Қадри инсон
(Ҳаҷвияи сафед)
Аҷаб аҷоиботе шуд дар чиллаи тобистон;
борони сел борид дар Тоҷикистон!
Он вақт мо дар роҳ будем,
Як «Газел» одам панҷ мардаку шаш занак
ва боз чанд Алӯлаку Булӯлаки
ғилмаку ширмак,
ағбаи Шаҳристон пушти сар карда,
поён мехамидем.
Пешопеши мо дар ҷипи сиёҳ
биншаста буд чанд сайёҳ.
Фақат сайёҳи оддӣ не,
марду занҳои айнакию шортакию
ҷинсипӯши хориҷӣ.
Инак ногаҳон:
Омад сели калон,
Аҷаб арасоте шуд
дар чиллаи тобистон,
борони сел борид дар Тоҷикистон…
Баъди ним соат офат гузашт,
гарду чанги даҳшат ҳам фурӯ биншаст.
Лек мо ҳамоно ларз - ларзон, ноҷунбон меистодем,
чунки акнун роҳ набуд,
кӯпрукро ҳам селборон бурда буд…
Дар ҳамин асно
Аз фазои абролуд дир-дири мотор бар гӯшҳо расид.
Верталёте (чархболе) дар само
Гирд гашту гирд, поёнтар хамид.
То даме, ки нардбонаш,
нардбони аз ресмонаш
то ба сайёҳон расид,
Сайёҳони хориҷӣ рафтанд,
бешикасту шоду хандон, беғазаб рафтанд.
«Хайрият!»- гуфтем ҳама.
Акнун ба мо навбат мерасад»!
Дар ҳақиқат, баъди чанде боз
дир-дири мотор бар гӯшҳо расид,
боз ҳамон чархбол поён хамид.
Марду занҳо шод гашта,
кӯдакону тифлакони бегуноҳро
тори сар бардошта,
бад-баробар «Ура,а,а» гуфтем.
Лекин…
Ду ҷавони шофмӯйлаб поён ҷаҳида,
барраҳоро саршумор карда,
беозор боло кашиданд
Лоақал яктои онҳо
сӯи моён,
рӯи тифлон нимнигоҳе ҳам накард…
Зору ҳайрон,
бо дили ғамноку гирён
ҷо ба ҷо хомӯш биншастем…
Бад-ин аҳволи ду шабу ду рӯз
дар миёни шохҳои серхарсанг
ночор истодем…
Оқибат ёрӣ расид!
Лек аз «боло» не.
Як булдозер аз поён омад падид.
Ронанда чун аҳволро бидид,
таҳдор хандид
ва аз ҳар касе даҳ сомон бичид.
Он гоҳ сангу шағал як сӯ шапид,
моро аз коми аҷал берун кашид…
Аҷаб аҷаботе шуд
дар чиллаи тобистон.
Аҷаб кашфиёте шуд
дар чиллаи тобистон:
Аз боби қадру қимати инсон!
Қадру қимати инсон дар Тоҷикистон…
НодириВорухӣ,
вилояти Суғд