Шухиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 15.01.2011 11:10
1

Вируси 69

Дар маҷлиси рӯзи аввали Соли нав сардухтури шифохонаи дил таъкид кард:

-Рафиқон, ҳуҷраҳои иловагиро барои беморон тайёр кунед. Дар ҳуҷраҳо тамоми шароит муҳайё бошад. Вируси хатарноки М-69 ҳамин шабу рӯз хуруҷ мекунад.

-Хлор ва ниқобҳои иловагӣ даркор, - садо баровард мудири хоҷагии шифохона.

- Ин вирус ба одамони маъмулӣ, махсусан табибон сироят намекунад, - фаҳмонд сардухтур.

- Кай ҳуҷраҳоро тайёр кунем? - пурсид мудири шӯъба.

- Дар телевизион имрӯз ё фардо эълон мекунанд.

Пас аз маҷлис, пизишки номӣ, профессор Аҳмадов гӯшакӣ аз сардухтур пурсид;

- Аъзам Тағоевич, ман чунин вирусро нав шунидам?

- Рав, кората бикун. Баъди хондани Фармони Президент тибқи моддаи 69 касалҳо зиёд мешаванд.

 

Иқтибосҳо

*Дар соли Харгӯш занон умедворанд, ки гапашон ба гӯши мардон зудтар медарояд, агар Хар набошанд.

*Эълон: Боғчаи бачагон тасмаи чармин ва калтаки чӯбин мехарад. Масъулият бар дӯши волидон аст.

*Худованд ба ҳар сар одами доно 10 нафар аҳмақ офаридааст. Агар ин рақам 11 шавад - давлати тоталитарӣ сохта мешавад.

 

 Афв

-Шаҳрванд, шумо барои фиребгарӣ, бо роҳи қаллобӣ гирифтани қарз бо даҳ моддаи кодекси ҷиноӣ айбдор шудаед. Аммо ба сабаби баромадани қонуни афв нисбати шумо парвандаи ҷиноӣ баста мешавад, - гуфт судя ба Асадбек.

- Ҷаноби судя, ман ҳамчунин дар роҳзанӣ низ айбдор шуда будам. Чаро барои ин ҷазо муқаррар накардед? - бо илтиҷо пурсид Асадбек.

- Роҳзании шумо исбот нашуд, - гуфт судя.

- Ин беадолатист! Дар ин ҷо шоҳидон тасдиқ карданд, ки ман ба номуси Рафидамоҳ таҷовуз кардаам. Чаро барои ин гуноҳи азим маро ҷазо надодед?

- Шаҳрванд Рафидамоҳ худаш ба шумо хуҷум карда, бидуни хоҳиши шумо ба таҷовуз дучор шудааст. Инро худаш шаҳодат дод, - шарҳ дод судя.

- Зинда бод адолати судӣ! - садо бароварданд қарздодагони Асадбек.

 

Гумонбар

- Чаро шумо боварӣ доред, ки ин занро маҳз Асадбек куштааст, - пурсид судя аз муфаттиш.

- Мо аз рӯи занги охирини телефонии марҳум фаҳмидем. Ин гумонбар ҳамон рӯз даҳ бор бо телефон «Туро беҳад дӯст медорам, бе ту будан наметавонам» гуфтааст.

 

Мулло Наҷмиддин дар пойтахт

Мулло Наҷмиддин аз Хуҷанд ба Душанбе омад. Аз лаҳзаи аввал даҳонаш воз шуд. Дар зарфи чанд моҳ пойтахт мӯъҷизавӣ пеш рафтааст. Дар шаҳр хусусан дар ҳар қадам оши худоӣ буд. Даҳ рӯзи расо ройгон ош хӯрд. Боз он чиз ҷолиб аст, ки аксари ошдиҳандагон намедонанд, ки барои кӣ оши худоӣ медиҳанд. Бо ҳамин таассуроти хуш ба таксӣ нишаст.

- Додарам, маро то Қараболо баред!

- Қараболо не. Қарияи боло, - фаҳмонд ронанда.

Вақти аз таксӣ фуромадан дуқат шуда, «раҳмат» гуфт.

- Раҳмат, ин одоби расмӣ аст, пули роҳкиро 30 сомонӣ, - гуфт ронандаи таксӣ.

- Додарам, дар пеши мошинатон «Саховат» навишта шудагӣ.

- Амакӣ, «Саховат» маршрути ҳаракати ман, пул партоед…

 

Сигор

- Раиси мӯҳтарам, шумо ҳафтаи гузашта гуфтед, ки оила хурдтарин ниҳоди ҷомеа ва кучактарин ҷои ҷамъият аст, - савол дод Рафидамоҳ.

- Бале, оила ҷои ҷамъиятӣ аст, - фаҳмонд раис.

- Илтимос, инро ба шавҳарам фаҳмонед. Ӯ дар хона сигор мекашад.

 

Савол

- Дадо, чаро ҳайвонҳоро ҳисоб кунем, «сар» мегӯем. Агар шумораи одам бошад «нафар», - пурсид Наҷибҷон аз падар.

- Барои он ки одамон сар надоранд. Ҳайвонҳо сар доранд, ки ягон бор ҷанги ҷаҳонӣ эълон накардаанд ва барон  алаф якдигарро террор намекунанд.

Дар қабулгоҳ 

RaisМуштарӣ ба қабулгоҳи раис сар халонда пурсид:

- Раис кор мекунанд?

- Не! - кӯтоҳ ҷавоб дод котиба.

Пас аз ду соат боз муштарӣ даромада пурсид;

- Ба ман гуфтанд, ки имрӯз  раис кор мекунад.

- Нодуруст гуфтанд. Раис кор намекунад.

Бори сеюм муштарӣ бо хашм даромада пурсид:

- Шумо маро аҳмақ накунед. Раис аз субҳ боз дар идора нишастаанд. Шумо мегӯед, ки кор намекунад.

- Дуруст. Раис ду сол боз дар идора менишинанд, аммо кор намекунанд.

 

Зиёфати Акбар

Ҳар гоҳ ба Душанбе меомадам, маъруфтарин журналисти радиёи «Озодӣ» Раҳматкарими Давлат маро истиқбол мегирифт. Афсӯс, ин дафъа бемор шудааст.

- Устод, шунидам бо умеди озодӣ  аз «Озодӣ» озод шудед?

- Не, озодии ман «Озодӣ» ҳаст. Ман як ҳафта боз хоб. Зардпарвин шудаам.

- Устод, ин қадар тарсончак будаед?! Ман 57 сол боз зап- зарду ягон рӯз хоб нарафтам…

Дар феҳрасти дӯстони хайрхоҳам дар ҷойи дуюм Акбари Саттор меистод. Чун ҳарвақта ӯро дар ҷойи кор интизор будам. Ӯ қариб 15 сол боз гирди «Чархи гардун» чарх мезанад.

Ба Акбари Саттор занг задам:

- Салом устод!

- Агар дар Хуҷанд бошед, гап занед, агар дар Душанбе, ман банд.

- Ман дар назди даратон.

- Марҳабо! Бало аз осмон афтад - замин бояд қабул кунад.

Устод Акбар ҷойи хоб, пули роҳкиро ва зиёфат дода, маро гусел кард. Субҳи барвақт ба идорааш рафтам. Гирди «Чархи гардун» сигор мекашид.

- Устоди азиз! Одатан ман май нӯшам, ақламро гум мекунам. Аммо дирӯз сумкаамро бо телефон гум кардам.

- Чизи будагиро гум кардӣ. Ана сумкаи нав. Ин телефони нав. Пулаш ҳам ҳаст, лекин дар масъалаи гум кардани ақл муроҷиат накун, ки чизи надоштаро ба баҳонаи гум шуд, пайдо кардан мушкил аст…

 

Т ӯ ҳфаи солинавӣ

Соати 12 шаб Бобои Барфӣ дарро тақ-тақ зад.

- Марҳабо Бобо! - ӯро самимона Холидамоҳ пешвоз гирифт.

- Ана ин тӯҳфа барои писаратон, ин тӯҳфааш барои писари хурдӣ. Ана, ин компютер барои духтарчаатон. Рӯймоли пашмин барои модаратон. Барои шумо, ана як даста гул, - гуфт Бобои Барфӣ.

- Бароям ба ҷои гул шавҳарамро ёбед, - гиряолуд гуфт Холидамоҳ.

- Дар Русия аст?

- Не, дар ин ҷо мегардад.

Пас аз ним соат Бобои Барфӣ боз дарро тақ-тақ кард:

- Марҳамат, тӯҳфаҳоро гиред. Ана ин шим барои писар. Ин телпаки нав, куртаи хуб. Пойафзолро метавонед фурӯшед…

Баъди як соат Асадбек луб-луч ба хона даромад…

 

«Муаллими оқилтарини сол»

Озмуни «Муаллими оқилтарини сол» тӯл накашид. Ба қисмати ниҳоии озмун Ашрафова, муаллимаи физика, Атобеков, муаллими математика, Шокиров, муаллими адабиёт интихоб шуданд. Аммо «Муаллими оқили сол» Корвонбек интихоб шуд. Ӯ ду  ҳафта пеш фарроши Бонк таъин шуд.

 

Рӯ зи гирифтани офтоб

- Фардо расо соати 14 – и рӯз офтобро мегиранд, - гуфт Наҷиби хурдсол ба падараш.

- Кӣ ба ту гуфт?

- Аз телевизион хабар доданд.

Падари Наҷиб саросемавор телефонро гирифт:

- Шеф, кор расво дар бораи Офтоб Додоева алакай ҳама медонанд, ки дар шикамаш бори моро ба Маскав мебарад. Писарам гуфт, ки пагоҳ Офтобро мегиранд.

 

Тамокусервис

TamokuservisАгар аз пайи қадами бозор тиҷоратро ба роҳ монед, сармояи хуб ба даст меоред. Асадбек баробари баромадани қонун дар бораи манъи тамоку як микроавтобуси калонро иҷора гирифт. Дарунаш ҷои сигоркашӣ, ностуфкунӣ тайёр кард. Мошин бо навиштаҷоти «Ҷойи сигоркашии сайёр» дар шаҳр мегашт. Одамон гурӯҳ- гурӯҳ даромада дар он ҷо ба ҳузур сигор мекашиданд.

- Ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунед? - ба мошин даромада гуфт майори калони милитсия.

- Барои чӣ? – пурсид муштарии сигоркаш.

- Дар ҷои ҷамъиятӣ кашидани сигор манъ аст, - ҷарима 105 сомонӣ!

Муштариён ҷарима супорида баромада рафтанд. Дирӯз мошин даҳ бор муштарӣ супорид. Асадбек аз ҷаримаи ҳар муштарӣ 35 фоиз музд мегирифт. Тиҷорати хуб. Агар чунин хидмати сайёр набошад, чи хел аз ҳар гӯшаю канори шаҳр сигоркашҳоро ҷамъ овардан мумкин аст.

 

 

Ш ӯ рбои атиқа

- Чаро шӯрбо ин қадар қиммат? - пурсид Асадбек аз ошпаз.

- Бародари азиз, расми «Ҷоконда» -и Леоардо да Винчи барои он қиммат аст, ки моли атиқа аст. Ин шӯрбои таърихӣ аст. Дар шаби Соли нав андохта будем. Моли атиқа қиммат аст.

Асадбек ноилоҷ пули шӯрборо ҳисобӣ карда баромад.

Дар даҳлези ошхона ошпаз бо нафаси дарунафтода ӯро боздошт:

- Муштарии азиз, шумо ба ман чӣ хел пул додед?

- Пулҳои барориши соли 1987. Ин пулҳои атиқа ҳастанд, - қимматашон хеле баланд…

 

Аҳмақ ӣ

- Славянҳо расо аҳмақ будаанд. Гуфтаанд, ки хӯроки субҳонаро бо дӯстон тақсим бикун, ғизои чоштро худат бихӯр, хӯроки шомро ба душманат бидеҳ. Ман субҳонаро бо сагам Юлбарс ду тақсим мекунам. Рӯзона худам мехӯрам. Хӯроки шомро як сол боз ба занам медиҳам. Баръакс сап - сиҳату саломат шуд.

Наҷмиддини Шоҳинбод

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97