Роҳи халосӣ баркандани ниқоб аст

Фарҳанг ва адаб 14.01.2011 14:52

(идома)

niqob va atteism Яке аз асолатҳои давраи нав (modernity), ба гуфти Ҳегел ин “...озодии субъект(худӣ,шахсият, фардият (individualism) – М. Ш.), ки ҳама омилҳои (factors) муҳим дар як андешаманд (intellectual) ҷамъ мешаванд.” Вале пеш аз он ки идеяи фардият дили идеологияи либералӣ шавад, он зербинои ҳаракатҳои мадание ҳамчун Эҳё (Renaissance), Ислоҳталабӣ (Reformation) ва Маорифпарварӣ (Enlightenment) буд.

Ва ин ҷо махсусан фардгароие, ки дар ҳаракати динии Ислоҳталабӣ инкишоф дода шудааст то ҷое ба фардгароии исломӣ – тоҷикӣ наздикӣ дорад, ки ин ҷо таҷрибаи шахсӣ хеле муҳим аст. Худие, ки ҷавҳари фардияти Исломӣ  буд аз фаҳмиши назарияи картезиании (Декартии) худӣ ҳамчун “ашёи фикркунанда” (thinking thing) ва инчунин аз дуализми Кант, ки худиро ба “мани фаъол” (empirical ego) ва “мани мутаъолӣ” (transcendental ego) тақсим мекард, фарқ мекунад. Бояд гуфт, худие, ки ҷавҳари фардияти Тоҷикро ташкил медод ва медиҳад, реша дар раванди зиндаи фикр, таҷриба ва бархӯрд бо воқеъият, ҳастӣ ва шинохти Ҳақ дорад. Инро танҳо касоне инкор мекунанд, ки сустаносиранд ва тавонмандии рӯ ба рӯ шудан бо воқеъият ва доштан таҷрибаи ҳақ ва ҳастиро надоранд.

 

Фардгороии ғарбӣ ва фалсафаи тоҷик

Тавре дар боло қайд кардем, шинохти ин фардият, ки бо бисёр арзишҳо ва ормонҳояш (ideals) аз назарияи фардгароии ғарбӣ, ки яктарафа танҳо болои арзишҳои ақлӣ (мантиқӣ) бунёд ёфтааст, афзалтар аст, яке аз масъалаҳои асосии фалсафаи Тоҷик мебошад. Дар бунёди фардият дониш ва таҷриба боиси мустаҳкамшавии унсурҳое мисли озодӣ, ирода ва қудрат мегарданд. Аз ин рӯ ин раванд, яъне раванди фардшавӣ, ҳама вақт зери фишорҳои гуногун қарор дошт.

Таҷрибаи тамаддуни ғарбӣ дар асри ХХ исбот намуд, ки фардият (individualism) аз тарафи идеологияҳои фашистӣ ва коммунистӣ зери фишор қарор гирифт ва ин таҷрибаи вазнинро мардуми мо ҳам хуб дар ёд доранд. Ин ҳама фишорҳо аз тарафи сиёсатмадорони параноид (ҳамагонро душман пиндорӣ) ва инчунин зери таъсири қудратҳои иқтисодӣ бойиси “шикасти озодии фардият” ва дар охир ба гуфти Антонио Грамши (1891-1937), дар зери таъсири манфии “ба меъёр мутобиқ намудани роҳҳои фикр” (the standardisation of ways of thinking) ва “фардиятгароии ом” (crowd individualism) шахсият нест шуда, одами ом пайдо шуд. Мавҷудияти ин намуд “одами омм”- ро дар зиндагии ҳаррӯзаи халқҳои Осиёи марказӣ аз он ҷумла дар Тоҷикистон метавон мушоҳида кард... Ва он чи аз худшиносии сиёсӣ, мавҷудияти фардият ва сифати ҳаёт дарак медиҳад, ин аст, ки дар ҷомеъа чи қадар бо якдигар, яъне халқ бо ҳукумат дар гуфтугӯи баробар (dialog) ҳастанд ва чи қадар мардум худ имкони сохтани зиндагии хешро доранд.

Мутаассифона мушкил аст дар ин муҳит гуфтугӯи баробарро мушоҳида кардан. Чун амали аслии қудрат (адолат) дар ҷомеъа нест, ин ҷо дар баробари забони қудрат оҷизӣ, бечорагӣ, бехудӣ ва ҳеҷ кас набудани мардумро метавон мушоҳида кард. Дар маросимҳои ҷашнии одатшуда метавон дид, ки чи гуна президенти кишварро, ғайри хоҳиши худаш, ба ‘шоҳигарӣ ва авлиёгӣ’ интихоб мекунанд. Агар дар асрҳои миёна як шоҳ бо ишораи шамшер ва қудрати забон ба шахсе унвони «рицар»-ӣ медод, имрӯз мебинем, ки чи гуна халқе ба ду зону зада ба як шахс “унвони шоҳӣ” медиҳанд.Ин ҳама маҳсули кори мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва кумитаҳои назди президент мебошад, ки ғайри хоҳиши ӯ, ба ин рӯйдодҳо роҳ медиҳанд. Ин фақат на ин аст, ки онҳо худ ба ин маризии фасод гирифторанд, балки қобилият, ғунҷоиш ва тавонмандии (virtue) бо мардум кор карданро надоранд.

Ин шахсиятҳо ва институтҳо ба таҳқиқ ва таҳлили ҷомеъаи хеш машғул нестанд ва роҳҳои худии шинохт ва таҳлили онро надоранд. Дар роҳи таҳлили ҷомеъа ҳанӯз аз роҳҳои     (methodology) кӯҳнаи русӣ ва  ғарбӣ ва аз сарчашмаҳое истифода мекунанд, ки мардуми огоҳ онҳоро ҳанӯз дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дигар боэътимод ҳисоб намекарданд. Ин ҳама инишофи муносибатҳои ғайриақлонӣ (irrational), муқаддастарошии баъзе ашхос (sacral), ҷодугарӣ, фолбинӣ ва ғайра аз он шаҳодат медиҳад, ки таърих дар ин ҷомеъа ба қафо рафта истодааст.

Тавре мебинем, ғарбиён то ҷое дониш ва таҷрибаи мустақили хешро доранд, ки бо ҳама пасту баландиҳои таърихи хеш ба ҷое расидаанд ва таърихи онҳо барои мо  сахт омӯзанда аст . Он чи  Э. Фром менависад; “...таърихи инсонро метавон ҳамчун раванди шаклгирии фардият (individuation) ва инкишофи озодӣ тавсиф кард”, на танҳо ба инсони ғарбӣ, балки то ҷое ба ҳама инсоният тааллуқ дорад. Тоҷикон дар таърихи хеш барвақттар аз дигарон ин ду арзишро бо мафҳуми ягонаи “озодмард” шинохта буданд. Вале афсус, ки дар давоми таърих бисёрии мафҳумҳо ва калимаҳо қудрати худро гум кардаанд ва бисёр мардумонанд дар ин ҷомеаи мо, ки бо мафҳумҳои бемаънӣ ва калимаҳои беқудрат бозӣ карданро одат кардаанд...

 

Шизофрения, амнезияи сиёсӣ ё тарс

Чунон ки маълум аст ҳар як Худӣ ё Субъект (ҳомил, фойил, мудрик), тавре равоншинос Лакан шарҳ медиҳад, метавонад ғайрро (the Other- ин мафҳумро дар забони Тоҷикӣ метавон ҳамчун маъние фаҳмид, ки Худӣ дар баробари он амал мекунад, масалан Ҳақ барои ориф, ё шамъ барои парвона) ҳамчун Объекти ( чиз, мутааллиқи чизе ё касе, берун охта) худ шакл додан ё худ метавонад объекти Дигар бошад, яъне дигарон аз вуҷуди ӯ худии худро метавонанд бино кунанд, ё ки дар баробари чашми Дигар ё Ғайр вобаста ба завқи ӯ аз худ ҳар чиз ва ҳар каси дилхоҳро бисозад. Ин рӯйдодро метавон дар сатҳи тамаддунҳо ва инчунин дар сатҳи шахсиятҳо ва муносибатҳои онҳо мушоҳида кард. Имрӯз бисёр роҳбарони пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳо ва шахсиятҳо дар баробари қудрат худро шаклҳои гуногун медиҳанд, ниқобҳои дилхоҳи дигаронро мепӯшанд ва онро мегӯянд, ки ба табъу нафси мансабдорон мувофиқ аст, на ба ҳақиқат. Вақте ки “худӣ”, “қудрат” ва “ҳақиқат” дар вуҷуди як шахсияти мутассадӣ ва масъули зиндагии мардум ҳамоҳанг нестанд метавон гуфт, ки ин шахсиятҳо ҳамоҳангии “дониш” ва “қудратро” дар ҷомеъа вайрон мекунанд ва  ин боиси носолимии ҷомеа мегардад.

Институтҳои илмӣ тадқиқотӣ ва шахсиятҳои худзиёитарош имконият ва қобилияти баргузории барномаҳои илмиро надоранд ва аз ин рӯ хулосаҳои онҳо дар бораи воқеъияти Тоҷикистон сатҳӣ, бемаънӣ ва чун ба қудрат наздик аст фитназост. Воқеан  фикр ва амал ва пешниҳодҳои роҳбарони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва онҳое, ки ба дастгоҳи президенти кишвар дастур тайёр мекунанд, шоҳиди он аст, ки ин гурӯҳ аз шинохт, таҳлил ва тафсири сатҳи тафаккур ва рӯйдодҳои ҷомеаи тоҷикон, инчунин минтақа ва ҷаҳон, тамоман дур афтодаанд. Ва дар ҷомеа ҳар бӯҳроне, ки рӯй надиҳад, ин пеш аз ҳама бӯҳрони пажуҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотист, ки ба давлат ва миллат хидмати хирсона карда истодаанд. Масалан, яке аз мактубҳои муроҷиатии кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16. 08.2010, № 1- 01/208) худ шоҳиди он аст, ки чи қадар дар ин кумитаҳо ва пажуҳишгоҳҳо афроди бесалоҳият ҷамъ шудаанд. Аҷиб ин аст, дар ҷомеъае, ки имрӯз ҳама аз демократия, озодӣ  ва истиқлол ҳарф мезананд, забони мактуб, ки ба тарошидани “душмани халқ” ё чунон ки дар адабиёти илмии имрӯз мегӯянд ‘дигари сиёҳ’ (dark other) машғул аст, бӯи солҳои 30 –юми асри ХХ мекунад. Ин чист? Ин ё шизофрения аст, шахсияти дугона (ҳам демократ ва ҳам болшевик), ё фаромӯшхотирии (amnesia) сиёсист, ки фаромӯш кардаанд, ки  дар кадом замон зиндагӣ дорем ва аз кадом арзишҳо ҳарф мезанем. Ҳар чӣ бошад дар ин раванд тарс, унсури воқеист, ки имкон медиҳад дар ин матн  дар ибтидо фардият (худӣ, шахсият) шикаста шавад ва ё дар дасти дигарон бозича бошад ва дар интиҳо як халқ дар баробари ғайр (other) шакли дилхоҳи дигаронро бигирад.

 

Мушкил дар “муллоҳои худхоҳ” нест, дар “фатвост”

Фикр мекунам, вақти ин гуна хирургияҳои болшевикӣ, ки рӯҳи созиш кардан бо арзишҳои дигаронро надорад, барвақт гузаштааст ва дар ҷомеъаи имрӯз ва бо инсони имрӯз бештар бо арзишҳои созанда ва бо маъниҳое, ки онҳо зиндагии худро пеш мебаранд ҳарф зад. Имрӯз ҳама қудратҳои ҷаҳон аз дониши академикӣ (таҳлили-танқидӣ) истифода мебаранд ва кӯшиш доранд роҳҳои сабуктар ва инсонитари муносибат ва фаҳмишҳоро бо ҷомеа дошта бошанд. Истифодаи мафҳумҳои “мақомоти дахлдор”, “тоза кардани фазои тафаккури динӣ”, “муллоҳои  худхоҳ”, ва боварӣ надоштан ба ҳизбҳои дигар ва фикри онҳоро “хатарнок”, “ғаразнок” номидан нишон медиҳад, ки “фазои  холии маънавӣ” вуҷуд дорад, вале на дар ҷомеа, чунон ки муаллифон мегӯянд, балки навиштаҳои онҳо дар он фазо реша дорад. Аслан онҳое, ки бо “сатҳи шуури ҷомеъа” (ин худ мафҳуми замони ориентализми сурх аст) ва ё “сатҳи тафаккури динӣ” сару кор доранд ин гуна калимаҳои холӣ аз маъниро истифода намекунанд, вале ин ҷо мебинед, ки муаллифон худ ба ҷои онҳое, ки мактуб ба номи онҳост бо чунин мафҳумҳо бесалоҳиятии худро пинҳон карда, хулосаҳои ғалат баровардаанд. Ҳанӯз бисёрии онҳое, ки лофи “шинохти шуури халқи худро” мезананд, одитарин унсурҳоро, ки дар ҷаҳонбинии (weltanschauung) ин мардум нақш мебозанд қобилияти шинохтан надоранд ва намедонанд, ки дар ин раванди ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳонбинии ҳаррӯзаи мардум арзишҳо ва хаёлоте дохил шудан дорад, ки бунёди “худӣ”, “қудрат” ва “ҳақиқат”- (воқеъият)- и тоҷикиро харобтар мекунанд. Ва ҳанӯз нашинохтаанд, ки вақте дар бораи ҷомеъа ва тафаккури мардум ҳарф мезанем, мо на бо “дин”, ҳатто на ба “маданияти динӣ”, балки бо “маданият”, бо маданияти Тоҷикӣ  сару кор дорем, ки ба ҷуз арзишҳои миллӣ, арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои Исломӣ дар бунёди он садсолаҳо боз нақши ҳалкунанда дошт ва имрӯз ҳам сахт қудратманданд.

Дар ин дунёи мураккаби муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ раиси кумитаи дини Тоҷикистон масъалаҳои фазои тафаккури динии кишварро бисёр содда гирифта, мушкилотро бо роҳи насиҳатномахониҳо ҳал намудан мехоҳад. Ин муаллифон чизи одиро фаромӯш кардаанд, ки масъалаҳои ҳаётии инсонҳоро, ки решаи чуқуртар дар ҳастии онҳо доранд, ба ин суханҳои холӣ ва фитназо наметавон ҳал кард. Ба фикри ман мушкилӣ дар “муллоҳои худхоҳ” нест, балки дар “фатвоҳои” нодурусти коршиносони Тоҷик аст,  ки аз роҳҳои таҳлил ва шинохти воқеъии мушкилоти ҷомеъа дур мондаанд ва он рӯҳониёни мӯҳтарами кишварро, ки мардумро ва махсус ҷавононро ба ахлоқи пок ва ягонагии миллат ва дастгирии сиёсати президенти кишвар даъват мекунанд, то ҷое ноҷо гунаҳкор мекунанд. Бисёр хуб мешуд мутахассисони ин кумитаҳо ва пажӯҳишгоҳҳо дар семинарҳо ва курсҳо дар бораи назарияҳои навтарин дар бораи давлат, сиёсат, қудрат, дунявият ва ғайра, ки пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон имконият ва қудрати ташкил карданро дорад, ширкат меварзиданд ва донишу таҷрибаи худро пурратар мекарданд.

 

Нашинохтани қудрат

Қудрат тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, яке аз унсурҳои асосии ҳама гуна сохтанҳо ва шикастанҳо дар таркиби ҷомеъа ва инчунин дар таркиби худии инсонҳост. Қудрат боз ин амал, адолат ва озодист, вале вақте ки бо нуфуз (authority) ҳамроҳ бошад. Ба фикрам дар рӯзгори қадим “нуфузро” дар сохтмони худии як шахс ҳамчун “фарри шоҳӣ” ҳам мефаҳмиданд ва ин имрӯз маънии ‘доштани дониш ва таҷрибаи замонро” дорад. Аз ин рӯ қудрат бояд бо нуфуз якҷо бошад ва агар на қудрат метавонад танҳо идора кардан, истибдод, зулм ва ҷабборият (tyranny) бошад.

Мушкили асосии ҷомеаҳо ва сиёсатмадорони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ин нашинохтани табиати қудрат, надоштани таҷрибаи мустақилона истифода бурдани он ва надидани он дар таркиби худӣ, дар таркиби ҷомеъа ва дар вуҷуди дониш аст. Чи хел, ки чи будани сиёсатро дар ин замона нафаҳмидаанд, ин сиёсатмадорон донишу таҷрибаи замони нав (modernity) ва маданиятҳои маҳалии худро надоранд, яъне соҳиби қудратҳои бе нуфузанд (authority). Ва ин пеш аз ҳама боз ҳамон муносибат ва ҳамоҳангии байни ‘худӣ’ (шахсият, фардият), ‘қудрат’ ва ‘ҳақиқат’ (фаҳмиш ва дониши раванди мавҷуда)    аст. Дар воқеият мебинем,  ки дар контекстҳои Осиёи марказӣ сахт зери таъсири баъзе фазилатхои қудрат монда, бо фаҳмишҳои қадима ва аз майлҳои нафсонии хеш дур нашуда қудратро танҳо моли як кас ё як гурӯҳ мепиндоранд. Ин гуна фаҳмиш бойиси инкишоф ёфтани танҳо як функцияи қудрат, яъне назорат ва идора кардан мегардад ва ҷомеа ба ҷомеъаи идора ва тартибот (societies of control and discipline), ки он ҷо фардият ва арзишҳои инсонӣ  метавонанд зери фишор қарор гиранд, табдил меёбад. Аслан дар ҷомеъа  ҳолати “назорат ва идора карданро” бояд шинохт ва барои паст кардани ин ҳолат кӯшиш бояд кард. Ба гуфти Фуко барои ин корро кардан  дигар омилҳои бунёдии ҷомеъа мисли идоракунии қонун (the rules of law), технологияҳои мудирият, ахлоқ, этос (урфу одатҳои гуногун) ва технологияҳои худиро ривоҷ мебояд дод.

Воқеъаҳои охири Осиёи марказӣ нишон доданд, ки аслан қудрат на дар дасти онҳост ки соҳиби мансабанд ва соҳибмансаб будан ҳанӯз соҳибқудрат будан нест. Мо дидем, ки чи тавр қудрат дар Ҷумҳурии Қирғизистон як гурӯҳи соҳибмансабро, ки ҳамаро “аз худ” медонистанд, аз байн бурд. Воқеъаҳои сиёсии Қирғизистон маънои онро надорад, ки онҳо ба худшиносии сиёсӣ расидаанд, чунон ки аксарият меҳисобанд, балки акнун он омилҳо, ки дар боло ёд кардем, яъне озодӣ, қудрат, ихтиёр ва истиқлол ба дасти гурӯҳи нав гузашт ва чи гуна аз ин арзишҳо истифода мекунанд ва то куҷо онҳо инсонҳои соҳиби дониш ва таҷриба ва тақвоянд вақт нишон медиҳад.

Сиёсатмадор Томас Ҷефферсон гуфтание дорад “Он ҳукумат беҳтарин аст, ки камтар ҳукмронӣ мекунад”, ки файласуфи амрикоӣ Д. Г. Торро (1817 -1862) муаллифи яке аз беҳтарин асарҳо дар мавриди фардият ва муносибати он бо ҳокимият,  онро шиори зиндагии худ меҳисобид. Мақсад аз ин гуфта беҳокимиятӣ нест, балки ҷамъиятест, ки аз фардҳои огоҳ ва аз ҳаққу ҳуқуқи хеш бохабар мебошад, ки ин фардиятҳо сарчашмаи қудрати давлати мустақил мебошанд.

 

Охирсухан:  “Дарбастагӣ

Дуруст истифода накардани қудрат бойиси шикасти муносибатҳо дар ҷомеъа ва бойиси пайдо шудани муҳити сарбаста (closed environment) мегардад.  Ва ин ҳолат дар  ҷомеъае ки дар сатҳи маданияти маҳаллӣ мондаанд ба таври аҷиб сурат мегирад. Чун намояндагони қудрат дар ин ҷомеъа қобилият, имконият ва фантазияи инкишоф додани ҷомеъаро надоранд дар дохили ҷомеъа як фазои дигари муносибатҳоро, ки аслан рӯи  арзишҳои маҳдуди авлодӣ, маҳал, хешу таборӣ ва фасод меистад, ба вуҷуд меоранд. Худие, ки дар ин фазо шакл мегирад чун арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои баландтарро намешиносад қобилияти муносибат кардан бо дигаронро надорад. Воқеъияти ин гуна шахсиятҳоро дар ноҳияҳои кӯҳистон мардум бо калимаи “дарбаста”  ифода мекард. Ин мафҳум маънии касодии маънавӣ, моддӣ ва инчунин радди маърака буданро дошт. Барои дар ин ҳолат набудан, инсон бояд қобили гуфтугӯ ва муносибат бо худ ва бо дигарон бошад яъне соҳиби дониш ва таҷрибаи худӣ бошад, то унсури озодӣ, ихтиёр, ирода ва қудрат ба ӯ имкони ин муносибати баробарро бо дигарон бидиҳанд. Моро лозим аст аз ин «муҳити сарбаста» ва ин ҳолати “дарбастагӣ” баромадан...

Хулоса, дар минтақа ва муҳите ки акнун зиндагӣ дорем бе иштироки мо таърихи нави дунё дорад шакл мегирад. Вале дар ин саҳна мо на бозингар ва на муаллифем ва ҳатто дар кишвари хеш агентҳои фаъоли таърихи худ нестем. Пас, роҳи халосии ин мардум, ки дар ин минтақаи пурэҳсоси таърихӣ зист доранд, худшиносии сиёсӣ, фикрӣ, таҳлилӣ-танқидӣ, баркандани ниқобҳои дурӯғин ва махсус онҳоеро, ки вазифаи роҳбариро доранд аз худ гузаштан, ҷавобгариро дар баробари ҳақ ва халқ эҳсос карда ва ҳамоҳанги байни худӣ (self), қудрат (power) ва ҳақиқатро (truth) ташкил кардан аст.

Меҳмоншоҳ Шарифов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97